Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд—Тайван

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд—Тайван

ҶУФТИ масеҳӣ бо номи Чун Кюн ва Ҷули, ки синнашон аз 30 гузаштааст, тахминан панҷ сол пеш дар шаҳри Сиднеи Австралия, чун пешрави доимӣ хизмат мекарданд. «Мо кори нимрӯза доштем ва ҳаёти бароҳат ба сар мебурдем,— нақл мекунад Чун Кюн.— Дар ҷое ки мо зиндагӣ мекардем, боду ҳавояш форам ва зиндагӣ осон буд. Мо аз муошират бо дӯстону наздикони худ ҳаловат мебурдем». Вале виҷдони Чун Кюн ва Ҷули онҳоро азоб медод. Барои чӣ? Зеро онҳо дарк мекарданд, ки ба Яҳува бештар хизмат карда метавонанд, лекин ба тағйир додани ҳаёташон намешитофтанд.

Баъд онҳо дар анҷумани соли 2009 нутқеро шуниданд, ки ба дили онҳо таъсири сахт расонд. Нотиқ суханонашро ба онҳое ки имконият ва шароити васеъ кардани хизматро доштанд, равона карда гуфт: «Дар бораи мисоли зерин фикр кунед: ронанда танҳо ҳамон вақт метавонад мошинро ба тарафи чап ё рост гардонад, агар он дар ҳаракат бошад. Ба ин монанд, Исо дар васеъ кардани доираи хизматамон моро танҳо ҳамон вақт роҳнамоӣ карда метавонад, агар худи мо барои ба мақсад расидан кӯшиш ба харҷ диҳем» *. Онҳо ҳис карданд, ки гӯё ин суханон айнан ба онҳо равона шудааст. Боз дар худи ҳамон анҷуман аз як ҷуфти миссионерон, ки дар Тайван хизмат мекарданд, мусоҳиба гирифта шуд. Онҳо дар бораи хурсандие, ки аз хизмат мегиранд гап зада, қайд карданд, ки дар Тайван ҳоло ҳам ниёзи калон вуҷуд дорад. Ин дафъа низ Чун Кюн ва Ҷули ҳис карданд, ки гӯё ин суханон маҳз барои онҳо гуфта шудааст.

«Баъди он анҷуман,— нақл мекунад Ҷули,— мо ба Яҳува дуо гуфтем, ки ба мо барои ба Тайван кӯчидан далерӣ бахшад». Ӯ илова мекунад: «Лекин мо тарс доштем. Ҳиссиёти мо чунин буд, ки гӯё мо бори аввал дар ҳаётамон ба ҳавзи чуқуре ҷаҳиданӣ ҳастем». Ояте ки ба онҳо барои «ҷаҳидан» далерӣ бахшид, Воиз 11:4 буд. Дар он ҷо гуфта шудааст: «Касе ки ба бод нигоҳ мекунад, кишт нахоҳад кард, ва касе ки ба абрҳо назар медӯзад, дарав нахоҳад кард». Чун Кюн мегӯяд: «Мо ба хулосае омадем, ки ҳозир вақти нишаста нигоҳ кардан нест, балки вақти “кишт” ва “дарав” аст».  Онҳо пайваста дуо мегуфтанд, аз ҳаёти миссионерон воқеаҳо мехонданд, бо касоне ки дар Тайван буданд, хатнависӣ карда дар бораи он ҷо ба воситаи почтаи электронӣ маълумот ҷамъ мекарданд. Баъд аз ин онҳо мошинҳои худ ва мебели хонаашонро фурӯхта, пас аз се моҳ ба Тайван кӯчиданд.

ХУРСАНДӢ АЗ ХИЗМАТ

Зиёда аз сад нафар бародарону хоҳарон аз мамлакатҳои дигар ҳозир дар Тайван, дар ҷойҳое ки ба воизони Салтанат ниёзи калон вуҷуд дорад, хизмат мекунанд. Онҳо аз Австралия, Бритониё, Канада, Фаронса, Ҷопон, Корея, Испания ва Иёлоти Муттаҳида омадаанд. Синну соли он воизон гуногун — аз 21 то 73-сола мебошад. Зиёда аз 50 нафари онҳо хоҳарони муҷаррад мебошанд. Чӣ ба ин бародарону хоҳарони боғайрат кӯмак кард, ки дар мамлакати хориҷа аз ӯҳдаи хизматашон бароянд? Биёед бубинем.

Лора

Лора, хоҳари муҷаррад аз Канада, дар қисми ғарбии Тайван чун пешрав хизмат мекунад. Лекин даҳ сол пеш ба ӯ мавъиза кардан тамоман маъқул набуд. Лора мефаҳмонад: «Ман дар хизмат кам иштирок мекардам, аз ҳамин сабаб мавъиза кардан ба ман хурсандӣ намеовард». Аммо баъд дӯстонаш аз Канада ӯро даъват карданд, то ки ба муддати як моҳ дар хизмати мавъиза дар Мексика онҳоро ҳамроҳӣ кунад. Лора мегӯяд: «Ин бори аввал буд, ки ман муддати зиёд дар хизмат иштирок карда будам. Ман фикр намекардам, ки он то ин дараҷа ба ман хурсандӣ меорад».

Ҳаловате ки Лора аз ин сафар гирифт, ӯро водор кард, ки ба ҷамъомади хориҷизабони Канада гузарад. Ӯ ба курси омӯзиши забони хитоӣ аъзо шуда, бо гурӯҳи хитоӣ мавъиза карданро сар кард. Ӯ дар пеши худ мақсад монд, то ки ба Тайван кӯчад ва ниҳоят сентябри соли 2008 ба мақсадаш расид. «Барои ба ҷои нав одат кардан ба ман қариб як сол лозим буд, лекин ҳоло бошад, ман ягон зарра хоҳиши ба Канада баргаштан надорам»,— мегӯяд Лора. Ҳоло муносибати ӯ нисбати мавъиза чӣ гуна аст? Ӯ мегӯяд: «Дидани он ки чӣ тавр омӯзандагони Китоби Муқаддас Яҳуваро шинохта ҳаёти худро тағйир медиҳанд ба ман хурсандии бемислу монанд мебахшад. Дар Тайван хизмат карда ман чунин шодиро борҳои зиёд чашидам».

 НАДОНИСТАНИ ЗАБОН

Брайан ва Мишел

Як ҷуфти масеҳӣ аз Иёлоти Муттаҳида бо номи Брайан ва Мишел, ки синну солашон аз 30 гузашта буд, ҳашт сол пеш ба Тайван кӯчиданд. Дар аввал ба назари онҳо чунин менамуд, ки гӯё хизматашон он қадар ҳам фоида намеорад. Лекин як миссионери таҷрибадор ба онҳо гуфт: «Агар шумо ба касе ҳатто як рисола пешниҳод кунед ҳам, дар хотир доред, ки ин бори аввали бо ҳақиқат шинос шудани он кас буда метавонад. Барои ҳамин, гуфтан мумкин аст, ки ҳатто бо чунин кори оддӣ шумо аллакай саҳми калон мегузоред». Ин суханон Брайан ва Мишелро рӯҳбаланд намуда, ба онҳо кӯмак карданд, то ки хурсандиро дар хизмат нигоҳ доранд. Бародари дигаре ба онҳо чунин маслиҳат дод: «Барои рӯҳафтода нашудан, пешравиатонро дар омӯзиши забон ҳар рӯз муқоиса накунед. Беҳтараш нигаред, ки аз гузаштани як анҷуман то анҷумани дигар чӣ қадар омӯхтед». Ва дар ҳақиқат, онҳо пешравӣ карданду имрӯз чун пешравони пурсамар хизмат мекунанд.

Чӣ шуморо барангехта метавонад, то омӯзиши забони хориҷиро сар кунед? Пешакӣ он мамлакатеро, ки барои хизмат ба он ҷо кӯчиданиед, рафта бубинед. Дар он ҷо ба вохӯриҳо ташриф оваред, бо бародарону хоҳарони он ҷо муошират кунед ва ҳамроҳи онҳо ба хизмат бароед. Брайан мегӯяд: «Дидани он ки чӣ тавр одамон паёми Салтанатро нағз гӯш мекунанд ва ҳис кардани меҳру муҳаббати самимии бародарону хоҳарон, касро бармеангезад, ки нигоҳ накарда ба тамоми душвориҳо дар мамлакати дигар хизмат кунад».

ДАР БОРАИ ҶОИ КОР ЧӢ ГУФТАН МУМКИН АСТ?

Кристин ва Мишел

Баъзе касоне, ки ба Тайван барои васеъ кардани хизмати худ кӯчидаанду чун пешрав хизмат мекунанд, барои худро таъмин кардан ба дигарон забони англисиро дарс медиҳанд. Кристин ва Мишел маҳсулоти баҳрӣ мефурӯшанд. Кристин мефаҳмонад: «Ман пештар ҳеҷ гоҳ ин корро накарда будам. Лекин ин намуди кор ба ман ёрдам мекунад, ки хизмати худро чун пешрав дар ин мамлакат давом диҳам». Бо гузашти вақт, Кристин харидорони доимиро пайдо кард. Ин кори нимрӯза ба ӯ имконият медиҳад, ки худаш ва занашро аз ҷиҳати моддӣ таъмин кунад. Ин ба онҳо вақти зиёд фароҳам меорад, ки дар фаъолияти асосиашон, яъне дар кори шогирдсозӣ иштирок кунанд.

«АЗ ХУДИ САФАР ҲАЛОВАТ ГИР»

Уилям ва Ҷенифер, ҷуфти масеҳӣ аз Иёлоти Муттаҳида тахминан ҳафт сол пеш ба Тайван омаданд. Уилям мегӯяд: «Забони навро омӯхтан, чун пешрав хизмат кардан, дар ҳаққи ҷамъомад ғамхорӣ кардан ва ҳамзамон аз думи кору бори рӯзгор давидан касро хаставу шалпар мекунад». Чӣ ба онҳо кӯмак кард, то ки аз ӯҳдаи кори худ баромада дар хизмат хурсандиро нигоҳ доранд? Онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар пеши худ мақсадҳои аз қувват берун намонанд. Масалан, онҳо нисбати худ дар омӯзиши забони хитоӣ аз ҳад сахтгир набуданд, барои ҳамин вақте ки пешравии сусти худро медиданд, рӯҳафтода намешуданд.

Уилям ва Ҷенифер

Уилям суханони як нозири сайёрро ба хотир меорад, ки боре ба ӯ гуфта буд: «Ҳангоми роҳ паймудан кӯшиш кун, ки аз худи сафар ҳаловат барӣ, на фақат аз расидан ба манзил». Одам на танҳо вақте ки ба мақсадаш расад хурсанд буда метавонад. Мо ҳатто ҳангоми ба он мақсад кӯшидан ҳаловат гирифта метавонем. Ин маслиҳат ба онҳо кӯмак кард, то ки мулоҳизакор бошанд, ба маслиҳатҳои бародарони он ҷо гӯш диҳанд ва равиши кори худро дигар кунанд, то ки дар ҷои нав дар хизмати худ муваффақ шаванд. Ӯ илова мекунад: «Мо ҳамчунин фаҳмидем, ки барои тамошо ва ҳаловат гирифтан аз табиати ҷазирае, ки дар он ҷо хизмат мекунем, вақт ҷудо кардан муҳим аст».

Ба монанди Уилям ва Ҷенифер, Меган, ном хоҳари муҷаррад аз Иёлоти Муттаҳида чун пешрав дар Тайван хизмат мекунад. Ӯ низ то ба мақсади худ расидан, яъне бо забони хитоӣ равонтар гап задан, аз «сафар»-и худ ҳаловат мегирад. Рӯзҳои истироҳат ӯ ҳамроҳи як гурӯҳ воизон дар мавзеи зебое бо номи Каосюнг, ки он калонтарин порти Тайван аст, хизмат мекард. Меган метавонист хушхабарро аз як киштӣ ба киштии дигар паҳн кунад. Ӯ имконият дошт, ки ба моҳигирон аз Бангладеш, Ҳиндустон, Индонезия, Филиппин, Таиланд ва Вануату мавъиза кунад. «Азбаски моҳигирон дар порт муддати дароз намеистанд, мо  кӯшиш мекунем, ки дар худи ҳамон ҷо ва ҳамон лаҳза бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кунем. Барои он ки ба ҳамаи онҳо вақтам расад, ман одатан яку якбора бо чор ё панҷ кас омӯзиш мекунам». Лекин бо омӯхтани забони хитоиаш чӣ шуд? Вай мегӯяд: «Албатта ман мехоҳам, ки забонро беҳтару тезтар ёд гирам, лекин суханони як бародарро ҳамеша дар ёд нигоҳ медорам: “Чизе ки аз дастат меояд, ҳамонро кун, мондагиашро бошад, ба Яҳува ҳавола кун”».

Меган

БЕХАТАР, ОДДӢ ВА ШАВҚОВАР

Пеш аз он ки Кэти, аз Бритониё ба хориҷа кӯчида равад, ӯ пурсуҷӯ кард, ки дар куҷо хизмат кардан барои хоҳарони муҷаррад бехатар аст. Ӯ ташвишҳояшро дар дуо ба Яҳува гуфта, ба якчанд филиал нома навишт ва дар бораи хатарҳое, ки ба хоҳарони муҷаррад таҳдид карда метавонад, маълумот ҷамъ кард. Баъди бодиққат дида баромадани ҷавоби номаҳо, ӯ ба хулосае омад, ки Тайван барои хизмат карданаш ҷои муносиб аст.

Соли 2004, Кэти дар синни 31 солагиаш ба Тайван кӯчид ва ҳоло дар он ҷо ҳаёти оддӣ ба сар мебарад. Ӯ нақл мекунад: «Ман аз бародарон ва хоҳарон мепурсидам, ки аз куҷо мева ва сабзавотро бо нархи арзон харидан мумкин аст. Маслиҳати онҳо ба ман ёрӣ дод, ки сарфакор бошам». Чӣ ба ӯ кӯмак кард, ки ҳаёти оддӣ ба сар барад? Кэти мегӯяд: «Ман бисёр вақт ба Яҳува дуо мегӯям, ки ба ман ёрдам кунад, то бо хӯрду хӯрок ва пӯшоке, ки дорам, қаноат кунам. Ман ҳис мекунам, ки Яҳува ба дуоҳоям ҷавоб медиҳад. Ӯ ба ман кӯмак мекунад, ки ба чизи доштаам қаноат кунам ва ба чизе ки надорам, камтар аҳамият диҳам». Ӯ илова мекунад: «Хоксорона зиндагӣ кардан ба ман маъқул аст, зеро ин тарзи ҳаёт кӯмак мекунад, ки диққатамро ба чизҳои рӯҳонӣ равона созам».

Кэти

Лекин ҳаёти Кэти на танҳо оддӣ, балки шавқовар аст. Ӯ нақл мекунад: «Ман дар минтақае хизмат мекунам, ки одамон хушхабарро нағз гӯш мекунанд. Доштани чунин имконият хурсандии бузургест!» Вақте ки ӯ ба Тайван омад, дар шаҳре ки дар он ҷо чун пешрав хизмат карданро сар кард, ду ҷамъомади хитоизабон буд. Вале, имрӯз дар он ҷо ҳафт ҷамъомад ташкил ёфтааст. Кэти мегӯяд: «Бо чашмони худ дидани чунин афзоиш ва дар ҷамъоварии ҳосили рӯҳонӣ иштирок кардан, диламро аз шодӣ лабрез месозад».

«ДАР ОН ҶО ҲАТТО МАН ҲАМ ДАРКОР БУДАМ»

Аммо бо Чун Кюн ва Ҷули, ки дар бораашон дар боло гуфта будем, чӣ шуд? Азбаски Чун Кюн забони хитоиро хуб намедонист, дар аввал фикр мекард, ки ба ҷамъомад он қадар фоида оварда наметавонад. Лекин бародарони маҳаллӣ дар ин бора дигар хел фикр доштанд. «Вақте ки ҷамъомади мо ду тақсим шуд, ба ман чун ба ходими ёвар вазифаҳои зиёди иловагӣ дода шуд,— мегӯяд Чун Кюн.— Дар он вақт ман ҳақиқатан ҳам ҳис кардам, ки ман дар ҷое хизмат мекунам, ки дар он ҷо ниёз бештар аст». Ӯ бо табассум мегӯяд: «Чӣ хурсандиовар буд бароям донистани он, ки дар ин ҷо ҳатто ман ҳам даркор будам!» Ҳоло ӯ пири ҷамъомад шуда хизмат мекунад. Ҷули боз мегӯяд: «Мо қаноатмандӣ, ҳаловат ва хушбахтии зиёдеро ҳис мекунем, ки то ҳол эҳсос накарда будем. Гарчанде мо ба ин ҷо баҳри ёрдами дигарон омадем, вале мо ҳис мекунем, ки ин хизмати шавқовар ба худи мо кӯмак мерасонад. Мо ба Яҳува сипосгузорем, ки ба мо имконият медиҳад, то дар ин ҷо хизмат кунем!»

Дар ҷойҳои бисёр то ҳол ба «даравгарон» ниёз вуҷуд дорад, зеро «дарав» бисёр аст. Оё шумо мактабро хатм намуда, дар фикри онед, ки ҳаётатонро ба чӣ бахшед? Оё шумо муҷаррад ҳастед ва хоҳиш доред, ки ба ташкилоти Яҳува бештар фоида биёред? Оё шумо мехостед, ки оилаатон дар хизмати Яҳува хотираҳои ширини зиёде дошта бошад? Ё шумо ба нафақа баромада ҳаёти пуртаҷриба доред, ки аз он ба дигарон фоида расонда метавонистед? Шумо боварӣ дошта метавонед, ки агар хизмати худро васеътар гардонда ба ҷое кӯчед, ки ниёз ба воизони Салтанат дар он ҷо бештар аст, Яҳува шуморо ба таври фаровон баракат хоҳад дод.

^ сарх. 3 «Дар бораи Салтанати Худо ба таври пурра шаҳодат медиҳем» (рус.), боби 16, сархатҳои 5, 6 нигаред.