Осмони нав ва замини нав сабаби хурсандии бузург мегардад
Ваъдаи Худо оиди барқароршавӣ, ки дар боби 65-и китоби Ишаъё навишта шудааст, албатта иҷро мешавад. Барои ҳамин Ӯ дар бораи оянда чунон сухан меронад, ки гӯё он аллакай иҷро шуда истодааст.
Яҳува осмони нав ва замини нав меофарад ва чизҳои гузашта дигар ба хотир намеоянд
Осмони нав чист?
-
Ин ҳокимияти навест, ки дар замин адолатро барқарор мекунад
-
Ин ҳокимият соли 1914 барпо шуд. Он вақт Масеҳ дар Салтанати Худо Подшоҳ шуд
Замини нав чист?
-
Ин ҷамъияти одамонест, ки аз ҳамаи халқҳо, миллатҳо ва нажодҳо иборат буда, бо хурсандӣ ба ҳокимияти нави осмонӣ итоат мекунанд
Ба кадом маъно гузашта дигар ба хотир намеояд?
-
Хотироти талхи пештара, ки бо азоби ҷисмонӣ ва ғаму андӯҳ алоқаманд буд, дигар моро азоб намедиҳанд
-
Одамони содиқ аз ҳаёт пурра лаззат мебаранд ва аз ҳар як рӯзи ҳаёт танҳо хотираҳои ширин мемонад