Фиръавни ҳавобаланд дарк намекард, ки нияти Худоро иҷро карда истодааст
Ҳокимони Миср худро худо меҳисобиданд. Аз ин рӯ мо мефаҳмем, ки чаро фиръавн ин қадар ҳавобаланд буд ва ҳатто баъди таслим шудани афсунгаронаш ба гапи Мӯсо ва Ҳорун гӯш додан нахост.
Оё шумо ба суханони дигарон гӯш медиҳед? Вақте касе ба шумо маслиҳат медиҳад, онро қадр мекунед? Ё ба назаратон метобад, ки шумо ҳама вақт ҳақ ҳастед? Дар Масалҳо 16:18 гуфта шудааст, ки «моқабли шикаст ғурур аст». Барои ҳамин хеле муҳим аст, ки аз ҳавобаландӣ гурезем.