Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 АЗ ХАЗИНАИ МО

«Яҳува шуморо ба Фаронса барои он овардааст, ки ҳақиқатро шунавед»

«Яҳува шуморо ба Фаронса барои он овардааст, ки ҳақиқатро шунавед»

АНТУАН СКАЛЕКИ дар айёми бачагиаш аспе дошт, ки доимо ҳамроҳаш буд. Дар чуқурии 500 метр ӯ дар тунели нимторик бо аспаш ангишт мекашонд. Падари Антуан ҳангоми таркиш захми сахт бардошта буд. Аз ин рӯ ӯ Антуанро ба кони ангишт фиристод. Кор дар он ҷо хеле душвор буд ва нӯҳ соат тӯл мекашид. Як бор ҳангоми афтидани девори кони ангишт, Антуан қариб буд, ки ҳаёташро аз даст диҳад.

Асбобҳои ангиштканони Деши, назди Сен-де-Нобле, ҷое ки Антуан Скалеки кор мекард

Чун одамони бисёр дар он вақт, падару модари Антуан аз ватани худ Полша ба Фаронса кӯчида буданд. Антуан байни солҳои 1920 ва 1930 дар Фаронса таваллуд шуд. Лекин чӣ сабаб шуд, ки падару модари Антуан ба Фаронса кӯчиданд? Баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон Полша давлати мустақил гардид. Он вақт ҳокимияти Полша аз сабаби аз ҳад зиёд шудани аҳолии мамлакат ба ташвиш афтод. Фаронса бошад, дар ҷанг қариб миллион нафарро аз даст дода буд ва ба коргарон ниёз дошт, то дар кони ангишт кор кунанд. Барои ҳамин ҳукумати Полша ва Фаронса сентябри соли 1919 шартномаеро имзо карданд, ки мувофиқи он сокинони Полша метавонистанд ба Фаронса ба муҳоҷират раванд. Соли 1931 шумораи полякҳо дар Фаронса ба 507 800 нафар расид, ки бисёрашон дар шимол, дар ҷойҳое сокин шуданд, ки конҳои ангишт доштанд.

Муҳоҷирони заҳматкаши поляк одамони диндор буданд ва фарҳангу маданияти худро доштанд. Антуан, ки ҳоло 90-сола аст, чунин мегӯяд: «Бобои ман дар бораи Навиштаҳои Муқаддас ҳамеша бо эҳтироми зиёд гап мезад ва инро ӯ аз падараш омӯхта буд». Рӯзҳои якшанбе полякҳо либосҳои беҳтарини худро пӯшида, бо аҳли оилаашон ба калисо мерафтанд. Баъзе фаронсавиҳо чунин рафтори онҳоро намефаҳмиданд, чунки одамони диндор набуданд.

Дар Фаронса Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас якумин бор дар маҳалли Нор-Па-де-Кале бо полякҳо ҳамсӯҳбат шуданд. Онҳо дар ин маҳалл аз соли 1904 бо ҷидду ҷаҳд мавъиза мекарданд. Соли 1915 маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» ба забони полшагӣ баромадан гирифт. Соли 1925 бошад, ба ин забон маҷаллаи «Асри тиллоӣ» (ҳоло «Бедор шавед!») дастрас гардид. Ҳамчунин ба забони полшагӣ китоби «Барбати Худо» ба чоп баромад. Оилаҳои бисёр ба хушхабаре ки дар ин адабиёт навишта шуда буд, бо омодагӣ гӯш медоданд.

 Оилаи Антуан дар бораи Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас аз тағояшон фаҳмид, ки ӯ соли 1924 аввалин бор ба вохӯрии онҳо рафта буд. Худи ҳамон сол дар шаҳраки Брюэ-ан-Артуа аввалин бор ба забони полшагӣ анҷуман баргузор гардид. Қариб баъди як моҳ ба ҳамон шаҳрак намояндаи идораи марказӣ — Ҷозеф Рутерфорд ташриф овард. Ба вохӯрии оммавие ки дар он ҷо баргузор гардид, 2000 нафар омад. Ба мардуми ҷамъомада, ки аксарияташ поляк буд, муроҷиат карда Рутерфорд чунин гуфт: «Яҳува шуморо барои он ба Фаронса овардааст, ки шумо ҳақиқатро шунавед! Ҳоло кор дар пеш аст ва Яҳува ҳатман коргарони дигарро мефиристад».

Дар ҳақиқат, ҳамин тавр ҳам шуд! Ин масеҳиёни поляк боғайратона дар кори мавъиза иштирок мекарданд, ҳамон тавре ки онҳо дар кон сахт меҳнат мекарданд. Баъзеи онҳо ба ватани худ баргаштанд, то дар бораи ҳақиқати қиматбаҳои фаҳмидаашон ба дигарон нақл кунанд. Теофил Пиасковски, Штепан Косиак ва Ян Забуда дар байни онҳое буданд, ки Фаронсаро тарк карда, барои паҳн кардани хушхабар ба Полша баргаштанд.

Лекин бисёр воизони дигари поляк дар Фаронса монданд ва дар он ҷо дар кори шогирдсозӣ ҳамроҳи бародару хоҳарони фаронсавиашон меҳнат мекарданд. Анҷумане ки соли 1926 дар Сен-ле-Нобл баргузор гардид ба забони фаронсавӣ ва полшагӣ гузашт. Ба қисми фаронсавии он 300 нафар омад, ба қисми полшагӣ бошад, 1000 нафар. Дар «Солнома»-и 1929 (англ.) чунин гуфта шуда буд: «Дар давоми ҳамин сол 332 нафар воизи поляк таъмид гирифт». Пеш аз сар шудани Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аз 84 ҷамъомади Фаронса 32-тоаш ба забони полшагӣ мегузашт.

Бародару хоҳарони поляк дар Фаронса ба анҷуман рафта истодаанд. Дар навиштаҷот «Шоҳидони Яҳува» гуфта шудааст

Соли 1947 бисёре аз Шоҳидони поляк даъвати ҳукумати Полшаро қабул карда ба ватани худ баргаштанд. Аммо ҳатто баъди рафтани воизони поляк самараи меҳнати онҳо ва бародарони фаронсавӣ дида шуд. Худи ҳамон сол афзоиши шумораи воизон дар Фаронса 10 фоизро ташкил дод. Аз соли 1948 то 1950 бошад, афзоиш 20, 23 ва 40 фоизро ташкил медод! Соли 1948 барои таълим додани ин воизони нав, филиали Фаронса аввалин нозирони ноҳиявиро таъин кард. Ҷолиби диққат аст, ки аз панҷ нозир чор нафараш поляк буд. Антуан Скалеки яке аз онҳо буд.

Дар Фаронса бисёре аз Шоҳидони поляк набераю аберагони он мавъизагарону заҳматкашони конҳои ангишт мебошанд. Чун дар он рӯзҳо имрӯз низ муҳоҷирони зиёд ҳақиқатро дар Фаронса мефаҳманд. Новобаста аз он ки ин воизон дар Фаронса меистанд ё ба ватани худ бармегарданд, онҳо мисли бародарони поляки худ хушхабарро бо ҷидду ҷаҳд паҳн мекунанд. (Аз хазинаи мо дар Фаронса.)