Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 9

Замин кай биҳишт мешавад?

Замин кай биҳишт мешавад?

Душвориҳои имрӯза исбот мекунанд, ки Салтанати Худо ба наздикӣ заминро ба биҳишт табдил медиҳад (Луқо 21:10, 11; 2 Тимотиюс 3:1–5).

Бисёр воқеаҳое, ки имрӯз рӯй дода истодаанд, дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шуда буданд. Дар он гуфта мешавад, ки одамон пулпараст, беитоат ба падарону модарон, бераҳм ва дӯстдори айшу ишрат мешаванд.

Заминҷунбиҳои сахт, ҷангҳо, гуруснагӣ ва бемориҳои паҳншаванда рӯй медиҳанд. Ин воқеаҳо имрӯз рӯй дода истодаанд.

Инчунин Исо гуфта буд, ки хушхабар дар бораи Салтанат дар тамоми замин мавъиза карда мешавад (Матто 24:14).

Салтанати Худо тамоми бадиро нест мекунад (2 Петрус 3:13).

Яҳува ба наздикӣ ҳамаи бадкоронро нест мекунад.

Шайтону девҳо ҷазо дода мешаванд.

Онҳое ки Худоро гӯш мекунанд, наҷот ёфта, дар дунёи нав зиндагӣ мекунанд. Дар он ҷо тарсу ҳарос дигар намешавад ва одамон ба якдигар бовар мекунанд ва ҳамдигарро дӯст медоранд.