Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чаро мо пир мешавем ва мемирем?

Чаро мо пир мешавем ва мемирем?

ХУДО намехост, ки одамон муранд. Ӯ аввалин волидонамон, Одаму Ҳавворо, бо ақлу тани комил офарида буд; онҳо метавонистанд абадӣ зиндагӣ кунанд. Ин аз суханоне, ки Яҳува дар бораи як дарахт ба Одам гуфт, маълум аст.

Худо Одамро огоҳ карда гуфт, ки агар «аз он [дарахт] бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд» (Ҳастӣ 2:17). Ин амр бе мантиқ мебуд, агар Худо аз аввал ният медошт, ки Одаму Ҳавво пир шуда муранд. Одам медонист, ки агар ӯ аз он дарахт нахӯрад, ҳеҷ гоҳ намемурад.

ХУДО НАМЕХОСТ, КИ ОДАМОН МУРАНД

Боғи Адан пур аз дарахтони мевадор буд ва Одаму Ҳавво барои сер кардани шиками худ ба меваи он дарахти манъшуда эҳтиёҷ надоштанд (Ҳастӣ 2:9). Агар ҷуфти аввалин аз он мева намехӯрданд, онҳо ба Офаридгори худ итоаткорӣ нишон медоданд. Ба амри Худо гӯш дода онҳо инчунин эътироф мекарданд, ки Худо барои ба онҳо роҳ нишон додан ҳақ дорад.

БАРОИ ЧӢ ОДАМУ ҲАВВО МУРДАНД?

Барои фаҳмидани он ки чаро Одаму Ҳавво мурданд, мо бояд аввал сӯҳбатеро дида бароем, ки он ба тамоми инсоният таъсир расонд. Шайтон Иблис морро истифода бурда ба Ҳавво гапи дурӯғ зад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Мор аз ҳамаи ҳайвонҳои саҳро, ки Худованд Худо ба вуҷуд оварда буд, айёртар буд. Ва ба зан гуфт: “Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?”» (Ҳастӣ 3:1).

Дар ҷавоб Ҳавво гуфт: «Аз меваи дарахтони боғ хӯрда метавонем, лекин аз меваи дарахте ки дар васати боғ аст, Худо гуфт, ки нахӯред ва онро ламс накунед, мабодо бимиред». Мор ба зан гуфт: «Не, нахоҳед мурд; балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд». Бо ин суханонаш Шайтон қайд кард, ки гӯё Яҳува дурӯғгӯ аст ва Ӯ аз нахустволидони мо чизи хуберо пинҳон медорад (Ҳастӣ 3:2–5).

Ҳавво ба суханони Шайтон бовар кард. Ӯ дарахтро аз назар гузаронд ва дид, ки он хеле назаррабо ва дилпазир аст. Ӯ наздик шуд ва меваро гирифта хӯрд. Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки ӯ аз он мева «ба шавҳари худ низ дод, ва ӯ хӯрд» (Ҳастӣ 3:6).

Худо ба Одам гуфт: «Рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд» (ҲАСТӢ 2:17).

Яҳува хеле ғамгин шуд, ки фарзандонаш дидаю дониста ба Ӯ беитоатӣ карданд! Баъди ин Ӯ ба Одам гуфт: «Ба хок [бармегардӣ], ки аз он гирифта шудаӣ; зеро ки ту хок ҳастӣ, ва ба хок хоҳӣ баргашт» (Ҳастӣ 3:17–19). Аз ин сабаб «тамоми айёми умри Одам нӯҳсаду сӣ сол буд; ва ӯ мурд» (Ҳастӣ 5:5). Одам ба осмон ё ягон олами рӯҳу арвоҳ нарафт. То аз хок офарида шуданаш ӯ вуҷуд надошт. Ва баъди мурдан ӯ ҳаёташро аз даст дод ва аз нав ба хок табдил ёфт. Ӯ дигар вуҷуд надошт. Сад афсӯс!

 ОДАМИЗОД КОМИЛИЯТРО АЗ ДАСТ ДОД

Азбаски Одаму Ҳавво қасдан ба Худо беитоатӣ карданд, онҳо комилият ва имконияти абадӣ зистанро аз даст доданд. Аз ин сабаб дар ҳаёти онҳо пирӣ, беморӣ ва марг пайдо шуд. Гуноҳи онҳо на танҳо ба худашон таъсир кард. Акнун ҳамаи фарзандони онҳо низ нокомил таваллуд мешуданд. Дар Румиён 5:12 гуфта шудааст: «Ба воситаи як одам [Одам] гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва ба воситаи гуноҳ марг омад ва ҳамин тавр марг ба тамоми одамон гузашт, зеро ҳама гуноҳ карданд».

Китоби Муқаддас маргро чун рӯпӯше, ки «бар ҳамаи қавмон пӯшонида шудааст» ва чун пардае, ки «бар ҳамаи халқҳо густурда шудааст», тасвир мекунад (Ишаъё 25:7). Баъзан дар ҳаво тумани ғафс пайдо мешавад, ки он мисли рӯпӯш ё кӯрпа ҳама ҷоро мепӯшонад. Вале тасаввур кунед, агар ин туман заҳрнок бошад, чӣ мешавад. Ба ин монанд, марг чун рӯпӯш ё тумани заҳрнок тамоми инсониятро фаро гирифтааст, ки аз он ҷойи гурез нест. Дар ҳақиқат «дар Одам ҳама мемиранд» (1 Қӯринтиён 15:22). Дар мо низ мисли Павлуси расул чунин савол пайдо мешавад: «Кӣ маро аз ин ҷисме, ки сабаби маргам мешавад, наҷот медиҳад?» Оё касе моро наҷот дода метавонад? (Румиён 7:24).