Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

3 Чӣ тавр ба душвориҳо тоб орем?

3 Чӣ тавр ба душвориҳо тоб орем?

Дар ҷаҳон душвориҳое ҳастанд, ки на аз онҳо гурехта мешаваду на онҳоро ҳал карда мешавад. Масалан, шумо шахси наздикатонро аз даст додаед ё дер боз бемор ҳастед. Ва шояд ғайр аз тоб овардан ба ин душвориҳо дигар илоҷе надоред. Оё Китоби Муқаддас дар ин вазъиятҳои душвор кӯмак карда метавонад?

БЕМОРИИ ДУРУДАРОЗ

Роза мегӯяд: «Ман бемории ирсӣ дорам ва аз дарди сахту доимӣ азоб мекашам. Ҳаётам беранг буд». Бисёр вақт ӯ аз он зиқ мешуд, ки диққати худро ба омӯзиши Китоби Муқаддас ва мавзӯъҳои рӯҳонӣ равона карда наметавонист. Лекин суханони Исо, ки дар Матто 19:26 омадааст, ба ӯ хеле кӯмак карданд. Дар он ҷо гуфта шудааст: «Барои Худо ҳама чиз имконпазир аст». Роза фаҳмид, ки барои омӯзиш роҳҳои дигар низ вуҷуд доранд. Масалан, аз сабаби он ки баъзан хондан барояш душвор буд, ӯ сабти Китоби Муқаддас ва адабиётҳоро гӯш мекард. * Ӯ мегӯяд: «Бе чунин чизҳо ман намедонам, ки чӣ хел бо Яҳува муносибати наздикро нигоҳ медоштам».

Вақте Роза зиқ мешуд, ки мисли пештара ҳама корро карда наметавонад, суханони 2 Қӯринтиён 8:12 ӯро тасаллӣ медоданд, ки чунин аст: «Ҳадия хусусан ҳамон вақт ба Худо маъқул мешавад, агар бо хоҳиши зиёд дода шавад, чунки Худо интизор аст, ки шахс чизи доштаашро медиҳад, на он чизеро, ки надорад». Ин суханон ба Роза хотиррасон мекард, ки ӯ ба Худо писанд аст, зеро ба душворияш нигоҳ накарда ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад.

 ҒАМУ ДАРД

Сафия, ки пештар дар борааш гуфта будем, чунин мегӯяд: «Баъд аз он ки духтари 18-солаам вафот кард, дардам сахт буд ва ман фикр мекардам, ки дигар зиндагӣ карда наметавонам. Дигар ҳаётам мисли пештара намешавад». Ӯ аз ояти Забур 93:19 тасаллӣ ёфт, ки дар он ҷо забурнавис ба Худо мегӯяд: «Вақте ки андешаҳоям андаруни ман биафзояд, тасаллиҳои Ту ҷонамро осудагӣ мебахшад». Ӯ мегӯяд: «Ман ба Яҳува дуо мегуфтам, то чизҳоеро ёбам, ки ба дардам сабукӣ бахшад».

Ӯ ба кори муҳиме банд шуд. Баъзан ӯ худро ба бӯр монанд мекард, ки ҳатто баъди шикастан истифода бурда мешавад. Зеро ӯ фикр мекард, ки ҳатто агар худро шикаста ҳис кунад ҳам, то ҳол ба дигарон ёрдам карда метавонад. Ӯ мегӯяд: «Ман фаҳмидам, ки вақте барои тасаллӣ додани омӯзандагон принсипҳо ва маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро истифода мебарам, Яҳува маро бо ин роҳ тасаллӣ ва оромӣ мебахшад». Ӯ аз Китоби Муқаддас рӯйхати одамонеро навишт, ки ғаму дардро паси сар карданд. Ӯ қайд мекунад: «Ҳар яки онҳо ба Яҳува пайваста дуо мегуфтанд». Ӯ ҳамчунин фаҳмид, ки «агар Китоби Муқаддасро варақ назанӣ, ҷавоб намегирӣ».

Сафия аз омӯзиши Китоби Муқаддас боз фаҳмид, ки диққаташро бояд ба оянда равона кунад, на ба гузашта. Умеде, ки дар борааш дар Аъмол 24:15 гуфта шудааст ӯро тасалло медиҳад: «Ҳам росткорон ва ҳам бадкорон дар оянда зинда мешаванд». Боварии ӯ ба он ки Яҳува духтарашро зинда мекунад, то чӣ андоза қавӣ аст? Биёед бинем, ки Сафия худаш чӣ мегӯяд: «Ояндаро тасаввур карда ман духтарамро мебинам. Вохӯрии мо аллакай ба нақша гирифта шудааст, мисли он ки Падари осмониам ин рӯзро дар тақвими худ қайд кардааст. Ман тасаввур мекунам, ки чӣ хел бо духтарам баъди эҳё шуданаш дар боғамон нишастаам. Ин тасаввурот бароям мисли хотираҳои рӯзи таваллуди духтарчаам зиндаанд».

^ сарх. 4 Бисёре аз чунин сабтҳоро шумо аз сайти jw.org гирифта метавонед.

Китоби Муқаддас ба шумо кӯмак мекунад, ки ҳатто дар вақтҳои тангӣ тасалло ёбед