Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мо метавонем пок бимонем

Мо метавонем пок бимонем

«Дастҳои худро бишӯед... ва дилҳои худро пок кунед» (ЯЪҚ. 4:8).

1. Дар ин ҷаҳон ба покӣ чӣ гуна назар мекунанд?

ПОКӢ ё покдоманӣ дар ин ҷаҳон қадру қимат надорад. Дар бисёр мамлакатҳо ба ҳомосексуализм ва алоқаи ҷинсӣ байни шахсоне ки ҳамсар нестанд, чун ба як чизи муқаррарӣ менигаранд. Мавзӯи асосии филмҳо, китобҳо, сурудҳо ва рекламаҳо бадахлоқии ҷинсӣ аст (Заб. 11:9). Бадахлоқӣ чунон паҳн шудааст, ки шояд шумо гӯед: «Оё покии худро нигоҳ доштан имконпазир аст?» Мо дилпурона ҷавоб медиҳем: «Бале, бо ёрдами Яҳува мо метавонем покии худро нигоҳ дорем». (1 Таслӯникиён 4:3–5-ро бихонед.)

2, 3. а) Чаро мо бояд бо хоҳишҳои нодуруст мубориза барем? б) Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?

2 Лекин аввал хуб мебуд дарк кунем, ки барои аз ҷиҳати ахлоқӣ пок мондан, мо бояд бо хоҳишҳои нодуруст мубориза барем. Аз сабаби нокомилӣ мо ба бадахлоқӣ моилем, ҳамон тавре ки муш ба панири мушқапак майл дорад. Вақте ки дар сарамон фикрҳои бадахлоқона пайдо мешаванд, мо бояд дарҳол онҳоро дур кунем. Агар чунин накунем, хоҳишҳои бадахлоқона пурзӯртар мешаванд ва, агар имконият пайдо шавад, мо ба осонӣ ба гуноҳ даст зада  метавонем. Китоби Муқаддас дар ин бора мегӯяд: «Ҳавас ҳомила шуда, гуноҳро ба дунё меоварад» (Яъқуб 1:14, 15-ро бихонед.)

3 Хоҳишҳои нодуруст дар дил пайдо мешаванд, барои ҳамин мо бояд нисбати ин хоҳишҳо эҳтиёт бошем. Агар онҳоро дарҳол рад кунем, мо метавонем аз бадахлоқии ҷинсӣ ва оқибатҳои бади он эмин бошем (Ғал. 5:16). Дар ин мақола мо се чизеро дида мебароем, ки ба мо барои мубориза бурдан бо хоҳишҳои нодуруст ёрӣ мерасонанд: муносибати мо бо Яҳува, маслиҳати Каломи Ӯ ва кӯмаки масеҳиёни рӯҳан баркамол.

«БА ХУДО НАЗДИК ШАВЕД»

4. Чаро ба Яҳува наздик шудан муҳим аст?

4 Китоби Муқаддас ба онҳое ки ба Худо наздик шудан мехоҳанд, чунин мегӯяд: «Дастҳои худро бишӯед... ва дилҳои худро пок кунед» (Яъқ. 4:8). Агар хоҳем, ки Яҳува дӯсти беҳтаринамон бошад, мо мекӯшем, ки на танҳо корҳоямон ба Ӯ маъқул бошанд, балки фикрҳоямон низ. Агар фикрҳои мо пок бошанд, он гоҳ дили мо ҳам пок хоҳад буд (Заб. 23:3, 4; 50:8; Флп. 4:8). Дар ҳақиқат, Яҳува аз мо комилиятро талаб намекунад. Ӯ медонад, ки мо ба хоҳишҳои нодуруст майл дорем ва метавонем дар бораи чизҳои бадахлоқона фикр кунем. Аммо мо медонем, ки агар хоҳишҳои нодурустро инкишоф додан гирем, Яҳува аз ин ғамгин мешавад (Ҳас. 6:5, 6). Барои ҳамин мо ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, то фикрҳои худро пок нигоҳ дорем.

5, 6. Чӣ тавр дуо ба мо кӯмак мекунад, то бо хоҳишҳои бадахлоқона мубориза барем?

5 Агар мо дар дуо доимо аз Яҳува кӯмак пурсем, Ӯ дар мубориза бо фикрҳои бадахлоқона ба мо кӯмак мекунад. Вақте мо дар дуо ба Яҳува наздик мешавем, Ӯ низ ба мо наздик мешавад. Яҳува саховатмандона ба мо рӯҳи муқаддас медиҳад, то бо иродаи қавӣ бо фикрҳои бадахлоқона мубориза барем ва покии худро нигоҳ дорем. Мо дар дуо гуфта метавонем, ки мехоҳем фикрҳоямон ба Яҳува маъқул бошанд (Заб. 18:15). Мо фурӯтанона аз Ӯ мепурсем, ки моро имтиҳон карда бубинад, ки оё дар дили мо ягон хоҳиши нодурусте ҳаст, ки моро ба роҳи каҷ бурда метавонад (Заб. 138:23, 24). Оё шумо мунтазам аз Ӯ кӯмак мепурсед, то ҳангоми рӯбарӯшавӣ бо васвасаҳо барои нигоҳ доштани беайбӣ кӯмак кунад? (Мат. 6:13).

6 Пеш аз шиносоӣ бо Яҳува мо мумкин ба корҳое даст мезадем, ки ба Ӯ писанд набуданд ва ҳоло мо шояд бо хоҳишҳои нодуруст мубориза бурда истодаем. Лекин Яҳува ба мо кӯмак мекунад, ки дар ҳаётамон дигаргуниҳои лозима дарорем, то ба таври ба Ӯ писанд хизматашро ба ҷо орем. Шоҳ Довуд инро дарк мекард. Баъди бо Батшобаъ зино карданаш, ӯ аз Яҳува илтиҷо кард: «Дили поке дар ман биофарин ва рӯҳи дурусте дар ботинам нав бикун» (Заб. 50:12, 14). Пас, агар он хоҳишҳо дар мо реша давонда бошанд, Яҳува метавонад ба мо кӯмак кунад, то дар мо хоҳиши сахти ба Ӯ итоат кардан пайдо шавад. Яҳува ба мо ёрӣ мерасонад, то фикрҳои нодурустро идора кунем (Заб. 118:133).

Агар хоҳиши нопок дар дили мо реша давонад, мо бояд онро дарҳол решакан кунем (Ба сархати 6 нигаред.)

«ИҶРОКУНАНДАГОНИ КАЛОМ» БОШЕД

7. Чӣ тавр Каломи Худо ба мо кӯмак мекунад, ки фикрҳои бадахлоқонаро аз сар дур созем?

7 Яҳува метавонад ба дуоҳои мо ба воситаи Каломаш — Китоби Муқаддас ҷавоб диҳад. Хираде ки дар Каломи Худо мебошад, «аввалан пок аст» (Яъқ. 3:17). Вақте ки мо ҳар рӯз Китоби Муқаддасро мехонем, мо ақламонро бо фикрҳои пок пур мекунем (Заб. 18:8, 12; 118:9, 11). Ҳамчунин дар Китоби  Муқаддас намунаҳо ва огоҳиҳое ҳастанд, ки ба мо барои мубориза бурдан бо фикрҳову хоҳишҳои бадахлоқона кӯмак мекунанд.

8, 9. а) Барои чӣ як ҷавон бо зани фоҳиша зино кард? б) Мо имрӯз намунаи огоҳкунандаи дар боби 7-уми Масалҳо навишташударо дар кадом вазъиятҳо ба кор бурда метавонем?

8 Дар Масалҳо 5:8 мо мехонем: «Роҳи худро аз вай [зани зинокор] дур соз ва ба дари хонаи вай наздик нашав». Аз боби 7-уми китоби Масалҳо мо дар бораи як ҷавоне мехонем, ки шабона аз назди хонаи зани зинокор мегузашт. Ҳама ҷо торик буд. Дар гӯшаи кӯча аз пеши ӯ зане мебарояд, ки чун фоҳиша либос пӯшида буд. Ин зан ӯро ба оғӯш мегирад ва мебӯсад. Зан ба ҷавон суханонеро мегӯяд, ки дар ӯ хоҳиши нодурустро бедор мекунанд. Ӯ бо ин хоҳишҳо мубориза намебарад ва дар натиҷа ба зино даст мезанад. Равшан аст, ки ин ҷавон ба ин кор даст заданӣ набуд. Ӯ аз сабаби бетаҷрибагӣ ва норасоии дурандешӣ ин корро кард. Бо вуҷуди ин ҷавон оқибати бади рафторашро чашид. Кошки ӯ худро аз он зан дур мегирифт! (Мас. 7:6–27).

9 Агар дар бораи оқибати рафторамон фикр накунем, мо низ метавонем мисли он ҷавон қарори нодуруст қабул кунем. Масалан, шабона дар баъзе барномаҳои телевизионӣ чизҳои  бадахлоқона нишон медиҳанд. Барои ҳамин хеле хатарнок мебуд, агар мо танҳо аз рӯи кунҷкобӣ барномаҳоро гузарондан гирем. Ҳамчунин хатарнок мебуд, агар мо ишораи ҳар гуна навиштаҷоти ношиноси интернетиро зер мекардем ё аз чатҳо ва сайтҳои интернетӣ, ки бадахлоқии ҷинсиро ташвиқ мекунанд ва ё ишора ба порнография доранд, истифода мебурдем. Дар чунин вазъиятҳо чизе ки мо мебинем, метавонад дар мо хоҳиши бадахлоқонаро бедор кунад, ин бошад, моро ба беитоатӣ ба Яҳува тела медиҳад.

10. Чаро бозӣ кардан бо ҳиссиёти шахсе ки ҳамсарамон нест ё шахсе ки ба ӯ оиладор шуданӣ нестем, хатарнок аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

10 Китоби Муқаддас ҳамчунин маслиҳат медиҳад, ки марду зан бояд нисбати якдигар чӣ гуна муносибат кунанд. (1 Тимотиюс 5:2-ро бихонед.) Масеҳиён ба шахсе ки ҳамсарашон нест ё шахсе ки бо ӯ оиладор шуданӣ нестанд, таваҷҷӯҳи нораво зоҳир намекунанд. Онҳо бо ҳиссиёти дигарон бозӣ намекунанд. Шояд баъзеҳо фикр мекунанд, ки агар онҳо бо имову ишора, ҳаракати бадан ва нигоҳи худ бо касе ишқбозӣ кунанд, ин зараре надорад, чунки онҳо ба якдигар даст намерасонанд. Лекин зоҳир кардани чунин таваҷҷӯҳ нисбати ҷинси муқобил ё ҷавоб додан ба он метавонад дар сари мо фикрҳои нопокро пайдо кунад ва моро ба содир кардани бадахлоқии ҷинсӣ тела диҳад. Пештар чунин ҳолатҳо рӯй дода буданд ва ҳоло ҳам рӯй дода метавонанд.

11. Мо аз намунаи Юсуф чӣ меомӯзем?

11 Юсуф барои мо намунаи хуб гузоштааст. Зани Фӯтифар сахт мехост, ки Юсуф бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кунад. Юсуф хоҳиши зани оғояшро рад мекард, лекин зан ором намешуд. Ҳар рӯз ӯ ба Юсуф фишор меовард, ки бо ӯ ҳамхоб шавад (Ҳас. 39:7, 8, 10). Як олими Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки зани Фӯтифар умед дошт, ки агар онҳо танҳо монанд, Юсуф худаш бо ӯ ҳамхоб шудан мехоҳад. Юсуф бо иродаи қавӣ хоҳишҳои зани оғояшро рад кард ва бо ҳиссиёти ӯ бозӣ накард. Юсуф дар дили худ хоҳишҳои нодурустро инкишоф надод. Вақте зан аз либоси Юсуф дошта бо зӯрӣ бо ӯ ҳамхоб шуданӣ буд, Юсуф дарҳол «ҷомаи худро дар дасти вай монда, давид ва берун рафт» (Ҳас. 39:12).

12. Мо аз куҷо медонем, ки чизе ки мо мебинем, ба диламон таъсир карда метавонад?

12 Исо огоҳ кард, ки чизе ки мо мебинем, метавонад ба дили мо таъсир расонад ва дар мо хоҳишҳои нопокро пайдо кунад. Ӯ гуфт: «Ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ карданро давом диҳад, аллакай дар дили худ бо вай зино кардааст» (Мат. 5:28, ТДН). Маҳз ин чиз бо шоҳ Довуд рӯй дода буд. «[Довуд] аз болои бом занеро дид, ки шустушӯ мекунад; ва ин зан бағоят хушлиқо буд» (2 Подш. 11:2). Ӯ чашмашро аз зан наканд ва фикру диққаташро ба тарафи дигар равона накард. Дар натиҷа дар дили ӯ нисбати зани марди дигар хоҳиши нопок пайдо шуд ва ӯро ба зино тела дод.

13. Чаро мо бояд бо чашмонамон аҳд бандем ва чӣ тавр?

13 Агар мо хоҳем, ки фикрҳои нопокро аз сарамон дур кунем, мо бояд ба намунаи Айюб пайравӣ намоем. Ӯ гуфта буд: «Бо чашмони худ аҳд бастаам» (Айюб 31:1, 7, 9). Мисли Айюб мо метавонем қарор диҳем, ки ҳеҷ гоҳ ба сарамон нисбати ягон шахсе ки мебинем, фикри нопокро роҳ надиҳем. Агар мо дар экрани компютер, стенди таблиғотӣ, маҷалла ё ягон ҷои дигар тасвири бадахлоқонаро бинем, мо бояд дарҳол нигоҳамонро аз он дур кунем.

14. Барои пок мондан мо бояд чӣ кор кунем?

14 Ин мақоларо хонда шояд шумо дарк кунед, ки барои мубориза бурдан  бо хоҳишҳои нопок шахсан шумо бояд чӣ кор кунед. Агар ба шумо ягон дигаргунӣ даровардан лозим ояд, ин корро бетаъхир кунед! Вақте шумо ба маслиҳати Каломи Худо гӯш медиҳед, шумо метавонед аз бадахлоқии ҷинсӣ дур бошед ва покии худро нигоҳ доред. (Яъқуб 1:21–25-ро бихонед.)

БА ПИРОН МУРОҶИАТ КУНЕД

15. Агар ба мо мубориза бурдан бо хоҳишҳои нодуруст душвор бошад, чаро кӯмак пурсидан муҳим аст?

15 Агар ба шумо мубориза бурдан бо хоҳишҳои нодуруст душвор бошад, ба ягон масеҳии баркамол, ки аз Каломи Худо маслиҳати хуб дода метавонад, муроҷиат кунед. Албатта, дар бораи чунин масъалаи нозук бо каси дигар гап задан осон нест, лекин мо бояд аз ҳамимонон кӯмак пурсем (Мас. 18:1; Ибр. 3:12, 13). Масеҳиёни баркамол ба шумо ёрдам мекунанд, ки дигаргуниҳои лозима дароред. Ба туфайли ин мо бо Яҳува муносибатҳои наздикро нигоҳ медорем.

16, 17. а) Чӣ тавр пирон ба касоне ки бо хоҳишҳои нопок мубориза мебаранд, кӯмак карда метавонанд? Фаҳмонед. б) Чаро касоне ки порнография тамошо мекунанд, бояд дарҳол аз дигарон кӯмак пурсанд?

16 Яҳува пирони ҷамъомадро барои кӯмак кардан ба мо таъин кардааст. (Яъқуб 5:13–15-ро бихонед.) Дар давоми солҳои зиёд ҷавоне аз Бразилия дар мубориза бо хоҳишҳои нодуруст душворӣ мекашид. Ӯ мегӯяд: «Ман медонистам, ки фикрҳои ман ба Яҳува маъқул нестанд, лекин шарм мекардам, ки бо дигарон дар бораи ҳиссиётам гап занам». Як пире аз ҷамъомади ӯ фаҳмид, ки ин ҷавон ба кӯмак ниёз дорад ва ӯро ташвиқ кард, ки ёрдами пиронро қабул кунад. Ин ҷавон мефаҳмонад: «Ман аз он ки пирони ҷамъомад бо ман меҳрубон буданд, ҳайрон шудам. Онҳо бо ман хеле ҳамдард ва меҳрубон буданд ва ман фикр кардам, ки сазовори чунин муносибат нестам. Пирон маро бодиққат гӯш карданд. Онҳо Китоби Муқаддасро истифода бурда маро боварӣ бахшиданд, ки Яҳува маро дӯст медорад ва ҳамроҳам дуо гуфтанд. Ба туфайли ин қабул кардани маслиҳатҳои Китоби Муқаддас, ки онҳо ба ман доданд, бароям осонтар шуд». Баъди гузаштани солҳо, вақте муносибати он бародар бо Яҳува мустаҳкамтар шуд, ӯ чунин гуфт: «Ман дарк кардам, ки то чӣ андоза беҳтар аст, ки аз дигарон кӯмак пурсем, ба ҷои он ки бори вазнинамонро дар танҳоӣ бардорем».

17 Агар тамошои порнография ба шумо одат шуда бошад, дарҳол аз дигарон кӯмак пурсед. Агар ин корро ба қафо партоед, хатари содир кардани бадахлоқии ҷинсӣ зиёдтар мешавад. Гуноҳи кардаи мо ҳам ба дигар одамон зарар мерасонад ва ҳам ба номи поки Яҳува доғ меорад. Бисёриҳо аз пирон кӯмак пурсиданд ва маслиҳати онҳоро ба кор бурданд, чунки мехостанд дар ҷамъомади масеҳӣ бимонанд ва дили Яҳуваро шод гардонанд (Яъқ. 1:15; Заб. 140:5; Ибр. 12:5, 6).

БО АЗМИ ҚАВӢ ПОКИИ ХУДРО НИГОҲ ДОРЕД!

18. Шумо чӣ гуна азми қавӣ доред?

18 Ҷаҳони Шайтон рӯз аз рӯз аз ҷиҳати ахлоқ бадтару бадтар шуда истодааст. Ходимони Яҳува бошанд, доимо мекӯшанд, ки ақлу дили худро пок нигоҳ доранд. Яҳува, бешубҳа, аз чунин хизматгоронаш фахр мекунад. Пас, биёед ба Яҳува наздик бимонем ва ба роҳбарии Ӯ, ки ба воситаи ҷамъомад ва Каломаш медиҳад, гӯш диҳем. Агар мо чунин кунем, хушбахт мешавем ва виҷдонамонро пок нигоҳ медорем (Заб. 118:5, 6). Дар оянда Шайтон нест карда мешавад ва дунё аз таъсири бади вай халос мешавад. Он вақт мо аз зиндагии ҷовидона баҳра хоҳем бурд!