Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 7

Ба назди Исо ситорашиносон меоянд

Ба назди Исо ситорашиносон меоянд

МАТТО 2:1–12

  • ТОЛЕЪБИНОН АЗ ПУШТИ «СИТОРА» РАФТА, БА ЕРУСАЛИМ МЕРАСАНД ВА БАЪД БА НАЗДИ ИСО МЕОЯНД

Аз Шарқ ситорашиносон ё худ толеъбинон меоянд, яъне касоне, ки гӯё воқеаҳои ҳаёти инсонро аз рӯйи ситораҳо муайян мекунанд (Ишаъё 47:13). Онҳо дар мамлакати худ «ситорае»-ро мебинанд ва аз пушти он равона мешаванд. Онҳо садҳо километрро тай карда, ба Байт-Лаҳм неву ба Ерусалим меоянд.

Вақте ситорашиносон ба Ерусалим мерасанд, мепурсанд: «Кӯдаке, ки подшоҳи яҳудиён мешавад, дар куҷост? Мо дар Шарқ ситораашро дидем ва омадем, ки ба ӯ таъзим кунем» (Матто 2:1, 2).

Шоҳ Ҳиродус инро шунида ноором мешавад. Ӯ саркоҳинон ва дигар роҳбарони дини яҳудиро фарёд карда, аз онҳо мепурсад, ки Масеҳ бояд дар куҷо таваллуд шавад. Онҳо аз Навиштаҳои Муқаддас ба ӯ ҷавоб медиҳанд: «Дар Байт-Лаҳм» (Матто 2:5; Мико 5:2). Баъд аз ин Ҳиродус ба таври пинҳонӣ ситорашиносонро даъват карда, ба онҳо мегӯяд: «Рафта, кӯдакро нағзакак кобед ва, ҳамин ки ёфтед, омада, ба ман хабар диҳед, то ки ман ҳам рафта, ба вай таъзим кунам» (Матто 2:8). Лекин шоҳ дар асл мақсади дигар дорад: ӯ мехоҳад кӯдакро ёфта, кушад!

Баъди рафтани ситорашиносон чизи аҷоибе рӯй медиҳад. «Ситорае», ки онҳо дида буданд, боз ба ҳаракат медарояд. Он ситорашиносонро ба хонае, ки Исои кӯдак бо падару модараш дар он ҷо буд, меорад. Маълум аст, ки ин ситораи одӣ нест.

Вақте ситорашиносон ба хона медароянд, Исои хурдакакро ҳамроҳи модараш мебинанд. Онҳо ба кӯдак таъзим намуда, тилло ва лодану мурр тӯҳфа мекунанд. Баъд, вақте ки онҳо мехоҳанд ба назди Ҳиродус баргарданд, Худо дар хоб ба онҳо амр медиҳад, ки назди подшоҳ нараванд. Барои ҳамин онҳо бо роҳи дигар ба ватанашон бармегарданд.

Ба фикри шумо, ин «ситора» аз тарафи кист? Дар ёд доред, ки «ситора» толеъбинонро аввал ба куҷо бурд? Ин «ситора» онҳоро рост ба Байт-Лаҳм неву аввал ба Ерусалим, пеши подшоҳ Ҳиродус бурд, ки ӯ мехост Исоро кушад. Агар Худо ба ин кор дахолат намекард ва ба ситорашиносон намегуфт, ки дар куҷо будани Исоро ба Ҳиродус нагӯянд, ӯ метавонист Исоро кушад. Аз ин маълум мешавад, ки ин кори душмани Худо, Шайтон, аст. Вай мехост Исоро кушад ва бо ёрии ин «ситора» нияташро иҷро кунад.