Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ин ҷои ибодати мост

Ин ҷои ибодати мост

«Рашки хонаи Ту Маро хӯрдааст» (ЮҲ. 2:17).

СУРУДҲО: 13, 21

1, 2. а) Дар замонҳои пеш хизматгорони Яҳува дар куҷо Ӯро ибодат мекарданд? б) Исо нисбати маъбади Ерусалим чӣ гуна ҳиссиёт дошт? в) Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?

АЗ ЗАМОНҲОИ қадим ходимони Худо барои ибодати пок ҷойҳои махсус доштанд. Ҳобил ҳангоми ба Яҳува қурбонӣ оварданаш, эҳтимол, барои Ӯ қурбонгоҳ сохта буд (Ҳас. 4:3, 4). Нӯҳ, Иброҳим, Исҳоқ, Яъқуб ва Мусо ҳамаашон қурбонгоҳ сохта буданд (Ҳас. 8:20; 12:7; 26:25; 35:1; Хур. 17:15). Бо фармони Яҳува исроилиён барояш хайма бино карда буданд (Хур. 25:8). Баъдтар бошад, онҳо барои ибодат кардани Яҳува маъбад сохтанд (3 Подш. 8:27, 29). Баъди аз Бобил баргаштанашон яҳудиён мунтазам дар куништҳо ҷамъ мешуданд (Марқ. 6:2; Юҳ. 18:20; Аъм. 15:21). Масеҳиёни аввал дар хонаҳои ҳамимононашон ҷамъ меомаданд (Аъм. 12:12; 1 Қӯр. 16:19). Дар рӯзҳои мо халқи Яҳува барои Ӯро ибодат кардан ва аз Ӯ таълим гирифтан дар Толорҳои Салтанат ҷамъ мешаванд, ки шумораашон ба даҳҳо ҳазор мерасад.

2 Исо маъбади Яҳуваро чунон дӯст медошту эҳтиром мекард, ки шогирдонаш ғайрати ӯро дида суханони забурнависро ба хотир оварданд: «Рашки хонаи Ту маро хӯрдааст» (Заб. 68:10; Юҳ. 2:17). Дар замонҳои пеш маъбади Ерусалимро «хонаи Худованд» меномиданд (2 Вақ. 5:13; 33:4). Имрӯз бошад, дар бораи ягон Толори Салтанат чунин гуфтан мумкин нест. Лекин баъзе принсипҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки мо бояд нисбати ҷои ибодатамон  эҳтиром дошта бошем. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр мо дар вохӯриҳо бояд рафтор намоем ва ҳамчунин чӣ тавр Толори Салтанатро нигоҳубин ва маблағгузорӣ кунем *.

ЭҲТИРОМ НИСБАТИ ИБОДАТИ ПОК

3–5. Толори Салтанат чист ва мо нисбати вохӯриҳоямон чӣ гуна бояд муносибат кунем?

3 Барои ҳар як маҳал Толори Салтанат ин маркази ибодати пок мебошад. Вохӯриҳо атои Худоянд ва ба туфайли онҳо мо муносибатамонро бо Ӯ мустаҳкамтар мегардонем. Дар вохӯриҳо «ғуломи мӯътамад ва доно» ба мо рӯҳбаландӣ ва дастуроти лозима медиҳад (Мат. 24:45). Аз тарафи Яҳува ва Писари Ӯ таклиф шудан ва ҳар ҳафта аз «суфраи Худованд» хӯрдан шарафи бузург аст. Мо бояд имконияти ба вохӯриҳо ташриф оварданро қадр кунем ва ба онҳо чун ба як чизи пурарзиш муносибат намоем (1 Қӯр. 10:21).

4 Яҳува мехоҳад, ки мо ба вохӯриҳо ташриф орем, то Ӯро ибодат кунем ва ҳамимононамонро рӯҳбаланд созем. (Ибриён 10:24 ва 25-ро бихонед.) Мо нисбати Офаридгорамон эҳтироми беандоза дорем, барои ҳамин бе ягон зарурият ҷамъомадҳоро тарк намекунем. Чӣ тавр мо нишон диҳем, ки барои вохӯриҳо миннатдорем? Вақте тайёрии хуб мебинем ва аз таҳти дил дар онҳо иштирок мекунем (Заб. 21:23).

5 Он ки мо дар Толори Салтанат чӣ гуна рафтор мекунем ва чӣ тавр онро нигоҳубин мекунем, эҳтироми моро ба Яҳува нишон медиҳад. Мо мехоҳем, ки бо рафтори худ ба номи Яҳува ҷалол орем ва дар хотир дорем, ки номи Ӯ дар даромадгоҳи Толори Салтанат навишта шудааст. (Бо 3 Подшоҳон 8:17 муқоиса кунед.)

6. Баъзе одамон дар бораи Толорҳои Салтанати мо ва касоне ки ба онҳо ташриф меоранд, чӣ гуфтанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

Вақте мо нисбати Толорҳои Салтанатамон эҳтиром зоҳир мекунем, ин аз чашми дигарон пӯшида намемонад. Як марде аз Туркия мегӯяд: «Тозагӣ ва тартибу низоме ки дар Толори Салтанат дидам, ба ман сахт маъқул шуд. Одамон сарулибоси тозаву озода пӯшида буданд. Онҳо хеле хушмуомила буданд ва маро бо чеҳраи кушод пазироӣ карданд. Ин ба ман таъсири сахт расонд». Он мард ба вохӯриҳо ташриф оварданро сар кард ва каме баъдтар таъмид гирифт. Дар яке аз шаҳрҳои Индонезия Шоҳидони маҳаллӣ ба ҷашни кушодашавии Толори навсохташуда ҳамсоягон ва баъзе мансабдоронро даъват карданд. Дар байни ташрифовардагон ҳокими он шаҳр низ буд. Сохти зебову босифати Толор ва боғи хушрӯи онро дида ӯ чунин гуфт: «Тозагии ин толор нишон медиҳад, ки шумо имони ҳақиқӣ доред».

Мо бояд эҳтиёт шавем, ки бо рафтори худ нисбати Яҳува беҳурматӣ нишон надиҳем (Ба сархатҳои 7 ва 8 нигаред.)

7, 8. Чӣ тавр ҳангоми вохӯриҳои масеҳӣ мо нишон дода метавонем, ки Яҳуваро эҳтиром мекунем?

7 Азбаски ба вохӯриҳо моро Яҳува даъват мекунад, мо бояд эҳтироми худро ба ин чорабиниҳо нишон диҳем. Ин эҳтиром дар тарзи рафтор, намуди зоҳирӣ ва сарулибосамон аён мегардад. Аммо мо бояд кӯшиш кунем, ки дар ин масъалаҳо аз ҳад нагузаронем. Масалан, баъзеҳо фикр мекунанд, ки дар ҷамъомад рафтори мо бояд хеле ҷиддӣ бошад. Лекин дигарон тарзе рафтор мекунанд, ки гӯё дар хонаашон бошанд. Яҳува мехоҳад, ки мо ва он одамоне ки нав ба ҷамъомад меоянд, худро нороҳат ҳис накунем. Ҳамзамон мо бояд нигоҳ кунем, ки либоси мо озод, варзишӣ ва ё ғайрирасмӣ набошад, чунки бо ин мо диққатро ба худ ҷалб менамоем ва аз дигарон фарқ карда меистем. Ҳамчунин мо бояд эҳтиёт шавем, ки ҳангоми вохӯриҳо хӯрок нахӯрем, бо СМС-нависӣ  машғул набошем ва бо касе сӯҳбат карда нашинем. Ин нишонаи беэҳтиромист. Падару модар бояд ба фарзандони худ фаҳмонанд, ки Толори Салтанат ҷойи бозиву даводав нест (Воиз 3:1).

Вақте Исо дид, ки одамон дар маъбади Худо бо хариду фурӯш машғуланд, ӯ ба қаҳр омад ва онҳоро пеш кард (Юҳ. 2:13–17). Дар Толорҳои Салтанат мо Яҳуваро ибодат мекунем ва аз Ӯ таълим мегирем. Барои ҳамин дар он ҷо ҳал кардани масъалаҳои кориву пулӣ дуруст нест. (Бо Наҳемё 13:7, 8 муқоиса кунед.)

СОХТМОНИ ТОЛОРҲОИ САЛТАНАТРО ДАСТГИРӢ МЕКУНЕМ

9, 10. Халқи Яҳува аз рӯи кадом принсип Толорҳои Салтанат месозад ва чаро гуфтан мумкин аст, ки он самарабахш аст?

9 Халқи Худо дар саросари дунё барои сохтани Толорҳои Салтанат сахт меҳнат мекунад. Коргарони ихтиёрӣ корҳои нақшакашӣ, сохтмонӣ ва таъмириро бепул иҷро мекунанд. Аз 1-уми ноябри с. 1999 сар карда дар тамоми дунё зиёда аз 28 000 биноҳои зебо барои ибодати Худо сохта шуданд. Ин маънои онро дорад, ки тӯли 15 сол ба ҳисоби миёна ҳар рӯз панҷ Толори Салтанат сохта мешуд.

10 Дар ҳар куҷое ки ба сохтани Толори Салтанат ниёз пайдо шавад, ташкилоти мо аз ҳисоби хайрияҳо маблағ ҷудо менамояд ва коргарони ихтиёриро барои ин кор таъин мекунад. Ин кор аз рӯи принсипи Китоби Муқаддас карда мешавад, ки мувофиқи он касе ки бештар дорад, метавонад ба касе ки кам дорад, кӯмак расонад. (2 Қӯринтиён 8:13–15-ро бихонед.) Ин принсип хеле самарабахш аст, чунки ба туфайли ин ҷамъомадҳое, ки аз пули худ ҳеҷ гоҳ Толори Салтанат сохта наметавонистанд, акнун барои ибодати Худои ҳақиқӣ биноҳои зебо доранд.

11. Баъзе бародарон дар бораи сохта шудани Толорҳои Салтанат чӣ мегӯянд ва ин дар шумо чӣ ҳиссиётро бедор мекунад?

11 Бародарон аз ҷамъомади Коста-Рика чунин навиштанд: «Вақте мо ба Толори Салтанатамон менигарем, бовариамон намеояд, ки ин хоб неву воқеият аст! Сохтмони Толори зебои мо дар муддати ҳашт рӯз, то гузошта шудани хишти охиринаш, тамом шуд. Ин танҳо ба туфайли баракати Яҳува, кӯшиши ташкилот ва меҳнати бародарони азизамон имконпазир гардид. Ин ҷои ибодат дар ҳақиқат як чизи гаронбаҳо ва атоест аз ҷониби Яҳува. Мо аз сохта шудани он бениҳоят шодем!» Вақте бародару хоҳаронамон ба Яҳува барои атоҳояш миннатдорӣ баён мекунанд, ин дилҳоямонро гарм месозад. Мо хеле хурсандем, ки ҳамимонони мо дар тамоми ҷаҳон имконият доранд, ки дар биноҳои зебо барои ибодат кардани Яҳува ҷамъ шаванд. Аён аст, ки Яҳува ин корро баракат медиҳад, зеро ҳамин ки Толорҳои Салтанат сохта мешаванд, ташнагони ҳақиқат ба онҳо ташриф оварданро сар мекунанд (Заб. 126:1).

12. Чӣ тавр мо сохтмони Толори Салтанатро дастгирӣ карда метавонем?

 12 Чӣ тавр мо метавонем дар сохтани Толорҳои Салтанат кӯмак кунем? Шояд баъзеи мо метавонем чун коргари ихтиёрӣ дар сохтмон иштирок намоем. Ҳамчунин ҳар яки мо метавонем бо хайрияҳои ихтиёрӣ ин корро дастгирӣ кунем. Вақте мо дар ин маврид ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, мо хурсандӣ мегирем ва аз ҳама муҳимаш Яҳуваро ҷалол медиҳем. Дар ин кор мо ба намунаи ходимони пештараи Худо пайравӣ мекунем, ки бо омодагӣ барои сохта шудани ҷойҳои ибодат кӯмаки худро пешкаш мекарданд (Хур. 25:2; 2 Қӯр. 9:7).

ТОЛОРИ САЛТАНАТАМОНРО ТОЗА НИГОҲ МЕДОРЕМ

13, 14. Кадом принсипҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки мо бояд Толори Салтанатро тозаву батартиб нигоҳ дорем?

13 Мо хизматгорони Худои поку муқаддасем ва Ӯ мехоҳад, ки мо аз рӯи тартибу низом амал кунем. Барои ҳамин мо бояд Толори Салтанатро тозаву батартиб нигоҳ дорем. (1 Қӯринтиён 14:33 ва 40-ро бихонед.) Барои пайравӣ кардан ба покии Яҳува дар ибодат, тарзи фикрронӣ ва рафтори худ пок будан кам аст. Ба мо лозим аст, ки ҳамчунин бадани худро поку тоза нигоҳ дорем (Ваҳй 19:8).

14 Вақте Толори Салтанатамонро тозаву батартиб нигоҳ медорем, мо аз он ки одамонро ба вохӯриҳоямон таклиф мекунем, шарм намедорем. Мо дар бораи дунёи наве ки дар он тозагӣ ва назму тартиб ҳукмфармо мешавад, мавъиза мекунем, барои ҳамин бояд кӯшиш кунем, ки ҳолати Толор ба хабарамон мувофиқ бошад. Он гоҳ одамон мефаҳманд, ки мо дар ҳақиқат ба Худои пок хизмат мекунем ва Ӯ ба қарибӣ заминро ба биҳишти зебое табдил медиҳад (Иш. 6:1–3; Ваҳй 11:18).

15, 16. а) Барои чӣ тоза нигоҳ доштани Толори Салтанат на ҳамеша осон мебошад, лекин чаро ин зарур аст? б) Кори тозакунии Толорро кӣ назорат мекунад ва ҳар яки мо чӣ гуна имконият дорем?

 15 Одамон ба тозагӣ назари гуногун дошта метавонанд. Ин аз муҳите ки онҳо ба воя мерасанд, вобаста аст. Масалан, баъзеҳо дар ҷойҳои пурчангу хок ё дар маҳалле ки роҳҳояш чиркинанд, зиндагӣ мекунанд. Ба дигарон бошад, об, собун ё дигар чизҳои шустушӯӣ на он қадар дастрас аст. Нигоҳ накарда ба он ки мо дар куҷо зиндагӣ мекунем ва одамони гирду атрофамон дар бораи тозагӣ чӣ фикр доранд, мо бояд Толори Салтанатамонро поку батартиб нигоҳ дорем. Охир дар ин ҷо мо Яҳуваро ибодат мекунем (Такр. Ш. 23:14).

16 Кори тозакунии Толори Салтанатро набояд ба қафо партофт. Пирон бояд барои ҷамъомад реҷа тартиб диҳанд ва боварӣ ҳосил кунанд, ки барои тозаву батартиб нигоҳ доштани Толор ҳама чизи лозима дастрас аст. Ҳамчунин пирон бояд ин корро ташкил кунанд ва назорат кунанд, ки он хуб иҷро карда шавад. Ҳама аъзоёни ҷамъомад имконияти олиҷаноб доранд, ки дар тоза нигоҳ доштани Толори Салтанат саҳми худро гузоранд.

ТОЛОРИ САЛТАНАТРО ДАР ҲОЛАТИ ХУБ НИГОҲ МЕДОРЕМ

17, 18. а) Мо аз намунаи ходимони пешини Худо чӣ меомӯзем? б) Чаро мо бояд Толори Салтанатамонро дар ҳолати хуб нигоҳ дорем?

17 Ходимони Яҳува сахт мекӯшанд, то ҷойҳои ибодаташонро дар ҳолати хуб нигоҳ доранд. Дар замонҳои қадим низ хизматгорони Худо чунин мекарданд. Масалан, дар замони ҳукмронии шоҳ Еҳӯош халқ барои маъбад хайрия медод. Подшоҳ ба коҳинон амр фармуд, ки ин пулро гирифта ҳама рахнаҳои маъбадро таъмир кунанд (4 Подш. 12:4, 5). Дусад сол пас подшоҳ Йӯшиёҳу низ барои корҳои таъмирӣ маблағи лозима ҷудо кард. (2 Вақоеънома 34:9–11-ро бихонед.)

18 Баъзе Кумитаи филиалҳо қайд карданд, ки дар маҳали онҳо ба одамон одат нашудааст, ки бинои Толор ё ягон моликияту таҷҳизоти онро дар ҳолати хуб нигоҳ доранд. Шояд ин аз он сабаб бошад, ки дар он ҷой аксарият намедонанд, ки чӣ тавр ин корро бояд кунанд. Ва ё барои корҳои таъмирӣ онҳо маблағи кофӣ надоранд. Лекин агар мо Толорро сари вақт таъмир накунем, он гоҳ он кӯҳнаву фарсуда мешавад ва одамони гирду атроф инро ҳатман мебинанд. Ин шаҳодати хуб намешавад ва обрӯю эътибори ташкилотро паст зада метавонад. Лекин агар ҳамаи мо барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани Толори Салтанат ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, мо Яҳуваро ҷалол медиҳем ва пули хайриякардаи ҳамимонони худро эҳтиёткорона сарф мекунем.

Мо бояд Толори Салтанатамонро тоза ва дар ҳолати хуб нигоҳ дорем (Ба сархатҳои 16 ва 18 нигаред.)

19. Шумо барои нишон додани эҳтиром нисбати ҷойҳои ибодат чӣ кор карданиед?

19 Толори Салтанат ин бинои ба Яҳува бахшидашуда аст. Он ба ягон одам ё ҷамъомад тааллуқ надорад. Чи тавре ки дар ин мақола муҳокима кардем, принсипҳои Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунанд, ки нисбати ҷойҳои ибодатамон муносибати дуруст дошта бошем. Азбаски мо Яҳуваро эҳтиром мекунем, мо вохӯриҳо ва Толори Салтанати худро қадр мекунем. Мо бо омодагӣ ба сохтмони Толорҳои Салтанат хайрия мекунем ва барои тозаву озода ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем. Бо ин корамон мо ба намунаи Исо пайравӣ намуда нисбати ҷойҳои ибодат ғайрат нишон медиҳем (Юҳ. 2:17).

^ сарх. 2 Ҳарчанд дар ин мақола гап дар бораи Толорҳои Салтанат меравад, принсипҳое ки дар ин ҷо муҳокима мешаванд, ба Толорҳои Анҷуман ва дигар ҷойҳои ибодат низ дахл доранд.