Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Номаи Ҳайати роҳбарикунанда

Номаи Ҳайати роҳбарикунанда

«Шумо бояд... муаллим» шавед (Ибр. 5:12). Танҳо тасаввур кунед, Муаллими беҳтарини тамоми олам моро даъват карда истодааст, ки дар бораи Ӯ ба дигарон таълим диҳем. Дар куҷое ки дар бораи Яҳува таълим диҳем — дар оила, ҷамъомад ё хизмат — бояд дар ёд дошта бошем, ки ин кор имконияти пуршараф ва масъулияти ҷиддӣ аст. Чӣ тавр мо аз ӯҳдаи ин супориш баромада метавонем?

Ҷавоби ин саволро мо аз суханони Павлуси расул мефаҳмем. Ӯ ба Тимотиюс навишта буд: «Ба қироат кардан ва насиҳату таълим додани дигарон машғул шав». Павлус ҳамчунин илова кард: «Бо ин роҳ ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро» (1 Тим. 4:13, 16). Шумо хабари наҷотбахшро мерасонед. Барои ҳамин хеле муҳим аст, ки хониш ва маҳорати таълимдиҳии худро беҳтар гардонед. Ин брошура ба шумо ёрдам мекунад, ки муаллими моҳир шавед. Биёед баъзе хусусиятҳои ин брошураро дида бароем.

Дар ҳар як дарс оятҳо оварда шудаанд, ки принсип ё мисолеро аз Китоби Муқаддас дар бар мегиранд. Ин оятҳо бо мавзӯи дарс алоқаманданд

Ҳеҷ кас мисли Яҳува таълим дода наметавонад (Айюб 36:22). Ҳарчанд ин брошура ба шумо кӯмак мекунад, ки хониш ва маҳорати таълимдиҳиатонро беҳтар гардонед, фаромӯш накунед, ки хабаре, ки шумо ба одамон мерасонед, аз Яҳува сарчашма мегирад ва маҳз Ӯ одамонро ба худ ҷалб месозад (Юҳ. 6:44). Аз ин рӯ доимо аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсед ва Китоби Муқаддасро бештар истифода баред. Ҳеҷ гоҳ аз пеши худ гап назанед. Диққатро ба худ ҷалб накунед, балки ба дигарон ёрдам кунед, ки ҳиссиёт ва тарзи фикрронии Яҳуваро фаҳманд. Кӯшиш кунед, ки дар дили шунавандагонатон нисбати Яҳува меҳру муҳаббат пайдо шавад.

Шумо даъват шудаед, ки ба одамон муҳимтарин хабари давру замонро расонед. Мо дилпурем, ки агар «ба қувваи Худо такя» кунед, ҳатман аз ӯҳдаи супориш мебароед (1 Пет. 4:11).

Ҳамкорони шумо,

Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува