Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд. Русия

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд. Русия

СОЛИ 1991 дар Русия воқеае рӯй дод, ки Шоҳидони маҳаллиро хеле шод гардонд. Фаъолияти ташкилоти мо дар он ҷо баъди солҳои дароз расман ба қайд гирифта шуд. Он вақт ба хаёли касе намеомад, ки аз он замон то имрӯз шумораи Шоҳидон дар Русия даҳ маротиба зиёд мешавад ва ба 170 000 нафар мерасад! Дар байни он касоне ки хушхабарро дар ин сарзамин паҳн мекарданд, воизоне буданд, ки барои дастгирӣ кардани кори Салтанат аз дигар мамлакатҳо ба ин ҷо кӯчида буданд (Мат. 9:37, 38). Биёед бо баъзеи онҳо шинос шавем.

БАРОДАРОН БО ОМОДАГӢ ДАР МУСТАҲКАМ КАРДАНИ ҶАМЪОМАДҲО КӮМАК МЕРАСОНАНД

Ҳамон соле ки фаъолиятамон дар Русия ба қайд гирифта шуд, Мэтю ном бародаре аз Бритониёи Кабир 28-сола буд. Худи ҳамон сол дар як анҷуман қайд карда шуд, ки ҷамъомадҳои Аврупои Шарқӣ ба кӯмак ниёз доранд. Ва барои мисол нотиқ ҷамъомади Санкт-Петербургро овард, ки дар он танҳо як ходими ёвар хизмат мекард ва пири ҷамъомад набуд. Ба ин нигоҳ накарда воизон бо садҳо нафар омӯзиши Китоби Муқаддас мегузарониданд! Мэтю мегӯяд: «Баъди он нутқ тамоми ҳушу хаёлам ба Русия равона шуда буд ва ман дар дуо аз Яҳува хоҳиш намудам, ки барои ба он ҷо кӯчидан кӯмак кунад». Ӯ каме пул ҷамъ карда, чизу чораашро фурӯхт ва соли 1992 ба Русия кӯчид. Баъд бо ӯ чӣ рӯй дод?

Мэтю

«Омӯхтани забон бароям осон набуд,— мегӯяд Мэтю.— Ман дар мавзӯъҳои рӯҳонӣ нағз сӯҳбат карда наметавонистам». Душвории дигар бошад, ёфтани ҷои зист буд. Мэтю ба хотир меорад: «Ман он қадар зиёд аз як ҷо ба ҷои дигар кӯчидам ки, ҳисобашро гум кардам». Аммо ба ин душвориҳои солҳои аввал нигоҳ накарда Мэтю мегӯяд: «Ба Русия кӯчидан беҳтарин қароре буд, ки ман дар ҳаёти худ қабул карда будам. Дар ин ҷо хизмат карда ман ба Яҳува бештар такя карданро ёд гирифтам ва ҳис кардам, ки Ӯ маро бо роҳҳои гуногун роҳбарӣ мекунад». Мэтю баъдтар чун пири ҷамъомад ва пешрави махсус таъин гардид. Ҳозир бошад, ӯ дар филиали Русия, ки дар наздикии Санкт-Петербург қарор дорад, хизмат мекунад.

Вақте ки бародарамон Ҳироо аз Ҷопон 25-сола буд, ӯ Мактаб барои ходимони ҷамъомадро тамом кард. Яке аз омӯзгоронаш ба ӯ маслиҳат дода буд, ки барои хизмат берун аз кишвар сафар кунад.  Ҳироо шунида буд, ки дар Русия ба воизон ниёзи калон вуҷуд дорад. Барои ҳамин вай ба омӯзиши забони русӣ сар кард. Дар бораи қадами навбатиаш Ҳироо мегӯяд: «Ман ба муддати шаш моҳ ба Русия рафтам. Ман шунида будам, ки зимистони Русия сахт хунук аст. Барои ҳамин ман ба он ҷо моҳи ноябр рафтам, то фаҳмам, ки оё ба чунин хунукӣ тоб оварда метавонам ё не». Баъди аз сар гузаронидани он зимистон, ӯ ба Ҷопон баргашт. Ҳироо дар он ҷо ҳаёти одӣ мебурд, то барои баргаштан ба Русия пул ҷамъ кунад. Ин дафъа ӯ пурра ба он ҷо кӯчид.

Ҳироо ва Светлана

Ҳоло 12 сол мешавад, ки Ҳироо дар Русия зиндагӣ мекунад ва ӯ дар ҷамъомадҳои гуногуни он ҷо хизмат кардааст. Баъзан чунин мешуд, ки ӯ дар ягон ҷамъомад худаш танҳо чун пир хизмат мекард ва нисбати 100 нафар воиз ғамхорӣ менамуд. Дар як ҷамъомад ӯ ҳар ҳафта Мактаби таълими мавъиза, қисми зиёди Вохӯрии хизматӣ, омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» ва панҷ гурӯҳи китобомӯзишро мебурд. Ҳамчунин ӯ барои рӯҳбаланд кардани аъзоёни ҷамъомад ба хабаргириашон мерафт. Ҳироо дар бораи он солҳо мегӯяд: «Ман бениҳоят хурсанд будам, ки ба хоҳару бародарон барои аз ҷиҳати рӯҳонӣ бақувват шудан кӯмак мекардам». Чӣ тавр хизмат дар ҷое ки ба воизон ниёзи калон вуҷуд дорад, ба ӯ таъсир кард? Ӯ мегӯяд: «Пеш аз он ки ба Русия равам, ман чун пир ва пешрав хизмат мекардам, лекин баъди ба он ҷо рафтанам, дӯстиам бо Яҳува мустаҳкамтар шуд. Он ҷо ман дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ба Яҳува такя карданро ёд гирифтам». Соли 2005 Ҳироо бо Светлана оиладор шуд ва онҳо якҷоя чун пешрав хизмат мекунанд.

Майкл ва Олга ҳамроҳи Марина ва Мэтю

Бародарамон Мэтюи 34-сола ва бародараш Майкли 28-сола аз Канада мебошанд. Ҳар дуи онҳо ба Русия рафтанд. Он ҷо онҳо аз дидани он ки шумораи зиёди шавқмандон ба вохӯриҳо ташриф меоранду лекин танҳо якчанд бародар вохӯриҳоро мегузаронад, хеле ба ҳайрат омаданд. Мэтю мегӯяд: «Ба ҷамъомаде ки ман мерафтам, 200 нафар ташриф меоварданд, лекин ҳамаи вохӯриҳоро танҳо як бародари пиронсол ва як ходими ёвари ҷавон мегузарониданд. Ин вазъиятро дида дар дилам хоҳиши сахт пайдо шуд, ки ба он ҷо кӯчам ва ба бародарони он ҷо ёрӣ расонам». Ӯ соли 2002 ба Русия кӯчид.

Баъди чор сол Майкл низ ба Русия омад ва дарҳол фаҳмид, ки дар он ҷо ба бародарон ниёзи калон вуҷуд дорад.Чун ходими ёвар ӯ нисбати хароҷоти ҷамъомад, адабиёт ва минтақа ғамхорӣ мекард. Ҳамчунин ӯ вазифаҳои котиби ҷамъомадро иҷро мекард, масалан бо нутқҳои оммавӣ баромад менамуд ва дар ташкил кардани анҷуманҳо ва сохтмони Толорҳои Салтанат кӯмак мекард. Имрӯз низ дар ҷамъомадҳо ба бародарон ниёзи калон вуҷуд дорад. Нигоҳ накарда ба он ки иҷро кардани супоришҳои бисёр душвор аст, Майкл, ки ҳоло чун пири ҷамъомад хизмат мекунад, мегӯяд: «Ба ман кӯмак кардан ба бародарон қаноатмандии зиёд мебахшад. Ман дилпурам, ки ҳаётамро ба кори беҳтарин бахшидам!»

Ҳозир бошад, Мэтю бо Марина ва Майкл бо Олга хонадор аст. Ин ду ҷуфти ҳамсарон ҳамроҳи дигар воизони боғайрат барои гул-гулшукуфии ҷамъомадҳо саҳми худро гузошта истодаанд.

ХОҲАРОНИ БОҒАЙРАТ ДАР КОРИ ДАРАВ КӮМАК МЕКУНАНД

Татяна

Соли 1994, вақте Татяна ном хоҳаре аз Украина 16-сола буд, шаш пешрав аз Ҷумҳурии Чех, Полша ва Словакия хизмати худро дар ҷамъомади онҳо сар карданд. Ӯ бо хурсандӣ онҳоро ба хотир оварда мегӯяд: «Ин пешравони боғайрат меҳрубону чеҳракушод ва дастрас буданд ва Китоби Муқаддасро хеле хуб медонистанд». Ӯ медид, ки чӣ тавр Яҳува ин хоҳарони фидокорро баракат медод ва мегуфт: «Ман ҳам мисли онҳо будан мехоҳам».

Намунаи ин пешравон Татянаро барангехт, ки ҳангоми таътилаш ҳамроҳи дигар воизон ба он маҳалҳои Украина ва Белорусия, ки он ҷо аз ин пеш воизон мавъиза накардаанд, равад. Ӯ аз ин сафар хеле хурсанд шуд, барои ҳамин нақша кашид, ки барои васеъ кардани доираи хизматаш ба Русия мекӯчад. Дар аввал ӯ ба муддати кӯтоҳ ба он ҷо назди хоҳаре рафт, ки аз хориҷа омада буд. Дар он ҷо ӯ барои худ  ҷойи кор кофт, то чун пешрав хизмат карда тавонад. Дертар, соли 2000-ум, ӯ ба Русия кӯчид. Оё зиндагӣ дар мамлакати дигар осон буд?

Татяна мегӯяд: «Азбаски як худам хонаи алоҳидаеро иҷора гирифта наметавонистам, ман маҷбур будам, ки дар хонаи дигарон ҳуҷраеро иҷора гирам. Дар чунин шароит зиндагӣ кардан осон набуд. Лаҳзаҳое буданд, ки ман ба хона баргаштан мехостам. Лекин Яҳува доимо кӯмак мекард, то фаҳмам, ки дар ин ҷо хизмат карданам бар фоидаи худам хоҳад буд». Имрӯз бошад, Татяна чун миссионер дар Русия хизмат мекунад. Ӯ мегӯяд: «Ба туфайли ҳамаи ин солҳое ки берун аз мамлакати худ хизмат кардам, ман таҷрибаи бебаҳо ва дӯстони зиёде пайдо кардам. Аз ҳама муҳимаш дар давоми ин солҳо имони ман қавитар шуд».

Масако

Орзуи деринаи Масако ном хоҳаре аз Ҷопон, ки ҳоло тақрибан 50-сола аст, чун миссионер хизмат кардан буд. Лекин аз сабаби саломатиаш ӯ ба ин орзуяш расида наметавонист. Вақте ки саломатиаш беҳтар шуд, ӯ қарор кард, ки ба Русия мекӯчад, то дар кори дарав кӯмак кунад. Ҳарчанд ёфтани ҷои зисти мувофиқ ва кори доимӣ осон набуд, ӯ бо таълим додани забони ҷопонӣ ва рӯбучини хонаҳо худро таъмин мекард ва ҳамин тавр чун пешрав хизмат карда метавонист. Чӣ ба ӯ кӯмак кард, ки хизмати пешравиашро давом диҳад?

Масако дар бораи 14 соли дар Русия хизмат кардааш мегӯяд: «Хурсандие ки аз хизмат мегирам, ҳар гуна душвориҳоеро, ки бо онҳо рӯ ба рӯ мешавам, рӯпӯш мекунад. Мавъиза кардан дар ҷое ки ба воизони Салтанат ниёз вуҷуд дорад, ҳаётамро рангорангу шавқовар мегардонад». Ӯ илова мекунад: «Дар давоми ин солҳо ман баръало медидам, ки чӣ тавр Яҳува маро бо хӯрок, пӯшок ва сарпаноҳ таъмин мекунад. Ин бароям чун як мӯъҷиза аст». Дар Русия Масако дар ҷойҳое ки ба воизон ниёзи калон буд, хизмат мекард. Ба ғайр аз ин ӯ дар Қирғизистон низ хизмат кардааст. Ҳамчунин ӯ ба гурӯҳҳои англисзабон, хитоизабон ва уйғурзабон ёрӣ расонидааст. Айни замон ӯ чун пешрав дар шаҳри Санкт-Петербург хизмат мекунад.

ОИЛАҲО НИЗ АЗ ИШТИРОК ДАР ИН КОР СОҲИБИ БАРАКАТҲО МЕШАВАНД

Инга ва Михаил

Баъзе оилаҳо бо мақсади беҳтар кардани вазъи иқтисодии худ ба мамлакатҳои дигар мераванд.  Аммо баъзе оилаҳо мисли Иброҳиму Соро баҳри мақсадҳои рӯҳониашон ба ҷойҳои дигар мекӯчанд (Ҳас. 12:1–9). Михаил ва Инга аз ҷумлаи чунин шахсон мебошанд. Ин ҷуфти ҳамсарон соли 2003 аз Украина ба Русия кӯчиданд. Дере нагузашта онҳо одамонеро ёфтанд, ки ташнаи ҳақиқат буданд.

Михаил нақл мекунад: «Як бор мо дар маҳалле мавъиза мекардем, ки пеш дар он касе мавъиза накарда буд. Мо дареро тақ-тақ кардем ва марди пиронсоле кушода пурсид: “Шумо воизонед?” Вақте мо тасдиқ кардем, ӯ гуфт: “Ман медонистам, ки як рӯз не, як рӯз шумо меоед. Магар мумкин аст, ки суханони Исо иҷро нашаванд?” Сипас он мард суханони Матто 24:14-ро аз ёд гуфт». Михаил илова мекунад: «Дар он маҳал бо як гурӯҳи баптистон вохӯрдем, ки тақрибан аз 10 зан иборат буд. Ин занҳо хеле самимӣ ва ташнаи ҳақиқат буданд. Онҳо китоби “Ту метавонӣ абадан зиндагӣ кунӣ”-ро доштанд ва рӯзҳои истироҳат ба воситаи он Китоби Муқаддасро меомӯхтанд. Соатҳои дароз мо ба саволҳои онҳо ҷавоб додем, ҳамроҳашон сурудҳои Салтанат хондем ва сипас якҷоя хӯрок хӯрдем. Ин сафар яке аз беҳтарин хотираҳоям мебошад». Михаил ва Инга мегӯянд, ки хизмат дар ҷойҳое ки ба воизони Салтанат ниёзи калон вуҷуд дорад, муносибати онҳоро бо Яҳува наздиктар кард, муҳаббаташонро нисбати одамон зиёдтар намуд ва ҳаёташонро пурмаъною шавқовар гардонд. Имрӯз бошад, Михаил чун нозири ноҳиявӣ хизмат мекунад ва Инга ӯро дар ин кор дастгирӣ менамояд.

Оксана, Алексей ва Юрий

Соли 2007 Юрий ва Оксана, ҳамсарон аз Украина, ки ҳоло синнашон аз 30 гузаштааст, ҳамроҳи писарашон Алексей, ки ҳоло сенздаҳсола аст, ба филиали Русия омаданд. Дар харитаи калони филиал онҳо диданд, ки дар маҳалҳои зиёди Русия воизон таъин нашудаанд. Оксана мегӯяд: «Баъди дидани харита мо боз беҳтар дарк кардем, ки дар ин ҷо ба воизони Салтанат ниёзи калон вуҷуд дорад. Ин моро барангехт, ки ба Русия кӯчем». Боз чӣ ба онҳо кӯмак расонд? Юрий мегӯяд: «Хондани баъзе аз мақолаҳое ки дар адабиётамон чоп мешаванд, ба монанди “Оё шумо берун аз кишвари худ хизмат карда метавонед?” * ба мо кӯмак кард. Мо маҳалеро рафта дидем, ки филиал ба мо тавсия дода буд. Дар он ҷо мо ҷойи зист ва ҷойи кор кофтем». Соли 2008 онҳо ба Русия кӯчиданд.

Дар аввал ёфтани ҷойи кор душвор буд ва онҳо маҷбур буданд, ки аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯчанд. Юрий мегӯяд: «Мо доимо дуо мегуфтем, ки моро ҳеҷ чиз рӯҳафтода накунад ва ба Яҳува пурра такя карда мавъизаи худро давом диҳем. Мо ҳис кардем, ки вақте кори Салтанатро дар ҷойи аввал мемонем, Яҳува ба мо ғамхорӣ мекунад. Хизмат дар ин ҷо оилаи моро мустаҳкам кард» (Мат. 6:22, 33). Ин гуна хизмат ба Алексейи наврас чӣ гуна таъсир кард? Оксана мегӯяд: «Ин ба писарамон фоидаи бисёр овард. Ӯ ҳаёташро ба Яҳува бахшид ва дар синни нӯҳсолагӣ таъмид гирифт. Ниёзи калон ба воизони Салтанатро дида ӯ дар давоми ҳар таътили мактабиаш чун пешрави ёвар хизмат мекунад. Мо муҳаббату ғайрати ӯро нисбати хизмат дида хурсандии зиёд ҳис мекунем». Имрӯз Юрий ва Оксана чун пешрави махсус хизмат мекунанд.

«КОШКИ...»

Суханони ин даравгарон нишон медиҳанд, ки барои кӯчидан ба ҷое ки ба воизони Салтанат ниёз вуҷуд дорад, лозим аст, ки шахс ба Яҳува пурра такя кунад. Дар ҳақиқат, воизоне ки ба ҷойҳои дигар мекӯчанд, бо баъзе душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Лекин ҳамзамон хушхабарро ба одамони самимӣ мавъиза карда онҳо хурсандии беандоза мегиранд. Оё шумо тайёред, ки дар дарави рӯҳонӣ иштирок кунед ва ба ҷое ки он ҷо ба воизон ниёзи калон вуҷуд дорад, кӯчед? Агар чунин кунед, шумо низ мумкин мисли Юрий бигӯед: «Кошки ин корро барвақттар мекардам».

^ сарх. 20 Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 октябри с. 1999, саҳ. 23–27 нигаред.