Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 45

Минбаъд низ ба якдигар меҳру вафо кунед

Минбаъд низ ба якдигар меҳру вафо кунед

«Ба якдигар меҳру вафо ва раҳму шафқат намоед» (ЗАК. 7:9).

СУРУДИ 50 Муҳаббати илоҳӣ, ки ба мо намуна аст

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Барои нишон додани меҳру вафо мо кадом сабабҳои ҷиддӣ дорем?

МО БАРОИ ба якдигар нишон додани меҳру вафо сабабҳои ҷиддӣ дорем. Баъзеи онҳо кадоманд? Ба пандҳои зерини Китоби Муқаддас аҳамият диҳед: «Нагузор, ки меҳру вафою ростӣ туро тарк кунанд... то ҳамчун одами боандеша ризои Худову мардумро ба даст орӣ». «Одами меҳрубон * ба ҷони худ некӣ мекунад». «Ҳар кӣ аз пайи росткориву меҳру вафо шавад, ҳаёт... ба даст меорад» (Пнм. 3:3, 4; 16:6; 21:21).

2 Дар ин оятҳо гуфта шудааст, ки бо кадом се сабаб мо бояд меҳру вафо кунем. Якум, ин хислатамон моро дар назари Яҳува гаронбаҳо месозад. Дуюм, меҳру вафо нишон дода мо худ манфиат мегирем. Масалан, бо дигарон дӯстии пойдор пайдо мекунем. Сеюм, бо нишон додани ин хислат мо соҳиби баракатҳо мегардем ва ҳаёти ҷовидониро ба даст меорем. Дар ҳақиқат, мо сабабҳои ҷиддӣ дорем, ки «ба якдигар меҳру вафо ва раҳму шафқат» намоем (Зак. 7:9).

3. Дар ин мақола ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?

3 Дар ин мақола мо ба чор савол ҷавоб меёбем. Ба кӣ бояд меҳру вафо кунем? Мо аз китоби Рут дар бораи меҳру вафо кардан чӣ ёд гирифта метавонем? Чӣ тавр мо имрӯз ин хислатро зоҳир карда метавонем? Вақте мо меҳру вафо нишон медиҳем, чӣ манфиат мегирем?

БА КӢ БОЯД МЕҲРУ ВАФО КУНЕМ?

4. Чӣ тавр мо мисли Яҳува меҳру вафо нишон дода метавонем? (Марқус 10:29, 30).

4 Чи хеле аз мақолаи гузашта фаҳмидем, Яҳува танҳо ба касоне, ки ӯро дӯст медоранд ва ба ӯ хизмат мекунанд, меҳру вафо мекунад (Дон. 9:4). Мо кӯшиш мекунем, ки «чун фарзандони азиз ба Худо пайравӣ» намоем (Эфс. 5:1). Аз ин рӯ нисбати бародару хоҳарон меҳру вафо кардан мехоҳем. (Марқус 10:29, 30-ро хонед.)

5, 6. Одамон одатан киро вафодор меҳисобанд?

5 Ҳар қадаре ки шумо маънои меҳру вафоро хубтар фаҳмед, ҳамон қадар бештар онро ба ҳамимонон нишон медиҳед. Барои чуқуртар фаҳмидани маънои ибораи «меҳру вафо» биёед онро бо хислати вафодорие муқоиса кунем, ки одамон доранд. Мисоле меорем.

 6 Имрӯз агар касе дар ягон корхона солҳои зиёд кор кунад, ӯро коргари содиқ меноманд. Шояд дар давоми ҳамаи ин солҳо ӯ ҳеҷ гоҳ бо ягон роҳбари корхона вонахӯрда бошад. Эҳтимол, ӯ на ҳама вақт бо қарорҳои роҳбаронаш розӣ буд. Ӯ ҷойи корашро нағз набинад ҳам, хурсанд аст, ки барои таъмин кардани худ пул кор карда метавонад. Ӯ то нафақа баромадан ё то ҷойи кори хубтар ёфтан дар он ҷо кор мекунад.

7, 8. а) Баъзеҳо аз кадом сабаб меҳру вафо нишон медиҳанд? б) Мо чаро баъзе воқеаҳоеро, ки дар китоби Рут оварда шудаанд, дида мебароем?

7 Дар  сархати шаш фарқи вафодорӣ ва меҳру вафо фаҳмонда шуд, ки аз кадом сабаб шахс ин хислатҳоро зоҳир мекунад. Чаро ходимони Худо дар замонҳои пеш меҳру вафо нишон медоданд? Онҳо ин хислатро на аз ҳисси уҳдадорӣ, балки аз таҳти дил мекарданд. Биёед мисоли Довудро дида бароем, ки ӯ нисбати дӯсти ҷониаш, Юнотон, меҳру вафо мекард, ҳатто нигоҳ накарда ба он ки падари Юнотон ӯро куштан мехост. Солҳо пас аз марги дӯсташ, Юнотон, Довуд ҳоло ҳам ба писари ӯ — Мефибӯшет, меҳру вафо мекард (1 Подш. 20:9, 14, 15; 2 Подш. 4:4; 8:15; 9:1, 6, 7).

8 Мо баъзе воқеаҳоро аз китоби Рут дида баромада, дар бораи меҳру вафо бисёр чизҳоро омӯхта метавонем. Мо аз қаҳрамонҳое, ки дар ин китоб номбар шудаанд, чӣ панд мегирем? Чӣ тавр чизҳои омӯхтаамонро нисбати бародару хоҳарон ба кор бурда метавонем? *

МО АЗ КИТОБИ РУТ ДАР БОРАИ МЕҲРУ ВАФО ЧӢ ЁД ГИРИФТА МЕТАВОНЕМ?

9. Чаро Ноомӣ фикр мекард, ки Яҳува муқобили ӯ амал мекунад?

9 Мо аз китоби Рут дар бораи саргузашти Ноомӣ, келини ӯ, Рут, ва Бӯаз ном марди худотарс, ки хеши шавҳари Ноомӣ буд, хонда метавонем. Азбаски дар Исроил қаҳтӣ буд, Ноомӣ, шавҳараш ва ду писараш ба Мӯоб кӯчиданд. Дар он ҷо шавҳари Ноомӣ вафот кард. Писарони ӯ оиладор буданд, вале сад афсӯс, ки онҳо низ аз олам гузаштанд (Рут 1:3–5; 2:1). Ин бадбахтиҳо барои ӯ як зарбаи сахт буд ва ӯ чунон ба ғаму андӯҳ ғӯтид, ки дар ҳамаи ин Яҳуваро айбдор медонист. Аҳамият диҳед, ӯ дар бораи Худо ҳиссиёташро чӣ хел баён мекунад: «Дасти Яҳува бар зидди ман аст». «Худои Тавоно ҳаёти маро хеле талх кардааст». Ӯ боз гуфт, ки «худи Яҳува зидди ман аст ва Худои Тавоно маро гирифтори бадбахтӣ кардааст» (Рут 1:13, 20, 21).

10. Яҳува ба суханони талхи Ноомӣ чӣ хел муносибат кард?

10 Яҳува ба суханони талхи Ноомӣ чӣ хел муносибат кард? Ӯ аз хизматгораш рӯ нагардонд. Баръакс, ба вай ҳамдардӣ нишон дод, зеро Яҳува мефаҳмид, ки «ҷабру ситам ақли хирадмандро торик месозад» (Пандгӯ 7:7). Вале ба ҳар ҳол Ноомиро боварӣ бахшидан лозим буд, ки Яҳува ӯро напартофтааст. Ӯ ин кумакро чӣ хел расонд? (1 Подш. 2:8). Яҳува дар дили Рут андохт, ки ба Ноомӣ меҳру вафо кунад. Рут мехост, ки ба Ноомӣ муҳаббаташро нишон диҳад ва меҳрубонона ба вай кумак кард, ки аз ҳад рӯҳафтода нашавад ва фаҳмад, ки Яҳува то ҳол ӯро дӯст медорад. Мо аз намунаи Рут чӣ меомӯзем?

11. Чаро бисёр бародару хоҳарони меҳрубон рӯҳафтодагонро дастгирӣ мекунанд?

11 Аз меҳру вафо мо зиқу рӯҳафтодагонро дастгирӣ мекунем. Мисли Рут, ки доимо дар бари Ноомӣ буд, бисёр бародару хоҳарони мо имрӯз онҳоеро, ки ғамзада ё рӯҳафтода мебошанд, пайваста дастгирӣ мекунанд. Онҳо бародару хоҳаронашонро дӯст медоранд ва бо ҷону дил чизе, ки аз дасташон ояд, баҳри онҳо мекунанд (Пнм. 12:25; 24:10). Ин суханон ба даъвати зерини Павлуси расул мувофиқ меоянд: «Рӯҳафтодагонро тасаллӣ диҳед, сустонро дастгирӣ кунед ва бо ҳама пуртоқат бошед» (1 Тас. 5:14).

Бародар ё хоҳари рӯҳафтодаро бодиққат гӯш карда мо меҳру вафо нишон медиҳем (Ба сархати 12 нигаред.)

12. Бо кадом роҳи беҳтарин мо бародар ё хоҳари рӯҳафтодаро дастгирӣ карда метавонем?

12 Баъзан роҳи беҳтарини рӯҳбаланд намудани бародару хоҳарон онҳоро гӯш кардан ва ба муҳаббататон онҳоро дилпур кардан мебошад. Вақте шумо чунин хизматгорони Худоро дастгирӣ мекунед, ин аз назари ӯ пӯшида намемонад (Заб. 41:1). Дар Панднома 19:17 гуфта шудааст: «Ҳар кӣ ба камбағал некӣ кунад, ба Яҳува қарз медиҳад ва ӯ некияшро бармегардонад».

Рут бо хушдоманаш Ноомӣ монд, Орфо бошад, ба Мӯоб рафт. Ӯ ба Ноомӣ чунин гуфта истодааст: «Куҷое ту равӣ, ман ҳам бо ту меравам» (Ба сархати 13 нигаред.)

13. Қарори Рут аз қарори Орфо бо чӣ фарқ мекард ва чӣ хел Рут меҳру вафо нишон дод? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

13 Аз саргузашти Ноомӣ, ки шавҳар ва ду писарашро аз даст дода буд, мо дар бораи меҳру вафо бештар мефаҳмем. Вақте Ноомӣ фаҳмид, ки «Яҳува назарашро сӯйи халқаш кардааст ва ба онҳо нон медиҳад», ӯ қарор кард, ки ба зодгоҳаш бармегардад (Рут 1:6). Ду келинаш низ ҳамроҳи ӯ ба роҳ баромаданд, лекин дар роҳ Ноомӣ се бор ба онҳо гуфт, ки ба Мӯоб баргарданд. Онҳо чӣ кор карданд? Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Орфо хушдоманашро бӯсиду рафт. Аммо Рут бо ӯ монд» (Рут 1:7–14). Орфо гапи хушдоманашро гирифта ба зодгоҳаш баргашт. Рут бошад, тамоман дигар хел рафтор кард. Ӯ ҳам метавонист, ки ба хонааш равад, вале аз меҳру вафо қарор кард, ки дар муҳтоҷӣ Ноомиро намепартояд (Рут 1:16, 17). Рут на аз ҳисси уҳдадорӣ, балки бо хоҳиши худ Ноомиро тарк накард. Ин кори ӯ аз меҳру вафои ҳақиқӣ шаҳодат медод. Мо аз ин рафтори Рут чӣ омӯхта метавонем?

14. а) Чӣ хел бисёр бародару хоҳарон ба Рут пайравӣ мекунанд? б) Мувофиқи Ибриён 13:16 чӣ хел мо Яҳуваро хурсанд карда метавонем?

14 Мо аз меҳру вафо ба дигарон аз будаш зиёд ёрдам мекунем. Имрӯз низ мисли замонҳои пеш бисёр бародару хоҳарон ба ҳамимонон меҳру вафо нишон медиҳанд, ҳатто ба онҳое, ки шахсан намешиносанд. Масалан, вақте ягон офати табиӣ сар мезанад, онҳо даррав фаҳмидан мехоҳанд, ки чӣ хел ҳамимононашонро дастгирӣ кунанд ё вақте касе дар ҷамоат аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашад, онҳо дарҳол аниқ кардан мехоҳанд, ки шахс ба чӣ муҳтоҷ аст ва ба ӯ ёрдам медиҳанд. Мисли мақдуниёни асри як онҳо вақту дороиашонро дареғ намедоранд. Онҳо бародарони муҳтоҷро «ҳатто беш аз он чӣ метавонистанд», дастгирӣ карданд (2 Қӯр. 8:3). Вақте Яҳува мебинад, ки мо ба бародарон чунин меҳру вафо нишон медиҳем, ӯ аз ин бениҳоят хурсанд мешавад. (Ибриён 13:16-ро хонед.)

ЧӢ ТАВР ИМРӮЗ МО МЕҲРУ ВАФО НИШОН ДОДА МЕТАВОНЕМ?

15, 16. Чӣ тавр Рут кумаки худро исроркорона пешниҳод кард?

15 Мо аз мисоли Рут бисёр чиз омӯхта метавонем. Биёед баъзеашонро дида бароем.

16 Боисрор бошед. Вақте Рут ба хушдоманаш гуфт, ки бо ӯ ба Яҳудо меравад, Ноомӣ дар аввал зид буд, вале Рут боисрор буд. Дар натиҷа чӣ шуд? «Вақте Ноомӣ дид, ки Рут нею нестон мекунад, дигар ӯро аз раҳаш нагардонд» (Рут 1:15–18).

17. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки некӣ карданро бас накунем?

17 Дарс барои мо: Барои ба одами рӯҳафтода ёрдам додан пурсабрӣ лозим аст ва мо набояд ёрӣ доданро бас кунем. Хоҳаре *, ки ба ёрдам муҳтоҷ аст, дар аввал кумаки моро рад карданаш мумкин, вале аз меҳру вафо мо ӯро танҳо намемонем (Ғал. 6:2). Мо умед дорем, ки ӯ як рӯз не, як рӯз ёрдами моро қабул мекунад ва мегузорад, ки ӯро дилбардорӣ кунем.

18. Рут аз чӣ зиқ шуда метавонист?

18 Гапашонро ба дил нагиред. Вақте Ноомӣ ва Рут ба Байт-Лаҳм расиданд, Ноомӣ ҳамсояҳои пешинаашро дида чунин гуфт: «Вақти рафтанам ҳама чиз доштам, лекин Яҳува маро бо дасти хушку холӣ баргардонд» (Рут 1:21). Тасаввур кунед, ки ин суханони Ноомиро шунида Рут чӣ ҳис кард? Рут ҳама кори аз дасташ меомадаро карда хушдоманашро дастгирӣ кард. Ӯ бо Ноомӣ гиря кард, ӯро тасаллӣ дод ва рӯзҳои зиёд ҳамсафараш буд. Бо вуҷуди ҳамаи ин Ноомӣ гуфт, ки «Яҳува маро бо дасти хушку холӣ баргардонд». Ҳамаи ин гапҳоро Ноомӣ дар ҳузури Рут гуфт. Гӯё ба қадри ҳамин қадар хубиҳои келинаш нарасид. Эҳтимол, аз ин суханон Рут беҳад зиқ шуд, лекин ӯ Ноомиро напартофт.

19. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки шахси рӯҳафтодаро напартоем?

19 Дарс барои мо: Имрӯз низ хоҳаре, ки рӯҳафтода аст, нигоҳ накарда ба тамоми дастгирии мо метавонад, ба мо гапи сахт занад. Вале мо кӯшиш мекунем, ки инро ба дил нагирем. Мо он хоҳарро намепартоем ва аз Яҳува дар дуо ёрдам мепурсем, то фаҳмем, ки чӣ хел ӯро тасаллӣ диҳем (Пнм. 17:17).

Чӣ хел пирони ҷамоат ба Бӯаз пайравӣ карда метавонанд? (Ба сархатҳои 20 ва 21 нигаред.)

20. Чӣ ба Рут қувват дод, ки ба Ноомӣ ёрдам доданро бас накунад?

20 Сари вақт рӯҳбаланд кунед. Рут ба Ноомӣ меҳру вафо кард, вале худаш низ ба рӯҳбаландӣ ниёз дошт. Яҳува ба дили Бӯаз андохт, ки Рутро рӯҳбаланд кунад, ӯ гуфт: «Бигзор Яҳува туро барои ин некиҳоят баракат диҳад ва бигзор Яҳува, Худои Исроил, ки зери болҳояш паноҳ бурдаӣ, ба ту мукофоти арзандае диҳад!» Аз ин суханони меҳрубононаи Бӯаз дили Рут тасаллӣ ёфт ва ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ту маро тасаллӣ додӣ ва дили канизи худро ором кардӣ» (Рут 2:12, 13). Ин суханони саривақтии Бӯаз ба Рут қувват бахшид, ки таслим нашавад.

21. Чӣ хел пирон мувофиқи Ишаъё 32:1, 2 амал карда нисбати дигарон ғамхорӣ нишон медиҳанд?

21 Дарс барои мо: Онҳое, ки ба дигарон меҳру вафо нишон медиҳанд, баъзан худашон низ ба рӯҳбаландӣ ниёз доранд. Вақте Бӯаз дид, ки Рут хушдоманашро аз меҳрубонӣ дастгирӣ мекунад, ӯро таъриф кард. Имрӯз низ пирон, вақте мебинанд, ки дигарон меҳрубонона бародару хоҳаронро дастгирӣ мекунанд, онҳоро таъриф менамоянд. Чунин таърифи саривақтӣ ба бародару хоҳарон болу пар мебахшад, то ки минбаъд низ дигаронро дастгирӣ кунанд. (Ишаъё 32:1, 2-ро хонед.)

ВАҚТЕ МО МЕҲРУ ВАФО НИШОН МЕДИҲЕМ, ЧӢ МАНФИАТ МЕГИРЕМ?

22, 23. Чӣ тавр фикрронии Ноомӣ дигар шуд ва чаро? (Забур 136:23, 26).

22 Пас аз чанде Бӯаз ба Рут ва Ноомӣ саховатмандона савғотӣ дод (Рут 2:14–18). Аз ин дасткушодии Бӯаз Ноомӣ чӣ ҳис кард? «Бигзор Яҳува он мардро баракат диҳад. Ӯ Худоест, ки меҳру вафояшро аз зиндагону мурдагон дареғ намедорад» (Рут 2:20а). Аҳамият диҳед, фикронии Ноомӣ тамоман дигар шуд. Пеш ӯ гиряву нола карда, чунин мегуфт: «Яҳува бар зидди ман аст». Вале ҳоло бошад, ӯ бо хурсандӣ чунин гуфт: «[Яҳува] Худоест, ки меҳру вафояшро... дареғ намедорад». Аз чӣ сабаб фикрронии Ноомӣ тамоман тағйир ёфт?

23 Ниҳоят Ноомӣ дарк кард, ки Яҳува доим бо ӯ буд. Ӯ ба воситаи Рут Ноомиро дар роҳи бозгашт ба Яҳудо дастгирӣ мекард (Рут 1:16). Вақте Бӯаз, «яке аз товондеҳҳои» * ин ду зан, ба онҳо савғотӣ дод. Ноомӣ дар ин низ дасти Яҳуваро дид (Рут 2:19, 20б). Шояд ӯ ба худ мегуфт: «Ҳаа, акнун фаҳмидам, Яҳува ҳеҷ гоҳ маро напартофта будаст. Ӯ доимо дар бари ман буд!» (Забур 136:23, 26-ро хонед.) Ноомӣ аз Рут ва Бӯаз беандоза миннатдор буд. Ҳамаи онҳо беҳад шод шуданд, ки Ноомӣ аз нав қувват пайдо карда хурсандона ба Яҳува хизмат карда метавонад.

24. Чаро мо ҳама вақт мехоҳем, ки ба бародару хоҳарон меҳру вафо кунем?

24 Мо аз китоби Рут дар бораи меҳру вафо чӣ фаҳмидем? Аз меҳру вафо мо ба бародару хоҳарони рӯҳафтода ёрдам дода тез таслим намешавем. Он ҳамчунин моро водор мекунад, ки барои дигаронро дастгирӣ кардан бисёр саъю кӯшиш кунем. Мо боз фаҳмидем, ки пирон бояд онҳоеро, ки ба дигарон пайваста меҳру вафо нишон медиҳанд, саривақт рӯҳбаланд намуда таъриф кунанд. Вақте мо мебинем, ки бародару хоҳарон чӣ хел аз нав барои ба Яҳува хизмат кардан хурсандиву қувват пайдо мекунанд, бисёр хурсанд мешавем (Кор. 20:35). Вале бо кадом сабаби муҳимтарин мо меҳру вафо нишон доданро бас намекунем? Зеро мехоҳем, ки ба Яҳува пайравӣ кунем ва дили ӯро, ки «пур аз меҳру вафо»-ст, шод гардонем (2 Мӯсо 34:6; Заб. 33:22).

СУРУДИ 35 Барои пурсабрии Худо сипосгузорем

^ сарх. 5 Яҳува мехоҳад, ки мо ба бародару хоҳарон меҳру вафо нишон диҳем. Мо саргузашти баъзе хизматгорони пешинаи Худоро дида баромада, маънои меҳру вафоро хубтар мефаҳмем. Дар ин мақола мо мебинем, ки аз намунаи Рут, Ноомӣ ва Бӯаз чӣ омӯхта метавонем.

^ сарх. 1 Калимаи «меҳрубон» дар матни асл чун «одами бо меҳру вафо» тарҷума шудааст.

^ сарх. 8 Барои аз ин мақола пурра манфиат гирифтан мо шуморо даъват мекунем, ки бобҳои якуму дуюми китоби Рутро хонед.

^ сарх. 17 Азбаски мо мисоли Ноомиро дида баромада истодаем, мо асосан ба хоҳарон ишора мекунем, вале маслиҳатҳои мақола ба бародарон низ дахл дорад.

^ сарх. 23 Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи товондеҳ будани Бӯаз ба мақолаи «Ба имони онҳо пайравӣ кунед — Зани баору номус» аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 1-уми октябри соли 2012, саҳ. 20 (рус.) нигаред.