БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Барои ҳамду санои Яҳува зиндагӣ кунед!

Барои ҳамду санои Яҳува зиндагӣ кунед!

Ҳаёт тӯҳфаи беҳтарин аст. Мо бо тарзи ҳаётамон ҳар рӯз нишон медиҳем, ки то чӣ андоза онро қадр мекунем. Ва чун Шоҳидони Яҳува мо кӯшиш мекунем, ки истеъдоду қобилиятҳои худро барои ҷалол додани Атокунандаи ҳаёт, Яҳува, истифода барем (Зб 35:10; Вҳ 4:11). Аммо ғаму ташвишҳои ҳаррӯза дар ин ҷаҳони шарир намегузоранд, ки мо мақсадҳои рӯҳонии худро дар ҷойи аввал гузорем (Мқ 4:18, 19). Аз ин рӯ хуб мебуд, ки ҳар яки мо аз худ пурсем: «Оё ман чизҳои беҳтаринро ба Яҳува медиҳам? (Ҳш 14:3). Чӣ тавр касбу корам ба хизмати Яҳува таъсир мекунад? Чӣ мақсадҳои рӯҳонӣ дорам? Чӣ тавр хизмати худро васеъ карда метавонам?» Агар бинед, ки ба беҳтаршавӣ ниёз доред барои кӯмак ба Яҳува дуо гӯед ва дигаргуниҳо дароред. Шубҳае нест, ки Яҳуваро ҷалол дода, мо ҳар рӯз хурсандию қаноатмандӣ ҳис мекунем (Зб 60:9).

Шумо истеъдодҳои худро ба кӣ пешкаш мекунед?

ВИДЕОНАВОРИ «ИСТЕЪДОДИ ХУДРО БАРОИ ЯҲУВА ИСТИФОДА БАРЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чаро истеъдоди худро ба ҷаҳони Шайтон пешкаш кардан бехирадона аст? (1Юҳ 2:17).

  • Онҳоеро, ки аз ҳама чизи беҳтаринашонро ба Яҳува медиҳанд, чӣ гуна баракатҳо интизор аст?

  • Дар кадом намуди хизмат шумо мехоҳед қобилияту истеъдоди худро истифода баред?