Маълумот дар бораи экскурсия
Оё пеш аз экскурсия худро бояд номнавис кард? Бале. Барои он ки одамон аз ҳад зиёд нашаванд ва тамошобинон худро бароҳат ҳис кунанд, хуб мебуд, новобаста ба он ки чанд нафаред, пешакӣ номнавис кунед.
Агар пешакӣ номнавис накарда бошед, оё ба экскурсия омада метавонед? Агар пешакӣ номнавис накунед, мутаассифона, мо шуморо қабул карда наметавонем. Барои он ки одам аз ҳад зиёд нашавад, дар давоми рӯз мо фақат ба шумораи маҳдуди одамон экскурсия ташкил карда метавонем.
Ба экскурсия чанд вақт пеш омадан лозим аст? Барои он ки одамони аз ҳад зиёд дар як ҷой ҷамъ нашаванд, хуб мебуд, ки камаш 30 дақиқа пеш номнавис кунед.
Чӣ тавр ба экскурсия номнавис кунем? Тугмачаи «Номнавис кунед»-ро зер кунед.
Оё дархостатонро дигар ё бекор карда метавонед? Бале. Тугмачаи «Аз назар гузаронед ё дигар кунед»-ро зер кунед.
Агар дар рӯзҳое, ки мехоҳед, ҷой набошад-чӣ? Ба ин сомона даромада истед. Агар касе дархосташро дигар ё бекор кунад, шумо ба экскурсия рафта метавонед.
Ба экскурсия номнавис кунед
Аз назар гузаронед ё иваз намоед