«Зиндагиномаи Ҳазрати Исо»

Аз ин силсилафилм шумо дар бораи Ҳазрати Исо, ки Писари Худо ва Халосгари одамизод аст, бештар мефаҳмед.

Зиндагиномаи Ҳазрати Исо. Маълумоти умумӣ

Бинед, ки чӣ тавр ин силсилафилми ҷолиб дар бораи Ҳазрати Исо ба суханони китоби Инҷил ҷон мебахшад.

ҚИСМИ 1

Нури ҳақиқие, ки ба ҷаҳон омад

Юсуфу Марям шарафманд гаштанд, ки волидони Исо, кӯдаки беназир дар таърих, гарданд.

ҚИСМИ 2

«Ин Писари азизи ман аст»

Яҳё омадани Масеҳро эълон менамояд. Исо хизматашро сар мекунад.

ҚИСМИ 3

«Он кас манам»

Исо ба Ниқӯдимус, зани сомарӣ ва мардуми Носира мавъиза мекунад. Одамон ба хабари ӯ ҳар хел муносибат мекунанд.

ҚИСМИ 4

«Ман маҳз барои ҳамин омадаам»

Исо беморонро шифо мебахшид, девҳоро аз одамон дур месохт, шогирд тайёр мекард ва 12 расулашро интихоб кард.

ҚИСМИ 5

«Мардум ба тарзи таълими ӯ қоил шуданд»

Баъди шифо додани мардуми зиёд Исо суханронии машҳурашро, суханронии болои кӯҳро, мегӯяд.

ҚИСМИ 6

«Оё ту ҳамоне ҳастӣ, ки бояд биёяд?»

Исо писари бевазанро зинда мекунад, бо ёрии мисолҳои одиву фаҳмо таълим медиҳад ва дилу нияти шунавандагонашро ошкор мекунад.

Зиндагиномаи Ҳазрати Исо. Порчаҳо аз силсилафилм

Бинед, ки чӣ тавр порчаҳои ин силсилафилми ҷолиб ба суханони китоби Инҷил ҷон мебахшанд.