Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

5

Мавзӯи асосии Китоби Муқаддас

Мавзӯи асосии Китоби Муқаддас

Яҳува Худо ҳуқуқи ҳукмронӣ карданро дорад. Тарзи ҳукмронии Ӯ беҳтарин аст. Нияти Худо нисбати замин ва одамизод амалӣ хоҳад гашт.

Баъди с. 4026 то э. мо

«Мор» ҳуқуқи ҳукмронӣ ва тарзи ҳукмронии Яҳуваро зери шубҳа мегузорад. Яҳува дар бораи «насл»-е ваъда медиҳад, ки он оқибат «мор», яъне Шайтонро несту нобуд хоҳад кард (Ҳастӣ 3:1–5, 15). Вале, Яҳува муддате ба ҳукмронии одамон, дар зери таъсири «мор», яъне Шайтон роҳ медиҳад.

с. 1943 то э. мо

Яҳува ба Иброҳим мегӯяд, ки «насл»-и ваъдашуда аз авлоди ӯ ба вуҷуд меояд (Ҳастӣ 22:18).

Баъди с. 1070 то э. мо

Яҳува подшоҳ Довуд ва баъдтар писараш Сулаймонро бар он боварӣ мебахшад, ки «насл»-и ваъдашуда аз авлоди онҳо меояд (2 Подшоҳон 7:12, 16; 3 Подшоҳон 9:3–5; Ишаъё 9:6, 7).

с. 29 э. мо

Яҳува ошкор мекунад, ки Исо «насл»-и ваъдашуда ва вориси тахти Довуд аст (Ғалотиён 3:16; Луқо 1:31–33; 3:21, 22).

с. 33 э. мо

Мор, яъне Шайтон, бо куштани Исо, ба пошнаи «насл»-и ваъдашуда ба маънои рамзӣ зарар мерасонад. Яҳува Исоро ба ҳаёти осмонӣ эҳё мекунад ва қимати қурбониашро қабул менамояд, то ки барои бахшоиши гуноҳҳо асосе пешкаш намояд ва ҳамчунин ба насли Одам ҳаёти абадиро диҳад (Ҳастӣ 3:15; Аъмол 2:32–36; 1 Қӯринтиён 15:21, 22).

с. 1914 э. мо ё каме дертар

Исо «мори қадимӣ», яъне Шайтонро ба замин мепартояд ва вақти Шайтон кам мемонад (Ваҳй 12:7–9, 12).

Оянда

Исо Шайтонро ба муддати 1000 сол занҷирбанд карда, баъд ӯро тамоман нест мекунад, гӯё рамзан сари Шайтонро мекӯбад. Нияти аввалаи Яҳува нисбати замин ва одамизод амалӣ мегардад, номаш муқаддас мешавад ва исбот мегардад, ки тарзи ҳукмронии Ӯ беҳтарин аст (Ваҳй 20:1–3, 10; 21:3, 4).