БОБИ 87
Мо бояд дурандеш ва зирак бошем
-
МИСОЛ ДАР БОРАИ ИДОРАКУНАНДАИ БЕИНСОФ
-
БА ВОСИТАИ САРВАТ «ДӮСТОН ПАЙДО КУНЕД»
Навакак Исо мисоли писари гумшударо нақл кард. Аз ин мисол ҷамъоварони андоз, шариатдонон ва фарисиён бояд мефаҳмиданд, ки Худо тайёр аст гунаҳкорони тавбакардаро бахшад (Луқо 15:1–7, 11). Ҳоло бошад, ӯ ба шогирдонаш рӯ меорад ва мисоли дигареро нақл мекунад: марди сарватманде мефаҳмад, ки идоракунандаи корҳо ё худ сардори ғуломонаш беинсофона рафтор мекунад.
Аз рӯйи нақли Исо, идоракунанда молу мулки хӯҷаинашро исроф мекунад ва хӯҷаинаш ӯро аз кор пеш карданӣ мешавад. Идоракунанда хавотир шуда мегӯяд: «Чӣ кор кунам? Хӯҷаинам маро аз вазифаи идоракунӣ маҳрум карданӣ аст. Ба каланд задан қувватам намерасад, аз гадоӣ кардан шарм медорам». Ӯ илоҷи воқеаро ҷуста чунин мегӯяд: «Тавре мекунам, ки одамон ҳангоми аз вазифа дур шуданам маро дар хонаҳояшон қабул кунанд». Ӯ дарҳол қарздорони хӯҷаинашро як-як ҷеғ мезанад ва мепурсад: «Ту аз хӯҷаинам чӣ қадар қарздор ҳастӣ?» (Луқо 16:3–5).
Шахси якум мегӯяд, ки ӯ «сад хум равғани зайтун», яъне тақрибан 2200 литр, қарздор аст. Аз афташ, ин мард соҳиби боғи калони дарахти зайтун аст ё савдогарест, ки равғани зайтун мефурӯшад. Идоракунанда ба ӯ мегӯяд: «Забонхати худро гир ва зудтар нишаста, панҷоҳ навис» (Луқо 16:6). Панҷоҳ хум равған ба 1100 литр баробар аст.
Идоракунанда аз шахси дигаре мепурсад: «Ту чӣ қадар қарздор ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб медиҳад: «Сад халта гандум [тақрибан 22 000 литр]». Идоракунанда мегӯяд: «Забонхататро гир ва ҳаштод навис». Ҳамин тавр ӯ қарзи он мардро 20 фоиз кам мекунад (Луқо 16:7).
Ҳоло ҳам пулу моли хӯҷаин дар дасти идоракунанда аст ва ӯ аз ин имконият истифода бурда қарзи одамонро кам карда истодааст. Бо ин кораш идоракунанда барои худ дӯст пайдо мекунад ва умед дорад, ки вақте корашро аз даст медиҳад, ин одамон ӯро дастгирӣ мекунанд.
Баъд хӯҷаин ҳамаашро мефаҳмад. Ин идоракунанда «беинсоф буд» ва ба хӯҷаин зарар овард. Ба ин нигоҳ накарда хӯҷаин ӯро барои зиракиаш таъриф мекунад. Исо мегӯяд: «Писарони ин замона дар муомила бо одамони насли худ аз писарони нур бохирадтаранд» (Луқо 16:8).
Исо ин кори идоракунандаро дуруст намешуморад ва ӯ гуфтанӣ нест, ки дар масъалаҳои корӣ макру фиребро истифода бурдан лозим аст. Пас, ӯ чиро дар назар дорад? Ӯ ба шогирдонаш мегӯяд: «Ба воситаи сарвате, ки дар ин ҷаҳон доред, барои худ дӯстон пайдо кунед, то, вақте он тамом мешавад, онҳо шуморо ба ҷойҳои зисти ҷовидонӣ қабул кунанд» (Луқо 16:9). Суханони ӯ маънои онро доранд, ки мо бояд дурандеш ва зирак бошем. Хизматгорони Худо, «писарони нур», бояд пулу молашонро тавре истифода баранд, ки дар оянда соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шаванд.
Танҳо Яҳува Худо ва Писараш метавонанд ба касе имконият диҳанд, ки дар Подшоҳӣ ҳукмронӣ кунад ё зери роҳбарии он дар биҳишти рӯйи замин зиндагӣ кунад. Мо бояд кӯшиш кунем, ки дӯстиамонро бо онҳо қавӣ гардонем ва чизу чораамонро барои дастгирии кори Худо истифода барем. Ҳамин тавр, вақте тиллову нуқра ва дигар сарвати ҷисмонӣ несту нобуд мешавад, мо боварӣ дошта метавонем, ки Худо моро то абад дастгирӣ мекунад.
Исо ҳамчунин мегӯяд, ки агар касе дар истифодаи сарват ё молу мулк боваринок бошад, вай дар корҳои муҳимтар ҳам боваринок аст. Ва илова мекунад: «Бинобар ин, агар шумо дар истифодаи сарвате, ки дар ин ҷаҳон доред, сазовори боварӣ будани худро исбот накунед, кӣ ба шумо бо дили пур сарвати ҳақиқиро [яъне масъулиятҳоеро, ки Худо ба хизматгоронаш медиҳад] месупорад?» (Луқо 16:11).
Исо ба шогирдонаш мефаҳмонад, ки аз касоне, ки ба «ҷойҳои зисти ҷовидонӣ» қабул мешаванд, чизи бештар талаб карда мешавад. Шахс наметавонад дар як вақт ҳам хизматгори Худо бошад ва ҳам ғуломи боигарӣ. Исо хулоса мебарорад: «Ҳеҷ як хизматгор ғуломи ду хӯҷаин буда наметавонад, чунки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст медорад, ё якеро эҳтиром карда, дигареро хор медорад. Шумо наметавонед ҳам ғуломи Худо ва ҳам ғуломи боигарӣ бошед» (Луқо 16:9, 13).