Эфсӯсиён 4:1-32

  • Ягонагӣ дар бадани Масеҳ (116)

    • Чун ато додани одамон (8)

  • Шахсияти кӯҳна ва шахсияти нав (1732)

4  Бинобар ин ман, ки ба хотири Ҳазрат дар ҳабс мебошам, аз шумо илтимос мекунам, ки муносиби даъвати худ амал кунед, 2  яъне бо тамоми фурӯтанӣ, мулоимӣ ва пурсабрӣ рафтор намуда, якдигарро бо муҳаббат тоқат кунед. 3  Ҳамчунин бисёр кӯшиш кунед, ки ба воситаи сулҳу осоиштагие, ки пайванд месозад, ягонагии рӯҳро нигоҳ доред. 4  Як бадан ва як рӯҳ вуҷуд дорад, чуноне ки танҳо як умеде ҳаст, ки ба он даъват шудаед; 5  як Сарвар ҳаст, як имон, як таъмид*, 6  як Худо ва Падари ҳама, ки аз ҳама болост ва ба воситаи ҳамаву дар ҳама амал мекунад. 7  Ба ҳар яки мо ба андозаи атое, ки Масеҳ муқаррар намудааст, лутфу марҳамат нишон дода шуд. 8  Зеро гуфта шудааст: «Ба боло баромада, асиронро бо худ бурд; одамонро чун ато дод». 9  Суханони «ба боло баромад» чӣ маъно дорад? Маънои онро, ки ӯ ҳамчунин ба поён, яъне ба замин, фаромада буд. 10  Шахсе, ки ба поён фаромад, ҳамонест, ки болотар аз осмонҳо баромад, то ба ҳама чиз пуррагӣ бахшад. 11  Ва ӯ баъзеро чун расулон ато кард, баъзеро чун пайғамбарон, баъзеи дигарро чун воизони хушхабар ва боз баъзеро чун чӯпонон ва устодон, 12  то онҳо муқаддасонро ислоҳ намоянд*, ба дигарон хизмат кунанд ва бадани Масеҳро бино созанд. 13  Онҳо ин корро то даме ба ҷо меоранд, ки ҳамаи мо дар имону дониши аниқ дар бораи Писари Худо* ягонагӣ ба даст орем, шахси баркамол гардем ва ба дараҷаи камолоти Масеҳ бирасем. 14  Пас, биёед дигар чун кӯдакон набошем, чун касоне, ки бо фиребгарии одамон, бо нақшаҳои ҳилагаронаву гумроҳкунанда мисли мавҷҳои баҳр ба ҳар тараф ронда мешаванд ва бо ҳар боди таълим алвонҷ мехӯранд. 15  Балки сухани рост гуфта, бо муҳаббат дар ҳама чиз сӯйи сардори худ, яъне Масеҳ, афзоиш кунем. 16  Ба воситаи ӯ тамоми узвҳои бадан бо ҳар буғуме, ки чизи лозимаро медиҳад, ба хубӣ пайванд ҳастанд ва бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд. Вақте ҳар як узв вазифаи худро дуруст иҷро мекунад, бадан инкишоф меёбад ва дар муҳаббат бино мешавад. 17  Пас, дар ҳузури Ҳазрат мегӯям ва аз шумо хоҳиш мекунам, ки минбаъд чун халқҳои дигар, ки аз рӯйи фикру хаёли беҳудаи худ амал менамоянд, рафтор накунед. 18  Ақли он одамон дар зулмот аст ва онҳо аз ҳаёте, ки Худо медиҳад, дуранд, чунки Ӯро шинохтан намехоҳанд ва дилашон беҳис гаштааст. 19  Онҳо шарму ҳаёро тамоман аз даст додаанд ва ба беҳаёгӣ* дода шудаанд, то бо чашмгуруснагӣ ҳар гуна нопокиро ба амал оранд. 20  Аммо шумо аз рӯйи таълими гирифтаатон медонед, ки Масеҳ чунин рафтор намекард, 21  албатта, агар он чӣ шунидаед ва омӯхтаед, ба ростие, ки Исо таълим медод, мувофиқ бошад. 22  Шумо таълим гирифтаед, ки шахсияти кӯҳнаро аз худ дур кунед, шахсиятеро, ки ба рафтори пештараатон мувофиқ аст ва бо хоҳишҳои дилфиребаш фосид мегардад. 23  Минбаъд низ тарзи фикрронии худро нав созед 24  ва шахсияти навро дар бар кунед, ки он мувофиқи хости Худо дар росткорӣ ва садоқатмандии ҳақиқӣ офарида шудааст. 25  Бинобар ин ҳоло, ки дурӯғро аз худ дур кардаед, ба ҳамдигар рост гӯед, зеро мо узвҳои якдигарем. 26  Вақте ба хашм меоед, гуноҳ накунед, нагузоред, ки хашми шумо то нишастани офтоб боқӣ монад, 27  ва ба Иблис ҷой надиҳед. 28  Касе, ки дуздӣ мекунад, дигар дуздӣ накунад, балки бисёр меҳнат карда, бо дастони худ некӣ кунад, то тавонад ба каси мӯҳтоҷ чизе диҳад. 29  Бигзор аз даҳони шумо ҳеҷ як сухани қабеҳ* набарояд, балки танҳо чизи хуб, ки дар вақти зарурӣ обод карда тавонад, сухане, ки ба шунавандагон фоида меорад. 30  Ҳамчунин рӯҳи муқаддаси Худоро ғамгин насозед, ки бо он барои рӯзе, ки ба воситаи фидия* озод мегардед, мӯҳр зада шудаед. 31  Ҳар гуна кинаю адоват, қаҳр, ғазаб, фарёд, дашном ва ҳамчунин ҳар бадиро аз худ дур кунед. 32  Ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед, якдигарро бо омодагӣ бахшед, чи тавре ки Худо низ ба воситаи Масеҳ шуморо бо омодагӣ бахшидааст.

Эзоҳҳо

Ниг. ба луғат.
Ё «таълим диҳанд».
Ниг. ба луғат.
Юн. «аселгейа». Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «пӯсида».
Ниг. ба луғат.