Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 АЗ ХАЗИНАИ МО

Фарорасии субҳ дар кишвари тулӯи офтоб

Фарорасии субҳ дар кишвари тулӯи офтоб

Даъватномаҳоро ба нутқи оммавӣ дар шаҳри Токио воизон паҳн карданд, дар шаҳри Осака аз ҳавопаймо пош доданд

ШАШУМИ сентябри соли 1926, нозири ноҳиявие ки дар Ҷопон таваллуд шуда буду дар ИМА зиндагӣ мекард, чун миссионер ба Ҷопон баргашт. Ба пешвози нозир фақат як нафар омада буд. Он шахс ба маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» обуна шуда буд ва бо як гурӯҳ одамон дар шаҳри Кобе омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронд. Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас анҷумани якумини худро дар ҳамин шаҳр 2-юми январи соли 1927 гузаронданд. Ба ин анҷуман 36 нафар ташриф оварданд ва 8 нафар дар он таъмид гирифтанд. Албатта ин оғози хуб буд, лекин оё ин гурӯҳи хурд метавонист нури ҳақиқатро ба кишваре, ки аҳолиаш 60 миллион буд, расонад?

Моҳи майи соли 1927 Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас барномаи махсусро оғоз карданд. Дар рафти он барнома онҳо ба таври расмӣ шаҳодат дода одамонро ба гӯш кардани нутқҳои бар Каломи Худо асосёфта даъват мекарданд. Онҳо дар роҳҳои пиёдагард ва дар тамоми шаҳр лавҳаҳоеро ҷойгир карданд, ки дар онҳо маълумот дар бораи ин нутқҳо навишта шуда буд. Тахминан 3000 даъватнома ба мансабдорони шаҳр фиристода шуд. 150 000 маълумотнома паҳн карда шуд. Маълумот оиди ин нутқҳо дар рӯзномаҳои асосии шаҳри Осака ва дар 400 000 чиптаҳои қатора чоп гардид. Дар рӯзи садо додани нутқ ду ҳавопаймо аз болои шаҳр парвоз карда 100 000 нусха маълумотномаро пош дод. Тақрибан 2300 нафар барои гӯш кардани нутқи «Салтанати Худо наздик аст» дар толори Асаҳии шаҳри Осака ҷамъ омада онро пур карданд. Аз сабаби набудани ҷои нишаст қариб ҳазор нафари дигарро ба хонаҳояшон ҷавоб доданд. Баъди нутқ зиёда аз 600 нафар ҳозирон барои иштирок кардан дар қисми саволу ҷавоб дар толор монданд. Дар давоми моҳҳои минбаъда нутқҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта дар Киото ва дигар шаҳрҳои ғарби Ҷопон садо доданд.

Октябри соли 1927 Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар Токио вохӯриҳоро ташкил намуданд ва дар онҳо бо нутқҳо баромад мекарданд. Даъватномаҳо боз як бори дигар ба шахсони обрӯманди шаҳр фиристода шуданд, аз он ҷумла ба сарвазир, аъзоёни парлумон ва роҳбарони диниву ҳарбӣ. Ба туфайли стенду лавҳаҳо, рӯзномаҳо ва ҳамчунин 710 000 маълумотнома 4800 нафар барои гӯш кардани нутқҳо ба пойтахти Ҷопон омаданд.

ПАҲНКУНАНДАГОНИ БОҒАЙРАТИ КИТОБҲО

Катсуо ва Ҳагино Миура

Паҳнкунандагони китобҳо (пешравон) дар расонидани хушхабари Салтанат нақши муҳим мебозиданд. Онҳо хона ба хона гашта, китобҳо паҳн мекарданд. Матсу Иши дар Ҷопон яке аз аввалин паҳнкунандагони китобҳо буд. Ӯ ҳамроҳи шавҳараш Ҷизо се чоряки мамлакатро тай карда аз Саппоро, ки дар шимоли мамлакат буд, ба Сендай, Токио, Йокоҳама, Нагоя, Осака, Киото, Окаяма ва Токусима сафар кард. Хоҳар Иши ҳамроҳи хоҳари калонсолтаре бо номи Сакико Танака кимоно (либоси миллии ҷопониҳо)-и расмии худро пӯшида назди калоншавандагон рафт. Яке аз он калоншавандагон 300 нусха китоби «Барбати Худо» ва «Раҳоӣ»-ро дархост кард, то дар китобхонаи маҳбасҳо гузошта шавад.

Катсуо ва Ҳагино Миура аз хоҳар Иши китоб гирифтанд ва дарҳол фаҳмиданд, ки ин ҳақиқат аст.  Онҳо соли 1931 таъмид гирифтанд ва паҳнкунандагони китобҳо шуданд. Ҳаруичи ва Тане Йамада ва бисёре аз хешовандони онҳо хабари Салтанатро пеш аз солҳои 1930 қабул карда буданд. Ҳаруичи ва Тане паҳнкунандагони китобҳо шуданд, духтарашон Юкико бошад, барои хизмат ба Байт-Или Токио рафт.

«ЕҲУ»-И КАЛОН ВА МАЙДА

«Еҳу»-и калон, ки дар он то шаш пешрав ғунҷида метавонист

Дар он вақтҳо автомобилҳо қимат ва роҳҳо бад буданд. Барои ҳамин Казуми Миноура ва дигар ҷавононе ки паҳнкунандагони китобҳо буданд, мошинҳои бе муҳаррикро истифода мебурданд. Онҳо ин мошинҳои аробамонандро ба шарофати Еҳуи аробасавор, ки подшоҳи Исроил гардид, «Еҳу» номиданд (4 Подш. 10:15, 16). Онҳо се «Еҳу»-и калон доштанд, ки дарозии ҳар яки он 2,2 м, бараш 1,9 м ва баландиаш 1,9 м буд ва дар он то шаш пешрав меғунҷид. Илова бар ин дар филиали Ҷопон 11 «Еҳу»-и нав сохта шуд, ки онҳо ба велосипед монанд буданд ва дар ҳар яки онҳо ду одам ҷо мешуд. Кийчи Ивасаки, ки дар сохтани он «Еҳу»-ҳои майда ёрӣ мерасонд, ба хотир меорад: «Ҳар як “Еҳу” дар даруни худ хайма ва аккумулятор барои ҳосил кардани рӯшноӣ дошт». Аз ин аробаҳо истифода бурда, паҳнкунандагони китобҳо нури ҳақиқатро ба тамоми Ҷопон мерасонданд. Вақте ки онҳо аз байни водиву кӯҳсор гузашта аз Ҳоккайдо (шимоли Ҷопон) ба Кюши (ҷануби Ҷопон) мерафтанд, онҳо ин аробаҳоро гоҳ ба боло тела карда мебурданд ва гоҳ ба поён мефароварданд.

«Еҳу»-и майда, ки дар он ду нафар ҷо мешуд

Икуматсу Ота, ки паҳнкунандаи китобҳо буд, мегӯяд: «Вақте ки мо ба шаҳре мерафтем, “Еҳу”-и худро дар соҳили дарё ё саҳрои кушод мегузоштем. Мо аввал назди калоншавандагони шаҳр, масалан ҳокими шаҳр мерафтем ва баъд аз ин хона ба хона гашта адабиётамонро ба одамон пешниҳод мекардем. Баъди гашта баромадани як маҳал мо ба шаҳраки дигар мерафтем».

Дар анҷумани аввалини Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас, ки дар Кобе гузашт, танҳо 36 нафар ҳузур доштанд (Зак. 4:10). Ҳамагӣ панҷ сол пас — соли 1932 — 103 нафар паҳнкунандаи китобҳо ва воизони Ҷопон оиди фаъолияташон ҳисобот доданд. Дар он навишта шуда буд, ки воизон дар он ҷо беш аз 14 000 адад китобро тақсим карданд. Имрӯз кори мавъизаи хушхабар дар шаҳрҳои калони Ҷопон хеле хуб ташкил шудааст. Ба туфайли кӯшишу ғайрати қариб 220 000 воиз дар саросари кишвари тулӯи офтоб нури ҳақиқат дурахшон аст. (Аз Хазинаи мо дар Ҷопон.)

Нақшаи Кийчи Ивасаки, ки «Еҳу»-ро дар Байт-Или Ҷопон сохта буд