ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ХУРУҶ 10, 11

Мӯсо ва Ҳорун далерии бузург нишон медиҳанд

Мӯсо ва Ҳорун далерии бузург нишон медиҳанд

10:3–6, 24–26, 28; 11:4–8

Мӯсо ва Ҳорун бо фиръавн, одами пурқудраттарини он замон, сӯҳбат карда далерии бузург нишон доданд. Чӣ ба онҳо далерӣ мебахшид? Дар бораи Мӯсо Китоби Муқаддас чунин мегӯяд: «Вай на аз тарси подшоҳ, балки бо имон Мисрро тарк кард, зеро, мисли он ки Нонамоёнро медида бошад, устувор буд» (Ибр 11:27). Мӯсо ва Ҳорун имони қавӣ доштанд ва ба Яҳува такя мекарданд.

Дар кадом вазъиятҳо барои ҳимояи эътиқодатон ба шумо далерӣ лозим мешавад?