Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Имони моро зиёд кун»

«Имони моро зиёд кун»

«Ба беимонии ман мадад кун» (МАРҚ. 9:24).

СУРУДҲО: 54, 24

1. То чӣ андоза доштани имон муҳим аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ШУМО ягон бор аз худ пурсидаед: «Оё Яҳува маро ҳангоми мусибати бузург сазовори наҷот меҳисобад?» Наҷот ёфтани мо аз якчанд чиз вобаста аст, лекин Павлуси ҳавворӣ яке аз чизҳои асосиро дар номаи худ қайд карда чунин гуфтааст: «Бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод» (Ибр. 11:6). Ин ба назари кас як чизи сода тофта метавонад, лекин ҳақиқати ҳол ин аст, ки «на ҳар кас имон дорад» (2 Тас. 3:2). Ин ду оят нишон медиҳанд, ки инкишоф додани имон хеле муҳим аст.

2, 3. а) Мо аз Петрус дар бораи аҳамияти имон чӣ меомӯзем? б) Мо кадом саволҳоро дида мебароем?

Петруси ҳавворӣ дар бораи имоне гап зад, ки он «аз имтиҳон мегузарад». (1 Петрус 1:7-ро бихонед.) Азбаски мусибати бузург наздик аст, мо мехоҳем имони қавие дошта бошем, то ба туфайли он дар қатори касоне бошем, ки «наҷот меёбанд» (Ибр. 10:39). Аз ин рӯ мо бояд кӯшиши бисёр ба харҷ диҳем, то ки имонамонро қавӣ гардонем. Мо мехоҳем, ки ҳангоми зоҳир шудани Подшоҳамон Исои Масеҳ соҳиби мукофот шавем. Барои ҳамин хуб аст, ки мисли марде ки аз Исо имон талабид, мо низ аз Худо илтиҷо кунем: «Ба беимонии ман мадад кун» (Марқ. 9:24). Ё ба  намунаи ҳаввориён пайравӣ кунем, ки чунин гуфта буданд: «Имони моро зиёд кун» (Луқ. 17:5).

3 Барои зиёд гардондани имонамон мо бояд ба якчанд савол ҷавоб ёбем: чӣ тавр имони худро қавӣ гардонда метавонем? Чӣ тавр нишон дода метавонем, ки имонамон зинда аст? Чаро мо боварии пурра дорем, ки вақте аз Яҳува дар бораи зиёд гардондани имонамон мепурсем, Ӯ ҳатман ҷавоб медиҳад?

ИМОНЕ КИ ПИСАНДИ ХУДОСТ

4. Мисоли кадом одамон моро бармеангезад, ки имони худро тафтиш кунем?

4 Мо аз имони шахсоне ки дар бораашон дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, бисёр чиз омӯхта метавонем, «зеро ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст» (Рум. 15:4). Вақте мо дар бораи Иброҳим, Соро, Исҳоқ, Яъқуб, Мусо, Роҳоб, Ҷидъӯн, Бороқ ва дигарон мехонем, ин моро бармеангезад, ки имони худро тафтиш кунем (Ибр. 11:32–35). Вақте дар бораи имони қавии бародару хоҳаронамон мехонем, мо ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, то ба имони онҳо пайравӣ намоем *.

5. Чӣ тавр Илёс нишон дод, ки ба Яҳува имони қавӣ дорад ва мо бояд аз худ чӣ пурсем?

5 Яке аз намунаҳои хуби имон пайғамбар Илёс буд. Илёс медонист, ки Яҳува мехоҳад ба хушксолӣ хотима бахшад. Барои ҳамин ӯ бо боварии пурра ба Аҳъоб гуфт: «Ба ҳаёти Худованд... қасам мехӯрам, ки дар ин солҳо шабнам ва борон нахоҳад борид, магар ки бар тибқи каломи ман» (3 Подш. 17:1). Дар замонҳои сахт Илёс дилпур буд, ки Яҳува ба ӯ ва дигарон ризқу рӯзияшонро ато мекунад (3 Подш. 17:4, 5, 13, 14). Ӯ имони пурра дошт, ки Яҳува метавонад кӯдаки мурдаро зинда гардонад (3 Подш. 17:21). Ҳангоме ки Илёс дар кӯҳи Кармил қурбонӣ меовард, заррае ҳам шубҳа надошт, ки Худо аз осмон оташ фиристода қурбонии ӯро фурӯ мебарад (3 Подш. 18:24, 37). Дар мавриди дигар, ҳангоме ки аз борон ҳанӯз дараке набуд, Илёс ба Аҳъоб чунин гуфт: «Баромада, бихӯр ва бинӯш, зеро ки садои борони зиёде меояд» (3 Подш. 18:41). Дида баромадани ин воқеаҳо моро бармеангезад, ки аз худ бипурсем: «Оё ман мисли Илёс имони қавӣ дорам?»

ЧӢ ТАВР ИМОНАМОНРО ҚАВӢ ГАРДОНЕМ?

6. Барои мустаҳкам кардани имон мо бояд аз Яҳува чӣ пурсем?

6 Мо имонамонро бо қувваи худ зиёд гардонда наметавонем. Имон яке аз хислатҳои самараи рӯҳ аст (Ғал. 5:22). Аз ин рӯ барои ба даст овардани имони қавӣ мо бояд мувофиқи маслиҳати Исо амал карда аз Яҳува боз ҳам бештар рӯҳи муқаддас пурсем. Исо ваъда медиҳад, ки Яҳува «ба онҳое ки аз Ӯ металабанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод» (Луқ. 11:13).

7. Бо мисол фаҳмонед, ки чӣ тавр мо имонамонро қавӣ нигоҳ дошта метавонем.

7 Танҳо доштани имон кам аст, мо бояд онро доимо инкишоф диҳем. Имонро ба гулхан монанд кардан мумкин аст. Вақте гулхан нав дармегирад, оташи он хеле баланд месӯзад. Аммо, агар ба гулхан аҳамият надиҳем, он оҳиста-оҳиста хомӯш мешавад. Аввал оташи он гум шуда лахчаҳои сӯзон мемонанд ва баъд он ҳам хомӯш гардида, аз он хокистари сард боқӣ мемонад. Барои доимо даргирон нигоҳ доштани оташ, мо бояд ба он ҳезум партофтан гирем. Ҳамин тавр мо бояд оташи имонамонро зиндаву фурӯзон нигоҳ дорем. Барои ин мо бояд Каломи Худоро ҳар рӯз хонему онро омӯзем.  Агар ин тавр кунем, муҳаббати мо нисбати Яҳува ва Каломи Ӯ зиёд мешавад ва дар натиҷа имонамон қавӣ мегардад.

8. Боз чӣ барои мустаҳкам кардани имон муҳим аст?

8 Боз чӣ ба мо кӯмак карда метавонад, ки имонамонро мустаҳкам кунем? Агар бо он донише ки то вақти таъмид гирифтаем, қаноат накунем (Ибр. 6:1, 2). Масалан, мо метавонем бо он пешгӯиҳои Китоби Муқаддас, ки аллакай иҷро шудаанд, шинос шавем. Ин имонамонро мустаҳкам мекунад. Ба воситаи Каломи Худо мо метавонем сифати имони худро санҷем, ки оё он дар ҳақиқат қавист ё не. (Яъқуб 1:25; 2:24, 26-ро бихонед.)

9, 10. Чӣ тавр имонамон қавӣ мегардад, вақте мо: а) бо ёрони хуб муошират мекунем? б) ба вохӯриҳо меравем? в) мавъиза мекунем?

9 Павлуси ҳавворӣ гуфт, ки масеҳиён аз имони якдигар тасаллӣ меёбанд (Рум. 1:12). Ҳангоми муошират бо ҳамимонон, хусусан онҳое ки имонашон аз санҷиш гузаштааст, мо имони якдигарро қавӣ мегардонем (Яъқ. 1:3). Ёрони бад имонро хароб месозанд, дӯстони хуб бошанд, обод мекунанд (1 Қӯр. 15:33). Барои ҳамин Китоби Муқаддас ба мо маслиҳат медиҳад, ки «ҷамъомади худро тарк накунем», балки «якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем». (Ибриён 10:24, 25-ро бихонед.) Он дастуроте ки мо дар вохӯриҳо мегирем, имони моро мустаҳкам месозад. Барои ҳамин Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «имон аз шунидан... аст» (Рум. 10:17). Аз худ бипурсед: «Оё ман доимо ба вохӯриҳо меравам?»

10 Вақте мо ба дигарон мавъиза мекунем, на фақат имони дигарон, балки имони худамонро низ қавӣ мегардонем. Ба монанди масеҳиёни асри як мо пурра ба Яҳува имон дорем ва дар ҳама вазъият далерона сухан меронем (Аъм. 4:17–20; 13:46).

11. Чаро Колеб ва Еҳушаъ имони қавӣ доштанд ва чӣ тавр мо мисли онҳо буда метавонем?

11 Вақте мо дасти Яҳуваро дар ҳаёти худ ҳис мекунем ва мебинем, ки чӣ тавр Ӯ ба дуоҳоямон ҷавоб медиҳад, ин имони моро боз ҳам зиёдтар мегардонад. Бо Колеб ва Еҳушаъ чунин рӯй дода буд. Вақте онҳо Замини ваъдашударо ҷосусӣ мекарданд, онҳо ба Яҳува имон зоҳир карданд. Бо гузашти вақт, ҳар боре ки онҳо дастгирии Яҳуваро ҳис мекарданд, имонашон қавитар мешуд. Аз ин рӯ Еҳушаъ бо дилпурӣ ба исроилиён гуфт: «Як сухан ҳам аз ҳамаи қавлу ваъдаҳое ки Худованд Худои шумо дар ҳаққи шумо додааст, зоеъ нарафтааст». Дертар ӯ илова кард: «Алҳол аз Худованд битарсед ва Ӯро бо самимият ва ростӣ ибодат намоед... Ман ва хонадони ман Худовандро ибодат хоҳем кард» (Еҳ. 23:14; 24:14, 15). Вақте меҳрубонӣ ва некӯии Яҳуваро дар худ ҳис мекунем, мо низ чунин имонро инкишоф дода метавонем (Заб. 33:9).

ИМОНИ ХУДРО НИШОН ДИҲЕД!

12. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки имони ҳақиқӣ дорем?

12 Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки имони зинда дорем? Яъқуби ҳавворӣ ба ин савол чунин ҷавоб медиҳад: «Имони худро аз аъмоли худ нишон медиҳам» (Яъқ. 2:18). Аз рафторамон маълум мешавад, ки оё мо имони ҳақиқӣ дорем ё не. Биёед якчанд мисолро дида бароем.

Касоне ки дар хизмат аз таҳти дил меҳнат мекунанд, нишон медиҳанд, ки имони ҳақиқӣ доранд (Ба сархати 13 нигаред.)

13. Чаро гуфтан мумкин аст, ки иштирок дар мавъиза имонамонро нишон медиҳад?

13 Тарзи хуби нишон додани имон ин иштирок дар кори мавъиза мебошад. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Бо иштирок дар ин кор мо нишон медиҳем, ки боварӣ дорем, ки Худо анҷоми ин дунёи шарирро муқаррар кардааст ва он рӯз дер нахоҳад кард (Ҳаб. 2:3). Барои фаҳмидани он ки оё имонамон қавист ё не, метавонем аз худ бипурсем: «То чӣ  андоза кори мавъиза бароям муҳим аст? Оё ман ҳар кори аз дастам меомадаро мекунам, то ба дигарон дар бораи Худо нақл кунам? Оё ман аз ҳама имкониятҳое ки хизмати Худо бароям боз мекунад, истифода мебарам?» (2 Қӯр. 13:5). Биёед дар мавъизаи хушхабар иштирок карда қавӣ будани имонамонро нишон диҳем. (Румиён 10:10-ро бихонед.)

14, 15. а) Чӣ тавр мо дар ҳаёти ҳаррӯза имони худро нишон дода метавонем? б) Воқеаеро нақл кунед, ки дар амал зоҳир гаштани имонро нишон медиҳад.

14 Имони шахс ҳангоми аз сар гузаронидани душвориҳои ҳаёт аён мешавад. Вақте мо бо касалӣ, рӯҳафтодагӣ, депрессия, камбағалӣ ё дигар душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем, боварии пурра дорем, ки Яҳува сари вақт ба мо кӯмак мерасонад (Ибр. 4:16). Мо аз Яҳува дар дуо на танҳо дар бораи чизҳои рӯҳонӣ пурсида метавонем. Исо гуфта буд, ки мо дар дуо чунин гӯем: «Ризқу рӯзии моро ҳар рӯз ба мо бидеҳ» (Луқ. 11:3). Воқеаҳои Китоби Муқаддас исбот мекунанд, ки Яҳува ҳама чизи лозимаро бароямон медиҳад. Масалан, ҳангоми хушксоливу қаҳтӣ Яҳува Илёсро бо обу хӯрок таъмин мекард. «Зоғон барои ӯ нону гӯшт дар субҳ ва нону гӯшт дар шом меоварданд ва аз наҳр ӯ менӯшид» (3 Подш. 17:3–6). Мо имон дорем, ки Яҳува вазъиятро тавре идора мекунад, ки мо чизи лозима дошта бошем.

Имони шахс ҳангоми аз сар гузаронидани душвориҳои ҳаёт аён мешавад (Ба сархати 14 нигаред.)

15 Мо боварии комил дорем, ки, агар принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор барем, Яҳува моро бе ризқу рӯзӣ намемонад. Ребекка ном хоҳари оиладоре аз Осиё ҳақ будани инро дар ҳаёти худ ҳис карда буд. Оилаи ӯ принсипи Матто 6:33 ва Масалҳо 10:4-ро ба кор бурд. Онҳо Салтанати Худоро дар ҷои аввал гузошта, ҳамзамон аз таҳти дил меҳнат мекарданд. Ребекка мегӯяд, ки кори шавҳараш ба муносибати онҳо бо Яҳува таъсири бад расонд. Барои ҳамин ӯ корашро тарк кард. Онҳо бояд чор фарзандашонро таъмин мекарданд. Ребекка нақл мекунад: «Мо ширинӣ тайёр карда, онро мефурӯхтем. Солҳои дароз мо аз ҳамин ҳисоб зиндагиамонро пеш мебурдем ва ҳис мекардем, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ моро намепартояд. Тӯли ин солҳо мо як бор ҳам бе хӯрок намондем». Оё шумо низ воқеаи ба ин монандро, ки имонатонро қавӣ карда буд, аз сар гузаронидаед?

16. Вақте мо ба Худо такя мекунем, аз чӣ дилпур буда метавонем?

 16 Ҳеҷ гоҳ шубҳа накунед, ки агар аз рӯи дастуроти Худо амал кунед, Ӯ шуморо дастгирӣ мекунад. Павлус суханони пайғамбар Ҳабаққуқро иқтибос оварда гуфт: «Одил ба воситаи имон зиндагӣ хоҳад кард» (Ғал. 3:11; Ҳаб. 2:4). Аз ин рӯ хеле муҳим аст, ки ба Шахсе ки дар ҳақиқат кӯмак карда метавонад, имон дошта бошем. Павлус гуфта буд, ки Худо «қодир аст аз ҳар он чи мо мехоҳем ё фикр мекунем, беандоза зиёдтар бикунад» (Эфс. 3:20). Чун ходимони Худо мо бояд ҳар чизи аз дастамон меомадаро кунем, то хости Худоро иҷро намоем ва ҳамзамон дар бораи маҳдудиятҳои худ фикр кунем. Мо хеле хушбахтем, ки Худо бо мост.

ДУОИ ОНҲО МУСТАҶОБ ШУД

17. а) Исо ба хоҳиши ҳаввориёнаш чӣ гуна ҷавоб дод? б) Чаро мо дилпур буда метавонем, ки агар аз Яҳува имони бештар пурсем, Ӯ дуоямонро иҷро мекунад?

17 Дида баромадани ин мақола моро бармеангезад, ки аз Худо имони бештар пурсем. Ин тавр карда мо ба намунаи ҳаввориён пайравӣ мекунем, ки аз Исо хоҳиш карданд: «Имони моро зиёд кун» (Луқ. 17:5). Ин хоҳиши онҳо иҷро шуд, хусусан ҳангоми Пантикости соли 33-и эраи мо, вақте рӯҳи муқаддас бар онҳо фурӯ рехт ва ба онҳо фаҳмиши чуқури нияти Худо дода шуд. Ин имони онҳоро қавӣ гардонд ва онҳо хушхабарро дар миқёсе паҳн намуданд, ки то ин дам нашуда буд (Қӯл. 1:23). Агар мо аз Худо имони бештар пурсем, оё дуоямон мустаҷоб мегардад? Бале, зеро Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад» (1 Юҳ. 5:14).

18. Чӣ тавр Яҳува онҳоеро ки имонашонро инкишоф медиҳанд, баракат медиҳад?

18 Биёед дар хотир дорем, ки касоне ба Яҳува пурра такя мекунанд, ба Ӯ писанд мебошанд. Яҳува ба дуои мо ҷавоб дода ба мо имони бештар ато мекунад. Ҳамин тавр имонамон боз ҳам қавӣ гашта мо «сазовори Малакути Худо» дониста мешавем (2 Тас. 1:3, 5).

^ сарх. 4 Барои бо баъзе намунаҳои имон шинос шудан ба тарҷумаи ҳоли Лилиан Гобитас Клозэ («Бедор шавед!», 22 июли 1993 [англ.]), Феликс Борис («Бедор шавед!», 22 феврали соли 1994 [англ.]) ва Жозефина Элиас («Бедор шавед!», сентябри соли 2009 [рус.]) нигаред.