Ба хислатҳои хуби дигарон аҳамият диҳед
Душворӣ
Агар одам худашро аз дигарон муҳимтар шуморад, дар дили ӯ нисбати дигарон ба осонӣ бадгумонӣ пайдо шуда метавонад. Шахси худбин худашро аз дигарон беҳтар меҳисобад. Чунин шахс фикр мекунад, ки ӯ ҳамеша ҳақ аст ва ба одамоне, ки аз ягон ҷиҳат аз ӯ фарқ мекунанд, ҳавобаландона менигарад. Ба ин дом ҳар кас афтиданаш мумкин аст. Дар «Энсиклопедияи бритонӣ» гуфта мешавад: «Қариб ҳамаи гурӯҳҳо (маданиятҳо) фикр мекунанд, ки тарзи ҳаёти онҳо, хӯрок, либоспӯшӣ, эътиқодашон, арзишҳо ва меъёрҳояшон аз дигар маданиятҳо беҳтар аст». Аз чунин тарзи фикрронӣ чӣ тавр худро муҳофизат кунем?
Китоби Муқаддас мегӯяд:
«Бо фурӯтанӣ дигаронро аз худ боло донед» (ФИЛИППИЁН 2:3).
Ин чӣ маъно дорад? Барои аз ҳад ҳавобаланд нашудан, мо бояд хислати баръакси он — фурӯтаниро инкишоф диҳем. Фурӯтанӣ ба мо кӯмак мекунад, то дарк кунем, ки дигарон аз ин ё он ҷиҳат аз мо беҳтаранд. Чунин шуда наметавонад, ки танҳо одамони як маданият ҳамаи хислату қобилиятҳои хубро дошта бошанду дигарон не.
Штефан ном мардеро мисол меорем. Ӯ дар мамлакати коммунистӣ ба воя расидааст, вале бар бадгумоние, ки ба одамони дигар давлатҳо дошт, ғолиб омада тавонист. Штефан мегӯяд: «Барои аз худ решакан кардани бадгумонӣ шахс бояд хислату қобилиятҳои хуби дигаронро эътироф кунад. Чизҳое ҳастанд, ки ман намедонам. Ва аз ҳар кас ягон чизро омӯхтан мумкин аст».
Чӣ кор кардан мумкин аст?
Воқеъбин бошед, яъне ҳангоми ба худ баҳо додан камбудиҳоятонро ба гардан гиред. Иқрор шавед, ки дигарон баъзе чизҳоро аз шумо беҳтар карда метавонанд. Ҳамаро бо як «қолаб» чен накунед, дар бораи ин ё он гурӯҳи одамон фикр накунед, ки ҳамаи онҳо баданд.
Ба ақидаҳои манфие, ки дар бораи ягон гурӯҳи одамон паҳн шудааст, бовар накунед. Ҳангоми муносибат бо яке аз онҳо ба ҷойи дар борааш хулосаи бад баровардан оиди ин чизҳо фикр кунед:
Тан гиред, ки дигарон аз ӯҳдаи ягон чиз назар ба шумо хубтар мебароянд
-
Хислате, ки дар ин шахс ба ман намефорад, оё ҳақиқатан бад аст ё он фақат гуногунӣ байни ману ӯст?
-
Оё ман ҳам хислате дорам, ки мумкин ба вай намефорад?
-
Аз кадом ҷиҳатҳо ин шахс аз ман бартарӣ дорад?
Агар шумо ба ин саволҳо ростқавлона ҷавоб диҳед, шумо на танҳо бар бадгумонии худ ғолиб меоед, балки ҳамчунин дар он шахс хислатҳои дилписандро дида метавонед.

