Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

The Widow of Zarephath Was Rewarded for Her Faith

The Widow of Zarephath Was Rewarded for Her Faith

БЕВАЗАНИ бечора писари ягонаашро сахт ба оғӯш мегирад ва ба чашмонаш бовар намекунад. Андаке пештар ҷисми беҷони ӯ дар бағалаш мехобид. Ҳоло бошад, модар ба писари эҳёшудааш менигарад ва аз табассуми вай дар ҳаяҷон аст. «Бубин,— мегӯяд меҳмони хона,— писарат зинда аст».

Он воқеаи таъсирбахши эҳёшавӣ қариб 3000 сол пеш рух дода буд. Шумо дар бораи он аз китоби 3-юм Подшоҳон, боби 17 хонда метавонед. Дар он воқеа меҳмони хона пайғамбари Худо Илёс аст. Модар кист? Ӯ бевазани номаш номаълумест, ки дар шаҳраки Сорефот зиндагӣ мекард. Эҳёшавии писараш яке аз воқеаҳои муҳимтарини ҳаёти ӯ ба ҳисоб мерафт, ки имонашро мустаҳкам карда буд. Дар ин мақола мо бештар оиди ин зан сухан ронда, барои худ дарсҳои муҳим хоҳем гирифт.

ИЛЁС БЕВАЗАНЕРО ВОМЕХӮРАД, КИ ИМОН ДОРАД

Мувофиқи каломи Яҳува дар сарзамини шоҳи золими Исроил Аҳъоб муддати дурудароз бояд хушксолӣ рӯй медод. Баъди он ки Илёс рӯй додани қаҳтиро эълон намуд, Худо ӯро аз Аҳъоб паноҳ кард ва ӯро ба таври мӯъҷиза ғизо дод. Зоғон барои хӯрдани ӯ нон ва гӯшт меоварданд. Сипас Яҳува ба Илёс гуфт: «Бархоста, ба Сорефот, ки назди Сидӯн аст, бирав ва дар он ҷо сукунат намо, инак, Ман ба бевазане дар он ҷо амр фармудам, ки ба ту ғизо диҳад» (3 Подш. 17:1–9).

Вақте ки Илёс ба Сорефот расид, ӯ дид, ки бевазани камбағале ҳезум ҷамъ мекунад. Шояд ин ҳамон занест, ки пайғамбарро бо ғизо таъмин мекунад? Чӣ тавр ӯ инро карда метавонад, модоме ки худаш хеле камбағал аст? Илёс нигоҳ накарда ба шубҳаю дудилагие, ки эҳтимол ҳис мекард, бо он зан гапро сар кард. «Лутфан, андак об барои ман дар зарфе биёр, то ки бинӯшам»,— гуфт ӯ. Вақте ки зан барои овардани об равон шуд, Илёс боз илова кард: «Лутфан, як порча нон барои ман дар дасти худ биёр»  (3 Подш. 17:10, 11). Барои зан ба ин мусофир об додан душвор набуд, аммо мушкилӣ дар додани нон буд.

«Қасам ба ҳаёти Худованд Худои ту, ки як кулча ҳам надорам,— ҷавоб дод зан,— балки як мушт орд дар чалак ва андак равған дар кӯза ҳаст, ва инак, ман як–ду чӯбпора мечинам, ва рафта, онро барои худам ва писарам мепазам, ва мо онро мехӯрем ва мемирем» (3 Подш. 17:12). Биёед оиди ин суханони зан мулоҳиза ронем.

Бевазан фаҳмид, ки Илёс исроилии худотарсе мебошад. Инро суханони ӯ — «қасам ба ҳаёти Худованд Худои ту» нишон медиҳанд. Зан шояд дар бораи Худои Исроил каму беш медонист, лекин ӯ ҳангоми дар бораи Яҳува гап задан, ибораи «Худои ман»-ро истифода набурд. Ӯ дар шаҳри Сорефот, ки ба замини канъониён — Сидӯн тааллуқ дошт ё тобеъ буд, зиндагӣ мекард. Аз афташ, мардуми Сорефот парастандагони Баал буданд. Ба ҳар ҳол, Яҳува дар дили ин бевазан хислати камёберо дид.

Ҳарчанд бевазани камбағал дар байни бутпарастон зиндагӣ мекард, ӯ ба Яҳува имон овард. Яҳува Илёсро назди он зан фиристода, баҳри беҳбудии ҳам он зан ва ҳам пайғамбараш амал намуд. Аз ин мо дарси муҳиме гирифта метавонем.

На ҳамаи сокинони бутпарасти шаҳри Сорефот пурра фосид шуда буданд. Яҳува бо он ки Илёсро ба назди ин бевазан фиристод, нишон дод, ки одамони дилашон нек аз назари Ӯ пӯшида намемонанд. Дар ҳақиқат, «аз ҳар қавм ҳар кӣ аз [Худо] тарсад ва аз рӯи адолат рафтор кунад, дар ҳузури Ӯ мақбул аст» (Аъм. 10:35).

Шояд бисёр одамони маҳалли шумо ба бевазани сорефотӣ монанд бошанд. Эҳтимол, дар байни пайравони дини дурӯғ зиндагӣ карда, онҳо чизи беҳтареро пайдо кардан мехоҳанд. Шояд онҳо дар бораи Яҳува дониши кам доранд ё чизе намедонанд ва барои ҳамин, агар онҳо ибодати ҳақиқиро қабул карданӣ шаванд, ба онҳо кӯмак кардан даркор аст. Оё шумо чунин шахсонро меҷӯед ва ба онҳо ёрӣ медиҳед?

«ЯК ПОРЧА НОН БАРОИ МАН... БИЁР»

Дар бораи он чизе ки Илёс аз зан хоҳиш кард, бодиққат фикр кунед. Зан навакак гуфт, ки баъди он ки вай бори навбатӣ барои худ ва писараш хӯрок тайёр мекунад, онҳо онро мехӯранд ва мемиранд. Вале Илёс ба ӯ чӣ гуфт: «Натарс, бирав ва он чи гуфтӣ, бикун; аммо аввал кулчаи хурде аз он барои ман пухта, назди ман биёр, ва баъд барои худат ва писарат бипаз; зеро ки Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: “Чалаки орд тамом нахоҳад шуд, ва кӯзаи равған кам нахоҳад монд, то рӯзе ки Худованд борон бар замин биборонад”» (3 Подш. 17:11–14).

Шояд касе чунин мегуфт: «Чӣ, бурдаи нони охиринамонро ба ту диҳам? Ту шӯхӣ мекунӣ?» Вале он зан чунин нагуфт. Бо вуҷуди дар бораи Яҳува дониши кам доштанаш ӯ ба Илёс бовар кард ва чизеро, ки ӯ хоҳиш кард, ба ҷо овард. Чӣ озмоиши муҳими имон буд он ва чӣ қарори оқилонае қабул кард бевазан!

Азбаски бевазан ба Худои Илёс, Яҳува, имон овард, ӯ ва писараш дар замони қаҳтӣ наҷот ёфтанд

Худо он бевазани камбағалро тарк накард. Чӣ тавре ки Илёс ваъда дод, Яҳува захираи андаки бевазанро зиёд гардонд, то ки он то анҷом ёфтани хушксолӣ барои Илёс, бевазан ва писараш ризқу рӯзӣ шавад. Дар ҳақиқат, «чалаки орд тамом нашуд, ва кӯзаи равған кам намонд, бар тибқи каломи Худованд, ки ба воситаи Илёс гуфта буд» (3 Подш. 17:16; 18:1). Агар он зан дигар хел рафтор мекард, кулчае, ки ӯ аз камтарак орд ва равғани дар чалак мондааш мепухт, шояд дар ҳақиқат  хӯроки охирини ӯ мешуд. Ба ҷои ин, зан бо имон рафтор карда, ба Яҳува такя намуд ва аввал Илёсро сер кард.

Аз ин воқеа мо чунин дарс омӯхта метавонем: Худо онҳоеро, ки имон зоҳир мекунанд, баракат медиҳад. Вақте ки беайбии шумо зери озмоиш қарор мегирад ва шумо имон зоҳир мекунед, Яҳува ба шумо кӯмак хоҳад кард. Ӯ чун Падари ғамхор, Муҳофизатгар ва Дӯст амал мекунад, то барои дар озмоишҳоятон тоб овардан ба шумо ёрӣ диҳад (Хур. 3:13–15).

Соли 1898 дар «Бурҷи дидбонии Сион» гуфта шуда буд, ки аз нақл оиди ин бевазан мо чунин дарс гирифта метавонем: «Азбаски он зан имон зоҳир карда итоат кард, ӯ барҳақ сазовор буд, ки Худованд ӯро ба воситаи Пайғамбар дастгирӣ кунад, агар ӯ имон зоҳир намекард, бевазани дигаре ёфт шуда метавонист, ки чунин имон зоҳир намояд. Дар мавриди мо низ чунин аст — дар вазъиятҳои гуногуни ҳаётамон Худованд роҳ медиҳад, ки имони мо озмуда шавад. Агар мо имон зоҳир кунем, соҳиби баракат мешавем, агар не, онро гум мекунем».

Вақте ки мо бо душвориҳои бахусус вазнин дучор мешавем, мо бояд аз Навиштаҳо ва адабиётҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта роҳнамоӣ ҷӯем. Сипас мо бояд мувофиқи роҳнамоии Яҳува амал кунем, новобаста аз он ки қабул кардани он то чӣ андоза бароямон душвор аст. Мо дар ҳақиқат соҳиби баракат мегардем, агар мувофиқи маслиҳати хирадмандонаи зерин амал кунем: «Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такя накун. Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо, ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард» (Мас. 3:5, 6).

«ТУ НАЗДИ МАН ОМАДАӢ, ТО... ПИСАРАМРО БИКУШӢ»

Имони бевазанро боз як санҷиши дигаре интизор буд. «Баъд аз ин ҳодисаҳо,— гуфта мешавад дар Китоби Муқаддас,— чунин воқеъ шуд, ки писари ин занаки соҳиби хона бемор шуд, ва бемориаш он қадар сахт буд, ки ӯро рамақе [нафаси охирине] намонд». Сабаби рӯй додани ин мусибатро ҷуста, модари ғамзада ба Илёс гуфт: «Туро бо ман чӣ кор аст, эй марди Худо? Ту назди ман омадаӣ, то ки гуноҳи моро хотиррасон намоӣ ва писарамро бикушӣ» (3 Подш. 17:17, 18). Он суханони сахт чӣ маъно доштанд?

Оё зан гуноҳеро ба ёд овард, ки виҷдони ӯро азоб медод? Оё вай фикр мекард, ки марги писараш ҷазои Худо аст ва Илёс аз ҷониби Худо омадааст, то он ҷазоро амалӣ гардонад? Китоби Муқаддас ба мо дар ин бора чизе намегӯяд, вале як чиз равшан аст: бевазан Худоро ба ягон беадолатӣ айбдор накард.

Эҳтимол, Илёс аз боиси марги писари бевазан ва аз шунидани он ки ин ҷо ҳузур доштани вай сабабгори ғами ҷонсӯзи зан гаштааст, сахт дар ҳайрат буд. Ӯ ҷисми беҷони писарчаро ба дастонаш бардошта, ба болохона бурд ва ба зорӣ даромад: «Эй Худованд Худои ман! Оё ба сари бевазане низ, ки ман назди вай сукунат дорам, офате оварда, писарашро мекушӣ?» Пайғамбар дар сараш чунин фикрро ғунҷонда наметавонист, ки агар Худо ба ғаму ғуссаи боз ҳам зиёди ин зани меҳрубон ва меҳмондӯст роҳ диҳад, ин ба номи Ӯ доғ оварда метавонад. Ва барои ҳамин ӯ илтиҷо кард: «Эй Худованд Худои ман! Лутфан, ҷони ин писар андаруни ӯ баргардад!» (3 Подш. 17:20, 21).

«БУБИН, ПИСАРАТ ЗИНДА АСТ»

Яҳува он дуоро шунид, зеро бевазан пайғамбари Ӯро ғизо дод ва имон зоҳир кард. Эҳтимол, Худо ба беморӣ ва марги писарак роҳ дода, бо ин хост, ки ин чиз чун якумин воқеаи эҳёшавӣ дар Китоби Муқаддас навишта шавад ва ба наслҳои оянда умед бахшад. Вақте ки Илёс Ӯро зориву илтиҷо кард, Яҳува он писаракро ба ҳаёт баргардонд. Танҳо тасаввур кунед, ки вақте Илёс ба бевазан гуфт: «Бубин, писарат зинда аст», зан то чӣ андоза шод гашт! Бевазан ба Илёс гуфт: «Акнун ман донистам, ки ту марди Худо ҳастӣ, ва каломи Худованд дар даҳони ту рост аст» (3 Подш. 17:22–24).

Боби 17-уми китоби 3-юм Подшоҳон дар бораи ин зан дигар чизе намегӯяд. Лекин, аз суханони мусбие, ки Исо дар бораи он зан гуфт, маълум мешавад, ки ӯ умри худро шояд чун хизматгори содиқи Яҳува гузаронд (Луқ. 4:25, 26). Ҳикоя дар бораи ӯ моро таълим медиҳад, ки Худо он касонеро, ки ба хизматгоронаш некӣ мекунанд, баракат медиҳад (Мат. 25:34–40). Он исбот мекунад, ки Худо ба шахсони содиқ ҳатто дар вазъиятҳои танг ғамхорӣ мекунад (Мат. 6:25–34). Ин ҳикоя ҳамчунин далели он аст, ки Яҳува барои эҳё кардани мурдагон ҳам хоҳиш ва ҳам қудрат дорад (Аъм. 24:15). Бешубҳа, инҳо сабаби асоснок мебошанд, ки мо бевазани сорефотиро дар ёдамон нигоҳ дорем.