Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Халосии шумо наздик меояд»!

«Халосии шумо наздик меояд»!

«Бархоста, сарҳои худро баланд кунед, чунки халосии шумо наздик меояд» (ЛУҚ. 21:28).

СУРУДҲО: 49, 43

1. Соли 66-и эраи мо кадом воқеаҳо рӯй доданд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ТАСАВВУР КУНЕД, ки шумо ҳамроҳи масеҳиёни дигар соли 66-и эраи мо дар Ерусалим зиндагӣ мекунед. Дар гирду пеши шумо воқеаҳои зиёде рӯй медиҳанд. Намояндаи ҳукумати Рум — Флор 17 талант тангаро аз ганҷинаи муқаддаси маъбад медуздад. Яҳудиён сахт ба ғазаб омада сарбозони зиёди румиро, ки дар Ерусалим буданд, мекушанд ва худро аз Рум мустақил эълон мекунанд. Аз ин огоҳ шуда сӣ ҳазор сарбози румӣ бо сардории ҳокими Сурия — Сестий Галл Ерусалимро гирд мекунанд. Исёнгарони яҳудӣ дар қалъаи маъбад пинҳон мешаванд, лекин сарбозони Рум девореро, ки маъбадро иҳота карда буд, шикастан мегиранд ва кӯшиш мекунанд, ки ба дарун дароянд. Дар шаҳр ҳама ба тарсу воҳима меафтад. Ҳамаи инро дида шумо чӣ ҳис мекардед?

2. Соли 66-и эраи мо масеҳиён бояд чӣ кор мекарданд ва чӣ тавр ин имконпазир гардид?

2 Чандин сол пеш Исо шогирдонашро дар бораи ин воқеа огоҳ кард ва ба онҳо чунин гуфт: «Ҳар гоҳ бубинед,  ки аскарон Ерусалимро иҳота кардаанд, бидонед, ки харобии он наздик шудааст; он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд; ва ҳар кӣ дар шаҳр аст, аз он барояд; ва ҳар кӣ дар гирду атроф аст, ба он надарояд» (Луқ. 21:20, 21). Чӣ тавр ба гуфтаи Исо гӯш додан мумкин аст, дар ҳолате ки шаҳрро сарбозони румӣ иҳота кардаанд? Дар ҳамин вақт як чизи аҷоибе рӯй медиҳад. Дар пеши чашми шумо сарбозони румӣ Ерусалимро тарк кардан мегиранд! Пешгӯии Исо иҷро шуд ва «он айём кӯтоҳ» карда шуд (Мат. 24:22). Акнун шумо метавонед гуфтаҳои Исоро иҷро кунед. Шумо дарҳол ҳамроҳи дигар масеҳиёни содиқ ба тарафи кӯҳҳо гурехта меравед *. Баъдтар бошад, соли 70-и эраи мо сипоҳи Рум аз нав ба Ерусалим омада онро хароб мекунад. Шумо бошед, ҷонатонро аз марг халос кардед, чунки ба амри Исо гӯш додед.

3. Масеҳиён дар рӯзҳои мо бо кадом вазъияти ба ин монанд рӯ ба рӯ мешаванд ва мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

3 Ба наздикӣ мо низ бо чунин воқеа рӯ ба рӯ мешавем. Воқеаҳои асри якро истифода бурда, Исо фаҳмонд, ки ҳангоми сар задани «мусибати бузург» чӣ рӯй медиҳад (Мат. 24:3, 21, 29). Чи хеле ки дар асри як масеҳиёни содиқ ҳангоми нестшавии Ерусалим зинда монданд, дар рӯзҳои мо анбӯҳи бузург аз бадбахтие ки ба сари тамоми инсоният меояд, зинда мегузарад. (Ваҳй 7:9, 13, 14-ро бихонед.) Китоби Муқаддас дар бораи он замон чӣ мегӯяд? Донистани ҷавоб ба ин савол хеле муҳим аст, зеро аз ин ҳаёти мо вобаста аст. Барои ҳамин биёед дида бароем, ки чӣ тавр ин воқеаҳо ба ҳар яки мо таъсир мерасонанд.

САРШАВИИ МУСИБАТИ БУЗУРГ

4. Мусибати бузург чӣ тавр сар мешавад?

4 Мусибати бузург чӣ тавр сар мешавад? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки бо нест карда шудани Бобили Бузург, ки «модари фоҳишагон» номида шудааст (Ваҳй 17:5–7). Чаро Бобили Бузург, ё худ динҳои дурӯғ дар Китоби Муқаддас «фоҳиша» номида шудаанд? Чунки пешвоёни ин динҳо ба Худо хиёнат карданд. Ба ҷои содиқона дастгирӣ кардани Исо ва Салтанати ӯ, онҳо ҳукуматдорони заминиро дастгирӣ карданд ва барои он ки ҳокимияти бештар ба даст оранд, нисбати принсипҳои Китоби Муқаддас бепарвоӣ карданд. Ибодати онҳо аз парастиши поки масеҳиёни тадҳиншуда ба куллӣ фарқ мекунад (Яъқ. 1:27; 2 Қӯр. 11:2; Ваҳй 14:4). Пас, ин ташкилотеро ки ба фоҳиша монанд карда шудааст, кӣ нест мекунад? Яҳува фикри худро «дар дили» «даҳ шох»-и «ҳайвони ваҳшии арғувонӣ» мегузорад. Ин шохҳо ҳама ҳукуматҳои сиёсиро тасвир мекунанд, ки «ҳайвони арғувонӣ», яъне Созмони Миллали Муттаҳидро дастгирӣ мекунанд. (Ваҳй 17:3, 16–18-ро бихонед.)

5, 6. Мо аз куҷо медонем, ки нестшавии Бобили Бузург маънои онро надорад, ки ҳама пайравони динҳои дурӯғ нобуд карда мешаванд?

5 Оё ҳангоми нест шудани Бобили Бузург ҳама пайравони динҳои дурӯғ нобуд карда мешаванд? Не. Пайғамбар Закарё дар бораи он замон пешгӯӣ карда буд. Мувофиқи ин пешгӯӣ касе ки пештар ба дини дурӯғ тааллуқ дошт, чунин мегӯяд: «“Ман набӣ нестам, балки шахсе ҳастам, ки заминро кор мекунам, зеро ки замин аз наврасиам насибаи ман аст”. Ва ба ӯ хоҳанд гуфт: “Ин доғҳои захм, ки дар миёни  бозуҳои туст, чист?” Ва ӯ ҷавоб хоҳад дод: “Инҳо захмҳоест, ки дар хонаи дӯстдоронам хӯрдаам”» (Зак. 13:4–6). Аз ин ҷо маълум мешавад, ки ҳатто баъзе пешвоёни динӣ инкор карда хоҳанд гуфт, ки ҳеҷ гоҳ ба дини дурӯғ тааллуқ надоштанд.

6 Дар он замон бо халқи Худо чӣ рӯй медиҳад? Исо мефаҳмонад: «Агар он айём кӯтоҳ намешуд, ҳеҷ касе наҷот намеёфт; лекин аз барои баргузидагон он айём кӯтоҳ хоҳад шуд» (Мат. 24:22). Дар асри як мусибат дар Ерусалим «кӯтоҳ» карда шуд. Ин ба «баргузидагон», яъне масеҳиёни тадҳиншуда имконият дод, ки шаҳрро тарк карда гурезанд. Ба ин монанд, қисми аввали мусибати бузург аз барои «баргузидагон» кӯтоҳ карда мешавад. Он вақт Яҳува намегузорад, ки халқашро нест кунанд. Як муддати кӯтоҳе замони оромӣ мешавад ва баъд аз ин ҳамлаи навбатӣ сар мезанад.

ЗАМОНИ САНҶИШ ВА ДОВАРӢ

7, 8. Баъди нест шудани динҳои дурӯғ кадом имконият пайдо мешавад ва чӣ тавр хизматгорони Худо аз дигарон фарқ хоҳанд кард?

7 Баъди нестшавии динҳои дурӯғ чӣ рӯй медиҳад? Дар муддати ин вақт маълум мешавад, ки дар дили мо чӣ аст. Дар он замон аксарияти одамон дар ташкилотҳои инсонӣ, ки ба «дараҳои кӯҳҳо» монанд карда шудаанд, муҳофизат меҷӯянд (Ваҳй 6:15–17). Лекин халқи Худо аз Яҳува паноҳ меҷӯяд. Гуфтан мумкин нест, ки дар асри як, вақте ки мусибати бузург кӯтоҳ карда шуд, яҳудиёни зиёд масеҳиятро қабул кардан гирифтанд. Мисли ин чунин фикр кардан нодуруст мебуд, ки дар замони мо ҳангоми мусибати бузург сафи Шоҳидон афзудан мегирад. Он замон барои масеҳиёни ҳақиқӣ имконият мешавад, ки муҳаббаташонро ба Яҳува нишон диҳанд ва тадҳиншудагонро дастгирӣ намоянд (Мат. 25:34–40).

8 Мо пурра намедонем, ки он замон чӣ гуна хоҳад буд, лекин мо интизорем, ки дар он вақти душвор ба мо аз баҳри чизе баромадан лозим меояд. Дар асри як масеҳиён хонаву дар ва дороии худро партофта, барои зинда мондан бояд душвориҳои зиёдеро аз сар мегузарониданд (Марқ. 13:15–18). Мо бояд аз худ бипурсем: «Оё барои нигоҳ доштани садоқатмандӣ ман тайёрам, ки аз баҳри чизу чора бароям? Оё ман тайёрам, ки ҳар кори аз дастам меомадаро кунам, то ба Яҳува содиқ бимонам?» Дар ин бора фикр кунед. Дар он вақт мо ягона шахсоне мешавем, ки Яҳуваро ибодат мекунанд, ҳамон тавре ки Дониёл-пайғамбар мекард (Дон. 6:10, 11).

9, 10. а) Халқи Худо дар давоми мусибати бузург чӣ гуна хабарро эълон мекунад? б) Душманони халқи Худо чӣ кор мекунанд?

9 Мусибати бузург вақти мавъиза кардани хушхабари Салтанат нахоҳад буд. Он вақт замони «интиҳо» аст ва вақти мавъиза кардан нест (Мат. 24:14). Бешубҳа, он вақт халқи Худо хабари нохушро дар бораи довариҳои Яҳува эълон мекунад. Шояд ин хабар дар бораи наздик будани нестшавии дунёи Шайтон бошад. Китоби Муқаддас ин хабарро бо жола муқоиса карда мегӯяд: «Жолаи бузурге ки гӯё ба вазни як талант буд, аз осмон бар одамон борид; ва одамон барои балои жола ба Худо куфр гуфтанд, чунки он бало бағоят сахт буд» (Ваҳй 16:21).

10 Ин хабар ба гӯши душманони мо сахт мерасад. Зери илҳоми илоҳӣ Ҳизқиёл навишта буд, ки Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ, яъне иттиҳоди халқҳо чӣ кор  мекунад: «Худованд Худо чунин мегӯяд: дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки фикрҳо дар дилат пайдо шуда, ту тадбири баде хоҳӣ андешид ва хоҳӣ гуфт: “Ба замини беҳисоре мебароям, бар касони осоиштае ки дар амният сокин буда, ҳамаашон бе ҳисоре зиндагӣ мекунанд ва ғалақаю дарвоза надоранд”,— то ки толону тороҷ намоӣ ва ғанимат бигирӣ ва дасти худро ба харобаҳои аз нав ободшуда ва ба қавми аз миёни халқҳо ҷамъомадае ки соҳиби чорво ва молу мулк гардидаанд ва бар қуллаи замин сукунат доранд, дароз кунӣ» (Ҳиз. 38:10–12). Ходимони Худо ба он маъно дар «қуллаи замин» зиндагӣ хоҳанд кард, ки онҳо аз дигарон сахт фарқ мекунанд. Халқҳои ҷаҳон ба ин тоб оварда наметавонанд. Бале, онҳо ба тадҳиншудагон ва гӯсфандони дигар ҳамла меоранд.

11. а) Дар бораи воқеаҳое ки дар мусибати бузург рӯй медиҳанд, мо бояд чиро дар хотир дорем? б) Вақте одамон дар осмон аломат ва ҳодисаҳоро мебинанд, онҳо чӣ кор мекунанд?

11 Баъд чӣ рӯй медиҳад? Китоби Муқаддас дар бораи тартиби аниқи рӯйдодҳо чизе намегӯяд, лекин, аз афташ, баъзе воқеаҳо яку якбора рӯй медиҳанд. Исо дар пешгӯии худ оиди анҷоми дунёи Шайтон чунин мегӯяд: «Ва дар офтоб ва моҳ ва ситорагон аломатҳо зуҳур хоҳад ёфт ва бар замин халқҳо ба ноумедӣ афтода, аз хурӯши баҳр ва ғалаёни мавҷҳо моту мабҳут хоҳанд шуд; ва одамон аз тарсу ҳарос ва интизории он мусибатҳое ки ба сари ҷаҳон меояд, аз ҳол хоҳанд рафт, зеро ки қувваҳои афлок мутазалзил хоҳанд шуд. Ва он гоҳ Писари Одамро хоҳанд дид, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абре меояд». (Луқ. 21:25–27; Марқӯс 13:24–26-ро бихонед.) Оё мувофиқи ин пешгӯӣ дар осмон дар асл аломат ва ҳодисаҳои даҳшатангез пайдо мешавад? Ба ҳамон рӯз расем, мебинем. Лекин як чизро аниқ гуфтан мумкин аст, ки вақте душманони Худо ин аломатҳоро мебинанд, онҳо ба ваҳму воҳима меафтанд.

Мо умед ва боварии пурра дорем, ки наҷот хоҳем ёфт! (Ба сархатҳои 12 ва 13 нигаред.)

12, 13. а) Вақте Исо «бо қудрат ва ҷалоли азим» меояд, чӣ рӯй медиҳад? б) Дар он вақт хизматгорони Худо чӣ кор мекунанд?

12 Вақте Исо «бо қудрат ва ҷалоли азим» меояд, чӣ рӯй хоҳад дод? Ӯ росткоронро мукофот ва бадкоронро ҷазо медиҳад (Мат. 24:46, 47, 50, 51; 25:19, 28–30). Барои батафсил фаҳмонидани ин Исо масал овард. Ӯ гуфт: «Вақте ки Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштагони муқаддас меояд, он гоҳ бар тахти ҷалоли Худ хоҳад нишаст ва ҳамаи халқҳо дар назди Ӯ ҷамъ хоҳанд шуд; ва онҳоро аз якдигар ҷудо хоҳад кард, мисли чӯпоне ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад; ва гӯсфандонро ба тарафи рост ва бузҳоро ба тарафи чапи Худ ҷой хоҳад дод» (Мат. 25:31–33). Бо гӯсфандон ва бузҳо чӣ рӯй медиҳад? Онҳо доварӣ карда мешаванд. Бузҳо ё шахсони бадкор «ба азоби ҷовидонӣ хоҳанд рафт», лекин гӯсфандон, яъне росткорон «ба ҳаёти ҷовидонӣ» (Мат. 25:46).

13 Вақте бузҳо мефаҳманд, ки онҳоро «азоби ҷовидонӣ» интизор аст, чӣ кор мекунанд? Онҳо аз андӯҳ ба синаи худ зада «навҳа» хоҳанд кард (Мат. 24:30). Лекин тадҳиншудагон ва касоне ки онҳоро дастгирӣ менамоянд, чӣ кор мекунанд? Онҳо ба Яҳува Худо ва Писари Ӯ имон зоҳир карда ба амри зерини Исо гӯш медиҳанд: «Вақте ки ба амал омадани он чизҳо оғоз шавад, бархоста, сарҳои худро баланд кунед, чунки халосии шумо наздик меояд» (Луқ. 21:28). Бале, мо умед ва боварии пурра дорем, ки наҷот хоҳем ёфт!

 ДАР САЛТАНАТ ЧУН ОФТОБ ДУРАХШОН ХОҲАНД ШУД

14, 15. Кори ҷамъоварӣ, ки каме пас аз ҳамлаи Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ рӯй медиҳад, чиро дар бар мегирад ва он чӣ тавр ба амал меояд?

14 Баъди он ки Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ ба халқи Худо ҳамла мекунад, чӣ рӯй медиҳад? Ҳам дар Инҷили Матто ва ҳам дар Марқӯс дар бораи баъзе аз воқеаҳо навишта шудааст. Дар он ҷо мо мехонем, ки Писари одам «фариштагони Худро фиристода, баргузидагони Худро аз чор ҷониб, аз канори замин то канори осмон фароҳам хоҳад овард» (Марқ. 13:27; Мат. 24:31). Ин кори ҷамъоварӣ ба замоне ки масеҳиёни тадҳиншуда бори аввал интихоб мешаванд, ишора намекунад. Ҳамчунин он ба гирифтани мӯҳри охирини онҳо ишора намекунад, чунки тадҳиншудагон каме пеш аз саршавии мусибати онро мегиранд (Мат. 13:37, 38; Ваҳй 7:1–4). Пас, Исо кадом вақтро дар назар дошт? Ин ҳамон вақтест, ки тадҳиншудагоне ки он вақт дар замин хоҳанд буд, мукофоти худро мегиранд ва ба осмон мераванд (1 Тас. 4:15–17; Ваҳй 14:1). Ин рӯйдод каме пас аз ҳамлаи Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ ба амал меояд (Ҳиз. 38:11). Баъд, чи хеле ки Исо гуфт, «одилон дар Малакути Падари худ чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд» (Мат. 13:43) *.

15 Бисёре аз масеҳиёни ин ҷаҳон боварӣ доранд, ки дар тани одамӣ ба осмон бурда мешаванд. Онҳо фикр мекунанд,  ки вақте Исо барои ҳукмронӣ кардан ба замин меояд, онҳо ӯро хоҳанд дид. Лекин Китоби Муқаддас ба таври равшан нишон медиҳад, ки Исо ба таври ба чашм ноаён меояд. Мо мехонем, ки Писари Одам «дар осмон» намудор мешавад ва «бар абрҳо меояд» (Мат. 24:30). Китоби Муқаддас ҳамчунин мегӯяд, ки «гӯшт ва хун наметавонанд вориси Малакути Худо шаванд». Барои ҳамин онҳое ки ба осмон бурда мешаванд, «дар як мижа задан, баробари садои карнаи охирин» тағйир хоҳанд ёфт *. (1 Қӯринтиён 15:50–53-ро бихонед.) Он тадҳиншудагони содиқ, ки ҳангоми сар задани мусибати бузург дар замин хоҳанд буд, дарҳол ҷамъ оварда мешаванд.

16, 17. Пеш аз тӯйи Барра чӣ рӯй медиҳад?

16 Вақте ки ҳамаи 144 000 тадҳиншудагон дар осмон мешаванд, тайёрии охирин ба тӯйи Барра сар мешавад (Ваҳй 19:9). Аммо пеш аз сар шудани ин рӯйдоди хурсандибахш чизи дигаре ба амал меояд. Дар хотир доред, ки Ҷуҷ каме пеш аз он ки 144 000 тадҳиншудагони содиқ ба осмон мераванд, ба халқи Худо ҳамла мекунад (Ҳиз. 38:16). Он гоҳ халқи Худо чӣ кор мекунад? Халқи Худо ба назар бе пушту паноҳ метобад. Онҳо ба дастуроти зерин итоат мекунанд: «Дар ин ҷанг шумо нахоҳед ҷангид; шумо, эй Яҳудо ва Ерусалим, бархоста биистед ва наҷоти Худовандро, ки бо шумо хоҳад буд, бубинед! Натарсед ва ҳаросон нашавед!» (2 Вақ. 20:17). Ваҳй 17:14 ба вақте ки ҳамаи тадҳиншудагон ба осмон мераванд, ишора карда, дар бораи душманони халқи Худо чунин мегӯяд: «Онҳо ба Барра ҷанг хоҳанд кард ва Барра бар онҳо ғолиб хоҳад омад; зеро ки Ӯ... Подшоҳи подшоҳон аст ва онҳое ки бо Ӯ ҳастанд, даъватшудагон ва баргузидагон ва аминон мебошанд». Пас, Исо ҳамроҳи 144 000 подшоҳони тадҳиншуда барои наҷот додани халқи Худо мешитобад.

17 Бо он ки Исо барои наҷот додани халқи Худо мешитобад, Ҳармиҷидӯн сар мешавад. Ин ҷанг номи муқаддаси Яҳуваро ҷалол хоҳад дод (Ваҳй 16:16). Ҳамаи онҳое ки чун бузҳо, яъне бадкорон доварӣ карда мешаванд, несту нобуд хоҳанд шуд. Он гоҳ бадӣ аз рӯи замин нест карда мешавад ва анбӯҳи бузург дар Ҳармиҷидӯн наҷот меёбад. Оқибат иҷрошавии он воқеаҳое ки мо дербоз интизор будем, ба амал меояд ва тӯйи Барра сар мешавад! (Ваҳй 21:1–4) *. Ҳамаи наҷотёфтагон аз муҳаббати бепоён ва баракатҳои фаровони Худо баҳра хоҳанд бурд. Мо он замонро бесаброна интизорем. То чӣ андоза тӯйи олиҷанобе хоҳад буд он! (2 Петрус 3:13-ро бихонед.)

18. То ба амал омадани ин воқеаҳои ҳаяҷонбахш ҳар яки мо бояд чӣ кор кунем?

18 То ба амал омадани ин воқеаҳои ҳаяҷонбахш ҳар яки мо бояд чӣ кор кунем? Петруси ҳавворӣ зери илҳоми илоҳӣ навишт: «Агар ҳамаи инҳо чунин нобуд мешуда бошанд, пас шумо дар рафтори муқаддасона ва парҳезгорӣ чӣ гуна бояд бошед, дар ҳолате ки омадани рӯзи Худоро орзу доред ва мешитобонед... пас, эй маҳбубон, модоме ки инро интизорӣ доред, саъю кӯшиш намоед, ки назди Ӯ покиза ва беайб дар осоиштагӣ ҳозир шавед» (2 Пет. 3:11, 12, 14). Пас, биёед аз ҷиҳати рӯҳонӣ пок бимонем ва Подшоҳи сулҳу осоиштагиро дастгирӣ кунем!

^ сарх. 2 Нигаред ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 апрели с. 2012 [bw521], саҳ. 23, 24.

^ сарх. 14 Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 июли с. 2013 [bw536], саҳ. 13, 14 нигаред.

^ сарх. 15 Тадҳиншудагон бо тани одамӣ ба осмон бурда намешаванд (1 Қӯр. 15:48, 49). Ҷисми онҳо, эҳтимол, нест мешавад, ҳамон тавре ки бо бадани Исо шуда буд.

^ сарх. 17 Таронаи 44-уми Забур пайдарпайии баъзе воқеаҳоро нишон медиҳад. Аввал Подшоҳ дар ҷанг ғолиб меояд ва баъд тӯй барпо мешавад.