Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё қарз гирам?

Оё қарз гирам?

«Қарзгирӣ мисли тӯй аст, баргардонидани қарз — мисли мотам» (Мақоли халқи суаҳили).

ИН МАҚОЛ ба ҳама одамони Африқои Шарқӣ шинос аст ва дигар одамон низ бешубҳа бо ин фикр розӣ мешаванд. Оё шумо низ дар бораи қарз чунин фикр мекунед? Гарчанд баъзан қарз гирифтан бамаврид аст, оё онро роҳи ҳалли душвориҳо номидан мумкин аст? Қарзгирӣ дар худ чӣ хавфу хатар ё домҳо дорад?

Халқи суаҳили дар ин хусус боз як мақоли дигар дорад: «Қарзгирию қарздиҳӣ дӯстиро вайрон мекунад». Дар ҳақиқат, қарз байни дӯсту рафиқ ва хешу табор душманӣ андохта метавонад. Ҳатто агар шахс дилу нияти хуб дошта бошад ҳам, вазъият метавонад тамоман ранги дигар гирад. Масалан, агар бо гузашти вақт қарз баргардонида нашавад, ин метавонад боиси норозигӣ ва асабонияти қарздиҳанда гардад. Норозигиву хафагӣ зиёд шуда ба хунук шудани муносибат байни қарзгирандаю қарздиҳанда ва ҳатто оилаҳои онҳо оварда мерасонад. Азбаски гирифтани қарз сабаби нофаҳмиҳо шуда метавонад, мо набояд ба он чун ба роҳи осони ҳалли мушкилиҳо назар кунем. Барои мо он бояд чораи охирин бошад.

Қарзгирӣ метавонад ҳатто ба муносибати шахс бо Худо таъсири бад расонад. Чӣ тавр? Китоби Муқаддас шахсеро ки дидаву дониста аз адо кардани қарз мегурезад, бадкирдор меномад (Заб. 36:21). Он ҳамчунин огоҳ мекунад, ки «қарздор ғуломи қарзхоҳ мегардад» (Мас. 22:7). Қарзгиранда бояд дарк кунад, ки то пурра адо кардани қарз ӯ аз қарздиҳанда вобаста аст. То чӣ андоза ҳақ аст дар ин бобат гуфтори дигари африқоӣ: «Агар ту пойи одамро қарз гирӣ, он туро ба ҷое ки хоҳад, мебарад». Ин мақол нишон медиҳад, ки шахси қарзгиранда аллакай дар ихтиёри худ нест.

Барои ҳамин барои шахс баргардонидани қарз бояд дар ҷои аввал бошад, вагарна ин ба душвориҳо оварда мерасонад. Зиёд шудани қарз ба ғаму ташвиш, шабҳои бехобӣ, хастагиву кори аз ҳад зиёд, ҷангу ҷанҷол байни ҳамсарон ва ҳатто ба вайрон шудани оилаҳо оварда метавонад. Дар баъзе мавридҳо оқибати кор ҳатто ба ҷавобгарӣ кашида шудани шахси қарздор ё ҳатто маҳбус шудани ӯ буда метавонад. Барои ҳамин гӯш додан ба суханони оқилонаи Румиён 13:8 аз рӯи хирад мебуд: «Аз касе чизе қарздор нашавед, ҷуз қарзи муҳаббат нисбат ба якдигар».

 ОЁ ГИРИФТАНИ ҚАРЗ ЗАРУР АСТ?

Бо назардошти ҳамаи ин чизҳо чӣ қадар муҳим аст, ки дар мавриди қарзгирӣ эҳтиёткор бошем. Аз рӯи хирад мебуд, ки аз худ бипурсем: «Оё ман танҳо барои он қарз мегирам, ки оилаамро бо чизҳои зарурии рӯзгор таъмин кунам? Ё аз сабаби чашмгуруснагӣ ман ба чизи доштаам қаноат намекунам ва ба кӯрпа нигоҳ накарда пой дароз мекунам?» Дар бисёр мавридҳо хуб мебуд, ки ба ҷои ба қарзу қавола ғӯтидан бо чизи дошта қаноат кунем.

Албатта, ҳолатҳои фавқуллодае ҳастанд, ки ғайр аз қарзгирӣ илоҷи дигаре нест. Агар шахс дар ин ҳолатҳо қарз гирад, ӯ бояд инро росткорона ва аз рӯи инсоф кунад. Чӣ тавр?

Агар касе бойтар бошад, кӯшиш накунед, ки аз ин суиистифода баред. Мо набояд фикр кунем, ки чунин шахс танҳо барои он ки сарватманд аст, бояд ба мо ёрдам кунад. Ҳамчунин мо набояд фикр кунем, ки ҳангоми бо одами бой сарукор кардан боинсоф будан ҳатмӣ нест. Ба касоне ки ба назар аз ҷиҳати моддӣ гул-гулшукуфон метобанд, ҳасад набаред (Мас. 28:22).

Кӯшиш кунед, ки ҳарчи зудтар қарзро баргардонед. Агар қарздиҳанда ягон мӯҳлатро муқаррар накунад, худатон онро муайян кунед ва то он мӯҳлат қарзро баргардонед. Барои он ки якдигарнофаҳмиҳо сар назананд, ба таври хаттӣ шартнома тартиб диҳед (Ирм. 32:9, 10). Агар имкон бошад, шахсан ба назди қарздиҳанда рафта пулро ба дасташ супоред ва миннатдорӣ баён кунед. Агар шумо дар ин маврид боинсофона амал кунед, бо қарздиҳанда муносибати хубро нигоҳ медоред. Исо дар Мавъизаи болои кӯҳ чунин гуфт: «Бигзор “бале” гуфтани шумо дар ҳақиқат “бале” бошад ва “не” гуфтани шумо “не” бошад» (Мат. 5:37, Хушхабар). Ҳамчунин «қоидаи тиллоӣ»-ро дар хотир дошта бошед: «Ҳар он чи мехоҳед, ки мардум ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед» (Мат. 7:12).

МАСЛИҲАТҲО АЗ КАЛОМИ ХУДО

Китоби Муқаддас мегӯяд, ки давои майли қарзгирӣ чист: «Диндорӣ [«садоқатмандӣ ба Худо», ТДН] бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад» (1 Тим. 6:6). Дар ҳақиқат, агар кас қаноатро пеша кунад, худро аз оқибатҳои нохуши қарзгирӣ эмин медорад. Албатта, ба чизи андак қаноат кардан дар дунёе ки одамон ғуломи нафси худанд, он қадар осон нест. Дар ин маврид ба мо «садоқатмандӣ ба Худо» кӯмак карда метавонад. Чӣ тавр?

Биёед мисоли ҷуфти масеҳиро аз Осиё дида мебароем. Вақте онҳо ҷавонтар буданд, мехостанд мисли дигарон соҳиби хонаву дари худ бошанд. Барои ин онҳо пасандозашонро гирифтанд ва ҳамчунин аз бонк ва хешовандонашон қарз карданд. Лекин дере нагузашта онҳо ҳис карданд, ки бори гарони фоизи моҳона бар гарданашон овезон аст. Барои баргардонидани қарз онҳо боз бисёртар кор мекардагӣ шуданд. Онҳо чунон банд буданд, ки рӯз аз рӯз барои фарзандонашон вақт камтару камтар мемонд. Сарвари оила мегӯяд: «Ғаму ташвиш, дард ва камхобӣ бароям мисли санги гароне буд. Ба назарам чунин метофт, ки ман нафасгир шуда истодаам».

Бо гузашти вақт суханони 1 Тимотиюс 6:6 ба хотирашон расид ва онҳо ба хулосае омаданд, ки ягона роҳи ҳалли ин мушкилӣ фурӯхтани хона мебошад. Танҳо баъди ду сол онҳо пурра аз бори гарони қарз халос шуда тавонистанд. Ҳамсарон аз ин чӣ дарсе гирифтанд? Онҳо мегӯянд: «Ба чизҳои моддӣ аз нуқтаи назари рӯҳонӣ нигаристан муҳофизат аст».

Масале ки дар аввали мақола оварда шуда буд, ба бисёр одамон шинос аст. Лекин ин одамонро аз қарзгирӣ бознамедорад. Якчанд принсипи Китоби Муқаддас, ки дида баромадем, дар ин масъала кӯмак мекунанд. Аз рӯи хирад мебуд, ки аввал онҳоро ба назар гиред ва баъд аз худ бипурсед: оё қарз гирам?

«Ба чизҳои моддӣ аз нуқтаи назари рӯҳонӣ нигаристан муҳофизат аст»