Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Ба бародару хоҳароне, ки ба бӯи атриёт тоб оварда наметавонанд, чӣ тавр кӯмак кардан мумкин аст?

Пӯшида нест, ки ҳоли баъзе одамон аз бӯи атриёт бад шуда метавонад. Ва аксар вақт онҳо аз чунин душворӣ гурехта наметавонанд, чунки дар ҳаёти худ бо одамоне сарукор доранд ё вомехӯранд, ки аз душвории онҳо хабардор нестанд. Дар алоқамандӣ бо ин чунин савол ба миён омад, ки оё мумкин аст аз бародару хоҳарон хоҳиш карда шавад, то дар ҷамъомадҳо ва анҷуманҳо аз истифодаи ҳар гуна атриёт худдорӣ кунанд.

Фаҳмост, ки ҳеҷ як масеҳӣ қасдан тавре намекунад, ки ба хоҳар ё бародари дигар ба вохӯриҳо ташриф овардан душвор шавад. Ҳар яки мо мехоҳем, ки аз ҷамъомадҳои худ хурсандӣ ва рӯҳбаландӣ гирем (Ибр. 10:24, 25). Агар шахс то дараҷае ба бӯи атриёт бетоқат бошад, ки аз ин сабаб ӯ ҳатто дар ҷамъомад нишаста натавонад, пас хуб мебуд, ки дар ин бора бо пирон сӯҳбат кунад. Албатта ягон қоидаи муайян баровардан оиди он ки касони ташрифоваранда атриётро истифода баранд ё набаранд, нодуруст мебуд. Лекин пирон метавонанд дар ин бора ба ҷамъомад маълумот диҳанд, то онҳо фаҳманд, ки баъзе бародару хоҳарон бо чӣ гуна душворӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Пирон вазъиятро ба назар гирифта, шояд маълумоти дар ин бора чопшударо ҳангоми дида баромадани ниёзҳои маҳаллӣ дар вохӯрии хизматӣ муҳокима кунанд. Ё онҳо шояд ба хулосае оянд, ки ба таври эҳтиромона ва мулоим (на қатъӣ) дар ин бора ҳангоми эълонҳо гап зананд *. Лекин пайваста дар эълонҳо ин мавзӯъро бардоштан дуруст нест. Аз сабаби он ки ба вохӯриҳои мо доимо одамони шавқманд ташриф меоранд, ки аз ин масъала хабардор нестанд, мо мехоҳем, ки онҳо худро дар ҷамъомад озод ҳис кунанд. Азбаски истифодаи бамеъёри атриёт ҳеҷ бадие надорад, хуб нест, ки мо қоидаву талаботи зиёдатӣ бароварда одамонро нороҳат созем.

Агар дар баъзе ҷойҳо шароит имкон диҳад, ҳайати пирон метавонанд касонеро ки ба бӯи атриёт ҳассосанд, аз дигарон дуртар шинонанд. Онҳо чунин шахсро дар ҳуҷраи алоҳидае ки барномаи ҷамъомадро гӯш кардан мумкин аст, ҷо карда метавонанд. Агар ҳалли масъала пайдо нашавад, ҷамъомад метавонад барномаро барои чунин шахс сабт кунад. Ё ӯро ба монанди касоне ки аз хона баромада наметавонанд, ба воситаи телефон пайваст кунанд, то аз барнома баҳра бурда тавонад.

Тӯли солҳои охир «Хизмат ба Салтанати Худо» бародару хоҳаронро бармеангехт, ки ҳангоми ташриф овардан ба анҷуманҳои ноҳиявӣ эҳтиёткорӣ ва бомулоҳизагӣ зоҳир кунанд. Азбаски аксар вақт анҷуманҳо дар биноҳои болопӯшида мегузаранд ва вентиляторҳо бӯи атриётро ба зудӣ паҳн мекунанд, аз ташрифоварандагон хоҳиш карда мешуд, ки истифодаи атриётро ҳангоми ин маросимҳо кам кунанд. Нисбати анҷуманҳои ноҳиявӣ диққати хоса дода шуда буд, чунки ҳангоми гузаронидани ин маросимҳо чунин ҷои алоҳида ёфтан душвор аст. Лекин ин қоидаҳо танҳо ба анҷуманҳо дахл доранд ва барои вохӯриҳои ҷамъомад пешбинӣ нашудаанд.

То даме ки мо дар ин дунё зиндагӣ дорем, аз нокомилият ва гуноҳи меросгирифтаамон азоб мекашем. Вақте ҳамимононамон нотобиҳои моро ба назар мегиранд ва кӯшиш мекунанд, ки мо осуда бошем, ин моро хеле хурсанд мекунад. Шояд ба вохӯриҳои мо касоне ташриф оранд, ки ба ҳар хел бӯй тоб оварда натавонанд. Ба дигарон бошад, аз атриёт даст кашидан душвор буда метавонад. Лекин муҳаббат ҳар яки моро водор месозад, ки бо хоҳиши худ барои ҳамимононамон қурбониҳо орем.

 Оё манбаъҳои дунявӣ тасдиқ мекунанд, ки Понтиюс Пилотус дар ҳақиқат вуҷуд дошт?

Дар ин пораи санг номи Пилотус ба забони лотинӣ навишта шуда буд

Хонандагони Китоби Муқаддас Понтиюс Пилотусро чун шахсе мешиносанд, ки ҳукми ҷазо ва қатли Исоро баровардааст (Мат. 27:1, 2, 24–26). Лекин номи ӯ на танҳо дар Китоби Муқаддас, балки дар якчанд навиштаҷоти ҳамасронаш низ вомехӯрад. Мувофиқи як фарҳанги Китоби Муқаддас, маълумоте ки мо ҳозир дар бораи Пилотус дорем, аз дигар ҳокимони румии Яҳудия бештар аст (The Anchor Bible Dictionary).

Номи Пилотус беш аз ҳама дар навиштаҳои таърихчии яҳудӣ бо номи Юсуф вомехӯрад. Он таърихчӣ оиди се душворие ки Пилотус ҳангоми ҳукмронӣ дар Яҳудия бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад, муфассал нақл мекунад. Дар бораи душвории дигари ӯ, ки он низ бо ҳукмронӣ алоқаманд буд, таърихчии дигари яҳудӣ бо номи Фило хабар медиҳад. Нависандаи румӣ Татситус, ки таърихи императорҳои Румро навишта буд, гуфтаҳои Инҷилро тасдиқ карда мегӯяд, ки Понтиюс Пилотус дар ҳақиқат, дар вақти ҳукмронии император Тибериюс ҳукми қатли Исоро дода буд.

Соли 1961 бостоншиносоне ки дар театри қадимаи Қайсарияи Рум кор мекарданд, сангеро ёфтанд, ки дар он як порчаи матне боқӣ монда буд. Дар он порчаи матн, номи Пилотус бо забони лотинӣ навишта шуда буд. Олимон мегӯянд, ки матни пурраи он чунин будааст: «Понтиюс Пилотус, ҳокими Яҳудия, [ин биноро] ба Тиберии Худованд бахшидааст». Биное ки сухан дар борааш меравад, ин маъбаде буд, ки барои иззат кардани императори Рум — Тиберий сохта шуда буд.

Агар хоҳар дар ҳузури бародаре омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронад, ӯ бояд сарашро пӯшонад?

Дар нашри «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15-и июли соли 2002 гуфта шуда буд, ки агар хоҳар дар назди бародар омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронад, дар ин маврид хоҳ воиз таъмидёфта бошад, хоҳ не, хоҳар бояд сарашро пӯшад. Аммо бо хубтар дида баромадани ин масъала, маълум мешавад, ки оиди ин мавзӯъ дастуроти бештар лозим аст.

Агар хоҳар омӯзиши Китоби Муқаддасро гузаронаду ҳамроҳаш бародари таъмидёфта бошад, хоҳар бояд сарашро пӯшад. Ин тавр карда ӯ эҳтиромашро ба тартиботи муқарраркардаи Худо нисбати ҷамъомад нишон медиҳад, чунки ӯ кореро мекунад, ки асосан вазифаи бародар мебошад (1 Қӯр. 11:5, 6, 10). Дар акси ҳол, хоҳар бояд аз бародар хоҳиш кунад, ки агар ӯ тавонад, омӯзишро худаш гузаронад.

Биёед ҳолати дигарро дида мебароем. Хоҳар ҳамроҳи бародари таъмиднаёфта, ки шавҳараш нест, ба омӯзиши пешакӣ ба нақша гирифташуда меравад. Дар ин ҳолат аз хоҳар талаб карда намешавад, ки ӯ сари худро пӯшонад. Ба ҳар ҳол виҷдони баъзе хоҳарон онҳоро водор карда метавонад, ки дар ин маврид ҳам сари худро пӯшонанд.

^ сарх. 2 Барои дида баромадани ин мавзӯъ ба «Бедор шавед!» (рус.) аз 8 августи с. 2000, саҳ. 8–10 нигаред.