Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо медонед?

Оё шумо медонед?

Оё дар Исроили қадим ҳангоми ҳал кардани баҳсу мунозираҳои ҳуқуқӣ Шариати Мӯсо риоя карда мешуд?

БАЛЕ, баъзан риоя карда мешуд. Як мисолро дида мебароем. Дар Такрори Шариат 24:14, 15 гуфта шудааст: «Муздур, бенаво ва камбағалро аз бародарони худ ё аз ғарибоне, ки дар миёни ту, дар шаҳрҳои ту мебошанд, озор надеҳ... мабодо вай аз дасти ту сӯйи Худованд фиғон кунад, ва ин барои ту гуноҳ ҳисоб ёбад».

Сафолпорае, ки дар он даъвои даравгар навишта шудааст

Дар наздикии шаҳри Ашдод, сафолпорае ёфт шуд, ки ба асри 7-уми то милод тааллуқ дорад. Дар он шикояти як даравгар навишта шудааст, ки гӯё меъёри лозимаи ғалларо ҷамъ карда натавонистааст. Дар он сафолпора чунин омадааст: «Чанд рӯз пеш, баъди он ки ғуломи ту [даъвогар] кори даравро ба охир расонд, Ҳошиёҳу ибни Шобай омада либоси ғуломатро гирифт... Ҳамаи ҳамкорони ман, ки ҳамроҳам дар зери офтоби сӯзон дарав мекарданд, тасдиқ мекунанд... ки ман гапи ростро мегӯям. Ман ягон айб надорам... Ман ба сардор муроҷиат мекунам, ки агар вай баргардонидани либоси ғуломатро вазифаи худ ҳисоб накунад ҳам, ба ман раҳмаш омада инро кунад. Ту набояд хомӯш истӣ ҳангоме ки ғуломат бе либос аст».

Таърихшинос Саймон Шама мегӯяд, ки ин даъво «ба мо на фақат илтиҷои ғуломеро нишон медиҳад, ки барои баргардондани либосаш илоҷ мекобад. Аз он ҳамчунин дидан мумкин аст, ки ин даъвогар оиди Шариати Китоби Муқаддас баъзе чизҳоро, хусусан, қоидаҳоеро, ки дар китоби Ибодат ва Такрори Шариат муносибати бераҳмонаро нисбати камбағалон манъ мекард, медонист».