Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

РОҲ БА СӮЙИ ХУШБАХТӢ

Саломатӣ ва тобоварӣ

Саломатӣ ва тобоварӣ

КАСАЛИИ ДУРУДАРОЗ Ё МАЪЮБӢ ҲАЁТРО САХТ ТАҒЙИР МЕДИҲАД. Марде бо номи Улф, ки пештар бақуввату солим буд, баъд аз фалаҷ шуданаш чунин гуфт: «Ман беҳад зиқу рӯҳафтода шудам. Қуввату мадорам намонд, фикр мекардам, ки дигар ҳеҷ кор аз дастам намеояд... Ҳаёт дар назарам тираву торик шуд».

Мисоли Улф ба мо хотиррасон мекунад, ки солим буданамон на ҳама вақт аз худи мо вобаста аст. Ба ҳар ҳол, мо метавонем каме ҳам бошад, худро аз касал шудан эмин дорем. Лекин, агар саломатиамон бад шудан гирад-чӣ? Оё ин маънои онро дорад, ки мо бадбахт мешавему аз ин ҷойи гурез нест? Не, ҳатто одамоне, ки ба бемории вазнин гирифторанд, хушбахт буда метавонанд. Биёед аввал баъзе роҳҳоеро дида бароем, ки барои солим монданамон кӯмак мекунанд.

«ДАР ҲАМА ЧИЗ МЕЪЁРРО» ДОНЕД (1 Тимотиюс 3:2, 11). Аз ҳад зиёд хӯрдану нӯшидан на танҳо ба киса, балки ба саломатӣ низ зарар мерасонад. «Дар миёни мастон набош, ва дар миёни онҳое ки аз ҳад зиёд аз гӯштхӯрӣ лаззат мебаранд, чунки мастон ва пурхӯрон бенаво мешаванд» (Масалҳо 23:20, 21).

ТАНИ ХУДРО ПОК НИГОҲ ДОРЕД. «Биёед худро аз ҳар чизе, ки ҷисм ва рӯҳро нопок месозад, тоза» кунем (2 Қӯринтиён 7:1). Одамон бадани худро бо кашидани нос, сигор, нашъа ё арақхӯрӣ нопок мекунанд. Масалан, чуноне ки Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо дар ИМА маълумот медиҳад, тамокукашӣ «сабаби бемору маъюб шудани кас мегардад, он қариб ба ҳар як узви бадан зарар мерасонад».

ҲАЁТ ВА САЛОМАТИРО АТОИ БЕБАҲО ШУМОРЕД. «Ба туфайли Ӯ [Худо] мо соҳиби ҳаёт ҳастем, ҳаракат мекунем ва вуҷуд дорем» (Аъмол 17:28). Донистани ин ба мо ёрдам мекунад, ки ҳангоми кор, мошинронӣ, вақтхушӣ ё дигар машғулият ҳаёти худро зери хатар намонем. Вақтхушии яклаҳзаина ба он намеарзад, ки худро якумра маъюб созем.

БА ҲИССИЁТИ БАД ДОДА НАШАВЕД. Ба саломатии мо фикру ҳиссиётамон низ таъсир мерасонад. Барои ҳамин аз ташвишҳои беҳуда, хашму ғазаб, ҳасад ва дигар ҳиссиёти зараровар даргурез бошед. «Аз хашм даст бикаш, ва ғазабро тарк намо»,— гуфта шудааст дар Забур 36:8. Дар Каломи Худо инчунин навишта шудааст: «Ҳеҷ гоҳ дар бораи рӯзи дигар ташвиш накашед, зеро рӯзи дигар ташвишҳои худро хоҳад дошт» (Матто 6:34).

ДАР БОРАИ ЧИЗҲОИ НАҒЗ ФИКР КУНЕД. «Дили ором ҳаёти ҷисм аст»,— гуфта шудааст дар Масалҳо 14:30. Инчунин «дили шод саломатӣ мебахшад» (Масалҳо 17:22). Ҳақ будани ин суханонро илм низ тасдиқ мекунад. Яке аз духтурони номдори Шотландия чунин гуфтааст: «Агар шумо хушу хурсанд бошед, назар ба онҳое, ки худро бадбахт меҳисобанд, камтар касал мешавед».

ТОБОВАР БОШЕД. Шояд мо низ ба монанди Улф, ки дар аввали мақола дар борааш гуфтем, бо бемории бедавое рӯ ба рӯ шудаем ва ғайр аз тоқат кардан илоҷи дигар надорем. Лекин чӣ тавр бо ин беморӣ зистан аз худи мо вобаста аст. Баъзеҳо ба ғаму дард дода шуда, аҳволашонро аз будаш бадтар мекунанд. «Агар дар рӯзи тангӣ заифдил бошӣ, қуввати ту кам аст»,— гуфта шудааст дар Масалҳо 24:10.

Дигарон бошанд, дар аввал зиқ шаванд ҳам, баъдтар худро ба даст мегиранд. Онҳо ба вазъият мутобиқ мешаванд ва барои беҳтар кардани ҳаёташон чора меандешанд. Улф низ чунин кард. Ӯ мегӯяд, ки баъд аз бисёр дуо гуфтан ва оиди суханони тасаллибахши Китоби Муқаддас мулоҳиза рондан диққати худро на ба душвориҳо, балки ба корҳое равона кард, ки аз дасташ меомаданд. Ӯ, ба монанди бисёр одамоне, ки чунин душвориҳо доранд, ҳамдард ва меҳрубон буданро ёд гирифт. Ин ӯро барангехт, ки хушхабари Китоби Муқаддасро ба дигарон расонад.

Марди дигаре бо номи Стив дар 15-солагиаш маъюб шуд. Бадани ӯ аз гардан поён кор намекард. Рафта-рафта, дар синни 18-солагӣ, дастонаш ба кор даромад. Баъдтар ӯ ба донишгоҳ дохил шуд ва дере нагузашта ба нашъамандӣ, арақхӯрию бадахлоқӣ дода шуд. Дили ӯ аз зиндагӣ тамоман монд, аммо омӯзиши Китоби Муқаддас ба ӯ ёрдам дод, ки умед пайдо кунад ва одатҳои бадашро партояд. Стив мегӯяд: «Солҳои зиёд ман зиқу ноумед будам, ҳоло бошад, ҳаётам пурмаъно аст. Ман хотирҷамъу хушбахтам ва аз зиндагии худ розиам».

Гуфтаҳои Стив ва Улф суханони дар Забур 18:8, 9 навишташударо хотиррасон мекунанд: «Тавроти Худованд комил аст, ба кас ҷон мебахшад... фармудҳои Худованд ҳақ аст, дилро шод мекунад; аҳкоми Худованд равшан аст, чашмро мунаввар месозад».