Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Доимо дар бораи чизҳои рӯҳонӣ фикр кунед

Доимо дар бораи чизҳои рӯҳонӣ фикр кунед

«Ба ин ғамхорӣ намо ва инро тарк накун, то ки муваффақияти ту ба ҳама намоён шавад» (1 ТИМ. 4:15).

СУРУДҲО: 22, 52

1, 2. Одамон аз ҳайвонот бо чӣ фарқ мекунанд?

МАҒЗИ сари инсон ба таври аҷоиб сохта шудааст. Ба туфайли он мо метавонем хонем, нависем, гап занем ва ба маънои чизҳои шунидаамон сарфаҳм равем. Мо ба Яҳува дуо ва ҳамд гуфта метавонем. Мо қобилият дорем, ки забонро аз худ кунем. Бо ҳамин мо аз дигар офаридаҳо фарқ мекунем. Олимон тарзи кори майнаи сари инсонро то охир дарк карда наметавонанд.

2 Қобилиятҳои забондониву забономӯзии инсонро ба ӯ Яҳува ато кардааст (Заб. 138:14; Ваҳй 4:11). Мағзи сари мо боз аз дигар ҷиҳат беҳамто аст. Баръакси ҳайвонот одамизод «ба сурати Худо» офарида шудааст. Яҳува моро озод ва соҳибихтиёр офаридааст. Мо имкон дорем, ки нутқ ва қобилияти забондонии худро барои шӯҳрат додани Яҳува истифода барем (Ҳас. 1:27).

3. Кадом атои олиҷаноби Яҳува моро хирадманд мегардонад?

3 Яҳува ба мо Китоби Муқаддасро дод, то мо донем, ки чӣ тавр Ӯро ҳамду сано хонем ва ибодат кунем. Ҳоло Китоби Муқаддас пурра ё қисман ба беш аз 2800 забон дастрас аст. Вақте мо дар бораи чизҳои аз Китоби Муқаддас хондаамон мулоҳиза меронем, мо мағзи сари худро бо фикрҳои  Худо пур мекунем (Заб. 39:6; 91:6; 138:17). Фикрҳои Яҳува моро хирадманд мегардонанд ва моро сӯи ҳаёти ҷовидонӣ роҳнамоӣ мекунанд. (2 Тимотиюс 3:14–17-ро бихонед.)

4. Фикру мулоҳиза кардан чӣ маъно дорад ва мо оид ба ҳамин мавзӯъ кадом саволҳоро дида мебароем?

4 Фикру мулоҳиза рондан маънои ҳушу хаёлро ба чизе равона карданро дорад, хоҳ он чиз бад бошад, хоҳ нек (Заб. 76:13; Мас. 24:1, 2). Мавзӯъҳои муҳим бисёранд, лекин мо бояд пеш аз ҳама дар бораи Яҳува Худо ва Исои Масеҳ мулоҳиза кунем (Юҳ. 17:3). Аммо байни хондану мулоҳиза кардан чӣ алоқае ҳаст? Барои мулоҳиза рондан кадом имкониятҳо вуҷуд доранд ва чӣ кор кунем, ки фикру мулоҳиза намудан одати мо шавад?

БИГЗОР ОМӮЗИШАТОН ПУРСАМАР БОШАД

5, 6. Чӣ ба шумо кӯмак расонда метавонад, ки ба чизи хондаатон беҳтар сарфаҳм равед ва онро дар хотир гиред?

5 Майнаи сари мо чизҳои аҷоибе карда метавонад ва баъзе корҳоро беихтиёр ба ҷо меоварад. Ба ин корҳо нафаскашӣ, роҳравӣ, дучархасаворӣ, чопкунӣ ва баъзан ҳатто хондан дохил мешавад. Барои ҳамин хеле муҳим аст, ки диққати худро ба чизе ки мехонем, равона карда, ба маънои он сарфаҳм равем. Вақте ки шумо хондани ягон сархатро тамом мекунед ё ба зерсарлавҳаи нав мегузаред, каме истода оиди маънои он андеша ронед. Боварӣ ҳосил кунед, ки оё маънои чизи хондаатонро фаҳмидед ё не. Аммо чӣ кор кунем, то ҳангоми хониш ҳушамон парешон нашавад?

6 Олимон муайян карданд, ки вақте одам бо овоз мехонад, чизи хондааш дар ёдаш беҳтар мемонад. Яҳува, ки Офаридгори майнаи сари мост, инро хуб медонад. Барои ҳамин Ӯ ба Еҳушаъ гуфт, ки китоби шариатро рӯзу шаб биомӯзад. Калимае ки ин ҷо чун «биомӯз» тарҷума шудааст, маънои «бо нимовоз хондан»-ро низ дорад. (Еҳушаъ 1:8-ро бихонед.) Агар шумо Китоби Муқаддасро бо овоз ва шитоб накарда хонед, пай мебаред, ки таъсираш бештар аст. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки диққататон парешон нашавад.

7. Вақти беҳтарин барои мулоҳиза кардан оиди Каломи Худо кадом аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

7 Хондани чизе нисбат ба хондану мулоҳиза кардан осонтар аст, чунки ҳангоми мулоҳиза шахс бояд пурра диққаташро ба он чиз равона созад. Аммо, азбаски майнаи сари мо нокомил аст, диққатамон парешон мешаваду ба чизҳои осонтар равона мегардад. Мо бояд барои мулоҳиза кардан вақту ҷои муносибро интихоб кунем. Вақти беҳтарин барои мулоҳиза ин вақтест, ки мо монда набошем. Ҷои хуб барои мулоҳиза ҷои оромест, ки ҳеҷ чиз ба мо халал расонда натавонад. Масалан, забурнавис ҳангоми шабҳои бедорхобиаш фикру мулоҳиза меронд (Заб. 62:7). Исо, ки шахси комил буд, барои дуову андеша ҷойи хилвату танҳоӣ меҷуст (Луқ. 6:12).

ЧИЗҲОИ ХУБЕ КИ ДАР БОРААШОН ФИКР КАРДАН МУМКИН АСТ

8. а) Ба ғайр аз Каломи Худо мо боз оиди чӣ мулоҳиза карда метавонем? б) Вақте мо дар бораи Яҳува бо дигарон гап мезанем, Ӯ чӣ ҳис мекунад?

8 Мо на танҳо дар бораи он чизе ки аз Китоби Муқаддас мехонем, мулоҳиза карда метавонем. Масалан, вақте ягон офаридаи аҷоиби Яҳуваро мебинед, истода аз худ бипурсед: «Ман аз ин чиз дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмам?» Ин моро бармеангезад, ки ба Яҳува сипос гӯем ва, агар ҳамроҳи ягон кас бошем, дар бораи ҳиссиётамон ба ӯ гап занем  (Заб. 103:24; Аъм. 14:17). Оё Яҳува инро қадр мекунад? Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб медиҳад. Дар он ҷо гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои сахти охирзамон «тарсгорони Худованд бо якдигар сухан меронданд, ва Худованд гӯш андохта, инро мешунид, ва ба ҳузури Ӯ ин дар китоби ёддошт, ки барои тарсгорони Худованд ва азиздорандагони исми Ӯ мебошад, [«касоне ки дар бораи исми Ӯ мулоҳиза мекунанд», ТДН] навишта мешуд» (Мал. 3:16).

Оё шумо дар бораи ниёз ва вазъияти омӯзандаи Китоби Муқаддас фикр мекунед? (Ба сархати 9 нигаред.)

9. а) Павлус ба Тимотиюс чӣ маслиҳат дод? б) Пеш аз хизмат рафтан мо дар бораи чӣ мулоҳиза карда метавонем?

9 Павлуси ҳавворӣ ба Тимотиюс гуфт, ки ба тарзи гуфтор, рафтор ва таълимдиҳиаш диққат диҳад. (1 Тимотиюс 4:12–16-ро бихонед.) Ҳар яки мо низ метавонем дар бораи ин чизҳо фикр кунем. Масалан, мо бояд ҳангоми тайёрӣ ба омӯзиши Китоби Муқаддас барои мулоҳиза вақт ҷудо кунем. Дар бораи омӯзанда фикр кунед ва пешакӣ ягон савол ё мисолеро тайёр кунед, ки барои пешравӣ карданаш кӯмак мекунад. Вақте шумо ҳамин тавр тайёрӣ мебинед, имони худатон қавитар мегардад ва маҳорат ва шавқу завқи таълимдиҳиатон бештар мешавад. Ҳамчунин мулоҳиза рондан пеш аз мавъиза хеле манфиатбахш аст. (Эзро 7:10-ро бихонед.) Шумо метавонед аз китоби Аъмол боберо хонед, то бо ғайрати бештар хизмат кунед. Ҳамчунин шумо метавонед дар бораи оятҳои Китоби Муқаддас ва адабиёте, ки дар давоми рӯз истифода бурданиед, фикр кунед (2 Тим. 1:6). Дар бораи одамони маҳаллатон ва мавзӯъҳое ки барои онҳо шавқоваранд, фикр кунед. Вақте ҳамин тавр тайёрӣ мебинед, шумо қобилият пайдо мекунед, ки Китоби Муқаддасро дар хизмат моҳирона ва ба таври самаранок истифода баред (1 Қӯр. 2:4).

10. Мо боз дар бораи кадом чизҳои хуб мулоҳиза карда метавонем?

 10 Оё шумо ҳангоми гӯш кардани нутқи оммавӣ ё барномаи анҷуман барои худ қайд мекунед? Агар ҳа, барои дида баромадани қайдҳоятон вақт ҷудо кунед. Шумо метавонед аз худ бипурсед: «Ман дар бораи Каломи Худо ва ташкилоти Ӯ чӣ фаҳмидам?» Ҳамчунин дар бораи маълумоте ки ҳар моҳ дар шумораҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» чоп мешавад, мулоҳиза ронед. Вақте «Солнома»-ро мехонед, хуб мебуд, ки баъди хонда тамом кардани як воқеа зуд ба дигараш нагузаред, балки каме оиди он андеша кунед, то маълумоти хондаатон ба дили шумо таъсир расонад. Шояд шумо лозим шуморед, ки дар таги фикрҳои асосӣ хат кашед ё дар ҳошияи китоб қайд гузоред. Ин қайдҳо ба шумо ҳангоми тайёрӣ дидан ба боздид, хабар гирифтани ягон бародар ё хоҳар ва ё тайёрӣ ба нутқ кӯмак расонда метавонанд. Ҳангоми хондани ягон адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта истода, каме андеша намудан одати хеле хубест. Ба туфайли ин мо маълумотро хубтар дарк мекунем. Ин дар навбати худ моро бармеангезад, ки ба Яҳува дар дуо миннатдориамонро барои таълимаш баён кунем.

КАЛОМИ ХУДОРО ХОНДА, МУЛОҲИЗА РОНЕД

11. Мо асосан бояд оиди чӣ фикру мулоҳиза кунем? (Ба эзоҳ нигаред.)

11 Мо асосан бояд оиди гуфтаҳои Китоби Муқаддас фикру мулоҳиза кунем. Тасаввур кунед, ки шумо ба вазъияти баде афтодед ва аз Китоби Муқаддас маҳрум шудед *. Дар чунин вазъият ҳам шумо имконияти мулоҳиза карданро аз даст надиҳед. Оятҳои дӯстдошта ва ё он сурудҳои Салтанатро, ки шумо аз ёд медонед, ба хотир оваред (Аъм. 16:25). Рӯҳи Яҳува ба шумо кӯмак мерасонад, то чизеро ки пеш омӯхта будед, ба ёд оред (Юҳ. 14:26).

12. Як роҳи ба нақша гирифтани хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас кадом аст?

12 Шумо метавонед баъзе рӯзҳои ҳафтаро барои хондани Китоби Муқаддас аз рӯи реҷаи Мактаби таълими мавъиза ҷудо кунед. Рӯзҳои дигар метавонед дар бораи ҳаёти Исо аз Инҷил хонед ва мулоҳиза ронед (1 Пет. 2:21; Рум. 10:17; Ибр. 12:2). Ташкилоти мо китобҳое чоп кардааст, ки дар онҳо воқеаҳои ҳаёти Исо аз рӯи тартиби рӯй доданашон нақл карда мешаванд. Ин китобҳо ба шумо кӯмак расонда метавонанд, то аз хониши воқеаҳои ҳаёти Исо аз ҳар як Инҷил пурра манфиат гиред (Юҳ. 14:6).

ЧАРО МУЛОҲИЗАРОНӢ МУҲИМ АСТ

13, 14. Чаро дар бораи Худо ва Исо мулоҳиза кардан муҳим аст ва ин моро ба чӣ бармеангезад?

13 Дар бораи Яҳува ва Писараш Исо мулоҳиза рондан ба мо кӯмак мерасонад, ки масеҳии рӯҳан баркамол гардида имонамонро мустаҳкам намоем (Ибр. 5:14; 6:1). Шахсе ки дар бораи Худо кам мулоҳиза меронад, оҳиста-оҳиста муносибати бо Ӯ доштаашро гум мекунад ё ҳатто аз даст медиҳад (Ибр. 2:1; 3:12). Исо моро огоҳ кард, ки, агар маслиҳати Каломи Худоро қабул накунем, «андешаҳо, сарват ва кайфу сафои зиндагӣ» ҳақиқатро дар дили мо пахш мекунад ва мо самар намеоварем (Луқ. 8:14, 15).

14 Пас, биёед доимо дар бораи гуфтаҳои Каломи Худо фикру мулоҳиза кунем ва дар бораи Яҳува дониш гирифтанро давом диҳем. Ин моро бармеангезад, ки боз ҳам бештар ба хислатҳои зебои Ӯ  пайравӣ кунем (2 Қӯр. 3:18). Мо метавонем то абад бо Падари осмониамон наздиктар шуда, дар бораи Ӯ дониш гирифтанро давом диҳем. Шарафи аз ин бузургтаре нест! (Воиз 3:11).

15, 16. а) Мулоҳиза кардан оиди чизҳои рӯҳонӣ ба мо чӣ гуна кӯмак мерасонад? б) Барои чӣ баъзан мулоҳиза рондан душвор аст, вале чаро ин муҳим аст?

15 Мулоҳизаронӣ дар бораи Яҳува ва Исо ба мо кӯмак мекунад, ки нисбати ҳақиқат ғайрати худро гум насозем. Ғайрати шумо ҳамимононатон ва одамонеро ки дар мавъиза вомехӯред, рӯҳбаланд месозад. Вақте дар бораи он фикр мекунед, ки чӣ тавр Яҳува барои шумо қурбонии фидияи Исоро пешкаш кард, шумо минбаъд низ муносибатҳои наздикатонро бо Ӯ қадр мекунед (Яъқ. 4:8; Рум. 3:24). Марк ном бародаре аз Африқои Ҷанубӣ, ки барои имонаш се сол дар маҳбас нишаста буд, мегӯяд: «Фикру мулоҳиза ронданро бо сафари аҷоиб монанд кардан мумкин аст. Ҳар қадаре ки мо дар бораи чизҳои рӯҳонӣ фикр мекунем, ҳамон қадар дар бораи Яҳува бештар мефаҳмем. Ҳар гоҳе ки ман каме ғамгинам ё дар бораи ягон чиз хавотирам, Китоби Муқаддасро гирифта, дар бораи ягон ояти он мулоҳиза меронам. Ин дили маро ором мегардонад».

16 Дар дунёи имрӯза чизҳои зиёде ҳастанд, ки диққати моро аз чизҳои рӯҳонӣ дур месозанд. Дигар бародари африқоӣ чунин мегӯяд: «Майнаи сари ман ба монанди қуттиест, ки аз маълумоти даркору нодаркор пур аст. Вақти кофтукови майнаам, агар ман ягон фикреро пайдо кунам, ки маро хавотир созад, ман даррав ба Яҳува дуо мегӯям, то ки бо фикри тоза мулоҳиза карда тавонам. Барои бартараф кардани чунин фикрҳо каме вақт сарф мешавад, аммо ман ҳис мекунам, ки ба туфайли фикру мулоҳиза ман ба Яҳува наздиктар мешавам. Ин ақли маро мекушояд, то ҳақиқатро чуқуртар дарк кунам» (Заб. 93:19). Бешак, касоне ки «ҳар рӯз Навиштаҳоро санҷида» мебароянд ва оиди онҳо мулоҳиза меронанд, аз ин фоидаи зиёде мегиранд (Аъм. 17:11).

ШУМО КАДОМ ВАҚТРО ИНТИХОБ МЕКУНЕД?

17. Чӣ тавр шумо барои мулоҳизаронӣ вақт ҷудо мекунед?

17 Баъзеҳо саҳари барвақт бо хониш, мулоҳизаронӣ ва дуо машғул мешаванд. Дигарон бошанд, дар нисфирӯзӣ ин корҳоро мекунанд. Шояд барои шумо вақти беҳтарин барои хониши Китоби Муқаддас бегоҳӣ ё пеш аз хоб бошад. Ба баъзеи дигар маъқул аст, ки Китоби Муқаддасро ҳам саҳарӣ ва ҳам пеш аз хоб хонанд (Еҳ. 1:8). Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки «фурсатро ғанимат донед», яъне аз ҳисоби корҳои на он қадар муҳим вақт ҷудо кунед, то ҳар рӯз дар бораи Каломи Худо мулоҳиза ронед (Эфс. 5:15, 16).

18. Яҳува ба ҳамаи онҳое ки ҳар рӯз дар бораи Каломи Худо мулоҳиза меронанд ва барои бакорбарии он кӯшиш мекунанд, чӣ ваъда медиҳад?

18 Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, ки Яҳува ҳамаи онҳоеро ки дар бораи Каломаш мулоҳиза меронанд ва барои бакорбарии он кӯшиш мекунанд, баракат медиҳад. (Забур 1:1–3-ро бихонед.) Исо гуфта буд: «Хушо онҳое ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд» (Луқ. 11:28). Аз ҳама муҳимаш мулоҳиза дар бораи Каломи Худо ба мо кӯмак мекунад, то тарзе рафтор кунем, ки Яҳуваро ҷалол диҳад. Он гоҳ Яҳува ба мо мукофот медиҳад ва мо ҳам ҳоло хушбахтона зиндагӣ мекунем ва ҳам дар дунёи нав аз ҳаёти ҷовидона баҳра мебарем (Яъқ. 1:25; Ваҳй 1:3).

^ сарх. 11 Ба мақолаи «Талош барои рӯҳан қавӣ мондан», «Бурҷи дидбонӣ» аз 1 декабри соли 2006 (рус.) нигаред.