Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 11

Барои чӣ мо ба анҷуманҳо меравем?

Барои чӣ мо ба анҷуманҳо меравем?

Мексика

Олмон

Ботсвана

Никарагуа

Итолиё

Чаро ин одамон хеле хурсанданд? Чунки онҳо ба яке аз анҷуманҳои мо омадаанд. Дар замонҳои пеш хизматгорони Худо мувофиқи амри Ӯ дар як сол се маротиба ҷамъ мешуданд. Мисли онҳо мо анҷуманҳоро интизор мешавем, хоҳ онҳо калон бошанд, хоҳ майда (Такрори Шариат 16:16). Ҳар сол мо се анҷуман дорем: ду маротиба анҷумани ноҳиявӣ (якрӯза) ва як маротиба анҷумани минтақавӣ (серӯза). Чӣ тавр мо аз ин ҷамъомадҳои калон манфиат мегирем?

Онҳо муҳаббати бародариро дар байни мо мустаҳкам мекунанд. Мисли исроилиён, ки «дар ҷамъомадҳо Худовандро» ҳамд гуфта хурсандӣ мекарданд, мо низ дар маъракаҳои махсус аз якҷоя ибодат кардани Яҳува хурсандии бисёр мегирем (Забур 25:12; 110:1). Ин вохӯриҳо имконият медиҳанд, ки мо бо аъзоёни ҷамъомади худамон ва баъзан ҳатто бо бародарону хоҳароне, ки аз дигар давлатҳо мебошанд, вохӯрем. Ҳар як шахс ё оила ташвиқ карда мешаванд, ки ҳамроҳашон хӯрдании оддие биёранд, то ки дар вақти танаффуси нисфирӯзӣ дар ҷои анҷуман бо ҳам хӯрок хӯранд ва муошират кунанд. Ба туфайли чунин муошират мо барои худ дӯстон пайдо карда метавонем (Аъмол 2:46). Дар ин анҷуманҳо мо муҳаббатеро, ки байни бародарияти умумиҷаҳонӣ вуҷуд дорад, шахсан ҳис мекунем (1 Петрус 2:17).

Онҳо ёрӣ медиҳанд, ки бо Худо муносибатамонро инкишоф диҳем. Дар ҷамъомадҳои калон ба исроилиён Каломи Худо шарҳ дода мешуд, то онҳо маънои онро «бифаҳманд». (Наҳемё 8:8, 12). Ба мо низ дар анҷуманҳо дар асоси Китоби Муқаддас таълим дода мешавад, ки мо онро баланд қадр мекунем. Мавзӯи ҳар як барнома бар Навиштаҳо асос меёбад. Ба воситаи нутқҳо, намоишҳо ва саҳначаҳои шавқовар мо ёд мегирем, ки чӣ тавр иродаи Худоро дар ҳаётамон иҷро кунем. Ҳамчунин дар анҷуман нақли бародарону хоҳаронро мешунавем, ки чӣ тавр дар ин замонҳои сахт ба душвориҳои ҳаёташон бомуваффақият тоб меоранд. Аз шунидани онҳо мо рӯҳбаланд мешавем. Дар анҷуманҳои минтақавӣ мо драмаҳоро тамошо мекунем. Дар онҳо воқеаҳои Китоби Муқаддас чун воқеаи зинда дар саҳна нишон дода мешаванд, ки мо аз онҳо ба худ дарсҳои фоиданок мегирем. Дар анҷуманҳо шахсоне, ки ҳаёташонро ба Худо бахшидан мехоҳанд, таъмид мегиранд.

  • Барои чӣ анҷуманҳо маъракаҳои хурсандиоваранд?

  • Ташрифорӣ ба анҷуман ба шумо чӣ манфиат меорад?