Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дар рӯзҳои мо марде бо лавозимоти хатнависӣ Исоро тасвир мекунад, ки ба одамоне, ки наҷот меёбанд, аломат мегузорад

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Дар рӯъёи Ҳизқиёл марде бо лавозимоти хатнависӣ ва шаш нафар бо олоти харобкунанда киро тасвир мекунанд?

Онҳо лашкари осмониро тасвир мекунанд, ки ҳангоми вайрон кардани Ерусалим истифода бурда шуданд ва ҳамчунин ҳангоми нест кардани дунёи Шайтон дар Ҳармиҷидӯн истифода хоҳанд шуд. Чаро ин фаҳмиши нав мантиқан дуруст аст?

Пеш аз соли 607 то э. мо, Яҳува ба Ҳизқиёл дар бораи оқибати Ерусалим рӯъё нишон дод. Дар рӯъё Ҳизқиёл дид, ки дар шаҳр корҳои зишт мекунанд. Сипас шаш нафар мардонро дид, ки дар даст «олати харобкунанда» доштанд. Ҳамчунин дар рӯъё марде буд, ки «либоси катон дар тан ва лавозимоти хатнависӣ» дошт (Ҳиз. 8:6–12; 9:2, 3). Ба ин мард гуфта шуд: «Аз миёнаи шаҳр... гузар намо, ва бар пешонии одамоне ки дар бораи ҳамаи корҳои зиште ки андаруни он карда мешавад, оҳу фиғон мекунанд, аломате бигузор». Баъд ба шаш нафар амр дода шуд, ки шахсони аломатнадоштаро нобуд кунанд (Ҳиз. 9:4–7). Мо аз ин рӯъё чӣ меомӯзем? Ва марди бо лавозимоти хатнависӣ кист?

Ин рӯъёро Ҳизқиёл соли 612 то э. мо дид. Ин пешгӯӣ ду иҷрошавӣ дорад. Якум бор он баъд аз панҷ сол, вақте Яҳува ба лашкари Бобил иҷозат дод, ки Ерусалимро валангор кунад, иҷро шуд (Ирм. 25:9, 15–18). Бо ин роҳ Яҳува Бобилро истифода бурда халқи саркашашро ҷазо дод. Лекин одилон ҳамроҳи бадкорон нобуд нашуданд. Зеро Яҳува аз рӯи муҳаббат яҳудиёнеро, ки бадкориҳои шаҳрро дастгирӣ намекарданд, наҷот дод.

Ҳизқиёл на дар аломатгузорӣ иштирок карду на дар валангоркунии шаҳр. Фариштаҳо кори валангоркунии Ерусалимро идора мекарданд. Аз ин рӯ ин пешгӯӣ ба мо имконият медиҳад, то бубинем, ки дар осмон чӣ рӯй дод. Яҳува ба фариштагон фармуд, ки бадкоронро нест кунанд, вале одилонро наҷот диҳанд *.

Ин пешгӯӣ ҳамчунин дар оянда иҷро мешавад. Пештар мо мегуфтем, ки мард бо лавозимоти хатнависӣ тадҳиншудагони боқимондаро тасвир мекунад. Ва онҳое ки хушхабарро қабул мекунанд барои наҷот аломат мегиранд. Солҳои охир маълум гашт, ки ба фаҳмиши мо дигаргуние даровардан лозим аст. Аз рӯи гуфтаҳои Матто 25:31–33, Исо одамонро доварӣ хоҳад кард. Ӯ ин корро дар давоми мусибати бузург мекунад. Дар он вақт одилон наҷот меёбанд ва бадкорон нобуд хоҳанд шуд.

Инак, мо аз рӯъёи Ҳизқиёл чиро фаҳмидем? Панҷ фикри зеринро:

  1. Пеш аз валангор гаштани Ерусалим Ҳизқиёл бо Ирмиё чун дидбонон хизмат мекарданд, чи хеле ки Ишаъё пештар буд. Дар замони мо Яҳува гурӯҳи хурди тадҳиншудагонро дар таълим додани халқаш ва аз мусибати бузург огоҳ кардани дигарон истифода мебарад. Тамоми халқи Худо ҳамчун аҳли хонавода дар ин кори огоҳкунӣ иштирок мекунанд (Мат. 24:45–47).

  2. Ҳизқиёл барои наҷот ёфтани одамон дар аломатгузорӣ иштирок накард, халқи Худо низ имрӯз дар ин кор иштирок намекунад. Халқи Худо фақат мавъиза карда, одамонро аз мусибати омадаистода огоҳ мекунанд. Ин кори онҳоро фариштагон идора мекунанд (Ваҳй 14:6).

  3. Ба мисли рӯзҳои Ҳизқиёл имрӯз ҳеҷ кас дар пешониаш аломати аслӣ намегирад. Пас барои наҷот ёфтан чӣ тавр одамон аломати рамзиро гирифта метавонанд? Онҳо бояд хушхабарро нағз қабул кунанд, ба Масеҳ пайравӣ карда ҳаёташонро ба Худо бахшанд ва бародарони Масеҳро дар кори мавъиза дастгирӣ намоянд (Мат. 25:35–40). Дар натиҷа ҳангоми мусибати бузург чунин одамон аломат мегиранд, яъне онҳо барои наҷот интихоб мегарданд.

  4. Дар рӯзҳои мо марде бо лавозимоти хатнависӣ Исоро тасвир мекунад. Дар мусибати бузург Исо ба анбӯҳи бузург чун ба гӯсфандон аломати наҷотро мегузорад. Ин аломат ба онҳо имкон медиҳад, ки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ дар рӯи замин гарданд (Мат. 25:34, 46) *.

  5. Дар рӯзҳои мо шаш нафар мардоне, ки дар даст олати харобкунанда доштанд, Исо ва лашкари осмониашро тасвир мекунанд. Онҳо ба наздикӣ бадкорон ва бадиро нест мекунанд (Ҳиз. 9:2, 6, 7; Ваҳй 19:11–21).

Ин маълумот ба мо кӯмак мерасонад, то боварии комил дошта бошем, ки Яҳува одилонро дар қатори бадкорон нест намекунад (2 Пет. 2:9; 3:9). Он ҳамчунин ба мо ёдрас кард, ки кори мавъиза имрӯз хеле муҳим мебошад. Пеш аз интиҳо ҳамаро огоҳ кардан лозим аст! (Мат. 24:14).

^ сарх. 6 Дар қатори наҷотёфтагон Борух (котиби Ирмиё), Абдумалики Ҳабашӣ ва Рекобиён буданд, ки дар пешониашон аломати аслӣ нагирифтанд (Ирм. 35:1–19; 39:15–18; 45:1–5). Онҳо барои наҷот ёфтан аломати рамзӣ гирифтанд.

^ сарх. 12 Тадҳиншудагони содиқ ба гирифтани аломат барои наҷот ниёз надоранд. Ба ҷои ин онҳо пеш аз марг ё пеш аз саршавии мусибати бузург мӯҳри охирини худро хоҳанд гирифт (Ваҳй 7:1, 3).