Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чаро мо бояд муқаддас бошем?

Чаро мо бояд муқаддас бошем?

«Муқаддас бошед» (ИБД. 11:45).

1. Барои чӣ дида баромадани китоби Ибодат бароямон фоиданок хоҳад буд?

ДАР Китоби Муқаддас мавзӯи покӣ ё муқаддасӣ аз ҳама бештар дар китоби Ибодат вомехӯрад. Доштани ин хислат барои ҳама хизматгорони ҳақиқии Яҳува ҳатмист. Дида баромадани якчанд порчаи ин китоб ба мо кӯмак мерасонад, ки худро муқаддас нигоҳ дорем, яъне аз ҷиҳати рӯҳонӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонӣ пок бошем.

2. Баъзе хусусиятҳои фарқкунандаи китоби Ибодат дар чист?

2 Китоби Ибодат, ки онро Мусо навиштааст, қисми навиштаҳои илҳомбахшидаи Худост ва барои омӯзиш фоиданок аст (2 Тим. 3:16). Дар матни аслии ин китоб номи Яҳува ба ҳисоби миёна дар ҳар як боб даҳ маротиба вомехӯрад. Агар мо ба мавзӯи ин китоб сарфаҳм равем, мо аз ҳар чизе ки ба номи муқаддаси Худо доғ оварда метавонад, канорагирӣ мекунем (Ибд. 22:32). Ҳамчунин дар китоби Ибодат ибораи «Ман Худованд ҳастам» зуд-зуд истифода шудааст ва ин ба мо хотиррасон мекунад, ки мо бояд ба Ӯ итоат кунем. Дар ин мақола ва мақолаи навбатӣ мо аз ин китоб дарсҳои пурқиматеро меомӯзем, ки ба мо барои дар ибодати Худо пок мондан кӯмак мерасонад.

 МУҚАДДАС БУДАН ДАР ТАЛАБ АСТ

3, 4. Покшавии Ҳорун ва писарони ӯ тимсоли чӣ буд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

3 Ибодат 8:5, 6-ро бихонед. Яҳува Ҳорунро саркоҳин, писаронашро бошад, коҳинони Исроил таъин намуд. Ҳорун тимсоли Исои Масеҳ аст, писарони Ҳорун бошанд, тимсоли пайравони тадҳиншудаи Исо. Лекин оё гуфтан мумкин аст, ки покшавии Ҳорун рамзи покшавии Исо буд? Шуста шудани Ҳорун ба Исо ишора карда наметавонист, чунки Исо аллакай пок буд ва ба тозашавӣ ниёз надошт. Аммо вақте ки Ҳорун худро шуста пок кард, он гоҳ тимсоли Исо гардид, чунки Исо росткор ва «беайб» буд (Ибр. 7:26; 9:14). Пас покшавии писарони Ҳорун ба чӣ ишора мекунад?

4 Покшавии писарони Ҳорун тимсоли покшавии аъзоёни интихобшудаи Салтанати коҳинон мебошад. Оё таъмиди тадҳиншудагон бо покшавии писарони Ҳорун алоқамандӣ дошт? Не. Таъмид маънои онро дорад, ки шахс худро бечунучаро ва бе ягон шарт ба Яҳува мебахшад, лекин он гуноҳҳоро пок намесозад. Тозашавии тадҳиншудагон «ба воситаи калом» ба амал меояд ва барои ин онҳо бояд гуфтаҳои Исоро дар ҳаёти худ аз таҳти дил иҷро кунанд (Эфс. 5:25–27). Ҳамин тавр онҳо муқаддас ва пок мешаванд. Дар бораи «гӯсфандони дигар» чӣ гуфтан мумкин аст? (Юҳ. 10:16).

5. Чаро гуфтан мумкин аст, ки гӯсфандони дигар ба воситаи Каломи Худо пок мешаванд?

5 Писарони Ҳорун тимсоли гӯсфандони дигари Исо ё «анбӯҳи бузург» нестанд (Ваҳй 7:9). Оё ин хизматгорони таъмидёфтаи Яҳува низ ба воситаи Каломи Худо пок ва муқаддас мешаванд? Албатта! Вақте онҳо Китоби Муқаддасро хонда муҳим ва пурарзиш будани хуни рехтаи Исоро дарк мекунанд, онҳо ба он имон оварда шабу рӯз ба хизмати муқаддас машғул мешаванд (Ваҳй 7:13–15). Агар ҳам тадҳиншудагон ва ҳам гӯсфандони дигар худро пайваста пок кунанд, ин аз чашми дигарон пӯшида намемонад (1 Пет. 2:12). Яҳува аз дидани он ки ҳамаи ходимонаш покӣ ва ягонагии худро нигоҳ дошта аз паи Чӯпони худ — Исо мераванд, бениҳоят шод мешавад.

6. Барои чӣ ҳар яки мо бояд мунтазам худро тафтиш кунем?

6 Қонунҳое ки ба коҳинони Исроил оиди тозагӣ дода шуда буданд, имрӯз низ ба халқи Худо дахл доранд. Ба одамоне ки мо бо онҳо Китоби Муқаддасро меомӯзем, сарулибоси тозаву озода ва тозагии ҷои ибодати мо таъсири сахт мерасонад. Лекин аз покии коҳинон мо як чизи дигарро омӯхта метавонем: касе ки ба Яҳува ибодат кардан мехоҳад, бояд дили пок дошта бошад (Забур 23:3, 4-ро бихонед; Ишаъё 2:2, 3). Барои муайян кардани он ки мо дар ҳақиқат пок ҳастем ё не мо бояд ақл, дил ва тани худро пок нигоҳ дорем. Барои ин мо бояд худро зуд-зуд тафтиш кунем. Шояд ба баъзеҳо лозим ояд, ки дар худ дигаргуниҳои ҷиддӣ дароранд (2 Қӯр. 13:5). Масалан, масеҳие ки порнография тамошо мекунад, аз худ пурсида метавонад: «Оё гуфтан мумкин аст, ки ман пок ҳастам?» Сипас барои тарк кардани ин одати нопок ӯ бояд аз дигарон кӯмак пурсад (Яъқ. 5:14).

БО ИТОАТКОРӢ ПОК БУДАНАТОНРО НИШОН ДИҲЕД

7. Исо дар алоқамандӣ бо Ибодат 8:22–24 ба мо чӣ гуна намуна гузошт?

Вақте ки дар Исроил аввалин бор коҳинон таъин шуданд, мувофиқи қонун хуни гӯсфандро бояд ба гӯши рост ва ба нарангушти дасту пойи  саркоҳин Ҳорун ва писарони ӯ мемолиданд. (Ибодат 8:22–24-ро бихонед.) Хунро ба ин тарз истифода бурда коҳинон нишон медоданд, ки вазифаҳои худро аз таҳти дил ба ҷо меоранд. Мисли онҳо Исои Саркоҳин ба тадҳиншудагон ва гӯсфандони дигар намунаи комил гузошт. Ӯ ба роҳнамоии Яҳува гӯш медод, иродаи Ӯро иҷро мекард ва ҳамеша бо роҳи рост мерафт (Юҳ. 4:31–34).

8. Ҳама хизматгорони Яҳува бояд чӣ кор кунанд?

8 Масеҳиёни тадҳиншуда ва гӯсфандони дигари Исо бояд мисли Саркоҳини худ пок бошанд. Ҳама ходимони Яҳува бояд ба меъёрҳои Каломи Ӯ мувофиқат кунанд ва кӯшиш намоянд, ки рӯҳи Ӯро андӯҳгин насозанд (Эфс. 4:30). Онҳо бояд «барои пойҳои худ роҳҳои рост» кушоянд (Ибр. 12:13).

9. Се бародар дар бораи ҳамкории худ бо аъзоёни Ҳайати роҳбарикунанда чӣ мегӯянд ва мо аз суханони онҳо чӣ дарс гирифта метавонем?

9 Суханони самимии се бародареро, ки умеди заминӣ доранд ва тӯли даҳсолаҳо бо аъзоёни Ҳайати роҳбарикунанда ҳамкорӣ мекунанд, дида мебароем. Яке аз онҳо гуфт: «Ҳарчанд ҳамкорӣ кардан бо ин бародарони бо рӯҳи муқаддас тадҳиншуда имконияти олиҷаноб буд, дар рафти ҳамкорӣ аён шуд, ки онҳо низ нокомиланд. Ба ин нигоҳ накарда мақсади ман тӯли солҳо ин аст, ки нисбати онҳое ки роҳбариро ба ӯҳда мегиранд, итоаткор бошам». Бародари дуюм мегӯяд: «Оятҳои ба монанди 2-и Қӯринтиён 10:5 моро ташвиқ мекунанд, ки ба Масеҳ итоат намоем. Ин оятҳо ба ман кӯмак карданд, ки ба онҳое ки роҳбариро ба ӯҳда мегиранд, итоаткор бошам ва бо онҳо ҳамкорӣ кунам. Ин итоаткорӣ аз таҳти дил аст». Бародари сеюм қайд мекунад, ки агар мо доимо роҳнамоии Яҳуваро ҷӯё бошем, мо кӯшиш мекунем, ки иродаи Ӯро ба ҷо орем ва ба он касоне ки Ӯ бар ташкилоти худ таъин кардааст, итоаткор бошем. Бо чунин итоаткорӣ мо дили Яҳуваро хурсанд мекунем. Ин бародар фаҳмид, ки Нейтан Норр пеш аз аъзои Ҳайати роҳбарикунанда шуданаш, фикрҳоеро, ки соли 1925 дар «Бурҷи дидбонӣ» (англ.) мақолаи «Тавлиди халқ» муҳокима шуда буданд, бо омодагӣ қабул карда буд, ҳарчанд дигарон бо ин фикрҳо розӣ набуданд. Итоаткории Нейтан Норр дар ин масъала ба он бародар таъсири сахт расонд. Дар бораи суханони ин се бародар мулоҳиза намуда мо метавонем дар худ итоаткории зиёдтарро инкишоф диҳем ва ҳамин тавр муқаддас бошем.

ИТОАТКОРӢ БА АҲКОМ ОИДИ ХУН

10. Чаро муҳим аст, ки ба аҳкоми Яҳува оиди хун итоат кунем?

10 Ибодат 17:10-ро бихонед. Яҳува ба исроилиён амр фармуд, ки ҳеҷ гуна хунро нахӯранд, хоҳ он хуни ҳайвон бошад, хоҳ инсон. Ин амр ба масеҳиёни имрӯза низ дахл дорад (Аъм. 15:28, 29). Бешубҳа, мо намехоҳем, ки ғазаби Яҳуваро оварда аз ҷамъомади масеҳӣ ронда шавем. Мо Офаридгорамонро дӯст медорем ва мехоҳем, ки ба Ӯ итоат кунем. Ҳатто агар ба ҳаёти мо хатар таҳдид кунад ҳам, мо ба амру талаб ва зориву илтиҷои касоне ки Яҳуваро дӯст намедоранд ва аз рӯи меъёрҳои Ӯ зиндагӣ намекунанд, дода намешавем. Одамон метавонанд моро масхара кунанд, лекин барои мо аз ҳама чизи муҳим ин ба Яҳува писанд омадан аст (Яҳд. 17, 18). Чӣ ба мо азми қавӣ мебахшад, ки ҳеҷ гуна хунро истеъмол накунем? (Такр. Ш. 12:23).

11. Чаро гуфтан мумкин аст, ки рӯзи Кафорат маросими хушку холӣ набуд?

11 Он ки чӣ тавр саркоҳин хуни  ҳайвонро дар рӯзи Кафорат истифода мебурд, ба мо ёрӣ мерасонад, ки назари Яҳуваро нисбати хун бифаҳмем. Он бо мақсади махсус, яъне кафорати гуноҳҳои касоне ки бахшиши Яҳуваро меҷустанд, ҷудо карда мешуд. Хуни гов ва буз бояд ба пеши сарпӯши сандуқи аҳд пошида мешуд (Ибд. 16:14, 15, 19). Чунин амал ба Яҳува имконият медод, ки гуноҳҳои исроилиёнро бубахшад. Ҳамчунин Яҳува амр фармуд, ки агар шахс ҳайвонеро кушта гӯшташро хӯрданӣ шавад, ӯ бояд аввал хуни он ҳайвонро ба замин рехта, сипас онро бо хок пӯшонад, «зеро ҷони ҳар ҷисм хуни он аст» (Ибд. 17:11–14). Оё ин амал як маросими холӣ буду халос? Не. Садсолаҳо пеш низ Яҳува ба Нӯҳ ва насли ӯ амр дода буд, ки аз хун парҳез кунанд (Ҳас. 9:3–6). Ин барои масеҳиён чӣ маъно дорад?

12. Чӣ тавр Павлус хунро бо бахшиши гуноҳҳо алоқаманд кард?

12 Вақте ки Павлуси ҳавворӣ дар бораи қувваи поккунандаи хун ба масеҳиёни ибрӣ нома навишт, ӯ фаҳмонд: «Қариб ҳама чиз мувофиқи шариат ба василаи хун татҳир меёбад [пок мешавад], ва бе рехтани хун омурзиш нест» (Ибр. 9:22). Лекин арзиши хуни ҳайвоноти қурбонишуда доимӣ набуд. Павлус қайд кард, ки ин қурбониҳо ба исроилиён хотиррасон мекарданд, ки онҳо гунаҳкоранд ва барои бахшиши пурраи гуноҳҳо ба қурбонии бузургтар ниёз доштанд. Дар ҳақиқат, «шариат... сояи некиҳои оянда аст ва воқеияти онҳо нест» (Ибр. 10:1–4). Агар ин тавр бошад, пас бо кадом тарз кафорати гуноҳҳо имконпазир шуд?

13. Он ки Исо арзиши хуни рехтаи худро ба Яҳува пешкаш кард, дар шумо чӣ ҳиссиётро бедор мекунад?

13 Эфсӯсиён 1:7-ро бихонед. Исои Масеҳ ҷонашро баҳри ҳама одамон фидо кард ва ин барои ҳамаи онҳое ки ӯ ва Падарашро дӯст медоранд, аҳамияти калон дорад (Ғал. 2:20). Лекин он коре ки Исо баъди марги худ ба ҷо овард, он моро аз гуноҳҳоямон озод кард. Маросими рӯзи Кафорати гуноҳҳо сояи корҳои ояндаи Исо буд,  ки ӯ баъд аз маргаш ба амал овард. Дар рӯзи кафорати гуноҳҳо саркоҳин хуни ҳайвони қурбонишударо гирифта ба қудси қудсҳои хайма мебурд (солҳои баъд онро ба маъбади Сулаймон мебурданд) ва ба он ҷо даромада онро гӯё ба ҳузури Худо тақдим мекард (Ибд. 16:11–15). Ба монанди ин Исо ба худи осмон даромад ва арзиши қурбонии фидияро ба Яҳува пешкаш кард (Ибр. 9:6, 7, 11–14, 24–28). То чӣ андоза миннатдорем мо, ки ба туфайли имон ба хуни рехтаи Исо бахшиши гуноҳҳо ва виҷдони пок ба даст овардем!

14, 15. Чаро муҳим аст, ки қонуни Худоро оиди хун бифаҳмем ва ба он итоат кунем?

14 Эҳтимол шумо акнун беҳтар фаҳмидед, ки чаро Яҳува ба мо амр додааст, то ки ҳеҷ гуна хунро нахӯрем (Ибд. 17:10). Оё шумо дарк мекунед, ки маҳз барои чӣ Худо хунро муқаддас мешуморад? Дар назари Худо хун ба ҳаёт баробар аст (Ҳас. 9:4). Бешубҳа, шумо розиед, ки мо бояд ба хун мисли Яҳува назар кунем ва аз он парҳез намоем. Ягона роҳи бо Худо дар сулҳ будан ин имон овардан ба қурбонии фидия ва дарк кардани он аст, ки хун дар назари Офаридгорамон арзиши гарон дорад (Қӯл. 1:19, 20).

15 Ҳар яки мо бо масъалаи хунгузаронӣ рӯ ба рӯ шуда метавонем. Дар чунин вазъияти душвор кас бояд оиди муолиҷаи тиббӣ ё фраксияҳои хун қарор қабул кунад. Барои худро пешакӣ ба чунин ҳолатҳои ногаҳонӣ тайёр кардан мо бояд дуо гӯем ва оиди ин масъала таҳқиқ гузаронем. Он гоҳ мо бо далерӣ аз хунгузаронӣ даст кашида метавонем. Бешубҳа, мо намехоҳем ба коре, ки Яҳува дар Каломаш манъ кардааст, даст зада Ӯро хафа кунем. Бисёре аз мутахассисони соҳаи тибб ва дигар тарафдорони ақидаи хунгузаронӣ ҳамаро даъват мекунанд, ки дар хунсупорӣ иштирок карда дар наҷот додани ҳаёти инсонҳо саҳми худро гузоранд. Лекин мо бояд дар хотир дорем, ки танҳо Офаридгор ҳақ дорад, ки тарзи дурусти истифодаи хунро муайян кунад ва барои Ӯ ҳама намуди хун муқаддас аст. Мо бояд бо азми қавӣ ба қонун оиди хун итоат кунем. Бо рафтори поки худ мо ба Худо нишон медиҳем, ки қувваи наҷотбахши хуни Исоро қадр мекунем. Танҳо ба туфайли хуни ӯ мо метавонем бахшиши гуноҳҳо ва ҳаёти ҷовидониро ба даст орем (Юҳ. 3:16).

Оё шумо омодаед, ки ба қонуни Яҳува оиди хун итоат кунед? (Ба сархатҳои 14 ва 15 нигаред)

БАРОИ ЧӢ ЯҲУВА МЕХОҲАД, КИ МО МУҚАДДАС БОШЕМ?

16. Чаро халқи Яҳува бояд поку муқаддас бошад?

16 Вақте ки Худо исроилиёнро аз ғуломии Миср озод мекард, Ӯ ба онҳо гуфт: «Ман Худованде ҳастам, ки шуморо аз замини Миср берун овардаам, то ки Худои шумо бошам; пас, шумо муқаддас бошед, зеро ки Ман қуддус ҳастам» (Ибд. 11:45). Аз халқи Исроил талаб карда мешуд, ки поку муқаддас бошанд, чунки худи Яҳува муқаддас аст. Чун Шоҳидони Ӯ мо низ бояд муқаддас бошем. Китоби Ибодат ин фикрро хеле хуб тасдиқ мекунад.

17. Аз китоби Ибодат ба шумо чӣ маъқул шуд?

17 Дида баромадани якчанд порчаҳои китоби Ибодат, бешубҳа, бароямон фоидабахш буд. Мо, албатта, акнун ин китоби илоҳиро бештар қадр мекунем ва хубтар мефаҳмем, ки чаро мо бояд муқаддас бошем. Аммо ғайр аз ин мо аз китоби Ибодат боз чиро омӯхта метавонем? Чӣ тавр бо ёрии ин китоб мо ба таври поку муқаддас ба Яҳува хизмат карда метавонем? Инро мо дар мақолаи навбатӣ дида мебароем.