Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба касе ки ҳаёти ҷовидониро ваъда додааст, пайравӣ кунед

Ба касе ки ҳаёти ҷовидониро ваъда додааст, пайравӣ кунед

«Чун фарзандони маҳбуб ба Худо тақлид намоед» (ЭФС. 5:1).

1. Кадом қобилият ба мо кӯмак менамояд, то ба Яҳува пайравӣ кунем?

ЯҲУВА ба мо қобилият додааст, ки худро ба ҷои дигарон гузорем. Мо ҳатто он вазъиятеро ки аз сари худамон нагузаштааст, тасаввур карда метавонем. (Эфсӯсиён 5:1, 2-ро бихонед.) Чӣ тавр мо ин атои Яҳуваро бохирадона ба кор бурда метавонем? Чаро мо бояд дар истифода бурдани он боэҳтиёт бошем?

2. Яҳува нисбати ранҷу азоби мо чӣ гуна менигарад?

2 Мо, албатта, хурсандем, ки Яҳува ба тадҳиншудагони содиқ ҳаёти бепоён дар осмонро ваъда додааст, ба «гӯсфандони дигар» бошад, ҳаёти ҷовидона дар рӯи заминро (Юҳ. 10:16; 17:3; 1 Қӯр. 15:53). Лекин аз донистани он ки моро ояндаи дурахшон интизор аст, дарду ранҷи мо кам намешавад. Аммо бояд дар хотир дошт, ки Яҳува аз дарду ранҷи мо огоҳ аст. Масалан, дар замонҳои пеш Яҳува аз азобу уқубате ки исроилиён дар Миср аз сар мегузарониданд, бохабар буд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «дар ҳар тангии онҳо Ӯ дилсӯзӣ  мекард» (Иш. 63:9). Асрҳо пас, вақте яҳудиён маъбадро барқарор мекарданд, душманонашон мекӯшиданд, ки онҳоро тарсонанд. Худо ҳиссиёти онҳоро фаҳмида гуфт: «Ҳар кӣ ба шумо даст расонад, ба мардумаки чашми ман даст расонда бошад» (Зак. 2:8, ТДН). Чи тавре ки модар фарзанди ҷигарбанди худро дӯст медорад, ҳамин тавр Яҳува нисбати ҳар як хизматгораш меҳру муҳаббат дорад (Иш. 49:15). Чӣ тавр мо ба муҳаббати Яҳува пайравӣ карда метавонем? Вақте кӯшиш мекунем, ки вазъияти дигаронро фаҳмем ва худро дар ҷои онҳо тасаввур кунем (Заб. 102:13, 14).

ИСО БА МУҲАББАТИ ЯҲУВА ПАЙРАВӢ МЕКАРД

3. Чӣ нишон медиҳад, ки Исо нисбати одамон дилсӯз буд?

3 Исо дарди дигаронро ҳис мекард, ҳатто он ҳолатҳоеро ки худаш аз сар нагузаронида буд. Масалан, одамон аз роҳбарони дин доимо дар тарсу ҳарос буданд. Онҳо мардумро фиреб медоданд ва аз худашон ҳар гуна қонуну қоидаҳо мебароварданд (Мат. 23:4; Марқ. 7:1–5; Юҳ. 7:13). Исо бошад, аз роҳбарони дин наметарсид ва фирефтаи дурӯғи онҳо нашуда буд. Лекин ба ин нигоҳ накарда ӯ вазъияти мардумро мефаҳмид. Аз ин рӯ вақте Исо анбӯҳи мардумро дид, «ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо мисли гӯсфандони бе чӯпон бемадор ва пароканда буданд» (Мат. 9:36). Ба монанди Падари худ Исо меҳрубон ва ҳамдард буд (Заб. 102:8).

4. Дидани азоби дигарон ба Исо чӣ гуна таъсир мекард?

4 Вақте Исо азоби одамонро медид, ӯ аз муҳаббат ба онҳо кӯмак мекард. Бо ин ӯ муҳаббати Падарашро комилан инъикос мекард. Масалан, рӯзе Исо ва ҳаввориёнаш тамоми рӯз мавъиза карданд. Онҳо дар охири рӯз хаста шуданд ва ба истироҳат ниёз доштанд. Лекин он вақт Исо мардуми зиёдеро дид, ки ӯро интизор буд. Ӯ мефаҳмид, ки онҳо ба ёрдамаш мӯҳтоҷанд, аз ин рӯ нигоҳ накарда ба хастагиаш «онҳоро бисёр таълим додан гирифт» (Марқ. 6:30, 31, 34).

БА МУҲАББАТИ ЯҲУВА ПАЙРАВӢ КУНЕД

5, 6. Барои ба муҳаббати Худо пайравӣ кардан мо бояд бо дигарон чӣ гуна муносибат кунем? Фаҳмонед. (Ба расми аввали мақола нигаред.)

5 Чӣ бояд кард, то мисли Яҳува меҳрубон бошем? Масалан, масеҳии ҷавонеро, ки номашро шартан Анушервон мегӯем, тасаввур кунед. Ӯ дар бораи бародари пиронсоле ки нағз роҳ гашта наметавонаду чашмонаш хира шудаанд, фикр мекунад. Анушервон дар бораи суханони зерини Исо фикр мекунад: «Чӣ тавре аз мардум мехоҳед, ки ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед» (Луқ. 6:31). Сипас Анушервон аз худ мепурсад: «Ман мехоҳам, ки дигарон бо ман чӣ гуна рафтор кунанд?» Ва ӯ ростқавлона ҷавоб медиҳад: «Ман мехоҳам, ки онҳо ҳамроҳам баскетбол бозӣ кунанд!» Лекин бародари пиронсол наметавонад ҳамроҳи ӯ баскетбол бозӣ кунад. Барои ҳамин Анушервон бояд ба худ саволи дигаре диҳад: «Агар ман ба ҷои каси дигар мебудам, чӣ гуна рафторро аз дигарон интизор мешудам?»

6 Гарчанд Анушервон пиронсол нест, ӯ кӯшиш мекунад, ки ҳолати пиронсолонро тасаввур кунад. Ӯ бо бародари пиронсол вақт мегузаронад ва вақте бародар дар бораи ғаму ташвишаш гап мезанад, ӯ бодиққат гӯш мекунад. Бо гузашти вақт Анушервон ҳолати бародари пиронсолро бештар дарк мекунад. Ӯ мефаҳмад, ки ба бародар ҳатто хондани Китоби Муқаддас ё хона ба хона мавъиза кардан душвор аст. Вақте Анушервон дарди бародари пиронсолро ҳис мекунад, ӯ мефаҳмад, ки ба бародар чӣ гуна кӯмак лозим аст ва дар ӯ хоҳиш пайдо мешавад, ки ба вай дасти ёрӣ дароз кунад. Ҳар яки мо низ мисли Анушервон рафтор карда метавонем. Барои ба муҳаббати Худо пайравӣ кардан мо бояд худро ба ҷои ҳамимононамон гузорем (1 Қӯр. 12:26).

Ба муҳаббати Яҳува пайравӣ кунед (Ба сархати 7 нигаред.)

7. Чӣ тавр мо дарди дигаронро ҳис карда метавонем?

 7 Албатта, дарди дигаронро фаҳмидан ва ба онҳо ҳамдардӣ зоҳир кардан на ҳама вақт осон аст, хусусан агар мо бо душвории онҳо тамоман шинос набошем. Баъзеҳо аз сабаби ягон захму ҷароҳат, беморӣ ё синну сол азоб мекашанд. Дигарон бошанд, аз сабаби истеъмоли зиёди доруҳо, депрессия ё ғаму ташвиш ранҷ мебаранд. Баъзеи дигар чун волиди танҳо фарзанд ба воя мерасонанд ё ки аъзои оилаашон Шоҳиди Яҳува нест. Ҳар як кас душвориҳои худашро дорад ва аксар вақт онҳо аз душвориҳои мо фарқ мекунанд. Барои ҳамин ҳар шахс ба ҳар хел кӯмак ниёз дорад. Ба дарди дили одам бодиққат гӯш дода мо мефаҳмем, ки чӣ тавр ба ӯ кӯмак кунем. Шояд мо ба ӯ хотиррасон намоем, ки Яҳува нисбати ӯ чӣ ҳис мекунад ва ё бо ягон тарз бори ӯро сабук гардонем. Ҳамин тавр мо ба Яҳува пайравӣ мекунем. (Румиён 12:15; 1 Петрус 3:8-ро бихонед.)

БА МЕҲРУБОНИИ ЯҲУВА ПАЙРАВӢ КУНЕД

8. Чӣ ба Исо кӯмак мерасонд, ки меҳрубон бошад?

8 Исо гуфт: «Ҳаққи Таоло... ба носипосон ва бадон меҳрубон аст» (Луқ. 6:35). Дар ҳақиқат, Исо ба меҳрубонии Худо пайравӣ мекард. Чӣ ба Исо кӯмак мекард, ки ҳангоми дар замин буданаш бо одамон меҳрубон бошад? Ӯ дар бораи он меандешид, ки ба дигарон ягон рафтор ё гуфтори ӯ чӣ гуна таъсир мекунад. Масалан, зане ки бо корҳои бад машғул буд, назди Исо омада дар пеши пойҳои ӯ зор-зор гирист. Исо фаҳмид, ки ин зан аз кардааш сахт пушаймон аст. Ӯ ҳамчунин медонист, ки агар он занро рад кунад, ӯ дилшикаста мешавад. Барои ҳамин ӯ занро таъриф кард ва гуноҳҳояшро бахшид. Фарисие ки дар наздаш нишаста буд, аз ин кори Исо норозӣ шуд. Исо бошад, бо ин мард низ меҳрубонона гап зад (Луқ. 7:36–48).

9. Чӣ ба мо кӯмак расонда метавонад, ки ба меҳрубонии Худо пайравӣ кунем? Мисол оред.

9 Чӣ тавр мо ба монанди Яҳува меҳрубон буда метавонем? Павлуси ҳавворӣ навишта буд: «Бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад, балки бо ҳама меҳрубон... бошад» (2 Тим. 2:24). Шахси боадаб ва хушмуомила пай мебарад, ки дар вазъиятҳои нозук чӣ гуна рафтор кунад, то дигаронро наранҷонад. Масалан, фикр кунед, ки дар вазъиятҳои зерин чӣ тавр хушмуомила буда метавонед: дар ҷои кор раиси шумо кори худро хуб иҷро намекунад. Чӣ тавр шумо рафтор мекунед? Ё ин ки бародаре дар тӯли чанд моҳ бори аввал ба ҷамъомад ташриф оварда истодааст. Шумо ба ӯ чӣ мегӯед? Дар хизмат соҳибхона ба шумо чунин ҷавоб медиҳад: «Ҳозир ман банд ҳастам ва барои бо шумо гап задан вақт надорам». Чӣ тавр шумо бо ӯ хушмуомила буда метавонед? Дар хона ҳамсаратон аз шумо мепурсад: «Барои чӣ ба ман нагуфтӣ, ки рӯзи шанбе чӣ кор карданӣ ҳастӣ?» Оё шумо бо меҳрубонӣ ба ӯ ҷавоб медиҳед? Хуб мебуд, ки худро ба ҷои дигарон гузорем ва биандешем, ки чӣ тавр суханони мо ба онҳо таъсир мекунанд. Дар ин ҳолат мо дарк мекунем, ки дар ҳамон лаҳза чӣ гӯем ё чӣ кор кунем. Бо чунин рафторамон мо ба меҳрубонии Яҳува пайравӣ менамоем. (Масалҳо 15:28-ро бихонед.)

БА ХИРАДУ ДУРАНДЕШИИ ХУДО ПАЙРАВӢ КУНЕД

10, 11. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба хирадмандиву дурандешии Яҳува пайравӣ кунем? Мисол оред.

10 Яҳува хирадманд ва дурандеш аст ва, агар хоҳад, метавонад ҳатто ояндаро бинад. Албатта, мо ба монанди Яҳува ояндаро пешбинӣ карда наметавонем, лекин мо метавонем дурандеш бошем. Ба туфайли ин мо мефаҳмем, ки ин ё он амали мо ба чӣ оварда мерасонад. Дар ин маврид мо намехоҳам мисли исроилиён рафтор кунем. Онҳо наандешиданд, ки беитоатиашон ба чӣ оварда мерасонад. Онҳо  дар бораи муносибатҳои бо Яҳува доштаашон ва ҳама корҳое ки Ӯ барояшон карда буд, фикр накарданд. Мусо, ки рӯҳияи онҳоро дарк мекард, медонист, ки онҳо оқибат ба кори баде даст мезананд. Аз ин рӯ гуфт: «Онҳо халқи бемулоҳизаанд ва фаҳме надоранд. Кошки соҳибақл буда, дар ин хусус мулоҳиза мекарданд ва чигунагии оқибати худро мефаҳмиданд» (Такр. Ш. 31:29, 30; 32:28, 29).

11 Барои ба хирадмандиву дурандешии Яҳува пайравӣ кардан, хуб мебуд, ки мо дар бораи оқибати рафтори худ мулоҳиза кунем. Масалан, вақте шумо бо касе мулоқот мекунед, дар хотир дошта бошед, ки майлу хоҳиши ҷинсии худро дар чунин маврид идора кардан осон нест. Барои ҳамин ҳеҷ гоҳ кореро накунед, ки муносибати қиматбаҳои бо Яҳува доштаатонро зери хатар гузорад. Кӯшиш кунед, ки аз рӯи маслиҳати хирадмандонаи Яҳува амал кунед: «Шахси бофаросат мусибатро мебинад ва пинҳон мешавад; вале содадилон гузашта мераванд ва ҷазо меёбанд» (Мас. 22:3).

ФИКРҲОИ ЗАРАРНОКРО АЗ ХУД ДУР СОЗЕД

12. Чӣ тавр фикру хаёламон ба мо зарар расонда метавонанд?

12 Одами хирадманд дарк мекунад, ки фикру хаёл ба монанди оташ аст. Масалан, агар мо онро барои пухтани хӯрок истифода барем, он ба мо фоида оварда метавонад. Лекин, агар мо эҳтиёт накунем, оташ аланга зада хона ва ҳама одамони дар он бударо сӯзонда метавонад. Ҳамин тавр агар мо фикру хаёл ё тасаввуроти худро барои пайравӣ кардан ба Яҳува истифода барем, он фоида меорад. Лекин агар мо дар майнаи худ фикрҳои нопокро парварем, ин хатарнок буда метавонад. Масалан, агар мо пайваста дар бораи бадахлоқии ҷинсӣ фикр кунем ва дар фикру хаёламон доимо ба ин корҳо даст занем, мо ба кардани чунин корҳо бештар моил мегардем. Як рӯз не як рӯз мо дар хаёл неву дар ҳақиқат чунин гуноҳро содир карда метавонем. Ин хеле хатарнок аст, чунки ба дӯстии мову Яҳува хотима бахшида метавонад! (Яъқуб 1:14, 15-ро бихонед.)

13. Дар сари Ҳавво чӣ хаёле пайдо шуд?

13 Аз намунаи огоҳкунандаи зани аввалин — Ҳавво мо барои худ дарси муҳиме гирифта метавонем. Яҳува ба ӯ ва шавҳараш амр фармуда буд, ки аз «дарахти маърифати неку бад» нахӯранд (Ҳас. 2:16, 17). Лекин Шайтон ба ӯ гуфт: «Не, нахоҳед мурд; балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд». Ҳавво «дид, ки он дарахт барои хӯрок хуб аст ва назаррабост». Оқибат чӣ шуд? Вай «аз меваи он гирифта, хӯрд; ва ба шавҳари худ низ дод, ва ӯ хӯрд» (Ҳас. 3:1–6). Суханони Шайтон кунҷкобии ӯро бедор карданд. Ҳавво тасаввур кард, ки ҳаёташ  беҳтар мешавад, агар худаш қарор барорад, ки чӣ барояш хуб асту чӣ бад. Чӣ оқибати баде овард ин рафтори ӯ! Дар натиҷа «гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот [марг] омад» (Рум. 5:12).

14. Китоби Муқаддас оиди бадахлоқии ҷинсӣ ба мо чӣ огоҳӣ медиҳад?

14 Албатта, гуноҳе ки Ҳавво содир кард, бадахлоқии ҷинсӣ набуд. Лекин Китоби Муқаддас моро огоҳ месозад, ки дар бораи бадахлоқии ҷинсӣ фикру хаёл накунем. Исо гуфт: «Ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад» (Мат. 5:28). Ҳамчунин Павлус огоҳ карда буд: «Дар фикри қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисм набошед» (Рум. 13:14, ТДН).

15. Чӣ гуна ганҷҳоро мо бояд ғун кунем ва барои чӣ?

15 Ҳамчунин боз як хатари дигар вуҷуд дорад. Китоби Муқаддас ба мо маслиҳат медиҳад, ки фикру хаёламонро бештар на ба бою бадавлат шудан, балки ба шод гардонидани дили Яҳува равона созем. Дар Навиштаҳо оиди шахси сарватманд хуб қайд карда шудааст, ки молу мулки доштааш «дар хаёли ӯ мисли ҳисори баланд аст» (Мас. 18:11). Исо масале овард, то ки ҳолати ғамангези шахсеро ки «барои худ ганҷҳо ғун мекунад, вале пеши Худо сарвате надорад», нишон диҳад (Луқ. 12:16–21). Вақте мо «барои худ ганҷҳо дар осмон» ғун мекунем ва корҳоеро мекунем, ки ба Яҳува писанданд, ҳам худамон шод мешавем ва ҳам Ӯро шод мегардонем (Мат. 6:20; Мас. 27:11). Муносибати хуб бо Яҳува аз ҳама чизи дунё қиматтар аст!

БИСЁР ҒАМ НАХӮРЕД

16. Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки бори ғаму ташвиши худро сабук кунем?

16 Агар кӯшиш кунем, ки дар ин ҷаҳон бой шавем, ин ба сари мо ғаму ташвиши бисёре оварда метавонад (Мат. 6:19). Исо гуфт, ки ҳар кӣ доимо дар бораи бою бадавлат шудан фикр мекунад, барояш дар ҷои аввал гузоштани Салтанати Худо душвор мегардад (Мат. 13:18, 19, 22). Баъзе одамон доимо дар бораи он фикр мекунанд, ки бо онҳо ягон воқеаи нохуше рӯй дода метавонад. Лекин агар шахс аз ҳад зиёд ғаму ташвиш хӯрад, ин ба ӯ ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳонӣ зарар карда метавонад. Пас, биёед ба Яҳува такя кунем ва фаромӯш насозем, ки «ғуссаи дили одам ӯро фишор медиҳад, вале сухани меҳрубонона ӯро хурсанд мекунад» (Мас. 12:25). Агар шумо ғаму ташвиш дошта бошед, бо шахсе ки ба Яҳува хизмат мекунад ва шуморо хуб мешиносад, гап занед. Падару модар, ҳамсар ё дӯсти наздикатон метавонад бори ғами шуморо сабук гардонад ва шуморо барангезад, ки ба Яҳува такя кунед.

17. Чӣ тавр Яҳува ба мо кӯмак мекунад, ки бо ғаму ташвиш мубориза барем?

17 Ҳеҷ кас ғаму ташвиши моро аз Яҳува беҳтар намефаҳмад. Павлуси ҳавворӣ навишта буд: «Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед,— ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт» (Флп. 4:6, 7). Дар бораи шахсоне фикр кунед, ки моро аз зарари рӯҳонӣ муҳофизат карда метавонанд: ҳамимонон, пирон, ғуломи мӯътамад, фариштагон, Исо ва худи Яҳува.

18. Истифода бурдани тасаввуротамон ба мо чӣ манфиат оварда метавонад?

18 Чи хеле ки дидем, агар мо худро ба ҷои дигарон гузорем, мо ба Яҳува пайравӣ мекунем, хусусан ба муҳаббати Ӯ (1 Юҳ. 4:8; 1 Тим. 1:11). Агар мо муҳаббати ҳақиқӣ зоҳир кунем, дар бораи оқибати корҳои худ фикр кунем ва бо ғаму ташвиш, ки хурсандии моро медуздад, мубориза барем, мо хушбахт буда метавонем. Барои ҳамин биёед қобилияти худододи худро истифода бурда ояндаи олиҷаноби худро тасаввур кунем ва ба хислатҳои Яҳува пайравӣ намоем (Рум. 12:12).