Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 АЗ ХАЗИНАИ МО

Садои мошине ки ба миллионҳо шинос буд

Садои мошине ки ба миллионҳо шинос буд

«Дар Бразилия танҳо як мошин дар бораи Худо шаҳодат медиҳад ва он ба миллионҳо нафар шинос аст. Номи он “мошини Бурҷи дидбонӣ” мебошад» (Натаниел А. Юилл, соли 1938).

ДАР аввали солҳои 1930-юм кори мавъиза дар Бразилия суст буд. Соли 1935 ҷуфти пешравон бо номи Натаниел ва Мод Юилл ба Ҷозеф Рутерфорд, ки дар он вақт кори мавъизаро роҳбарӣ мекард, нома навиштанд. Дар номаи худ онҳо гуфтанд, ки тайёранд «ба куҷое ки лозим бошад», рафта, мавъиза кунанд.

Натаниел, ки пештар чун муҳандис кор мекард, он вақт 62-сола буд. Ӯ дар ҷамъомади Сан-Франсиско (Калифорния) роҳбари хизматӣ буд. Ӯ кори мавъизаро ташкил мекард ва барои паҳн кардани хушхабар аз таҷҳизоти овозӣ истифода мебурд. Ӯро дар Бразилия, ки маҳалли хеле калон ва гуногунзабон буд, ходими филиал таъин карданд. Ин шахси пуртаҷрибаю фидокор барои бисёриҳо баракат буд.

Соли 1936 Натаниел ва Мод ҳамроҳи пешраве бо номи Антонио П. Андраде ба Бразилия кӯчиданд. Антонио, ки забони португалиро медонист, ба онҳо чун тарҷумон кӯмак мекард. Онҳо бо худ бори қиматбаҳо — 35 фонограф ва мошин барои мавъиза кардан оварданд. Тасаввур кунед, ки дар тамоми Бразилия, ки панҷумин мамлакати калон дар ҷаҳон аст, танҳо 60 воизи Салтанат буду халос! Ин таҷҳизоти наве ки бародарон дастрас намуданд, ба онҳо кӯмак расонд, ки тӯли ҳамагӣ якчанд сол хушхабарро ба миллионҳо нафар расонанд.

Як моҳ баъд аз он ки Натаниел ва Мод Юилл ба Бразилия омаданд, филиали он ҷо дар шаҳри Сан-Паулу якумин анҷуманро ташкил намуд. Ба воситаи яке аз мошинҳое ки дар боло гап дар бораашон рафта буд, одамон ба нутқи оммавӣ даъват шуданд. Аз афташ, он вақт ронандаи мошин Мод буд. Ба нутқи оммавӣ 110 нафар омад.  Барномаи анҷуман воизонро барангехт, ки дар хизмати мавъиза бештар иштирок намоянд. Онҳо бо варақаи шаҳодатдиҳӣ, адабиёт ва фонограф мавъиза карданро ёд гирифтанд. Барои фонограф сабтҳои гуногун ба забонҳои англисӣ, олмонӣ, венгерӣ, полшагӣ, испанӣ дастрас буданд. Баъдтар бошад, ба забони португалӣ ҳам сабтҳо пайдо шуданд.

Ин мошин кӯмак кард, ки миллионҳо одамон бо хабари Салтанат шинос шаванд

Се анҷумане ки соли 1937 дар шаҳри Сан-Паулу, Рио-де-Жанейро ва Куритиба гузаштанд, кори мавъизаро қувваи нав бахшиданд. Мошин барои мавъиза ҳамроҳи воизон хона ба хона шаҳодат медод. Хосе Магловски, ки он замон ҷавонписар буд, баъдтар навишт: «Мо адабиётамонро ба намоиш мегузоштем. Одамон садои мошини “овоздор”-ро шунида берун мебаромаданд ва мо бо онҳо ҳамсӯҳбат мешудем».

Таъмидгирандагонро дар дарёҳо таъмид медоданд, дар гирду атроф бошад, одамон дар офтоб худро гарм мекарданд. Ин барои шаҳодат додан имконияти хуб буд. Аз таҷҳизоти мошин овози баланди бародар Рутерфорд садо медод ва одамон аз кунҷкобӣ гирди мошин ҷамъ мешуданд. Азбаски нутқ ба забони англисӣ садо медод, бародарон онро ба португалӣ тарҷума мекарданд. Баъд аз таъмид барои таъмидгирандагон сурудҳои Салтанатро ба забони полшагӣ мегузоштанд. Бародару хоҳарон бо забонҳои гуногун, вале бо як овоз месуруданд. Дар «Солнома»-и 1938 чунин навишта шуда буд: «Ин воқеа ба хотири як бародар Пантикости соли 33-и эраи моро овард, ки он рӯз ҳар як одам хушхабарро ба забони худ шунид».

Баъд аз анҷуман ҳар рӯзи якшанбе, ҳам дар рӯзҳои офтобӣ ва ҳам боронӣ дар ҷойҳои гуногун аз мошин сабти нутқҳо садо медод. Ин нутқҳоро одамон дар боғҳо, маҳаллҳои истиқоматӣ ва заводҳо дар маркази Сан-Паулу ва шаҳракҳои ҳамсоя мешуниданд. Дар шимолу ғарби Сан-Паулу, дар масофаи 97 км дур аз он колонияи махавиён ҷойгир буд. Бародарон барои онҳо ҳар моҳ як барнома пешкаш мекарданд. Дар он колония се ҳазор нафар мезист. Бо гузашти вақт дар он ҷо ҷамъомад ташкил шуд ва он зуд афзоиш меёфт. Махавиёни зиёд ҳақиқатро қабул карда воиз шуданд. Онҳо ба бемории худ нигоҳ накарда иҷозат гирифтанд, ки ба колонияи дигар рафта ба махавиёни он ҷо хушхабарро мавъиза намоянд.

Соли 1938 ба забони португалӣ сабтҳо пайдо шуданд. Як рӯз воизон аз як қабристон ба дигаре рафта, аз мошин ба одамон сабти нутқҳои «Мурдагон дар куҷоянд?», «Яҳува» ва «Боигарӣ»-ро мегузоштанд. Ба ҳисоби пурра он рӯз тахминан 40 000 одам, ки ба сари қабри дӯсту наздиконашон омада буданд, ин нутқҳоро шуниданд.

Роҳбарони дин аз паҳншавии хушхабар ба хашм омада аз ҳокимиятдорон талаб карданд, то нагузоранд, ки сабти нутқҳо аз мошин садо диҳад. Хоҳар Мод Юилл як воқеаеро ба хотир меорад, ки чӣ тавр коҳини маҳаллӣ тӯдаи одамонро шӯр андохт, ки мошинро гирд кунанд. Лекин ҳокими шаҳр ва корманди полис омада инро пешгирӣ карданд. Онҳо нутқро пурра гӯш карданд. Ба ҳокими шаҳр адабиёт доданд. Он рӯз ягон воқеаи бад рӯй надод. Ҳарчанд муқобилиятҳо бисёр буданд, дар «Солнома»-и 1940 гуфта шуда буд, ки соли 1939 барои Бразилия беҳтарин вақт барои хизмат кардан ба Ҳокими Бузург ва эълон кардани номи Ӯ ба ҳисоб меравад.

Баъди овардани «мошини Бурҷи дидбонӣ» кори мавъиза дар Бразилия ранги дигар гирифт. Мошини «овоздор» кӯмак кард, ки миллионҳо одамон бо хабари Салтанат шинос шаванд. Ин мошини машҳур соли 1941 фурӯхта шуд. Лекин минбаъд низ садҳо ҳазор Шоҳидони Яҳува дар тамоми Бразилия хушхабарро ба одамони самимӣ мавъиза мекарданд. (Аз хазинаи мо дар Бразилия.)