тоҷикӣ
Бадгумонӣ. Давои бадгумонӣ
https://cms-imgp.jw-cdn.org/img/p/102020089/univ/art/102020089_univ_sqr_xl.jpg
g20 № 3 саҳ. 14-15

Давои бадгумонӣ

Давои бадгумонӣ

Миллионҳо одамон маслиҳатҳои дар мақолаҳои пешина овардашударо ба кор бурда барои аз дилашон решакан кардани бадгумонӣ комёб шуданд. Бар ҳар ҳол, мо фақат бо қуввати худ бадгумониро пурра аз худ дур карда наметавонем. Пас, оё вазъият беилоҷ аст?

Ҳукумати беҳтарин

Ягон ҳокимияти инсонӣ аз дили одамон бадгумониро нест карда натавонист. Оё ягон ҳукумате вуҷуд дорад, ки одамонро аз ин «вируси хатарнок» раҳо кунад?

Барои бадгумониро аз дили одамон нест кардан, ҳукумате лозим аст, ки он метавонад:

  1. 1. одамонро водор кунад, ки тарзи фикрронӣ ва ҳиссиёташонро нисбат ба ҳамдигар тағйир диҳанд.

  2. 2. захми дили одамонеро, ки аз муносибати беадолатона азоб кашидаанд, шифо бахшад. Чунки маҳз ин дарду алам ба онҳо халал мерасонад, ки ба дигарон хуб муносибат кунанд.

  3. 3. дар сари ҳокимият пешвоёни боадлу инсофро гузорад, то ҳар як шаҳрвандро баробар донанд ва қадр кунанд.

  4. 4. одамони тамоми халқу миллатҳоро бо ҳам муттаҳид созад.

Китоби Муқаддас моро боварӣ мебахшад, ки Худованд чунин ҳокимиятро аллакай барпо кардааст. Он Подшоҳии Худо ном дорад (Луқо 4:43).

Он барои одамон корҳои зеринро мекунад:

1. Таълими аълосифат

«Сокинони дунё инсофро таълим хоҳанд гирифт» (ИШАЪЁ 26:9).

«Натиҷаи адолат сулҳу осоиштагӣ хоҳад буд, ва самари адолат — оромӣ ва амният то абад» (ИШАЪЁ 32:17).

Ин чӣ маъно дорад? Подшоҳии Худо ба сокинони рӯйи замин адлу инсофро таълим медиҳад. Вақте одамон некро аз бад ва адолатро аз беадолатӣ фарқ карданро ёд мегиранд, фикру рӯҳияи онҳо нисбати ҳам тағйир меёбад. Одамон дарк мекунанд, ки адлу инсоф аз дӯст доштани ҳамаи одамон иборат аст.

2. Шифои комил

Худо «ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард ва марг дигар нахоҳад буд, гиря, фиғон ва дард дигар нахоҳад буд. Он чӣ пештар буд, гузашт» (ВАҲЙ 21:4).

Ин чӣ маъно дорад? Подшоҳии Худо ба тамоми дарду азобе, ки муносибати беадолатона ба одамон оварда буд, хотима мебахшад. Онҳое, ки дар гузашта аз пушти бадгумониву бадбинии атрофиён азоб мекашиданд, дигар бо чунин муносибат дучор намешаванд ва дар дилашон хафагӣ ва нафрат нахоҳад монд.

3. Роҳбари хуб

«Ӯ на бар тибқи нигоҳи чашмонаш доварӣ хоҳад намуд, ва на аз рӯи шуниди гӯшҳояш ҳукм хоҳад кард, балки мискинонро бо адолат доварӣ хоҳад кард, ва мазлумони заминро бо росткорӣ ҳукм хоҳад намуд» (ИШАЪЁ 11:3, 4).

Ин чӣ маъно дорад? Ҳазрати Исо дар осмон Шоҳи Подшоҳии Худо аст ва ӯ аз рӯйи инсоф ва адолат бар замин ҳукмронӣ хоҳад кард. Исо як халқро аз дигараш боло намегузорад ва назорат мекунад, ки ҳама одамони рӯйи замин қонунҳои одилонаи Худоро риоя кунанд.

4. Ягонагӣ

Подшоҳии Худо ба одамон таълим медиҳад, ки бо ҳам якдилу ҳамфикр бошанд, якдигарро дӯст доранд ва байни ҳам ягонагиро нигоҳ доранд (ФИЛИППИЁН 2:2).

Яъне шаҳрвандони Подшоҳии Худо танҳо чунин вонамуд намесозанд, ки бо ҳам аҳлу тифоқанд. Байни онҳо дар ҳақиқат ягонагӣ хоҳад буд, зеро онҳо воқеан якдигарро дӯст хоҳанд дошт.