Румиён 4:1-25

  • Иброҳим ба воситаи имонаш росткор эълон шуд (112)

    • Иброҳим — падари имондорон (11)

  • Ваъда ба туфайли имон дода шуд (1325)

4  Агар ин тавр бошад, пас, падарамон Иброҳим чиро ба даст овард? 2  Масалан, агар Иброҳим дар асоси амалҳояш росткор эълон мешуд, ӯ барои фахр кардан сабаб медошт, лекин на дар пеши Худо. 3  Дар Навиштаҳои Муқаддас чӣ гуфта шудааст? «Иброҳим ба Яҳува имон овард ва барои ҳамин росткор ҳисобида шуд». 4  Музди коргар на барои он дода мешавад, ки нисбаташ лутфу марҳамат доранд, балки, барои он ки ӯ меҳнат кардааст*. 5  Вале росткор ҳамоне ҳисобида мешавад, ки ба корҳояш такя накарда, ба Худо, ки гуноҳкоронро росткор эълон мекунад, имон меорад. 6  Довуд низ шахсеро, ки Худо ӯро новобаста аз корҳояш росткор меҳисобад, хушбахт номида, гуфт: 7  «Хушбахтанд онҳое, ки ҷиноятҳояшон бахшида шудаанд ва гуноҳҳояшон рӯпӯш гардидаанд*, 8  хушбахт аст касе, ки Яҳува аз гуноҳаш мегузарад». 9  Оё танҳо хатнашудагон аз чунин хушбахтӣ баҳраманд буда метавонанд ё хатнанашудагон низ? Мо мегӯем: «Иброҳим ба туфайли имонаш росткор ҳисобида шуд». 10  Кай ӯ росткор ҳисобида шуд? Баъд аз хатна шуданаш ё пеш аз он? Пеш аз хатна шуданаш. 11  Ба туфайли имони худ ӯ, ҳангоме ки хатнанашуда буд, чун мӯҳри* он ки росткор аст, аломате гирифт, ки хатна мебошад. Ҳамин тавр ӯ падари ҳамаи имондорони хатнанашуда гашт ва онҳо росткор ҳисобида шуданд. 12  Илова бар ин, ӯ падари хатнашудагоне гашт, ки на танҳо хатна мекунанд, балки ҳамчунин ба имоне, ки падарамон Иброҳим пеш аз хатна шуданаш зоҳир мекард, пурра пайравӣ менамоянд. 13  Ба Иброҳим ва ба насли ӯ на аз рӯйи шариат, балки аз рӯйи росткорӣ, ки натиҷаи имон овардан аст, ваъда дода шуд, ки ӯ ҷаҳонро мерос мегирад. 14  Вале, агар мерос танҳо аз рӯйи риоя кардани шариат дода мешуд, имон нодаркор мебуд ва ваъда аҳамияташро гум мекард. 15  Дар асл, Шариат ғазаби Худоро ба вуҷуд меорад, лекин, агар шариат набошад, ҳеҷ кас дар вайрон кардани он айбдор карда намешавад. 16  Бинобар ин ваъда ба Иброҳим барои имон доштанаш аз рӯйи лутфу марҳамат дода шуд, то тамоми наслаш онро соҳиб шавад ва ин насл на фақат онҳоеро дар бар мегирад, ки Шариатро риоя мекунанд, балки ҳамчунин онҳоеро, ки чун Иброҳим, падари ҳамаи мо, имон зоҳир мекунанд. 17  (Дар ин бора навишта шудааст: «Ман туро падари халқҳои бисёре мегардонам».) Ин дар пеши Худое буд, ки Иброҳим ба Ӯ имон дошт, дар пеши Худое, ки мурдаҳоро зинда мекунад ва он чиро, ки вуҷуд надорад, мавҷуд меномад*. 18  Ҳарчанд барои умедвор будан асосе набуд, Иброҳим умед баст ва барои ҳамин имон овард, ки падари халқҳои бисёр мешавад, зеро гуфта шудааст: «Насли ту чунин хоҳад буд». 19  Ва ӯ дар имон суст нашуда бошад ҳам, фикр мекард, ки ҳам ҷисми ӯ (чунки вай қариб садсола буд) ва ҳам батни Соро аллакай мурда аст. 20  Вале, азбаски Худо ба ӯ ваъда дода буд, ба шубҳа наафтод ва имони худро гум накард, балки дар имонаш устувор гашта, Худоро ҷалол дод 21  ва боварии комил дошт, ки Худо ваъдаашро ҳатман ба ҷо меорад. 22  Барои ҳамин ӯ «росткор ҳисобида шуд». 23  Лекин суханони «росткор ҳисобида шуд» дар бораи ӯ бошанд ҳам, 24  барои мо, ки росткор ҳисобида хоҳем шуд, навишта шудаанд, чунки мо ба Оне, ки Ҳазратамон Исоро зинда кардааст, имон овардем. 25  Исо ба сабаби гуноҳҳои мо мурд ва барои росткор эълон шуданамон зинда шуд.

Эзоҳҳо

Ё «додани он қарз аст».
Ё «бахшида шудаанд».
Ё «кафолати; тасдиқи».
Ё эҳтимол «ба вуҷуд меорад».