Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Ба Худованд таваккал намо ва некӣ бикун»

«Ба Худованд таваккал намо ва некӣ бикун»

«Ба Худованд таваккал намо ва некӣ бикун... ва ростиро ҳифз намо» (ЗАБ. 36:3).

СУРУДҲО: 38, 50

1. Яҳува ба одамон кадом қобилиятҳоро додааст?

ЯҲУВА одамизодро бо қобилиятҳои олиҷанобе офаридааст. Масалан, барои ҳал кардани душвориҳо ва ба нақша гирифтани оянда Худо ба мо қобилияти фикррониро ато кардааст (Мас. 2:11). Ӯ ба мо қувват медиҳад, то ки аз ӯҳдаи корҳои ба нақша гирифтаамон бароем ва мақсадҳои худро ба даст орем (Флп. 2:13). Ҳамчунин барои фарқ кардани неку бад Ӯ ба мо виҷдон додааст. Он ба мо ёрдам мекунад, ки аз гуноҳ даргурез бошем ва хатогиҳоямонро ислоҳ кунем (Рум. 2:15).

2. Яҳува аз мо чиро интизор аст?

2 Яҳува интизор аст, ки мо ин қобилиятҳоро дуруст истифода мебарем. Чаро? Чунки Ӯ моро дӯст медорад ва медонад, ки дуруст истифода бурдани ин атоҳо ба мо манфиат меорад. Ба воситаи Каломаш Худо ба мо такрору ба такрор мегӯяд, ки қобилиятҳоямонро барои корҳои нек истифода барем. Масалан, дар Навиштаҳои Ибронӣ Ӯ мегӯяд: «Мулоҳизаҳои шахси  ғайратманд яқинан нафъовар аст» ва «ҳар коре ки карданаш аз дасти ту ояд, алоқадри қуввати худ бикун» (Мас. 21:5; Воиз 9:10). Дар Навиштаҳои Юнонӣ бошад, Ӯ чунин мегӯяд: «То даме ки фурсат дорем, ба ҳама некӣ кунем» ва «ба якдигар, ҳар яке аз рӯи бахшоише ки ёфтаед... хизмат кунед» (Ғал. 6:10; 1 Пет. 4:10). Маълум аст, ки Яҳува мехоҳад, то мо ҳар кори аз дастамон меомадаро барои манфиати худамон ва дигарон кунем.

3. Одамизод чӣ гуна маҳдудиятҳо дорад?

3 Дар баробари ин Яҳува медонад, ки аз дасти одамизод ҳама кор намеояд. Масалан, мо худамонро аз нокомилӣ, гуноҳ ва марг озод карда наметавонем. Ҳамчунин мо дигаронро идора карда наметавонем, чунки ҳамаи мо бо иродаи озод офарида шудаем ва ҳар кас интихоби худро дорад (3 Подш. 8:46). Ва новобаста аз дониш ё маҳоратамон, мо дар пеши Яҳува ҳамеша мисли кӯдак хоҳем буд (Иш. 55:9).

Ҳангоми душвориҳо «ба Худованд таваккал намо ва некӣ бикун»

4. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

4 Дар ҳар гуна вазъият мо бояд роҳнамоии Яҳуваро ҷуста боварӣ ҳосил кунем, ки Ӯ моро дастгирӣ намуда кореро мекунад, ки аз дасти худи мо намеояд. Лекин Яҳува мехоҳад, ки мо низ ҳаракат карда дар бораи чӣ хел ҳал намудани душвориҳо ва чӣ гуна ба дигарон кӯмак расондан фикр кунем. (Забур 36:3-ро хонед.) Мо бояд «ба Худованд таваккал» намоем, некӣ кунем ва «ростиро ҳифз» намоем. Чӣ тавр мо ин корро карда метавонем? Биёед мисоли Нӯҳ, Довуд ва дигар ходимони содиқро, ки ба Яҳува такя мекарданд, дида бароем. Мо мебинем, ки дар ҳаёти ин ходимони содиқ вазъиятҳое буданд, ки худашон ҳал карда наметавонистанд, лекин онҳо ду даст дар бағал нанишаста, корҳоеро мекарданд, ки аз дасташон меомад.

ВАҚТЕ МОРО ОДАМОНИ БАД ИҲОТА МЕКУНАНД

5. Вазъияти Нӯҳро фаҳмонед.

5 Дар замонҳои Нӯҳ замин пур аз бадӣ ва бадахлоқӣ буд (Ҳас. 6:4, 9–13). Нӯҳ медонист, ки Яҳува як рӯз не як рӯз ин дунёи пур аз бадиро нест мекунад. Эҳтимол ӯ аз рафтори одамони гирду атрофаш зиқ мешуд. Дар ин вазъият Нӯҳ фаҳмид, ки корҳое ҳастанд, ки вай карда наметавонад, ҳамзамон корҳое ҳастанд, ки аз ӯҳдаи иҷрои онҳо баромада метавонад.

Бепарвоӣ ба хушхабар (Ба сархатҳои 6–9 нигаред.)

6, 7. а) Нӯҳ чӣ кор карда наметавонист? б) Чӣ хел вазъияти мо ба вазъияти Нӯҳ монанд аст?

 6 Нӯҳ чӣ кор карда наметавонист: Нӯҳ хабари огоҳкунандаи Яҳуваро ба одамони бади гирду атрофаш мерасонд, лекин вай онҳоро маҷбур карда наметавонист, ки ин хабарро гӯш кунанд. Ҳамчунин вай наметавонист, ки омадани Тӯфонро тезонад. Нӯҳ бояд бовар мекард, ки Яҳува дар вақташ ваъдаашро иҷро карда одамони бадро нест мекунад (Ҳас. 6:17).

7 Замоне ки мо ҳоло зиндагӣ дорем пур аз бадист. Мо медонем, ки Яҳува ба қарибӣ ин ҷаҳонро нест мекунад (1 Юҳ. 2:17). Мо мисли Нӯҳ одамонро маҷбур карда наметавонем, ки «Инҷили Малакут»-ро қабул кунанд. Ҳамчунин мо омадани мусибати бузургро тезонида наметавонем (Мат. 24:14, 21). Ба монанди Нӯҳ мо бояд боварии комил дошта бошем, ки Яҳува ба қарибӣ ҳамаи бадиро нест хоҳад кард (Заб. 36:10, 11). Мо аниқ медонем, Яҳува намемонад, ки ин дунёи шарир аз вақти муқарраршуда як рӯз ҳам зиёд истад (Ҳаб. 2:3).

8. Нӯҳ диққаташро ба чӣ равона кард? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

8 Нӯҳ чӣ кор карда метавонист: Ба ҷойи зиқ шудан, ки ӯ баъзе корҳоро карда наметавонад, Нӯҳ диққаташро ба корҳое ки карда метавонист, равона кард. Чун «воизи адолат» Нӯҳ хабари огоҳкунандаро мавъиза мекард (2 Пет. 2:5). Бешубҳа ин рафтораш ба ӯ кӯмак расонд, ки имонашро қавӣ нигоҳ дорад. Ғайр аз кори мавъиза Нӯҳ ҳамчунин қобилияти фикрронӣ ва ҷисмониашро барои иҷрои супориши Худо истифода бурда киштӣ сохт. (Ибриён 11:7-ро хонед.)

9. Чӣ тавр мо ба намунаи Нӯҳ пайравӣ карда метавонем?

9 Мисли Нӯҳ мо кӯшиш мекунем, ки «ҳамеша дар кори Худованд ҷадал» намоем (1 Қӯр. 15:58). Масалан, мо метавонем дар кори сохтмон ва нигоҳубини ҷойҳои ибодат иштирок кунем, дар анҷуманҳо чун ихтиёриён ва дар Байт-Ил ё дар офисҳои дурдасти тарҷумонӣ хизмат кунем. Ғайр аз ин мо метавонем дар кори мавъиза банд бошем, зеро ин умеди моро бар оянда мустаҳкам мегардонад. Хоҳаре чунин гуфт: «Вақте бо одамон дар бораи баракатҳои Салтанати Худо гап мезанӣ, мефаҳмӣ, ки онҳо ягон умед надоранд ва фикр мекунанд, ки проблемаҳояшон ҳеҷ вақт тамом  намешаванд». Дар ҳақиқат дар кори мавъиза иштирок кардан ёрдам мекунад, ки ба оянда бо умед нигарем ва муборизаи худро дар роҳи ҳаёт давом диҳем (1 Қӯр. 9:24).

ВАҚТЕ МО ГУНОҲ МЕКУНЕМ

10. Вазъияти Довудро фаҳмонед.

10 Подшоҳ Довуд марди содиқ буд ва Яҳува ӯро хеле дӯст медошт (Аъм. 13:22). Лекин Довуд гуноҳи ҷиддӣ карда бо Батшобаъ ҳамхоба шуд. Аз ҳама бадтараш вай кӯшиш кард, ки гуноҳашро пинҳон кунад. Ва барои ин куштори шавҳари Батшобаъ, Уриёро ба нақша гирифт. Вай ба воситаи худи Уриё ба сарлашкараш нома фиристода дастур дод, ки Уриёро ба ҷойи муҳорибаи сахт гузорад, то ки ӯро дар он ҷо кушанд (2 Подш. 11:1–21). Дар натиҷа гуноҳи Довуд фош шуд (Марқ. 4:22). Дар ин маврид Довуд чӣ кор кард?

Гуноҳҳои пештара (Ба сархатҳои 11–14 нигаред.)

11, 12. а) Довуд чӣ кор карда наметавонист? б) Агар мо аз кори кардаамон пушаймон шавем, Яҳува чӣ кор мекунад?

11 Довуд чӣ кор карда наметавонист: Довуд кори шудагӣ ва ё оқибати онро ислоҳ карда наметавонист. Чи хеле ки медонем Довуд аз оқибати баъзе хатогиҳояш то охири умр азоб кашид (2 Подш. 12:10–12, 14). Барои ҳамин вай бояд боварӣ медошт, ки агар аз кори кардааш пушаймон шавад, Яҳува ӯро мебахшад ва барои паси сар кардани оқибати кораш ёрдам мекунад.

12 Аз сабаби нокомилӣ ҳамаи мо гуноҳ мекунем. Вале баъзе хатогиҳоямон аз дигараш дида ҷиддитаранд. Дар баъзе мавридҳо мо кори шудагиро ислоҳ карда наметавонем ва бояд бо оқибати он зиндагӣ кунем (Ғал. 6:7). Мо бояд боварӣ дошта бошем, ки агар аз кори кардаамон пушаймон шавем, Яҳува моро дар вақтҳои душворӣ дастгирӣ мекунад, ҳатто агар ин душвориҳо бо айби худамон шуда бошанд ҳам. (Ишаъё 1:18, 19 ва Аъмол 3:19-ро хонед.)

13. Чӣ тавр Довуд муносибаташро бо Яҳува барқарор кард?

13 Довуд чӣ кор карда метавонист: Довуд мехост, ки муносибаташро бо Яҳува барқарор намояд. Вай барои ин чӣ кор кард? Довуд гузошт, ки Яҳува ба ӯ кӯмак расонад. Масалан, вай маслиҳатҳои пайғамбар Нотонро қабул кард (2 Подш. 12:13). Довуд ҳамчунин ба Яҳува дуо гуфт, ба гуноҳҳояш иқрор шуд ва нишон дод, ки вай сахт мехоҳад, ки боз писанди Яҳува бошад (Заб. 50:1–19). Довуд нагузошт, ки гуноҳаш ӯро аз Худо дур кунад. Ба ҷойи ин вай аз хатогиаш дарс гирифта дигар ин гуноҳашро такрор накард. Довуд то охири умраш ба Худо содиқ монд. Ва Яҳува то ҳол ӯро чун ходими содиқаш дар хотир дорад (Ибр. 11:32–34).

14. Мо аз намунаи Довуд чӣ меомӯзем?

14 Мо аз намунаи Довуд чӣ меомӯзем? Агар мо гуноҳи ҷиддӣ кунем, бояд аз таҳти дил тавба карда ба гуноҳамон иқрор шавем ва аз Яҳува бахшиш пурсем (1 Юҳ. 1:9). Ҳамчунин ба мо лозим аст, ки ба пирон муроҷиат кунем. Онҳо ба мо кӯмак мерасонанд, ки аз нав писанди Яҳува бошем. (Яъқуб 5:14–16-ро хонед.) Кӯмаки Яҳуваро қабул карда мо бовариамонро нисбати бахшида шудани гуноҳҳоямон нишон медиҳем. Ҳамчунин хуб мебуд, ки мо аз хатогиамон дарс гирем, хизматамонро давом диҳем ва ба оянда бо чашми умед нигарем (Ибр. 12:12, 13).

ДАР ДИГАР ВАЗЪИЯТҲО

Душвориҳои бо саломатӣ алоқаманд (Ба сархати 15 нигаред.)

15. Мо аз намунаи Ҳанно чӣ меомӯзем?

15 Шумо ҳамчунин дар бораи намунаи дигар ходимони Худо, ки дар гузашта ба Ӯ такя мекарданд, фикр карда метавонед. Масалан, Ҳанно бо безуриётии худаш ягон кор карда наметавонист. Лекин ӯ ба Яҳува такя карда тасаллӣ меёфт. Ин ба ӯ кӯмак мекард, ки хизматашро давом дода дилашро дар дуо ба Яҳува холӣ кунад (1 Подш.  1:9–11). Магар ӯ барои мо намунаи хуб нест? Вақте ки мо бо душвории бо саломатӣ алоқаманд ё бо душвориҳое рӯ ба рӯ шавем, ки ҳалшавии он аз мо вобаста нест, бояд ғаму ташвишамонро ба Яҳува партоем ва боварӣ дошта бошем, ки Ӯ нисбати мо ғамхорӣ мекунад (1 Пет. 5:6, 7). Инчунин мо бояд ҳар кори аз дастамон меомадаро карда аз вохӯриҳои ҷамъомад ва дигар чорабиниҳои рӯҳонӣ баҳра барем (Ибр. 10:24, 25).

Фарзандони гумроҳшуда (Ба сархати 16 нигаред.)

16. Волидон аз намунаи Самуил чӣ омӯхта метавонанд?

16 Дар бораи волидоне, ки фарзандонашон ба Яҳува хизмат карданро бас карданд, чӣ гуфтан мумкин аст? Самуили пиронсол писаронашро маҷбур карда наметавонист, ки ба меъёрҳои Худо итоат кунанд (1 Подш. 8:1–3). Ба ӯ лозим буд, ки вазъиятро ба дасти Яҳува супорад. Ба ин нигоҳ накарда Самуил беайбии худашро нигоҳ дошт ва писанди Яҳува буд (Мас. 27:11). Имрӯз баъзе волидони масеҳӣ бо чунин вазъият рӯ ба рӯ мешаванд. Онҳо боварӣ доранд, ки мисли падаре аз масали писари саркаш, Яҳува бесаброна баргаштани гунаҳкорони тавбакардаро интизор аст (Луқ. 15:20). Ҳамзамон чунин волидон кӯшиш мекунанд, ки ба Яҳува содиқ монанд ва умед доранд, ки намунаи онҳо фарзандонашонро барои ба ҷамъомад баргаштан бармеангезад.

Камбизоатӣ (Ба сархати 17 нигаред.)

17. Чаро намунаи бевазане моро рӯҳбаланд мекунад?

17 Ҳамчунин дар бораи бевазане, ки дар рӯзҳои Исо зиндагӣ мекард, фикр кунед. (Луқо 21:1–4-ро хонед.) Вай порахӯрӣ ва беинсофиеро, ки дар маъбад дида мешуд, бартараф карда наметавонист (Мат. 21:12, 13). Ҳамчунин вай наметавонист вазъияти моддии худро беҳтар созад. Лекин ин бевазан ихтиёран ду тангаашро, яъне «тамоми нафақаеро, ки дошт» хайрия кард. Чунки ӯ боварӣ дошт, ки агар кори Худоро дар ҷойи аввал гузорад, Яҳува ӯро аз ҷиҳати моддӣ таъмин хоҳад кард. Боварӣ ба Яҳува ӯро барангехт, ки ибодати ҳақиқиро дастгирӣ кунад. Ба ин монанд мо боварӣ дорем, ки агар кори Салтанатро дар ҷойи аввал монем, Яҳува дигар чизҳои лозимаро ба мо ато хоҳад кард (Мат. 6:33).

18. Мисол оред, ки чӣ тавр ходими имрӯзаи Худо назари дуруст дошт.

18 Бисёр ходимони имрӯзаи Худо низ боварии худашонро ба Яҳува исбот карданд. Биёед намунаи бародар Малкомро, ки то дами маргаш (с. 2015) ба Яҳува содиқ монд, дида бароем. Тӯли даҳсолаҳо ӯ бо занаш ба Яҳува хизмат карданд. Дар давоми хизматашон онҳо бо бисёр пастиву баландиҳо рӯ ба рӯ шуданд. Бародар Малком гуфт: «Дар ҳаёт вазъиятҳое мешаванд, ки ту онҳоро интизор набудӣ. Рӯзҳое мешаванд, ки ту чӣ кор карданатро намедонӣ ва ё сахт азоб мекашӣ. Лекин Яҳува онҳоеро, ки ба Ӯ такя мекунанд, баракат медиҳад». Малком чунин маслиҳат дод: «Дуо гӯед, ки дар хизмат боғайрат бошед. Диққататонро на ба коре, ки карда наметавонед, балки ба кори аз дастатон меомада равона кунед» *.

19. а) Чаро матни солона барои соли 2017 мувофиқ аст? б) Чӣ тавр шумо ин матни солонаро дар ҳаётатон истифода бурда метавонед?

19 Ин ҷаҳон торафт бадтар шуда истодааст ва мо медонем, ки боз бо душвориҳои зиёдтар рӯ ба рӯ мешавем (2 Тим. 3:1, 13). Барои ҳамин аз пештара дида хусусан ҳоло мо бояд нагузорем, ки чунин душвориҳо моро пахш кунанд. Ба ҷои ин мо бояд ба Яҳува такя кунем ва диққатамонро ба коре, ки карда метавонем, равона созем. Гуфтаҳои зерин, ки чун матни солона интихоб шудаанд, хеле мувофиқанд: «Ба Худованд таваккал намо ва некӣ бикун» (Заб. 36:3).

Матни солона барои соли 2017: «Ба Худованд таваккал намо ва некӣ бикун» (Заб. 36:3).

^ сарх. 18 Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 октябри с. 2013, саҳ. 17–20 нигаред.