Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Омӯзиши шахсиатонро беҳтар кунед

Омӯзиши шахсиатонро беҳтар кунед

ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ: Омӯзиши Каломи Худо ба мо ёрдам мекунад, ки «васеӣ, дарозӣ, баландӣ ва чуқурӣ»-и ҳақиқатро фаҳмем (Эф 3:18). Ин ҳамчунин ба мо кӯмак мерасонад, ки дар ин ҷаҳони Шайтон беайб ва пок монда «ба каломи ҳаётбахш» часпем (Фп 2:15, 16). Дар омӯзиши шахсӣ мо маводеро омӯхта метавонем, ки шахсан бароямон муҳим аст. Чӣ тавр аз хониш ва омӯзиши Каломи Худо манфиати бештар гирифтан мумкин аст?

ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД:

  • Оятҳоро қайд кунед ва дар Китоби Муқаддаси шахсиатон, хоҳ дар намудӣ электронӣ бошад, хоҳ чопӣ, нависед, ки кадом фикр ба шумо маъқул шуд

  • Дар вақти хондани Китоби Муқаддас ба худ саволҳои зеринро диҳед: «Кӣ? Чӣ? Кай? Дар куҷо? Чаро? Чӣ тавр?»

  • Далел ҷамъ кунед. Аз маводи дастрас истифода бурда ягон мавзӯъ ё ояти Китоби Муқаддасро тадқиқ намоед

  • Дар бораи чизҳои хондаатон мулоҳиза ронед, то фаҳмед, ки чӣ тавр ин маълумотро истифода бурдан мумкин аст

  • Чизҳои фаҳмидаатонро ба кор баред (Лқ 6:47, 48)

ВИДЕОНАВОРИ «БА ВОСИТАИ ОМӮЗИШИ ШАХСӢ “БА КАЛОМИ ҲАЁТБАХШ БИЧАСПЕД”»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Бародарону хоҳарон дар бораи омӯзиши шахсӣ чӣ мегӯянд?

  • Чаро мо бояд пеш аз ҳар як омӯзиш дуо гӯем?

  • Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ягон порчаи Китоби Муқаддасро беҳтар фаҳмем?

  • Ҳангоми омӯзиши Калом кадом қайдҳоро мондан мумкин аст?

  • Чаро оиди чизҳои хондаамон мулоҳиза рондан муҳим аст?

  • Бо чизҳои фаҳмидаамон мо бояд чӣ кор кунем?

«Шариати Туро чӣ сон дӯст медорам! Тамоми рӯз фикру хаёлам дар бораи он аст» (Зб 118:97)