Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Дэйвид ва Гвен Картрайт ҳамроҳ мавъиза карда истодаанд

Дэйвид ва Гвен Картрайт ҳамроҳ мавъиза карда истодаанд

ВАҚТЕ ману Гвен панҷсола будем, мо ба омӯхтани санъати рақс сар кардем. Он замон мо ҳанӯз бо якдигар вонахӯрда будем. Ба воя расида ҳардуямон рақси балетро пеша кардем. Лекин вақте ба қуллаи баланди касбӣ расидем, мо аз баҳри ҳама чиз баромадем. Чаро мо чунин қарор қабул кардем?

Дэйвид: Ман соли 1945 дар вилояти Шропшири Англия ба дунё омадам. Мо дар деҳаи тинҷу ороме зиндагӣ мекардем, ки он ҷо падарам ферма дошт. Баъди дарс ман ба мурғҳо дон медодам ва тухми онҳоро ҷамъ мекардам. Ҳамчунин ман гову гӯсфандонро бонӣ мекардам. Ҳангоми таътил ман дар ҳосилғундорӣ ёрӣ медодам, баъзан бошад, тракторҳоямонро мерондам.

Он замон дар ман як шавқи пурзӯре пайдо шуд. Падарам пай бурд, ки ман аз хурдсолӣ ҳар гоҳе ки садои мусиқиро мешунидам, ба рақс медаромадам. Барои ҳамин вақте панҷсола шудам, падарам ба модарам гуфт, ки маро ба мактаби рақс супорад. Азбаски муаллимам фикр мекард, ки аз ман раққоси хуби балет мебарояд, ӯ ба ман рақси балетро меомӯзонд. Дар синни 15-солагиам ман ба Мактаби Шоҳии Балети Лондон дохил шудам. Дар он ҷо ман бо Гвен вохӯрдам ва мо як ҷуфти рақсиро ташкил медодем.

Гвен: Ман соли 1944 дар шаҳри серғавғои Лондон ба дунё омадам. Вақте духтарчаи хурдсол будам, ман ба Худо имони чуқур доштам ва кӯшиш мекардам, ки Китоби Муқаддасро хонам, аммо он бароям душворфаҳм буд. Аз ин пеш, дар синни панҷсолагиам ман ба дарси рақс мерафтам. Шаш сол пас ман дар як озмуне ки дар он раққосон аз тамоми гӯшаю канори Британия иштирок мекарданд, ғолиб баромадам. Ғолибони ин озмун имконият пайдо мекарданд, ки дар Мактаби Шоҳии Балет таҳсил кунанд. Ин озмун дар Хонаи Сафед –– қасри зебои гурҷӣ дар боғи Ричмонд, ки дар як канори Лондон ҷойгир аст, воқеъ буд. Ман он ҷо таҳсил мегирифтам ва ҳамчунин аз устодони номдор рақси балетро меомӯхтам. Дар синни 16-солагӣ ман донишҷӯи курси болоии Мактаби Шоҳии Балет шудам, ки он дар маркази Лондон воқеъ буд. Он вақт ман бо Дэйвид вохӯрдам. Баъди якчанд моҳ мо якҷоя дар театри Шоҳии опера, ки дар маҳалли Ковент-Гадени Лондон ҷойгир аст, баромад карданро сар кардем.

Ҳангоме ки мо бо балет машғул будем, барои рақсидан дар тамоми дунё мегаштем

Дэйвид: Бале, чи тавре ки Гвен гуфт, ба туфайли касбамон мо дар театри машҳури Шоҳии опера ва Фестивал-балети Лондон (ҳоло Балети миллӣ) баромад кардем. Яке аз устодони балет дар Вуппертал (Олмон) ширкати байналхалқӣ ташкил кард. Ӯ моро чун раққосони якка интихоб кард ва мо ҳамроҳи ӯ рафтем. Мо имконият доштем, ки дар театрҳои ҷаҳон ҳамроҳи чунин шахсони машҳур ба монанди Маргот Фотейн ва Рудолф Нуреев баромад кунем. Чунин ҳаёт моро мағрур гардонд ва мо худро ба касбамон бахшида будем.

Гвен: Ман худро пурра ба рақс бахшида будам. Ману Дэйвид сахт мехостем, ки ба қуллаҳои  баланди касбӣ бирасем. Албатта, ба ман соядаст пурсидани тамошобинон, гулдастаҳо ва садои қарсакзании онҳо хурсандӣ мебахшид. Мисли дигар ҳунармандони театрҳои ҷаҳон ман ба тӯмору тилисм бовар мекардам. Ғайр аз ин ман медидам, ки маро одамони бадахлоқ, тамокукаш ва майпараст иҳота кардаанд.

ҲАЁТИ МО ПУРРА ДИГАР ШУД

Рӯзи тӯйи мо

Дэйвид: Баъди чандин соли рақси касбӣ ман аз сафарҳои зиёди ҳунарӣ хаста шудам. Азбаски дар ферма калон шуда будам, ман ҳаёти хоксоронаи деҳаро пазмон шудам. Барои ҳамин соли 1967 ман касби худро тарк карда корро дар фермаи калоне ки дар наздикии хонаи волидонам буд, сар кардам. Соҳиби ферма ба ман хонаеро иҷора дод. Баъд ман ба театр занг зада ба Гвен гуфтам, ки ҳамсари ман шавад. Ӯ чун раққоси якка ба қуллаи баланди касбӣ расида буд ва азбаски ӯро ояндаи дурахшоне дар пеш буд, қабул кардани қарор барояш душвор буд. Вале ба ин нигоҳ накарда Гвен пешниҳоди маро қабул намуд ва ба қишлоқ омад, гарчанде дар бораи ҳаёти қишлоқ кам медонист.

Гвен: Бале, ба кори қишлоқ одат кардан осон набуд. Зиндагӣ дар қишлоқ, ки новобаста аз боду ҳаво аз ҷӯшидани говҳо, сер кардани хукҳову мурғҳо иборат буд, аз ҳаёти пешинаам тамоман фарқ мекард. Дэйвид дар курси нӯҳмоҳаи як коллеҷ ба омӯзиши усулҳои навтарини соҳаи кишоварзӣ сар кард. Азбаски ӯ дер ба хона меомад, ман худро танҳо ҳис мекардам. Дар он замон духтари калониамон — Гили таваллуд ёфт. Бо маслиҳати Дэйвид ман мошинрониро омӯхтам ва як рӯз ба шаҳраки ҳамсоя рафтам ва дар он ҷо бо Гейл ном зане вохӯрдам. Ман ӯро аз он замоне ки дар яке аз мағозаҳои маҳалламон кор мекард, мешинохтам.

Солҳои аввали ҳаёти оилавиамон дар ферма

Гейл маро ба хонааш таклиф карда як пиёла чой пешкаш кард. Мо ба якдигар суратҳои тӯямонро нишон додем ва дар яке аз сурати Гейл як гурӯҳи одамон дар назди иморате буданд, ки он Толори Салтанат ном дошт. Ман аз ӯ пурсидам, ки ин кадом намуди калисост. Вақте ӯ ба ман нақл кард, ки ӯву шавҳараш Шоҳидони Яҳува мебошанд, ман аз ин хурсанд шудам. Ман ба хотир овардам, ки яке аз аммаҳоям ҳам Шоҳиди Яҳува буд. Ба ёдам расид, ки чӣ тавр падарам аз аммаам дарғазаб шуд ва адабиёти ӯро ба сатили партов партофт. Аз ин ман хеле ба ҳайрат омада будам, чунки падарам одатан бо одамон хеле меҳрубон буд, вале аз чунин одами хуб қаҳраш омада буд.

Ман хеле шод будам, ки акнун имконият доштам фаҳмам, ки чӣ тавр имони аммаам аз таълимоти калисо фарқ дорад. Гейл ба ман фаҳмонд, ки Китоби Муқаддас дар асл чиро таълим медиҳад. Вақте ман фаҳмидам, ки таълимот ба монанди Сегона ва рӯҳи намиранда дар Китоби Муқаддас асос наёфтаанд, хеле ҳайрон шудам (Воиз 9:5, 10; Юҳ. 14:28;  17:3). Ҳамчунин аз Китоби Муқаддас фаҳмидам, ки номи Худо Яҳува мебошад (Хур. 6:3).

Дэйвид: Гвен дар бораи чизҳои омӯхтааш ба ман нақл мекард. Ба ёдам омад, ки ҳангоми кӯдакиам падарам ба ман мегуфт, ки Китоби Муқаддасро хонам. Барои ҳамин мо розӣ шудем, ки Гейлу шавҳараш Дерик бо мо омӯзиш гузаронанд. Баъди шаш моҳ мо ба шаҳри Освестр, ки дар ҳамон вилоят ҷойгир буд, кӯчидем. Дар он ҷо мо имконият доштем, ки худамон фермаро иҷора гирем. Шоҳиди маҳаллӣ, ки Дердре ном дошт, пуртоқатона бо мо омӯзиши Китоби Муқаддасро давом дод. Дар аввал мо он қадар пешравӣ намекардем, чунки нигоҳубин кардани гову мол вақти зиёдро мегирифт. Аммо баъдтар ҳақиқат дар дили мо реша давондан гирифт.

Гвен: Душвории калоне ки бояд бо он мубориза мебурдам, ин хурофотпарастӣ буд. Ба туфайли ояти Ишаъё 65:11 ман фаҳмидам, ки Яҳува ба «касоне ки барои бути бахт суфра ороста» менамоянд, чӣ гуна муносибат мекунад. Вақт ва дуои зиёд лозим шуд, то ки тӯморҳо ва ашёҳоеро ки ба фикрам хушбахтӣ меоварданд, партоям. Аз Китоби Муқаддас ман фаҳмидам, ки «ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад; ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад» ва ин ба ман кӯмак кард, то дарк кунам, ки ба Яҳува чӣ гуна инсон маъқул аст (Мат. 23:12). Ман мехостам, ки хизмати худро ба Худо сар кунам, чунки Ӯ аз рӯи муҳаббати худ Писари азизашро барои мо қурбон кардааст. Дар он вақт мо соҳиби боз як духтар шудем ва фаҳмидани он ки оилаи мо метавонад дар Биҳишти рӯи замин абадан зиндагӣ кунад, бароямон ҳаяҷонангез буд.

Дэйвид: Вақте ман фаҳмидам, ки пешгӯиҳои бисёри Китоби Муқаддас ба монанди онҳое ки дар Матто 24 ва китоби Дониёл навишта шудаанд, иҷро гардидаанд, ман боварӣ ҳосил кардам, ки ин ҳақиқат аст. Ман фаҳмидам, ки дар ин дунё ҳеҷ чиз ба мисли муносибати хуб бо Яҳува пурқимат нест. Бо гузашти вақт шӯҳратпарастии ман камтар шуд. Ман дарк кардам, ки зану фарзандонам низ мисли ман муҳим ҳастанд. Ояти Филиппиён 2:4 ба ман хотиррасон кард, ки дар бораи худам аз ҳад зиёд фикр накунам. Ин принсип ба ман кӯмак мекард, то дар бораи ба даст овардани фермаи калонтар бисёр фикр накунам, балки дар ҷои аввали ҳаётам хизмат ба Яҳуваро гузорам. Ман сигоркаширо партофтам. Бароям ҷо ба ҷо кардани кору бори худ, то ки бегоҳи якшанбе ба вохӯрии ҷамъомад ташриф оварам, душвор буд, чунки он ҷо аз фермаамон даҳ километр дур буд ва он вақт мо бояд говҳоямонро меҷӯшидем. Лекин бо кӯмаки Гвен мо корҳоямонро ба анҷом мерасондем ва ҳамеша ба вохӯриҳо ташриф меовардем. Ҳамчунин мо ҳар як имкониятро истифода мебурдем, то саҳари рӯзҳои якшанбе, баъди ҷӯшидани говҳо духтаронамонро ҳамроҳи худ ба хизмат барем.

Хешу табори мо аз ин дигаргуние ки дар ҳаётамон рӯй дода буд, хурсанд набуданд. Падари Гвен тӯли шаш сол бо ӯ гап намезад. Падару модари ман низ кӯшиш мекарданд, ки маро аз муошират кардан бо Шоҳидон боздоранд.

Гвен: Бо кӯмаки Яҳува мо тавонистем, ки ба ин душвориҳо тоб оварем. Бо гузашти вақт мо бо бародару хоҳарони шаҳри Освестри чун як оила шудем.  Мо якдигарро дастгирӣ менамудем ва дар вақти душвориҳо ба якдигар дасти ёрӣ дароз мекардем (Луқ. 18:29, 30). Соли 1972 мо ҳаётамонро ба Яҳува бахшида таъмид гирифтем. Ман тайёр будам, ки қуввати бисёрро ба харҷ диҳам, то одамони ҳар чи зиёдро бо ҳақиқат шинос кунам. Барои ҳамин ман хизмати пешравиро сар кардам.

ҚАНОАТМАНДӢ АЗ КАСБИ НАВ

Дэйвид: Коре ки мо солҳои дароз дар ферма мекардем, хеле вазнин буд, лекин мо кӯшиш мекардем, ки ба духтаронамон дар ибодати Яҳува намуна бошем. Азбаски он замон ҳукумат маоши одамонро кам карда буд, мо маҷбур будем, ки фермаамонро супорем. Азбаски мо бо духтари охиронамон, ки ҳанӯз яксола буд, бе хонаву дар ва бе ҷои кор мондем, пайваста дар дуо аз Яҳува кӯмаку роҳнамоӣ мепурсидем. Мо қарор додем, ки қобилияту маҳорати худро барои таъмин кардани оилаамон ба кор мебарем ва студияи рақсӣ кушодем. Мо хизмат ба Яҳуваро дар ҷои аввал мондем ва ин оқибат самар овард. Ҳар се духтарамон баъди хатми мактаб хизмати пешравиро сар карданд. Мо аз ин хеле шод будем. Гвен низ чун пешрав хизмат мекард, барои ҳамин ӯ имконият дошт, ки ба духтаронамон кӯмак расонад.

Баъди он ки ду духтари калониамон Гили ва Дениз ба шавҳар баромаданд, мо студияи рақсиамонро маҳкам кардем. Мо ба филиал нома навиштем ва пурсидем, ки дар куҷо ниёз ба хизмат бештар аст. Онҳо моро ба шаҳрҳои ҷанубу шарқии Англия равона намуданд. Азбаски аз духтаронамон танҳо Дебби ҳамроҳамон монда буд, ман низ хизмати пешравии худро сар кардам. Баъд аз панҷ сол бародарон аз мо хоҳиш карданд, ки ба ҷамъомадҳое ки шимолтар ҷойгир буданд, кӯмак расонем. Баъди он ки Дебби ба шавҳар баромад, мо тавонистем, ки дар муддати даҳ сол дар барномаи байналхалқии сохтмонӣ дар Зимбабве, Молдова, Венгрия ва Кот-д’Ивуар иштирок кунем. Баъд мо ба Англия баргаштем, то дар сохтмони Байт-Или Лондон кӯмак расонем. Аз сабаби он ки ман пештар дар ферма кор мекардам, бародарон маро хоҳиш карданд, ки дар фермаи Байт-Ил, ки он замон амал мекард, ёрдам кунам. Айни ҳол мо дар қисми шимолу ғарбии Лондон чун пешрав хизмат карда истодаем.

Мо аз иштирок дар барномаҳои байналхалқии сохтмонӣ шодии зиёд мегирифтем

Гвен: Вақте ҳаётамонро ба балет бахшидем, мо хурсандӣ эҳсос мекардем, лекин ин ҳиссиёт зудгузар буд. Аммо аз он ки ҳаёти худро ба Яҳува бахшидем, мо хурсандие ҳис мекунем, ки он то абад давом хоҳад ёфт. Дар гузашта ману Дэйвид якҷоя рақс мекардем, ҳоло бошад, якҷоя мавъиза мекунем. Ба одамон барои фаҳмидани ҳақиқати бебаҳо ва ҳаётнаҷотдиҳанда кӯмак кардан ба мо хурсандии беандоза меорад. Ин «номаҳои муаррифӣ» аз ҳар гуна шӯҳрату шавкати ин ҷаҳон беҳтаранд (2 Қӯр. 3:1, 2). Агар ҳақиқатро намефаҳмидем, мо ба ғайр аз хотираҳо, суратҳои кӯҳна ва барномаҳои баромадҳои пештараамон дар театр боқӣ чизи дигаре намедоштем.

Дэйвид: Оне ки мо дар зиндагиамон хизмати Яҳуваро касб кардем, ҳаёти моро ба пуррагӣ дигаргун сохт. Ин ба ман кӯмак кард, ки падари хуб ва шавҳари хуб шавам. Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки хизматгорони Худо ба монанди Марям ва шоҳ Довуд хурсандии худро бо рақс зоҳир карданд. Мо замонеро интизорем, ки ҳамроҳи дигарон аз хушии дил дар дунёи нави Яҳува бирақсем! (Хур. 15:20; 2 Подш. 6:14).