Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо чизи гирифтаатонро қадр мекунед?

Оё шумо чизи гирифтаатонро қадр мекунед?

«Мо на рӯҳи ин ҷаҳонро, балки Рӯҳеро қабул кардаем, ки аз Худост, то он чиро, ки Худо ба мо ато кардааст, бидонем» (1 ҚӮР. 2:12).

1. Бисёр одамон нисбати чизҳои доштаашон чӣ гуна муносибат мекунанд?

ҲАР яки мо шояд ин гуфторро шунидаем: «То чизеро аз даст надиҳӣ, ба қадри он намерасӣ». Шояд шумо ҳам ҳақ будани ин суханонро ҳис кардаед. Шахсе ки дар оилаи бой ба воя расида аст, метавонад дороияшро чун як чизи бояду шояд қабул кунад. Азбаски ба ҷавонон таҷриба намерасад, онҳо шояд то охир дарк намекунанд, ки дар ҳаёт чӣ чиз муҳим аст.

2, 3. а) Масеҳиёни ҷавон аз чӣ бояд эҳтиёт бошанд? б) Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, то чизҳои доштаамонро қадр кунем?

2 Агар шумо ҳам ҷавон бошед, бароятон чӣ аз ҳама муҳим аст? Барои ҷавонони имрӯза чизҳои моддӣ аз муносибат бо одамон муҳимтар мебошад. Онҳо шояд орзу доранд, ки ҷои кори хуб, хонаи шахсӣ ё таҷҳизоти навтарини электронӣ дошта бошанд. Лекин агар мо фақат дар бораи ин чизҳо фикр кунем, як чизи муҳиме фаромӯш мешавад. Он боигарии рӯҳонист. Агар шуморо волидони масеҳиатон дар роҳи ҳақиқат тарбия карда бошанд, шумо соҳиби мероси рӯҳонии беҳтарин ҳастед (Мат. 5:3). Агар шумо ба қадри он нарасед, ин  метавонад ба ҳаёти минбаъдаатон таъсири бад расонад.

3 Шумо метавонед худро аз чунин оқибати бад нигоҳ доред. Барои қадр кардани мероси рӯҳонии худ мо бояд чӣ кор кунем? Биёед якчанд мисоли Китоби Муқаддасро муҳокима мекунем ва мефаҳмем, ки чаро қадр кардани мероси рӯҳонӣ муҳим аст. Дида баромадани ин намунаҳо на танҳо ба ҷавонон, балки ба ҳама касоне ки атоҳои рӯҳонии Яҳуваро қадр мекунанд, муфид хоҳад буд.

КАСОНЕ КИ МЕРОСИ ХУДРО ҚАДР НАМЕКАРДАНД

4. Аз 1 Подшоҳон 8:1–5 мо дар бораи Самуил ва писаронаш чӣ меомӯзем?

4 Дар Китоби Муқаддас дар бораи шахсоне навишта шудааст, ки мероси рӯҳонӣ гирифтанд, вале онро қадр накарданд. Масалан, пайғамбар Самуил аз ҷавонӣ то пириаш ба Яҳува содиқона хизмат карда буд (1 Подш. 12:1–5). Ӯ ба писаронаш, Юил ва Абиё, намунаи хеле хуб гузошт, вале онҳо чун падарашон рафтор намекарданд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки онҳо «дар доварӣ каҷкорӣ мекарданд». (1 Подшоҳон 8:1–5-ро бихонед.)

5, 6. Бо писарон ва наберагони Йӯшиёҳу чӣ рӯй дод?

5 Писарони подшоҳ Йӯшиёҳу низ ҳамин тавр рафтор мекарданд. Йӯшиёҳу подшоҳи одил буд ва Яҳуваро дӯст медошт. Вақте ки китоби Тавротро ёфта дар назди Йӯшиёҳу хонданд, ӯ аз таҳти дил кӯшиш кард, ки фармудаҳои Яҳуваро иҷро кунад. Ӯ бутпарастиву ҷодугариро аз замини Яҳудо нест кард ва халқро барангехт, ки ба Яҳува хизмат кунад (4 Подш. 22:8; 23:2, 3, 12–15, 24, 25). Писарони ӯ бешубҳа мероси рӯҳонии қиматбаҳое гирифта буданд. Лекин вақте ки се писари ӯ ва як наберааш подшоҳ шуданд, онҳо мероси рӯҳониашонро қадр накарданд.

Вақте ки писари Йӯшиёҳу Еҳӯоҳоз ба тахти подшоҳӣ нишаст, ӯ он чиро, ки «дар назари Худованд бад буд, ба амал овард». Ӯ танҳо се моҳ ҳукмронӣ кард. Баъд фиръавни Миср омада ӯро ба асирӣ бурд. Дере нагузашта ӯ дар зиндон мурд (4 Подш. 23:31–34). Баъд аз ӯ бародараш Еҳӯёқим ба тахт нишасту 11 сол ҳукмронӣ кард. Ӯ низ мероси рӯҳониеро ки аз падараш гирифта буд, қадр накард. Азбаски ӯ роҳи бадро интихоб карда буд, Ирмиё дар бораи ӯ чунин пешгӯӣ кард: «Мисли дафни хар мадфун хоҳад шуд» (Ирм. 22:17–19). Писари дигари Йӯшиёҳу — Сидқиёҳу ва наберааш Еҳӯёқин, ки баъдтар ба ҷои ӯ подшоҳ шуданд, ба намунаи ӯ пайравӣ накарданд, балки монанди дигар писарони Йӯшиёҳу ба бадӣ рӯй оварданд (4 Подш. 24:8, 9, 18, 19).

7, 8. а) Чӣ тавр шоҳ Сулаймон мероси рӯҳонии худро аз даст дод? б) Аз Китоби Муқаддас дар бораи онҳое ки мероси рӯҳониашонро қадр накарданд, мо чӣ омӯхта метавонем?

Подшоҳ Сулаймон аз падари худ Довуд тарбияи хуби рӯҳонӣ гирифта буд. Лекин баъдтар мероси рӯҳонии гирифтааш дар назари ӯ беқадр шуд. «Дар вақти пирии Сулаймон чунин воқеъ шуд, ки занонаш дили ӯро ба худоёни дигар моил карданд, ва дили ӯ, мисли дили падараш Довуд, ба Худованд Худояш амин набуд» (3 Подш. 11:4). Оқибат Сулаймон аз илтифоти Яҳува маҳрум шуд.

8 Ҳамаи ин одамон имконият доштанд, ки ба Яҳува итоат кунанд, вале онҳо ин имкониятро аз даст доданд. Хушбахтона на ҳамаи ҷавонон чунин карданд. Биёед аз Китоби Муқаддас баъзе намунаҳои хуберо, ки масеҳиёни  ҷавон ба онҳо пайравӣ карда метавонанд, дида мебароем.

КАСОНЕ КИ МЕРОСИ ХУДРО ҚАДР МЕКАРДАНД

9. Писарони Нӯҳ чӣ намунае гузоштанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

9 Писарони Нӯҳ намунаи олиҷанобе гузоштанд. Яҳува ба падари онҳо фармуд, ки киштӣ созад ва хонаводаи худро ба он дарорад. Писарони Нӯҳ имконияти бо падарашон ҳамкорӣ карданро қадр мекарданд. Онҳо якҷоя киштиро сохтанд ва пеш аз он ки Тӯфон сар занад, ба даруни он даромаданд (Ҳас. 7:1, 7). Онҳо чиро ба даст оварданд? Китоби Ҳастӣ 7:3 мегӯяд, ки онҳо ҳамроҳи худ ҳайвонотро гирифтанд, то ки насли онҳо «бар рӯи тамоми замин» нигоҳ дошта шавад. Одамизод низ наҷот ёфт. Писарони Нӯҳ он чиро ки аз падарашон гирифта буданд, қадр мекарданд. Барои ҳамин онҳо сазовор шуданд, ки насли одамиро нигоҳ дошта ибодати ҳақиқиро дар рӯи замин барқарор кунанд (Ҳас. 8:20; 9:18, 19).

10. Чӣ тавр чор ҷавони ибрӣ нишон доданд, ки мероси рӯҳониашонро қадр мекунанд?

10 Якчанд аср пас чор ҷавони ибрӣ исбот карданд, ки чизи омӯхтаашон барояшон хеле муҳим аст. Соли 617-и то эраи мо Ҳананё, Мишоил, Азарё ва Дониёлро ба асирии Бобил бурданд. Дар Бобил онҳо барои худ зиндагии хуб ороста метавонистанд, лекин аз рафторашон маълум буд, ки онҳо он чизеро ки пештар таълим гирифта буданд, фаромӯш накардаанд. Барои чунин рафторашон Яҳува онҳоро баракат дод. (Дониёл 1:8, 11–15, 20-ро бихонед.)

11. Чӣ тавр дигарон аз мероси рӯҳонии Исо манфиат гирифтанд?

11 Бузургтарин намуна дар мавриди қадр кардани мероси рӯҳонӣ Исо буд. Ӯ он чизеро ки аз Падараш таълим гирифта буд, дар ҳақиқат қадр мекард. Ин аз суханони зерини ӯ аён аст: «[Ман] он чиро, ки Падарам ба Ман таълим дод, мегӯям» (Юҳ. 8:28). Ӯ ҳамчунин мехост чизеро ки аз Падараш гирифтааст, ба дигарон низ бирасонад. Боре ӯ ба одамон чунин гуфт: «Ман бояд ба шаҳрҳои дигар низ аз Малакути Худо башорат диҳам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам» (Луқ. 4:18, 43). Азбаски ин ҷаҳон боигарии рӯҳониро қадр намекунад, Исо пайравонашро огоҳ кард, ки қисми он набошанд (Юҳ. 15:19).

ОН ЧИЗЕРО КИ ГИРИФТЕД, ҚАДР КУНЕД

12. а) Чӣ тавр суханони 2 Тимотиюс 3:14–17 ба баъзе ҷавонони имрӯза дахл дорад? б) Кадом саволҳоро ҷавонон ба худ дода метавонанд?

12 Шояд шумо низ аз тарафи волидони масеҳӣ тарбия ёфта бошед. Пас, он чизе ки дар Навиштаҳо дар бораи Тимотиюс навишта шудааст, ба шумо низ дахл дошта метавонад. (2 Тимотиюс 3:14–17-ро бихонед.) Маҳз волидонатон буданд, ки шуморо бо Яҳува шинос карда, фаҳмонданд, ки чӣ тавр дили Ӯро шод кунед. Мумкин онҳо тарбияи рӯҳонии шуморо аз айёми тифлиатон сар карда буданд. Ва ин, бешубҳа, ба шумо кӯмак намуд, ки хирад омӯхта дар хизмати Худо «ба ҳар амали нек» тайёр бошед. Оё шумо чизеро ки ҳоло доред, қадр мекунед? Аз худ пурсида метавонед: донистани он ки пеш аз ман ходимони зиёди Яҳува зиндагӣ кардаанд, ба ман чӣ гуна таъсир мерасонад? Оё ман аз он ки яке аз Шоҳидони Яҳува ҳастам, мефахрам? Оё ман имконияти дӯсти Худо буданро, ки аксари одамон онро надоранд, қадр мекунам? Оё ман дарк мекунам, ки чӣ гуна имконияти беҳамто ва олиҷаноберо соҳибам?

Шумо аз он ки мисли яке аз ходимони содиқи замони пеш ба Яҳува хизмат мекунед, чӣ ҳис мекунед? (Ба сархатҳои 9, 10 ва 12 нигаред.

13, 14. Баъзе масеҳиёни ҷавон бо кадом васваса рӯ ба рӯ мешаванд, лекин чаро дода шудан ба он бехирадона мебуд? Мисол оред.

 13 Баъзе ҷавононе ки онҳоро волидони масеҳӣ калон кардаанд, фарқияти байни биҳишти рӯҳонии зебову равшанамон ва дунёи торики Шайтонро нағз дарк намекунанд. Дар майнаи баъзеҳо ҳатто чунин фикр пайдо мешавад, ки ҳаёти ин ҷаҳонро чашида бинанд. Лекин дар бораи мисоли зерин фикр кунед. Оё шумо пешопеши мошин «канӣ бинам, ба ман зарар мерасонда бошад ё зада мекушта бошад» гуфта, медавидед? Албатта не! Ба ҳамин монанд, мо набояд ба «фисқу фуҷур»-и ин ҷаҳон танҳо бо мақсади чашидани оқибати талхи он даст занем (1 Пет. 4:4).

14 Ҷенер ки дар Осиё зиндагӣ мекунад, дар оилаи масеҳӣ калон шудааст. Дар синни 12-солагӣ ӯ таъмид гирифт. Дар наврасӣ дар ӯ чунин хоҳиш пайдо шуд, ки мисли одамони ҷаҳон зиндагӣ кунад. Ӯ мегӯяд: «Ман мехостам, ки чӣ будани озодии ин ҷаҳонро фаҳмам». Ҷенер ба аҳли оилааш дурӯғ мегуфтагӣ шуд ва бисёр чизҳоро аз онҳо пинҳон мекард. Дар 15-солагиаш ӯ ба ҷавонони бад ҳамроҳ шуда мисли онҳо ҳаёт ба сар мебурд. Ӯ мисли онҳо бадмастиву бадзабонӣ мекард. Бисёр вақт ӯ ҳамроҳи дӯстонаш саргарми бозии билярд ва бозиҳои зӯроварии компютерӣ шуда ба хона дер меомад. Вале бо гузашти вақт ӯ дарк кард, ки чизҳои ҷолиби ин ҷаҳон қаноатмандӣ намеоранд. Ӯ фаҳмид, ки ҳамаи он чизе ки ин ҷаҳон пешниҳод мекунад, дар асл ҳеҷу пуч аст. Дар бораи ба ҷамъомад баргаштанаш ӯ чунин гуфт: «Албатта, ман ҳоло ҳам бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавам, лекин баракате ки Яҳува ба сарам мерезад, аз он душвориҳо садчандон зиёдтар аст».

15. Ҳамаи ҷавонон бояд кадом имкониятро қадр кунанд?

15 Ҳатто агар падару модари шумо дар ҳақиқат набошанд ҳам, аз Яҳува миннатдор бошед, ки ба шумо имконият додааст, то Ӯро шиносед ва ба Ӯ хизмат кунед. Аз байни миллиардҳо одамони рӯи замин Яҳува шуморо интихоб кардааст. Чӣ баракати бузургест ин! (Юҳ. 6:44, 45). Хоҳ мо ҳақиқатро аз волидонамон омӯхта бошем, хоҳ не, мо бояд онро қадр кунем. (1 Қӯринтиён 2:12-ро бихонед.) Ҷенер бо миннатдорӣ мегӯяд:  «Ман кистам, ки сазовори диққати Офаридгори Олам — Яҳува бошам?» (Заб. 8:5). Хоҳари дигаре аз он маҳал мегӯяд: «Вақте омӯзгор донишҷӯёнашро мешиносад, онҳо аз ин хеле фахр мекунанд. Лекин аз тарафи Омӯзгори Бузург — Яҳува шинохта шудан шарафи аз ин ҳам бузургтар аст!»

ШУМО ЧӢ КОР КАРДАНИЕД?

16. Ҷавонони масеҳӣ имрӯз чӣ гуна қарори хирадмандона қабул карда метавонанд?

16 Дар бораи мероси рӯҳониатон андеша ронда дар пеши худ мақсад гузоред, ки хизматгори Яҳува шавед. Ба намунаи хизматгорони содиқи гузашта пайравӣ намоед. Бо роҳи аксари ҷавонони ин ҷаҳон, ки ҳаёти худро бехирадона сарф мекунанду оқибат бо нестшавӣ рӯ ба рӯ мешаванд, наравед (2 Қӯр. 4:3, 4).

17–19. Чаро аз рӯи хирад мебуд, ки ба ин дунё монанд нашавем?

17 Албатта, аз ин ҷаҳон фарқ кардан на ҳамеша осон аст. Лекин ин аз рӯи хирад аст. Барои мисол, дар бораи варзишгари олимпӣ фикр кунед. Барои ба чунин мартаба расидан бояд тарзи ҳаёти ӯ аз дигарон фарқ кунад. Ӯ аз бисёр чизҳое ки вақту диққаташро мегиранд, даст мекашад. Дар натиҷа ӯ барои машқ вақти бештар пайдо мекунад ва метавонад ба мақсадаш расад.

18 Бисёри одамони ин ҷаҳон дар бораи оқибати бади рафторашон фикр намекунанд. Агар шумо бо ҷаҳон ҳамранг нашавед ва нагузоред, ки он аз ҷиҳати рӯҳонӣ ва ахлоқӣ ба шумо таъсири бад расонад, шумо «ҳаёти ҷовидониро аз они худ» сохта метавонед (1 Тим. 6:19). Хоҳаре ки дар боло суханонаш оварда шуда буданд, мегӯяд: «Агар ту дар эътиқодат устувор бошӣ, ту аз ин қаноатмандии зиёд ҳис мекунӣ. Ин кӯмак хоҳад кард, ки шумо ба фишори ҷаҳони Шайтон дода нашавед. Ман аз он ки аз дигарон фарқ мекунам, хеле шодам. Ман тасаввур мекунам, ки Яҳува гӯё ба ман бо фахр нигоҳ карда табассум мекунад».

19 Агар шахс фақат дар бораи он фикр кунад, ки чӣ тавр худи ҳозир аз ҳаёт манфиат гирад, зиндагии ӯ беҳуда мегузарад (Воиз 9:2, 10). Агар шумо дарк кунед, ки имконияти ҷовидона зистан доред, оё аз рӯи хирад намебуд, ки ба ин ҷаҳон монанд нашуда ҳаёти ҳақиқиро ба сар баред? (Эфс. 4:17; Мал. 3:18).

20, 21. Вақте мо қарорҳои дуруст қабул мекунем, моро чӣ гуна оянда интизор аст? Дар алоқамандӣ бо ин Яҳува аз мо чӣ талаб мекунад?

20 Агар мо қарорҳои дуруст қабул кунем, мо аз худи ҳозир хушбахт хоҳем буд ва дар дунёи нави Худо ҷовидона зиндагӣ хоҳем кард. Яҳува моро чунон баракат хоҳад дод, ки мо ҳатто тасаввур карда наметавонем (Мат. 5:5; 19:29; 25:34). Албатта Худо чунин баракатҳоро ба ҳама намедиҳад. Ӯ аз мо итоаткориро интизор аст. (1 Юҳанно 5:3, 4-ро бихонед.) Ва мо барои кӯшишҳои худ мукофот хоҳем гирифт.

21 То чӣ андоза хурсандем мо, ки ин қадар чизҳои бисёрро Яҳува ба мо додааст! Мо миннатдорем, ки Ӯ ба мо дониши аниқро аз Каломаш ато карда ҳақиқатро дар бораи худаш ва ниятҳояш кушодааст. Мо имконияти пуршарафи бар худ доштани номи Ӯро қадр мекунем. Худо ба мо ваъда медиҳад, ки моро дастгирӣ хоҳад кард (Заб. 117:7). Бигзор ҳар яки мо, хоҳ пир, хоҳ ҷавон, нишон диҳем, ки мероси рӯҳониамонро қадр мекунем ва мехоҳем, ки номи Ӯро «то абад ҷалол» диҳем (Рум. 11:33–36; Заб. 32:12).