Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Девҳо ба исёни зидди Худо бармеангезанд

Девҳо ба исёни зидди Худо бармеангезанд

Баъзе урфу одатҳо дар эътиқоди дурӯғе асос ёфтаанд, ки гӯё мурдагон моро мушоҳида мекунанд

Вале чаро Шайтону девҳои вай ин қадар саъю кӯшиш мекунанд, ки одамонро фиреб диҳанд? Чунки онҳо мехоҳанд моро ба исёни худ ҳамроҳ созанд. Девҳо мехоҳанд, ки мо онҳоро ибодат намоем. Онҳо мехоҳанд, ки мо ба дурӯғи онҳо бовар кунем ва ба корҳое даст занем, ки муқобил ба қонунҳои Яҳува ҳастанд. Бисёре аз чунин корҳо ба урфу одатҳои ба мурдагон алоқамандбуда вобаста аст.

Марги шахси наздик зарбаи дардовари рӯҳист ва дар ин маврид баён кардани ғаму андӯҳи худ табиӣ мебошад. Масалан, Исои Масеҳ ҳангоми марги дӯсташ Лаъзор «гиря кард» — Юҳанно 11:35.

Дар олам урфу одатҳои гуногуну зиёде мавҷуданд, ки бо марг алоқаманданд. Бисёре аз онҳо бо принсипҳои Китоби Муқаддас мухолифат намекунанд. Вале баъзеи дигарашон дар эътиқоде асос ёфтаанд, ки мурдагон ба зиндагӣ идома медиҳанду зиндагонро мушоҳида мекунанд. Худоиҳо, навҳаву нолаи аз ҳад зиёд, маросими сертараддуди ба хоксупорӣ — ҳама дар тарс аз нороҳат кардани арвоҳи мурдагон асос меёбанд. Аммо азбаски «мурдаҳо чизе намедонанд», ин гуна амалҳо дурӯғи Шайтонро дар хусуси мурдагон дастгирӣ менамоянд — Воиз 9:5.

Урфу одатҳои дигар аз он дурӯғ асос гирифтаанд, ки мурдагон ба кӯмаки мо ниёз доранд

Урфу одатҳои дигар аз эътиқодҳое бармеоянд, ки мурдагон ба кӯмаки зиндагон ниёз доранд ва агар дарҳаётбудагон рӯҳи фавтидаҳоро сокит насозанд, аз арвоҳи мурдагон зарар мебинанд. Дар баъзе мамлакатҳо рӯзи 40–ум ё солгарди марги фавтидаро бо маросиму қурбониҳо қайд мекунанд. Эҳтимол меравад, ки ин барои шод кардани рӯҳи фавтида карда мешавад. Одати дигари паҳнгашта барои шахси фавтида гузоштани хӯроку нӯшокӣ аст.

Ин корҳо нодурустанд, чунки дурӯғи Шайтонро дар хусуси ҳолати мурдагон дастгирӣ мекунанд. Магар Яҳува аз иштироки мо дар расму одатҳои бар таълимоти девҳо асосёфта розӣ хоҳад буд? Ҳеҷ гоҳ! — 2 Қӯринтиён 6:14–18.

Ходимони Худои ҳақиқӣ дар ягон маросим ё одате, ки дурӯғи Шайтонро дастгирӣ менамояд, иштирок намекунанд. Баръакс, онҳо дар хусуси зиндагон ғамхорӣ намуда, эшонро кӯмаку тасаллӣ медиҳанд. Ходимони Худо медонанд, ки баъд аз марги инсон, танҳо Яҳува ба ӯ кӯмак карда метавонад — Айюб 14:14, 15.

Худо робита бо арвоҳро маҳкум мекунад

Баъзе одамон мустақиман ё тавасcути воситачӣ бо девҳо алоқа мекунанд. Ин робита бо арвоҳ номида мешавад ва шаклҳои он чунин аст: ҷодугарӣ, азоимхонӣ, сеҳру афсун, фолбинӣ ва даъват кардани арвоҳи мурдагон.

Худо ба ин корҳои нодуруст нафрат дорад. Ӯ аз мо садоқатмандии мутлақ талаб мекунад — Хуруҷ 20:5.

Китоби Муқаддас ин чизҳоро маҳкум карда мегӯяд: «Бигзор дар миёни ту на касе ёфт шавад, ки писараш ё духтарашро аз оташ мегузаронда бошад, на ҷодугаре, на чашмбанде, на фолбине, на афсунгаре, на найрангсозе, на пурсандаи арвоҳе, на азоимхоне ва на касе ки мурдагонро даъват менамояд, зеро ҳар касе ки ин корҳоро мекунад, дар назари Худованд зишт аст» — Такрори Шариат 18:10–12.

Барои чӣ Яҳува ин қадар ҷиддӣ моро огоҳ мекунад, ки робита бо арвоҳ мумкин нест?

Ба манфиати худи мо, Яҳува моро огоҳ менамояд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба робита бо арвоҳ машғул нашавем. Ӯ одамонро дӯст медорад ва ба онҳо ғамхор аст ва медонад, ки онҳое ки бо девҳо алоқа мекунанд, ҳатман азият хоҳанд кашид.

Яке аз чунин шахсон Нилда мебошад, ки воситачии байни одамону арвоҳ дар Бразилия буд. Девҳо ҳаёти ӯро пуразоб карданд. Нилда нақл мекунад: “Арвоҳ... маро зердаст карда буданд ва ба ҳар кор маҷбур менамуданд. Ман зуд–зуд беҳуш мешудам ва маро муваққатан дар беморхонаи рӯҳӣ бистарӣ намуданд. Девҳо он қадар маро азият мекарданд, ки асабҳоям дошт намедоданд. Ман ба қабули дармонҳои оромкунанда ва ба майнӯшию сигоркашӣ сар кардам. Ин ҳолат солҳо давом меёфт”.

Шахсоне, ки бо арвоҳ робита доранд, одатан аз ин хеле азият мекашанд. Онҳо мумкин аст хона, озодӣ ва ҳатто ҳаёти худро аз даст диҳанд.

Бо мурури вақт, бо кӯмаки Яҳува ва Шоҳидони рӯизаминии Ӯ, Нилда аз таъсири девҳо озод шуд ва ҳоло ҳаёти пурсамар ба сар мебарад. Ӯ мегӯяд: “Ҳеҷ гоҳ бо арвоҳ [–и шарир] алоқа накунед, ҳатто як дафъа ҳам”.