Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Хоҳиши неки Ту чунин буд»

«Хоҳиши неки Ту чунин буд»

«[Ту] ин чизҳоро аз оқилон ва хирадмандон пӯшида мондиву ба одамони оддӣ ошкор сохтӣ» (ЛУҚ. 10:21, ХУШХАБАР).

1. Чаро Исо дар рӯҳулқудс ба ваҷд омад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ТАСАВВУР кунед, ки Исо дар рӯҳулқудс ба ваҷд омадааст. Дар лабҳои ӯ табассум пайдо шуда, чашмонаш аз шодӣ ҷило медоданд. Чӣ ӯро ин қадар хурсанд карда буд? Чанде пеш ӯ 70 нафар шогирдашро фиристода буд, ки хушхабари Салтанатро мавъиза кунанд. Ӯ мехост донад, ки шогирдон супоришашонро чӣ тавр иҷро карданд. Онҳо душманони зиёде доштанд, аз он ҷумла фарисиён ва саддуқиёни маълумотноку хондагӣ, ки Исоро дар назди мардум чун дуредгар ва шогирдонашро чун одамони «нохонда ва оддӣ» тасвир мекарданд (Аъм. 4:13; Марқ. 6:3). Аммо, ба ҳама душвориҳо, ҳатто ба муқобилияти девҳо нигоҳ накарда, онҳо аз ӯҳдаи супоришашон баромаданд ва бо дили шод ба назди Исо баргаштанд. Сабаби шодӣ ва далерии онҳо дар чӣ буд? (Луқо 10:1, 17–21-ро бихонед.)

2. а) Ба кадом маъно шогирдони Исо мисли кӯдакон буданд? б) Дар фаҳмидани ҳақиқатҳои рӯҳонӣ ба пайравони Масеҳ чӣ кӯмак мекард?

2 Исо ба Яҳува чунин гуфт: «Шукри Туро мекунам, эй Падарҷон, ҳокими замину осмон, ки ин чизҳоро аз оқилон ва хирадмандон пӯшида мондиву ба одамони оддӣ ошкор сохтӣ. Бале, Падар, хоҳиши неки Ту чунин буд»  (Мат. 11:25, 26, Хушхабар). Албатта Исо дар назар надошт, ки шогирдони ӯ ба маънои аслӣ кӯдаканд. Онҳо баръакси фарисиён ва саддуқиён, ки худро олиму хирадманд мешумориданд, чун кӯдакон сода ва нохонда буданд. Сабаби дигаре ки Исо онҳоро кӯдакон номид, ин аст, ки худи Исо онҳоро даъват мекард, ки мисли кӯдакон бошанд. Онҳо бояд фурӯтан ва ба омӯхтани чизҳои нав тайёр мебуданд (Мат. 18:1–4). Ин тарзи рафтор ба онҳо чӣ фоида овард? Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддасаш ба онҳо кӯмак кард, ки ҳақиқатҳои чуқурро дарк кунанд ва чашмонашон кушода шавад, дар ҳолате ки одамони дар назари худ доно аз ин ҳақиқатҳо нафрат карданд. Шайтон ва ғурури худи онҳо чашмонашонро кӯр карда буд.

3. Дар ин мақола мо чиро муҳокима мекунем?

3 Бешубҳа, Исо аз ин хеле хушҳол буд! Ӯ дид, ки чӣ тавр Яҳува ҳақиқатҳои чуқури рӯҳониро ба одамони фурӯтан, новобаста аз аслу насаб, маълумотнокӣ ё ақлу заковаташон ошкор месозад. Исо хушҳол буд, ки Падараш аз чунин тарзи таълимдиҳӣ розӣ аст. Худо ҳоло ҳам тағйир наёфтааст. Чӣ тавр Ӯ имрӯз нишон медиҳад, ки ин тарзи таълимдиҳӣ ба Ӯ писанд аст? Ҷавоби ин саволро фаҳмида мо низ ба монанди Исо шодии зиёде ҳис хоҳем кард.

МАЪНИДОД КАРДАНИ ҲАҚИҚАТҲОИ ЧУҚУР БА ҲАМА

4. Чаро нашри содакардашударо атои пурқимат номидан мумкин аст?

4 Солҳои охир халқи Худо аз навовариҳое ки бо сода ва фаҳмо шудани баъзе таълимот алоқаманд аст, хеле шод гардид. Мисолҳои зерин инро нишон медиҳанд. Якум, ин нашри содакардашудаи «Бурҷи дидбонӣ» аст *. Ин нашр барои онҳое ки дар мавриди забон ва хониш душворӣ мекашанд, кӯмаки калон мерасонад. Сарварони оила пай бурданд, ки ба воситаи нашри содакардашуда фарзандонашон «Бурҷи дидбонӣ»-ро беҳтар мефаҳманд. Ин хеле муҳим аст, чунки ин маҷалла муҳимтарин воситаи қабули хӯроки рӯҳонӣ мебошад. Бисёриҳо барои ин навоварӣ ба Ҳайати роҳбарикунанда мактуб навишта миннатдорӣ зоҳир карданд. Ин маҷалла ба хоҳаре ки пеш дар вохӯриҳо аз шарҳ додан метарсид, ёрии калон расонд. Ӯ мегӯяд: «Акнун ман аз як бор зиёдтар шарҳ медиҳам. Ман дигар аз шарҳдиҳӣ наметарсам! Ташаккур ба Яҳува ва ба шумо».

5. Баъзе аз хусусиятҳои фарқкунандаи нашри нави «Навиштаҳои Муқаддас –– Тарҷумаи дунёи нав» кадоманд?

5 Дуюм, ин нашри нави «Навиштаҳои Муқаддас –– Тарҷумаи дунёи нав» мебошад, ки 5-уми октябри соли 2013, дар вохӯрии солона дар бораи он эълон гардид *. Дар ин нашр бисёре аз оятҳо кӯтоҳтар шуданд, маънояшон бошад, равшантар. Масалан, Айюб 10:1 аз 27 калима иборат буд, ҳоло бошад, 19 калима. Масалҳо 8:6, ки пештар 20 калима дошт, ҳоло бошад, аз 13 калима иборат аст. Маънои ҳар ду оят дар нашри нав равшантар аст. Як бародари тадҳиншуда, ки солҳои дароз содиқона ба Яҳува хизмат мекунад, чунин гуфт: «Вақте ман китоби Айюбро аз нашри нав хондам, ба назарам чунин намуд, ки гӯё ба маънои он ман бори якум сарфаҳм рафта истодаам!» Бисёриҳо низ чунин фикрро баён карданд.

6. Шумо дар бораи фаҳмиши нави дар Матто 24:45–47 овардашуда чӣ фикр доред?

 6 Сеюм, ин дигаргуниҳое мебошанд, ки чанде пеш дар фаҳмиши баъзе оятҳо дароварда шуданд. Масалан, фаҳмиши равшантар оиди «ғуломи мӯътамад ва доно» дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми июли с. 2013 нашр шуд (Мат. 24:45–47). Ин мақола мефаҳмонад, ки ғуломи мӯътамад ин Ҳайати роҳбарикунанда аст. «Хизматгорон», яъне аҳли хонавода ҳамаи онҳое мебошанд, ки хӯроки рӯҳониро қабул мекунанд, ҳам тадҳиншудагон ва ҳам «гӯсфандони дигар» (Юҳ. 10:16). То чӣ андоза хурсандем мо, ки ин ҳақиқатҳоро фаҳмидем ва онҳоро ба дигарон таълим медиҳем! Боз бо кадом роҳ Яҳува нишон дод, ки Ӯ тарзи таълимдиҳии содаву фаҳморо меписандад?

МАЪНИДОДКУНИИ СОДАВУ ФАҲМОИ ПОРЧАҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС

7, 8. Баъзе аз намунаҳои Китоби Муқаддас, ки тимсоли чизҳои ояндаанд, кадоманд?

7 Агар шумо солҳои дароз ба Яҳува хизмат кунед, шумо шояд аҳамият додед, ки дар адабиётамон фаҳмиши баъзе аз порчаҳои Китоби Муқаддас дигар шуданд. Чӣ тавр? Солҳои пеш одатан гуфта мешуд, ки баъзе аз порчаҳои Китоби Муқаддас тимсоли рӯйдодҳои оянда мебошанд. Оё чунин назар ба Навиштаҳо беасос аст? Не, албатта! Масалан, Исо дар бораи «аломати Юнуси набӣ» гап зада буд. (Матто 12:39, 40-ро бихонед.) Исо фаҳмонд, ки дар шиками моҳӣ се рӯз қарор доштани Юнус тимсоли он буд, ки Исо се рӯз дар қабр хоҳад буд.

8 Дигар порчаҳои Китоби Муқаддас низ тимсоли рӯйдодҳои оянда буданд. Павлуси ҳавворӣ баъзе аз онҳоро шарҳ дод. Масалан, муносибати Иброҳим бо Ҳоҷару Соро ба муносибати бо халқи Исроил ва Исроили рӯҳонӣ доштаи Яҳува ишора мекард (Ғал. 4:22–26). Ба ин монанд хайма, маъбад, рӯзи Кафорат, саркоҳин ва дигар чизҳои дар Қонуни Мусо навишташуда «сояи некиҳои оянда» буданд (Ибр. 9:23–25; 10:1). Омӯзиши ин пешгӯиҳои Китоби Муқаддас имони моро мустаҳкам мекунад. Лекин оё чунин фикр кардан дуруст аст, ки дар Китоби Муқаддас ҳар як шахс, рӯйдод ё ашё тимсоли чизҳои оянда аст?

9. Солҳои пешин саргузашти Нобӯт чӣ тавр маънидод карда мешуд?

9 Солҳои пешин бисёр вақт дар адабиётамон фаҳмонида мешуд, ки ҳар як шахс, рӯйдод ё ашё тимсоли чизҳои оянда аст. Яке аз чунин мисолҳо воқеаи бо Нобӯт рӯйдода мебошад. Маликаи шарир Изобал куштори Нобӯтро ташкил кард, то шавҳараш Аҳъоб соҳиби токзори ӯ шавад (3 Подш. 21:1–16). Соли 1932 дар «Бурҷи дидбонӣ» фаҳмонида шуда буд, ки Аҳъоб ва Изобал ташкилоти Шайтонро тасвир мекунанд, Нобӯт бошад, Исоро. Марги Нобӯт тимсоли марги Исо буд. Лекин соли 1961 дар китоби «Исми ту муқаддас бод!» (англ.) гуфта шуда буд, ки Нобӯт тимсоли масеҳиёни тадҳиншуда, Изобал бошад, тимсоли ҷаҳони масеҳият мебошад. Пас, аз дасти Изобал таъқиб шудани Нобӯт ба таъқиб шудани тадҳиншудагон дар давоми рӯзҳои охир ишора мекунад. Чунин назар ба рӯйдодҳои Китоби Муқаддас дар давоми солҳои зиёд имони ходимони Худоро қавӣ мегардонд. Пас, чаро бародарон назари худро дигар карданд?

10. а) Ҳангоми фаҳмонидани рӯйдодҳои Китоби Муқаддас «ғуломи мӯътамад ва доно» чӣ тавр эҳтиёткории зиёд зоҳир мекунад? б) Имрӯз дар адабиётамон диққати асосӣ ба чӣ равона шудааст?

10 Тӯли солҳо Яҳува кӯмак мекард, ки «ғуломи мӯътамад ва доно» боз ҳам донотару хирадмандтар шавад. Бо  гузашти вақт муносибати ғуломи мӯътамад нисбати воқеаҳои Китоби Муқаддас дигар шуд. Акнун бародарон то он даме ки аз Навиштаҳо асоси қавӣ пайдо накунанд, намешитобиданд, ки ягон шахс ё рӯйдодро пешгӯӣ ё тимсоли чизи дигар номанд. Баъзе мисолҳо дар бораи тимсолҳо барои дарк кардан, дар хотир гирифтан ва ба кор бурдани он дар зиндагӣ душвор буданд. Ва аз ҳама муҳимаш, вақте мо дар бораи маънои рамзии воқеаҳои Китоби Муқаддас аз ҳад зиёд фикр мекунем, фоидаи амалии он фаромӯш мешавад. Имрӯз дар адабиёти мо тарзи содаи таълимдиҳӣ дида мешавад. Ғуломи мӯътамад ва доно диққати асосиро ба он намунаҳои Китоби Муқаддас равона мекунанд, ки дар мо имон, истодагарӣ, садоқатмандӣ ва дигар хусусиятҳои ба Худо писандро инкишоф медиҳанд *.

Мо аз намунаи Нобӯт дарси олиҷанобе меомӯзем (Ба сархати 11 нигаред.)

11. а) Ҳоло фаҳмиши мо нисбати саргузашти Нобӯт чӣ гуна аст ва чаро ин ба дили мо наздик аст? б) Барои чӣ солҳои охир адабиёти мо диққати асосиро ба тимсолу пешгӯиҳо равона намесозад? (Ба «Саволҳои хонандагон»-и ҳамин шумора нигаред.)

11 Ҳоло фаҳмиши мо нисбати саргузашти Нобӯт чӣ гуна аст? — Ҳамон тавре ки навишта шудааст. Марги ӯ тимсоли марги Исо набуд. Сабаби марги ин марди росткор кӯшиши нигоҳ доштани беайбиаш буд. Ӯ аз зӯроварӣ ва истисмор натарсида, мувофиқи Қонуни Яҳува рафтор кард (Ад. 36:7; 3 Подш. 21:3). Чӣ намунаи олиҷанобест барои ҳама ходимони имрӯзаи Худо, ки бо чунин таъқибот дучор мешаванд. (2 Тимотиюс 3:12-ро бихонед.) Ҳамаи масеҳиён он дарсҳоеро ки имонашонро қавӣ мегардонанд, хуб мефаҳманд, дар хотир доранд ва ба кор мебаранд.

12. а) Нисбати воқеаҳои дар Китоби Муқаддас навишташуда чӣ гуна хулоса баровардан нодуруст аст? б) Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки баъзе таълимоти душвори Китоби Муқаддасро фаҳмем? (Ба эзоҳ нигаред.)

12 Оё мо бояд чунин хулоса кунем, ки  аз воқеаҳои Китоби Муқаддас фақат дарси ибрат гирифтан лозим асту онҳо маънои дигаре надоранд? Не, албатта! Имрӯз дар адабиёти мо диққати асосӣ ба он равона шудааст, ки чӣ тавр як воқеаи Китоби Муқаддас бо воқеаи дигар алоқаманд аст. Масалан, он ки Нобӯт қатъи назар аз нохушию марг беайбиашро нигоҳ дошт, мисоли Масеҳ ва тадҳиншудагонро ба хотири мо меорад. Лекин чунин рӯҳияро на танҳо тадҳиншудагон, балки «гӯсфандони дигар» низ зоҳир мекунанд. Чунин тарзи таълимдиҳии содаву фаҳмо маҳз ҳамон таълимест, ки ба Яҳува писанд аст *.

ШАРҲИ ОСОНФАҲМИ МАСАЛҲОИ ИСО

13. Чӣ нишон медиҳад, ки имрӯз масалҳои Исо ба таври боз ҳам содаву равшан фаҳмонида мешаванд?

13 Исои Масеҳ бузургтарин Устоди ҳама давру замон буд. Яке аз усулҳои дӯстдоштаи таълимдиҳии ӯ ин истифода бурдани мисолҳо буд (Мат. 13:34). Мисолу масалҳо ба ақлу дили мо таъсир мекунанд ва моро ба амал бармеангезанд. Имрӯз адабиёти мо масалҳои Исоро ба таври боз ҳам содаву равшан мефаҳмонад. Масалан, «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми декабри с. 2014 барои боз ҳам равшантар фаҳмидани масал дар бораи хамиртуруш, донаи хардал ва тӯри моҳигирӣ ба мо кӯмак кард. Ҳоло мо мебинем, ки ин масалҳо бо Салтанати Худо алоқаманданд ва ба бисёриҳо кӯмак мекунанд, ки ин ҷаҳони шарирро рад карда шогирди Масеҳ гарданд.

14. а) Солҳои пеш мо масал дар бораи марди сомарии некдилро чӣ тавр мефаҳмидем? б) Имрӯз мо ин масалро чӣ тавр мефаҳмем?

14 Албатта, баъзе аз масалҳои Исо маънои рамзӣ доштанд ва ба рӯйдодҳои оянда ишора мекарданд. Лекин чӣ тавр мо муайян карда метавонем, ки ин ё он масали Исо рамз ё тимсоли чизест ё не? Бо гузашти солҳо ҷавоби ин савол аёнтар гашт. Масалан, масали Исоро дар бораи сомарии некдил дида мебароем (Луқ. 10:30–37). Соли 1924 дар «Бурҷи дидбонӣ» гуфта шуда буд, ки марди сомарӣ тимсоли Исо аст. Роҳе ки аз Ерусалим ба Ериҳӯ мефарояд, ба паст рафтани ахлоқи инсоният ишора мекунад, ки аз замони исён дар боғи Адан сар шуда буд. Роҳзанон тимсоли корхонаву ташкилотҳои калон ва савдогарони гурусначашм мебошанд. Левии роҳгузар бошад, рамзи ҷаҳони масеҳият дониста мешуд. Аммо имрӯз адабиёти мо ба воситаи ин масал масеҳиёнро хотиррасон мекунад, ки рӯихотир накунанд ва ба ҳама касоне ки ба кӯмак мӯҳтоҷанд, хусусан ба кӯмаки рӯҳонӣ, дасти ёрӣ дароз кунанд. Оё шумо аз он ки Яҳува моро ба таври содаю фаҳмо таълим медиҳад, хурсанд нестед?

15. Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

15 Дар мақолаи навбатӣ мо масали дигари Исоро дида мебароем — масал дар бораи даҳ бокираро (Мат. 25:1–13). Ин масалро мо бояд чӣ тавр фаҳмем? Оё ҳар як рӯйдод ва ё шахси дар ин масал тасвиршуда рамзи чизи бузургтарест, ки бояд дар оянда ба амал ояд? Ё бо ин масал Исо ба мо танҳо ягон дарси амалиро таълим доданӣ буд? Биёед мефаҳмем.

^ сарх. 4 Нашри содакардашуда якумин бор моҳи июли соли 2011 ба забони англисӣ дастрас шуд. Аз он вақт инҷониб, он ба якчанд забони дигар ҳам чоп мешавад.

^ сарх. 5 Тарҷумаи ин нашр баъдтар ба забонҳои дигар дастрас мешавад.

^ сарх. 10 Масалан, дар китоби «Ба имони онҳо пайравӣ кунед» (рус.) дар бораи 14 шахсе ки Китоби Муқаддас дар бораашон нақл мекунад, гуфта мешавад. Ин китоб диққатро ба рамзу тимсол ва пешгӯиҳо равона намекунад. Он диққатро бештар ба дарсҳое ки мо аз намунаи ин шахсиятҳо гирифта метавонем, равона месозад.

^ сарх. 12 Албатта, дар Китоби Муқаддас чизҳое ҳастанд, ки душворфаҳманд. Масалан баъзе порчаҳои номаҳои Павлус. Лекин дар хотир доштан зарур аст, ки тамоми Навиштаҳо зери роҳбарии рӯҳи муқаддаси Худо навишта шудаанд. Маҳз ҳамон рӯҳулқудс имрӯз ба масеҳиёни ҳақиқӣ кӯмак мекунад, ки ҳатто ба ҳақиқатҳои амиқи Каломи Худо сарфаҳм раванд (2 Пет. 3:16, 17; 1 Қӯр. 2:10).