Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 1

Офаридгор ба одам Биҳиштро ҳадя мекунад

Офаридгор ба одам Биҳиштро ҳадя мекунад

Худо Олами ҳастӣ ва ҳаётро дар Замин меофарад; Ӯ марду зани комил офарида, онҳоро дар боғи зебо ҷойгир мекунад ва ба онҳо аҳкомҳо медиҳад

«ДАР ибтидо Худо осмон ва заминро офарид» (Ҳастӣ 1:1). Ин аст сарсухани оддиву таъсирбахш ва машҳуртарине, ки мислаш ҳаргиз навишта нашудааст. Ҳамин тавр Китоби Муқаддас моро бо шахсияти муҳими Библия — Худои Қодир Яҳува шинос мекунад. Дар оятҳои аввали Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Худо, Офаридгори Олами ҳастии беканор ва сайёрае мебошад, ки мо дар он зиндагӣ мекунем. Баъдтар фаҳмонда мешавад, ки Худо дар давоми як чанд муддатҳои дароз, яъне рӯзҳои рамзӣ барои одамон хонаи заминӣ тайёр намуд ва табиати тааҷҷубоварро офарид.

Аз ҳама офаридаи беҳтарини Худо дар рӯи замин одам буд. Ӯ ба шабоҳати Худо офарида шуда буд, яъне метавонист хислатҳои Худоро зоҳир намояд, масалан муҳаббат ва хирадро. Яҳува одамро аз хоки замин сохта, ӯро Одам номид ва дар биҳишт — боғи Адан ӯро ҷойгир намуд. Худо дар он боғ дарахтони зебову мевадиҳандаро рӯёнид.

Худо медонист, ки ба одам ёрдамчӣ лозим аст, барои ҳамин аз қабурғаи Одам занро офарид ва ӯро ба наздаш овард. Вай зани Одам шуд ва баъдтар Ҳавво ном гирифт. Одам аз шодиву хурсандии зиёд шеъре эҷод кард: «Ин аст устухоне аз устухонҳоям ва гӯште аз гӯштам». Худо гуфт: «Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд» (Ҳастӣ 2:22–24; 3:20).

Худо ба Одаму Ҳавво ду аҳком дод. Аввал Ӯ ба онҳо амр фармуд, ки заминро кишт карда, онро нигоҳубин кунанд ва бо мурури вақт рӯи заминро аз одамон пур намоянд. Дуюм бошад, Ӯ онҳоро аз хӯрдани меваи дарахте, ки дар боғи калони Адан ҷойгир буд,— аз «дарахти маърифати неку бад» манъ кард (Ҳастӣ 2:17). Агар онҳо беитоатӣ мекарданд, бояд мемурданд. Худо ба марду зан ин аҳкомҳоро дода, ба онҳо имконият дод, ки итоаткории худро ба Ӯ чун ба Ҳоким нишон диҳанд. Ҳамчунин итоаткории Одаму Ҳавво нишонаи муҳаббат ва миннатдорӣ мебуд. Онҳо барои итоат кардан ба ҳокимияте, ки ба хушбахтиашон мусоидат мекард, асос доштанд. Одамони комил ягон камбудӣ надоштанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Худо ҳар он чиро, ки ба амал овард, дид ва инак, хеле хуб аст» (Ҳастӣ 1:31).

Бар Ҳастӣ боби 1 ва 2 асос ёфтааст.