Намоишгоҳи бемислу монанд дар Фаронса
Ярмаркаи байналхалқие, ки соли 2014 дар шаҳри Руани Фаронса баргузор гардид, диққати меҳмонони зиёдро ҷалб кард. Зеро дар он намоишгоҳи бемислу монанде бо номи «Китоби Муқаддас: дирӯз, имрӯз ва фардо» намоиш дода шуд.
Диққати меҳмононро хусусан видеонаворе, ки оиди дастнависҳои қадимии Китоби Муқаддас нақл мекард, ҷалб намуд. Меҳмонон онро дар даромади намоишгоҳ тамошо карданд. Баъдан, дар худи намоишгоҳ онҳо оиди манфиати маслиҳатҳои Китоби Муқаддас, таърихан ва аз ҷиҳати илм дақиқ будани он маълумот гирифтанд. Ҳамчунин онҳо фаҳмиданд, ки то чӣ андоза Китоби Муқаддас дар дунё паҳн гаштааст.
Илова бар ин дар намоишгоҳ меҳмонон фаҳмиданд, ки чӣ тавр ин китоби қадима то рӯзҳои мо омада расид ва чӣ тавр он барои миллиардҳо хонандагон дар намуди чопӣ ва электронӣ дастрас гашт. Ба ҳамаи меҳмонон нусхаи «Тарҷумаи дунёи нав», ки аз тарафи Шоҳидони Яҳува ба беш аз 120 забон чоп шудааст, тӯҳфа карда шуд.
Бисёриҳо ба Шоҳидони Яҳува барои ба халқи одӣ дастрас гардонидани Китоби Муқаддас миннатдорӣ баён карданд. Мутахассис оиди кор бо ҷавонон, ки бо як гурӯҳи наврасон дар ин намоишгоҳ иштирок дошт, чунин гуфт: «Китоби Муқаддас китобест барои ҳамаи халқҳо. Он таъсирбахш аст. Ҳангоми хондани ин китоб ман ҳамеша ба саволҳое, ки маро ташвиш медиҳанд, ҷавоб меёбам».
Як зани 60 сола, ки ҳамроҳи наберааш ба намоишгоҳ омада буд, аз фаҳмидани он ки Китоби Муқаддасро бепул гирифта метавонад, хеле дар ҳайрат монд. Ӯ чунин гуфт: «Ба ҳамаи мо лозим аст, ки Китоби Муқаддасро аз сари нав хонем. Мо ба ин китоб хеле мӯҳтоҷем».

