«Зиндагиномаи Ҳазрати Исо»
Аз ин силсилафилм шумо дар бораи Ҳазрати Исо, ки Писари Худо ва Халосгари одамизод аст, бештар мефаҳмед.
Қисми якум: Нури ҳақиқие, ки ба ҷаҳон омад
Чӣ тавр одамизод аз гуноҳи меросияш халос мешавад? Масеҳ ягона умеди одамон аст.
Қисми дуюм: «Ин Писари азизи ман аст»
Яҳёи таъмиддиҳанда роҳро барои Масеҳ тайёр мекунад. Воқеаҳои ҳайратангезеро, ки дар саршавии хизмати заминии Исо рӯй доданд, тамошо кунед!
Қисми сеюм: «Он кас манам»
Исо Масеҳи Худо буданашро ба Ниқӯдимус, зани сомарӣ ва шаҳрвандони Носира ошкор мекунад, аммо фақат якчанд одамони росткор ба ӯ имон меоранд. Баъди нишон додани мӯъҷизаи бузургаш Исо моҳигирони фурӯтанро даъват мекунад, ки ӯро пайравӣ намоянд.

