Эфсӯсиён 6:1-24

  • Насиҳат ба фарзандон ва падару модарон (14)

  • Насиҳат ба ғуломон ва хӯҷаинон (59)

  • Либоси ҷангие, ки аз Худост (1020)

  • Хайрухуш (2124)

6  Эй фарзандон, мувофиқи хости Худованд ба падару модари худ итоат кунед, зеро ин дуруст аст. 2  «Падару модаратро иззату ҳурмат кун» — ин аст амри аввалин бо чунин ваъда: 3  «То ки муваффақ гардӣ ва бар замин умри дароз бинӣ». 4  Ва шумо, эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоред, балки онҳоро дар таълим ва насиҳати* Яҳува тарбия кунед. 5  Эй ғуломон, ба хӯҷаинҳои заминии* худ бо тарсу ларз ва аз самими дил итоат кунед, чуноне ки ба Масеҳ мекунед, 6  ва на танҳо вақте ба чашми дигарон маълум аст, яъне ҳамчун касоне, ки мехоҳанд розигии одамонро ба даст оранд, балки чун ғуломони Масеҳ хости Худоро аз дилу ҷон ба ҷо оред. 7  Бо майлу рағбат ба хӯҷаинҳои худ хизмат кунед, мисли он ки ба Яҳува бошад, на ба одамон, 8  зеро медонед, ки ҳар кас мувофиқи некии кардааш аз Яҳува мукофот мегирад, хоҳ ғулом бошад, хоҳ озод. 9  Шумо низ, эй хӯҷаинон, бо ғуломони худ ҳамин тавр рафтор намоед ва таҳдид карда онҳоро натарсонед, зеро медонед, ки ҳам онҳову ҳам шумо як Хӯҷаин доред, ки дар осмон аст ва ба ҳама бо як чашм менигарад. 10  Ниҳоят, аз Худованд ва тавоноии қудрати Ӯ қувват ёбед. 11  Либоси ҷангиеро, ки аз Худост, пурра дар бар кунед, то ба макру ҳилаи* Иблис муқобилат карда тавонед. 12  Зеро муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм, балки бар зидди ҳукуматҳо ва ҳокимиятҳо, бар зидди ҳокимони ин ҷаҳони зулмот, бар зидди рӯҳҳои нопокест, ки дар осмонанд. 13  Бинобар ин либоси ҷангиеро, ки аз Худост, пурра дар бар кунед, то тавонед дар рӯзи бад муқобилат намоед ва ҳама корро ба ҷо оварда, устувор истед. 14  Пас, барои он ки устувор истед, миёнатонро бо камарбанди ростӣ бандед, ҷавшани росткориро дар бар кунед 15  ва пойафзоли омодагиро барои эълон кардани хушхабари осоиштагӣ пӯшед. 16  Илова бар ҳамаи ин, сипари калони имонро гиред, ки бо он тамоми тирҳои оташдори Шайтонро* хомӯш карда метавонед. 17  Ҳамчунин кулоҳи наҷотро ба сар кунед ва шамшери рӯҳ, яъне каломи Худоро, гиред. 18  Дар баробари ин бо ҳар навъ дуо ва илтиҷо дар ҳар ҳолат доимо бо рӯҳ дуо гӯед. Ва барои чунин кардан бедор монед ва доимо дар ҳаққи ҳамаи муқаддасон аз Худо зориву илтиҷо кунед. 19  Барои ман низ дуо гӯед, то, вақте даҳони худро мекушоям, ба ман қобилияти сухан гуфтан дода шавад ва ман далерона сирри муқаддаси хушхабарро маълум созам, 20  ки барои он дар занҷирҳо вазифаи сафирро иҷро карда истодаам. Дуо гӯед, ки дар бораи он, чуноне ки лозим аст, бо далерӣ гап занам. 21  Тихиқӯс, ки бародари азиз ва хизматгори вафодори Ҳазрат аст, шуморо аз аҳвол ва корҳои ман хабардор мекунад. 22  Ман ӯро бо он мақсад наздатон мефиристам, ки аз аҳволи мо бохабар бошед ва аз суханони ӯ тасаллӣ ёбед. 23  Бигзор бародарон аз ҷониби Падари мо Худо ва Ҳазратамон Исои Масеҳ сулҳу осоиштагӣ ва муҳаббату имон дошта бошанд. 24  Бигзор лутфу марҳамат бо ҳамаи онҳое бошад, ки ба Ҳазратамон Исои Масеҳ муҳаббати ҷовидона доранд.

Эзоҳҳо

Ё «роҳнамоии».
Дар матни аслӣ «ҷисмонии».
Ё «нақшаҳои».
Дар матни аслӣ «бадкорро».