Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 1

Барои чӣ Исо Устоди бузург буд?

Барои чӣ Исо Устоди бузург буд?

 ЗИЁДА аз ду ҳазор сол пеш дар замин кӯдаки аҷоибе таваллуд ёфт. Вақте ки ин кӯдак калон шуд, вай шахси бузургтарини ҳама давру замон шуд. Он вақтҳо одамон самолёту мошин надоштанд. Инчунин телевизор, компютер ва телефонҳои мобилӣ ҳам набуд.

2 Номи ин кӯдак Исо буд. Ӯ дар рӯи замин одами аз ҳама боақлу бохирад шуд. Исо ҳамчунин устод, яъне муаллими аз ҳама беҳтарин шуд. Ӯ чизҳои душворро ба таври осон мефаҳмонд.

3 Исо одамонро дар ҳар куҷое ки медид, таълим медод. Ӯ онҳоро дар соҳили баҳр, дар киштиҳо, дар роҳ ва дар хонаҳояшон таълим медод. Исо мошин надошт ва ӯ бо автобус ё поезд сафар намекард. Барои одамонро таълим додан ӯ аз як ҷо ба ҷои дигар пиёда мерафт.

4 Мо аз дигар одамон бисёр чизҳоро ёд мегирем. Лекин чизҳои аз ҳама муҳимро мо аз Устоди Бузург, Исо, таълим гирифта метавонем. Гапҳои Исоро дар Китоби Муқаддас ёфтан мумкин аст. Вақте ки мо ба ин суханон гӯш медиҳем, мо гӯё худи Исоро гӯш мекунем.

5 Чаро Исо Устоди Бузург буд? Яке аз сабабҳо дар он аст, ки худи ӯ Устод дошт. Ва Исо медонист, ки то чӣ андоза гӯш кардан муҳим аст. Лекин Исо киро гӯш мекард? Устоди вай кӣ буд? ~ Падараш. Ва Падари Исо Худо аст.

6 Пеш аз он ки Исо ба замин чун одам омад, ӯ дар осмон бо Худо зиндагӣ мекард. Барои ҳамин, Исо аз одамони дигар фарқ дошт, зеро ягон каси дигар пеш аз таваллуд шуданаш дар осмон зиндагӣ намекард. Дар осмон зиндагӣ карда, Исо чун писари хуб Падарашро гӯш мекард. Барои ҳамин, ӯ чизҳоеро, ки аз Падараш фаҳмида буд, ба одамон таълим дода метавонист. Ту ҳам, агар падару модаратро гӯш кунӣ, мисли Исо рафтор мекунӣ.

7 Лекин Исо боз аз он сабаб Устоди Бузург буд, ки ӯ одамонро дӯст медошт. Ӯ ба одамон ёрӣ додан мехост, то ки онҳо дар бораи Худо дониш гиранд. Исо ҳам калонсолонро дӯст медошт ва ҳам кӯдаконро. Ба кӯдакон бо Исо будан маъқул буд, чунки вай бо онҳо гап мезад ва онҳоро гӯш мекард.

Барои чӣ ба кӯдакон бо Исо будан маъқул буд?

8 Рӯзе баъзе волидон кӯдаконашонро ба назди Исо оварданд. Лекин дӯстони Исо фикр карданд, ки Устоди Бузург хеле серкор аст ва барои бо кӯдакони хурд сӯҳбат кардан вақт надорад. Барои ҳамин онҳо кӯдаконро ба назди Исо роҳ надоданд. Аммо Исо чӣ гуфт? ~ Ӯ гуфт: «Кӯдаконро монед, ки назди ман оянд ва пеши роҳи онҳоро нагиред». Ҳа, Исо мехост, ки кӯдакон ба наздаш оянд. Ва ҳарчанд ӯ шахси бисёр доно ва номдор буд, вай барои таълим додани кӯдакон вақт меёфт (Марқӯс 10:13, 14).

9 Оё ту медонӣ, ки барои чӣ Исо кӯдаконро таълим медод ва онҳоро гӯш мекард? Як сабаб дар он аст, ки Исо мехост, то онҳо хушбахт бошанд. Ана барои ҳамин ӯ дар бораи Худо, Падари осмониаш, ба онҳо таълим медод. Чӣ тавр ту одамонро хушбахт карда метавонӣ? ~ Агар чизҳои дар бораи Худо фаҳмидаатро ба онҳо нақл кунӣ.

10 Боре Исо бачаи майдаеро мисол оварда, ба дӯстонаш дарси муҳимро таълим дод. Ӯ он бачаро назди худ ҷеғ зада, вайро дар байни шогирдонаш гузошт. Сипас, ба ин мардони калонсол гуфт, ки ислоҳ шаванд ва мисли ин кӯдак бошанд.

Одамони калонсол ва бачаҳои калон аз кӯдакони майда чӣ омӯхта метавонанд?

11 Исо ба онҳо чиро таълим додан мехост? Ба фикри ту, аз кадом ҷиҳат одамони калонсол ё ҳатто бачаҳои калон бояд ба кӯдакони майда монанд бошанд? ~ Кӯдаки майда назар ба одамони калонсол чизи камтарро медонад, барои ҳамин вай ба таълим гирифтан тайёр аст. Исо ба шогирдонаш фаҳмондан мехост, ки чӣ тавр мисли кӯдакон фурӯтану хоксор будан муҳим аст. Ҳа, мо аз дигарон бисёр чизҳоро омӯхта метавонем. Ва ҳамаи мо бояд фаҳмем, ки он чизе ки Исо таълим медод, аз фикри мо муҳимтар аст (Матто 18:1–5).

12 Исо боз барои он Устоди Бузург буд, ки вай медонист, ки чӣ тавр таълимоташро ба дигарон ба таври шавқовар нақл кунад. Суханони ӯ фаҳмо ва оддӣ буданд. Ва барои он ки одамон дар бораи Худо фаҳманд, ӯ дар бораи паррандаҳо, гулҳо ва дар бораи бисёр чизҳои дигар нақл мекард.

13 Як рӯз, вақте ки Исо дар болои кӯҳ буд, ба пеши вай одамони бисёр омаданд. Он вақт Исо нишаста ба онҳо таълим дод, яъне мавъиза кард. Ин воқеаро ту дар расми боло дида метавонӣ. Ин суханони Исо Мавъизаи Болоикӯҳӣ ном дорад. Исо дар ин мавъизааш гуфта буд: «Ба паррандаҳои осмон нигоҳ кунед: онҳо на кишту кор мекунанд, на дар хонаҳо ҳосил ҷамъ мекунанд. Аммо Худо, ки дар осмон аст, онҳоро мехӯронад. Магар шумо аз онҳо азизтар нестед?»

Исо паррандагон ва гулҳоро мисол оварда, чиро таълим додан мехост?

14 Исо суханашро давом дода, гуфт: «Ба савсанҳои саҳро назар кунед. Ин гулҳо барои калон шудан меҳнат намекунанд. Ва нигоҳ кунед, ки онҳо чӣ хел хушрӯянд! Ҳатто шоҳ Сулаймон, ки одами бойтарин буд, мисли ин гулҳо чунин либосҳои хушрӯй напӯшида буд. Пас, агар Худо алафи саҳроро... чунин пӯшонад, магар Ӯ дар бораи шумо ғамхорӣ намекунад?» (Матто 6:25–33).

15 Оё ту фаҳмидӣ, ки бо ин гапҳояш Исо чиро таълим дод? ~ Ӯ мехост, ки мо дар бораи чӣ хӯрдану чӣ пӯшиданамон ғам нахӯрем, зеро Худо медонад, ки ҳамаи ин чизҳо ба мо даркоранд. Лекин Исо гуфтанӣ набуд, ки ба мо барои хӯроку либос кор кардан лозим нест. Баръакс, ӯ гуфтанӣ буд, ки Худо дар ҳаёти мо бояд дар ҷои аввал бошад. Агар Худоро дар ҷои аввал гузорем, Ӯ ба мо ғамхорӣ мекунад, то мо хӯроку либос дошта бошем. Ту ба ин бовар мекунӣ? ~

16 Суханони Исо ба одамон чӣ гуна таъсир карданд? ~ Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки онҳо аз тарзи таълимдиҳии Исо ба ҳайрат омаданд ва ӯро бо шавқ гӯш мекарданд. Суханони Исо ба одамон кӯмак мекарданд, ки дуруст рафтор кунанд (Матто 7:28).

17 Ҳа, Исоро гӯш кардан хеле муҳим аст. Лекин чӣ тавр мо ин корро карда метавонем? ~ Суханони ӯ дар як китоб навишта шудаанд. Ту медонӣ, ки ин чӣ гуна китоб аст? ~ Ин Китоби Муқаддас мебошад. Вақте ки чизҳои дар Китоби Муқаддас навишташударо бодиққат мехонем, мо бо ин Исоро гӯш карда метавонем. Аз он мо мефаҳмем, ки чӣ тавр боре худи Худо гуфт, ки мо бояд Исоро гӯш кунем. Биё фаҳмем, ки ин чӣ тавр ба амал омад.

18 Рӯзе Исо бо се дӯсти худ ба кӯҳи баланде баромад. Номи онҳо Яъқуб, Юҳанно ва Петрус буд. Баъдтар мо дар бораи ин мардон боз бисёртар мефаҳмем, зеро онҳо дӯстони наздики Исо буданд. Вале он вақт чизи аҷоибе рӯй дод! Рӯи Исо мисли офтоб дурахшид ва либосаш монанди нур шуд. Ту инро дар расм мебинӣ? ~

«Ин Писари азизи Ман аст... Ӯро гӯш кунед»

19 Баъд Исо ва дӯстонаш аз осмон овозеро шуниданд: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ розиям. Ӯро гӯш кунед» (Матто 17:1–5). Оё медонӣ ки ин овози кӣ буд? ~ Ин овози худи Худо буд! Ҳа, Худо ба Яъқуб, Юҳанно ва Петрус гуфт, ки онҳо бояд Писари Ӯро гӯш кунанд.

20 Мо бошем-чӣ? Оё мо ба Худо итоат карда Исо, Устоди Бузургро, гӯш мекунем? ~ Ҳамаи мо бояд ин тавр кунем. Оё дар ёд дорӣ, ки чӣ тавр мо Исоро гӯш карда метавонем? ~

21 Бале, дар бораи ҳаёти Устоди Бузург аз Китоби Муқаддас хонда мо ӯро гӯш мекунем. Бисёр чизҳои аҷоибе ҳастанд, ки Устоди Бузург ба мо нақл мекунад. Донистани он чизҳое, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд, ба ту хеле маъқул мешавад. Ва агар ту дар бораи чизҳои фаҳмидаат ба дӯстонат нақл кунӣ, ин ба ту хушбахтӣ меорад.

Барои фаҳмидани он ки Исоро гӯш кардан чӣ гуна фоида меорад, Китоби Муқаддасатро кушода оятҳои Юҳанно 3:16; 8:28–30 ва Аъмол 4:12-ро хон.