Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Имонатонро ба умеди худ қавӣ гардонед

Имонатонро ба умеди худ қавӣ гардонед

«Имон эътиқоди қавӣ ба чизҳоест, ки мо ба онҳо умед мебандем» (ИБР. 11:1).

СУРУДҲО: 29, 55

1, 2. а) Умеди ходимони Худо аз умеди одамони ин ҷаҳон чӣ фарқ дорад? б) Мо кадом саволҳоро дида мебароем?

ЧӢ УМЕДИ олиҷаноберо ходимони Худо паҳн мекунанд! Ҳамаи мо хоҳ тадҳиншуда бошем, хоҳ «гӯсфандони дигар» умеди дорем, ки иҷрошавии нияти аввалаи Худо ва муқаддас гаштани номи Ӯро мебинем (Юҳ. 10:16; Мат. 6:9, 10). Ин беҳтарин умедест, ки мо онро интизорем. Мо ҳамчунин баракати ваъдакардаи Худо, яъне ҳаёти абадӣ, «осмони нав» ва «замини нав»-ро интизорем (2 Пет. 3:13). Ҳоло бошад, мо умедворем, ки халқи Худо минбаъд низ рӯҳан мешукуфад.

2 Бисёриҳо ба чизе умед мебанданд, лекин сад фоиз боварӣ надоранд, ки он амалӣ мегардад. Масалан, миллионҳо бозингарони лоторея умед доранд, ки чизеро бурд мекунанд, вале дар дил аз ин шубҳа доранд. Имони ҳақиқӣ бошад, ин «эътиқоди қавӣ» ба умеди иҷрошавии ваъдаҳои Худо мебошад (Ибр. 11:1). Шояд шумо пурсед: Чӣ хел имонамро ба ваъдаи Худо мустаҳкамтар созам? Ва ин чӣ манфиат меорад? Биёед ҷавоби ин саволҳоро дида бароем.

3. Имони мо бар чӣ асос меёбад?

3 Имон хислатест, ки одами нокомил бо он таваллуд намешавад; он худ ба худ инкишоф намеёбад. Бо таъсири рӯҳи  муқаддаси Худо мо имон пайдо кардем (Ғал. 5:22). Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки Яҳува ба имон ё ба бовар кардани касе ниёз дорад. Чунки Яҳува Қодир ва пур аз хирад мебошад, ҳеҷ чиз пеши роҳашро дар иҷро кардани нияташ гирифта наметавонад. Падари осмонии мо аниқ медонад, ки ваъдаҳояш иҷро мешаванд. Аз ин рӯ ин ваъдаҳо барояш аллакай амалӣ гаштаанд. Ӯ мегӯяд: «Ба амал омад!» (Ваҳй 21:3–6-ро хонед.) Имони мо ба далели он ки Яҳува «Худои амин аст» ва доимо ба ваъдааш вафо мекунад, асос меёбад (Такр. Ш. 7:9).

АЗ ИМОНИ ХОДИМОНИ ПЕШИНА ИБРАТ ГИРЕД

4. Мардону занони содиқи замонҳои пеш ба чӣ умед доштанд?

4 Дар боби 11-уми китоби Ибриён мардону занони имондор номбар шудаанд. Нависандаи ин китоб ба онҳо ва ба дигарон, чун ба касоне ки «ба хотири имон шӯҳрат пайдо карда буданд», ишора кард (Ибр. 11:39). Ҳамаи онҳо «эътиқоди қавӣ» доштанд, ки Яҳува «насли» ваъдакардашударо эҳё мекунад, то Шайтонро нест карда нияти аввалаашро иҷро намояд (Ҳас. 3:15). Пеш аз он ки насли ваъдашуда — Исои Масеҳ, ба ҳаёти осмонӣ роҳ кушояд, ин одамони содиқ мурданд (Ғал. 3:16). Лекин ваъдаи Яҳува ҳамеша иҷро мешавад, барои ҳамин онҳо имконият доранд, ки дар биҳишти рӯи замин аз нав зинда шуда аз ҳаёти абадӣ баҳра баранд (Заб. 36:11; Иш. 26:19; 1 Қӯр.15:55).

5, 6. Иброҳим бо оилааш ба чӣ умед мебастанд ва чӣ тавр онҳо имонашонро қавӣ нигоҳ медоштанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

5 Дар Ибриён 11:13 дар бораи баъзе ходимони пешина чунин гуфта шудааст: «Ҳамаи инҳо дар имон мурданд ва ба муроди иҷрои ваъдаҳо нарасиданд, балки фақат аз дур онҳоро дида, шод шуданд». Яке аз ин ходимон Иброҳим буд. Оё ӯ умедашро оиди зиндагӣ дар таҳти роҳбарии «насли» ваъдашуда зинда нигоҳ дошт? Исо ба саволи душманонаш ҷавоб дода ба ин савол равшанӣ андохт. Ӯ гуфт: «Падари шумо Иброҳим дидани корҳоеро, ки ман ба амал меорам, интизор буд ва аз ин бисёр шодӣ мекард. Ӯ инро дид ва шод гашт» (Юҳ. 8:56, ТДН). Соро, Исҳоқ, Яъқуб ва дигарон низ умеди худро зинда нигоҳ медоштанд, онҳо диққаташонро ба умеди Салтанати оянда, ки «меъмору бинокори он Худост» равона мекарданд (Ибр. 11:8–11).

6 Чӣ тавр Иброҳим бо оилааш имонашонро қавӣ нигоҳ медоштанд? Аз афташ онҳо аз имондорони калонсол, аз рӯъёҳо ё аз хондани маълумоти аниқ дар бораи Худо дониш мегирифтанд. Аз ҳама муҳимаш онҳо чизҳои омӯхтаашонро фаромӯш намекарданд. Ваъдаҳои Худо ва талаботи Ӯро қадр карда дар борааш мулоҳиза меронданд. Азбаски умеди онҳо зинда буд, ин мардону занон ба озмоиши имон тайёр шуданд.

7. Барои қавӣ кардани имонамон Яҳува чиҳоро пешкаш кардааст ва мо бояд чӣ кор кунем?

7 Яҳува ба мо Каломашро додааст, то ки имонамонро қавӣ нигоҳ дорем. Барои хушбахт ва муваффақ шудан, мо бояд то ҳадди имкон мунтазам Каломи Худоро хонем. (Заб. 1:1–3; Аъмол 17:11-ро хонед.) Пас мисли ходимони пешинаи Яҳува ба мо лозим аст, ки дар бораи ваъдаҳои Худо мулоҳиза ронда ба талаботи Ӯ итоат кунем. Ҳамчунин Яҳува ба воситаи «ғуломи мӯътамад ва доно» бо фаровонӣ ғизои рӯҳонӣ медиҳад (Мат. 24:45). Ҳамин тавр ғизои пешкашкардаи Яҳуваро қадр карда мо мисли ходимони пешинаи Ӯ мешавем, ки ба умедашон «эътиқоди қавӣ» доштанд.

8. Чӣ тавр мо имони худро қавӣ карда метавонем?

 8 Ҳамчунин дуо гуфтан ба ходимони пешинаи Худо барои қавӣ нигоҳ доштани имонашон хеле ёрдам мекард. Вақте онҳо медиданд, ки Худо ба дуоҳояшон ҷавоб медиҳад, имонашон аз ин қавитар мешуд (Наҳемё 1:4, 11; Заб. 33:5, 16, 18; Дон. 9:19–21). Мо низ диламонро ба Яҳува холӣ карда боварии комил дошта метавонем, ки Ӯ моро мешунавад ва қувват мебахшад, то душвориҳоямонро бо хурсандӣ паси сар карда тавонем. Вақте дуоҳои мо мустаҷоб мегарданд, имонамон қавитар мешавад. (1 Юҳанно 5:14, 15-ро хонед.) Азбаски имон ин самари рӯҳ мебошад, Исо гуфт, ки мо бояд аз Худо рӯҳи муқаддас пурсем (Луқ. 11:9, 13).

9. Мо боз дар бораи кӣ бояд дуо гӯем?

9 Лекин мо набояд фақат дар бораи худамон дуо гӯем. Мо барои «корҳои аҷоиб»-и Яҳува, ки шумораашон «бениҳоят бисёр аст» ҳар рӯз миннатдорӣ зоҳир намуда, Ӯро ҷалол дода метавонем (Заб. 39:6). Ҳамчунин дуоҳои мо бояд нишон диҳанд, ки «бандиёнро ба ёд [меорем], гӯё ки [мо] низ бо онҳо дар занҷирҳо» бошем. Боз мо дар бораи бародарияти умумиҷаҳониамон, хусусан дар бораи онҳое ки роҳбариро ба ӯҳда доранд, бояд дуо гӯем (Ибр. 13:3, 7).

ОНҲО УСТУВОР МОНДАНД

10. Кадом ходимони Худо беайбиашонро нигоҳ доштанд ва чӣ ба онҳо қувват бахшид?

10 Дар боби 11-уми китоби Ибриён ҳаввории Павлус дар бораи озмоишҳое гуфт, ки бисёр ходимони Худо рӯ ба рӯ шуданд. Масалан, Павлус дар бораи зане навишт, ки писарашро аз даст дод, вале баъдтар ӯ эҳё шуд. Баъд ӯ дар бораи онҳое ки «аз шиканҷа нобуд шуданд ва озодиро қабул накарданд, то ки ба эҳёи беҳтаре ноил гарданд», қайд кард (Ибр. 11:35). Ҳарчанд мо аниқ намедонем, ки Павлус киро дар назар дошт, баъзеҳо ба мисли Нобӯт ва Закарё барои гапи Худоро гирифтанашон сангсор шуданд (3 Подш. 21:3, 15; 2 Вақ. 24:20, 21). Ба Дониёл ва рафиқонаш гуфтанд, ки «озодиро қабул» карда аз Яҳува рӯй гардонанд. Лекин онҳо ин тавр накарданд. Имон ба қудрати Худо ба онҳо кӯмак кард, ки «даҳони шеронро» банданд ва «қуввати оташро хомӯш намоянд» (Ибр. 11:33, 34; Дон. 3:16–18, 20, 28; 6:13, 16, 21–23).

11. Баъзе пайғамбарон кадом озмоишҳоро аз сар гузарониданд?

11 Пайғамбарон ба мисли Микойҳу ва Ирмиё «ҳақоратҳо ва... зиндонро аз сар гузаронданд». Дигарон ба мисли Илёс «дар биёбонҳо ва кӯҳҳо, дар мағораҳо ва дараҳои замин овора шуда гаштанд». Ҳамаи онҳо ба Худо то охир содиқ монданд, зеро ба умедашон «эътиқоди қавӣ» доштанд (Ибр. 11:1, 36–38; 3 Подш. 18:13; 22:24–27; Ирм. 20:1, 2; 28:10, 11; 32:2).

12. Кӣ намунаи беҳтарини беайбӣ аст ва чӣ ба ӯ кӯмак кард?

12 Павлус баъди дар бораи мардону занони имондор гуфтанаш оиди намунаи беҳтарин — Исои Масеҳ қайд кард. Дар Ибриён 12:2 гуфта шудааст: «Ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб [сутуни азобу шиканҷа, ТДН] тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишаст». Мо бояд дар бораи он ки чӣ тавр Исо бо озмоишҳои сахт рӯ ба рӯ шуда имонашро нигоҳ дошт, ҷиддӣ фикр кунем. (Ибриён 12:3-ро хонед.) Ба монанди Исо масеҳиёни пешина ба мисли Антипас беайбиашонро нигоҳ доштанд (Ваҳй 2:13). Онҳо аз имтиёзи дар осмон эҳё шудан баҳра бурда метавонистанд, ки ин эҳёшавии беҳтаринро ходимони пешинаи Худо интизор буданд  (Ибр. 11:35). Чанде пас аз барпо шудани Салтанат дар соли 1914 ҳамаи тадҳиншудагони содиқ, ки вафот карда буданд, ба ҳаёти осмонӣ эҳё гаштанд, то ки бо Исо ҳукмронӣ кунанд (Ваҳй 20:4).

ХОДИМОНИ СОДИҚИ ИМРӮЗАИ ХУДО

13, 14. Бародар Рудолф бо кадом озмоишҳо рӯ ба рӯ шуд ва барои истодагарӣ кардан ба вай чӣ ёрдам кард?

13 Миллионҳо ходимони Худо ба намунаи Исо пайравӣ намуда умедашонро зинда нигоҳ медоранд ва намегузоранд, ки озмоишҳо имонашонро суст кунанд. Биёед мисоли бародар Рудолф Грайхенро, ки соли 1925 дар Олмон таваллуд шудааст, дида бароем. Ӯ дар бораи суратҳои оятҳои Китоби Муқаддас, ки дар девори хонааш овезон буданд, гуфт: «Дар як расм нишон дода шуда буд, ки чӣ хел гург бо барра, бузғола бо паланг, гӯсола ва шербача бо ҳам дар осоиштагӣ зиндагӣ доранду кӯдаки хурд онҳоро мечаронад... Ин расмҳо ба ман сахт таъсир расонданд» (Иш. 11:6–9). Рудолф нигоҳ накарда ба таъқиботи бераҳмона, аввал аз тарафи фашистон ва баъдтар аз тарафи полиси махфии коммунистон (дар Олмони Ҷанубӣ) имонашро қавӣ нигоҳ дошт.

 14 Дигар озмоиши сахти Рудолф ин аз касалии домана дар лагери консентратсионии Равенсбрюк мурдани модараш буд. Ҳамчунин ӯ дид, ки чӣ хел падараш аз имонаш рӯ гардонда дар варақае имзо гузошт, ки вай дигар Шоҳиди Яҳува нест. Баъд аз озод шудан аз маҳбас Рудолф аз хизмати худ чун нозири ноҳиявӣ баҳра бурд ва баъдтар ӯро ба мактаби Ҷилъод таклиф намуданд. Пас аз ин ӯро чун миссионер ба Чили фиристоданд, ки дар он ҷо низ ӯ нозири ноҳиявӣ шуда хизмат кард. Вале бо ин озмоишҳои Рудолф тамом нашуданд. Як сол пас аз хонадоршавиаш бо Пэтси, духтарчаи хурдакакаш мурд. Баъди ин занаш, ки 43-сола буд, вафот кард. Дар ҳамаи ин озмоишҳо Рудолф устувор монд. Аз тарҷумаи ҳолаш, ки дар «Бурҷи дидбонӣ» (анг.), аз 1 августи с. 1997, саҳ. 20–25 [1] бармеояд, ки вай нигоҳ накарда ба бемориву пиронсолиаш чун пешрави доимӣ ва пири ҷамъомад хизмат мекард.

15. Киҳо дар рӯзҳои мо таъқиботҳоро бо хурсандӣ паси сар карда истодаанд?

15 Шоҳидони Яҳува нигоҳ накарда ба таъқиботҳои сахту давомнок умедашонро зинда нигоҳ медоранд. Масалан, бисёр бародарону хоҳарони мо дар Эритрея, Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ асосан бо сабаби ба хизмати ҳарбӣ нарафтанашон маҳбус шудаанд (Мат. 26:52). Дар байни садҳо маҳбусон Паулос, Исаак ва Негеде мебошанд, ки дар Эритрея зиёда аз 20 сол боз ҳабс шудаанд! Онҳо аз озодӣ маҳрум буда имконият надоранд, ки волидони пиронсолашонро дастгирӣ кунанд ё оиладор шаванд. Лекин ин бародарон новобаста ба таъқиботҳои сахт содиқиашонро нигоҳ медоранд. Чи хеле ки дар вебсайти расмиамон jw.org мебинем, чеҳраи онҳо хандон аст ва ин нишон медиҳад, ки онҳо имонашонро қавӣ нигоҳ доштанд. Ҳатто назоратчиёни маҳбас нисбати онҳо эҳтиром пайдо карданд.

Оё шумо аз намунаи имони бародарону хоҳарони ҷамъомадатон манфиат мегиред? (Ба сархатҳои 15 ва 16 нигаред.)

16. Чӣ тавр имони қавӣ шуморо муҳофизат карда метавонад?

16 Бисёри Шоҳидони Яҳува бо таъқиботҳои сахт рӯ ба рӯ намешаванд, лекин озмоиши имони онҳо дар дигар чиз зоҳир мегардад. Масалан, бисёриҳо қашшоқиро аз сар гузаронданд ё аз сабаби ҷангу офатҳои табиӣ азоб кашиданд. Баъзеҳо бошанд, мисли Мусо ва дигар пайғамбарон аз ҳаёти осудаву бароҳат ё машҳур будан даст кашиданд. Ин бародарону хоҳарон бо чизпарастиву худпарастӣ сахт мубориза бурда кӯшиш мекунанд, ки ин тарзи ҳаёт онҳоро фирефта накунад. Чаро онҳо чунин мекунанд? Зеро онҳо Яҳуваро дӯст медоранд ва имони қавӣ доранд, ки Ӯ ба ваъдааш истода беадолатиро бартараф мекунад ва ходимони содиқашро бо ҳаёти ҷовидонӣ дар дунёи нав сарфароз мегардонад. (Забур 36:5, 7, 9, 29-ро хонед.)

17. Шумо чӣ кор карданиед ва дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

17 Аз ин мақола мо фаҳмидем, ки дар бораи ваъдаҳои Худо мулоҳиза рондан ва мунтазам дуо гуфтан имони моро қавӣ нигоҳ медорад. Имони қавӣ бошад, ба мо ёрдам мекунад, ки озмоишҳоро паси сар кунем. Лекин калимаи «имон», ки дар Китоби Муқаддас вомехӯрад, маънои чуқуртар дорад ва инро мо дар мақолаи навбатӣ дида мебароем.

^ [1] Сархати 14. Ҳамчунин ба «Бедор шавед!» (рус.), аз 22 апрели с. 2002, ба мақолаи «Аз пушти озмоишҳо умедам гум нашуд» нигаред, ки дар он тарҷумаи ҳоли Андрей Ханак аз Словакия навишта шудааст.