Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Якдигарро ҳар рӯз рӯҳбаланд кунед»

«Якдигарро ҳар рӯз рӯҳбаланд кунед»

«Агар каломи насиҳатомезе [суханони рӯҳбаландкунандае, ТДН] барои қавм дошта бошед, бигӯед» (АЪМ. 13:15).

СУРУДҲО: 53, 45

1, 2. Фаҳмонед, ки чаро рӯҳбаландкунӣ муҳим аст.

КОМИЛА, ки 18-сола аст [1] , чунин мегӯяд: «Волидонам маро таъриф намекунанд, баръакс онҳо фақат маро танқид мекунанд. Гапҳои онҳо ба дил сахт мерасад. Онҳо ба ман мегӯянд, ки ту гӯлу гарангӣ, ҳеҷ вақт ягон чизро ёд намегирӣ. Аз шунидани ин гапҳо ман бисёр вақт гиря мекунам ва бо онҳо гап задан намехоҳам. Ман худро беқадру ночиз ҳис мекунам». Дар ҳақиқат ҳам зиндагӣ бе таърифу рӯҳбаландкунӣ рангин нест!

2 Дилбардорӣ ба одам қувват мебахшад. Марде бо номи Рубен мегӯяд: «Солҳои зиёд ман бо ҳисси беқадру нодаркорӣ мубориза мебурдам. Лекин боре бо як пири ҷамъомад ба хизмат рафтам ва ӯ фаҳмид, ки ман зиқам. Ӯ бо ҳамдардӣ гапҳои маро гӯш карда ба ман корҳои нағзамро ёдрас кард. Ҳамчунин ӯ суханони Исоро ба ман ёдрас карда гуфт, ки ҳар яки мо аз гунҷишкон дида пурарзиштарем. Ман ин оятро тез-тез ба ёд меорам ва он то ҳол ба дилам таъсир мекунад. Ин гапҳои бародар ҳаётамро тамоман дигар кард» (Мат. 10:31).

3. а) Павлуси ҳавворӣ дар бораи рӯҳбаландкунӣ чӣ гуфт? б) Дар ин мақола чиро дида мебароем?

3 Китоби Муқаддас таъкид мекунад, ки ҳар яки мо ҳамавақт  ба рӯҳбаландӣ мӯҳтоҷем ва мо набояд аз ин ҳайрон шавем. Ҳаввории Павлус ба масеҳиёни ибрӣ навишт: «Эй бародарон, бохабар бошед, ки касе аз шумо дили шарир ва беимоне ки аз Худои Ҳай рӯй мегардонад, надошта бошад, балки якдигарро ҳар рӯз насиҳат диҳед [рӯҳбаланд кунед, ТДН]... ки касе аз шумо ба фиребҳои гуноҳ афтода, сахтдил нашавад» (Ибр. 3:12, 13). Агар ягон вақт шумо аз гапи нағз хурсанд шуда бошед, пас мефаҳмед, ки то чӣ андоза рӯҳбаландкунӣ муҳим аст. Аз ин рӯ биёед саволҳои зеринро дида бароем: «Чаро рӯҳбаландкунӣ хеле муҳим аст? Мо аз намунаи Яҳува, Исо ва Павлус дар мавриди рӯҳбаландкунӣ чӣ дарс мегирем? Чӣ тавр мо бародару хоҳаронамонро рӯҳбаланд карда метавонем?»

ОДАМОН БА ДИЛБАРДОРӢ МӮҲТОҶАНД

4. Кӣ ба рӯҳбаландӣ мӯҳтоҷ аст ва чаро дар рӯзҳои мо бисёриҳо якдигарро дилбардорӣ намекунанд?

4 Ҳар яки мо ба рӯҳбаландӣ ниёз дорем, махсусан кӯдакону наврасон. Педагог Тимоти Эвенс мегӯяд: «Кӯдакон... ба рӯҳбаландӣ мӯҳтоҷанд, чи тавре ки растанӣ ба об ниёз дорад. Агар кӯдакро таъриф кунанд ӯ худро нодаркору беқадр ҳис намекунад». Азбаски мо дар замонҳои сахт зиндагӣ дорем, одамон худпараст, бемеҳр ва якдигарро кам дилбардорӣ мекунанд (2 Тим. 3:1–5). Баъзе волидон кӯдаконашонро таъриф намекунанд, чунки дар вақташ волидонашон онҳоро таъриф намекарданд. Дар корхонаҳо бошад, бисёр коргарон шикоят мекунанд, ки ҳеҷ кас онҳоро таъриф ва рӯҳбаланд намекунад.

5. Рӯҳбаландкунӣ чиро дар бар мегирад?

5 Барои рӯҳбаланд кардани дигарон мо онҳоро барои ягон кор ё хислатҳои хубашон таъриф карда метавонем. Ҳамчунин рӯҳафтодагонро тасаллӣ дода метавонем (1 Тас. 5:14). Калимаи юноние, ки одатан «рӯҳбаландӣ» тарҷума шудааст, маънои «илтимос бо ман бош»-ро дорад. Азбаски мо бо бародарону хоҳарон бисёр сарукор мекунем, барои онҳоро рӯҳбаланд кардан имконияти зиёд дорем. (Воиз 4:9, 10-ро хонед.) Аз ин рӯ аз худ пурсед: «Оё ман ба дигарон мегӯям, ки чаро онҳоро нағз мебинам ва қадр мекунам? Оё ин корро дар фурсати муносиб мекунам?» Дар Масалҳо 15:23 чунин гуфта шудааст: «Чӣ хуш аст сухани бамавқеъ!» (Мас. 15:23).

6. Чаро Шайтон моро рӯҳафтода кардан мехоҳад? Мисол оред.

6 Шайтон моро рӯҳафтода кардан мехоҳад, чунки медонад, ки рӯҳафтодагӣ моро аз по мезанад. Дар Масалҳо 24:10 гуфта шудааст: «Агар дар рӯзи тангӣ заифдил бошӣ, қуввати ту кам аст». Шайтон як қатор бадбахтӣ ва айбдоркуниро истифода бурда беайбии Айюбро шикастанӣ буд, вале ӯ ба мақсадаш нарасид (Айюб 2:3; 22:3; 27:5). Мо низ бо Шайтон мубориза бурда, корҳояшро як тин карда метавонем. Агар рӯҳбаланд кардани аъзоёни оила ва ҷамъомадро давом диҳем, ба ҳамдигар кӯмак мерасонем, ки хурсанд буда ба Яҳува наздик бошем.

МИСОЛҲОИ РӮҲБАЛАНДКУНАНДА АЗ КИТОБИ МУҚАДДАС

7, 8. а) Чӣ нишон медиҳад, ки Яҳува рӯҳбаландкуниро муҳим меҳисобад? б) Чӣ тавр волидон ба намунаи Яҳува пайравӣ карда метавонанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

7 Яҳува Худо. Забурнавис чунин гуфт: «Худованд ба дилшикастагон наздик аст, ва рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод» (Заб. 33:19). Вақте Ирмиё ба тарсу рӯҳафтодагӣ дода шуд, Яҳува ба ӯ ваъда дод, ки ёрдам мекунад (Ирм. 1:6–10). Лаҳзае тасаввур кунед, ки то чӣ андоза Дониёли солхӯрда рӯҳбаланд шуд, вақте Яҳува фариштаашро барои дастгирии ӯ фиристод.  Ин фаришта Дониёлро «марди дилписанд» номид (Дон. 10:8, 11, 18, 19). Оё шумо ҳам мисли Яҳува воизон, пешравон ва бародарону хоҳарони пиронсолеро, ки ба дилбардорӣ мӯҳтоҷанд, рӯҳбаланд карда метавонед?

8 Ҳарчанд Исо солҳои бешумор дар осмон бо Яҳува буд, ҳангоми дар замин буданаш Яҳува фикр намекард, ки ӯ ба таърифу рӯҳбаландӣ ниёз надорад. Баръакс дар ду маврид Яҳува аз осмон ба писараш чунин гуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст» (Мат. 3:17; 17:5). Яҳува Исоро таъриф карда нишон дод, ки рафтори ӯ дуруст аст. Исо дар аввалу охири хизмати заминиаш ин суханонро шунида беҳад хурсанд шуд. Ҳамчунин шаби пеш аз марги Исо ҳангоме ки азобаш сахт буд, Яҳува фариштаашро фиристод, то ки ӯро қувват бахшад (Луқ. 22:43). Агар шумо фарзанддор бошед, ба намунаи Яҳува пайравӣ намуда кӯдаконатонро тез-тез барои кори хубашон таъриф кунед. Дар мактаб агар онҳо ҳар рӯз бо озмоиши имон рӯ ба рӯ шаванд, онҳоро дучанд дастгирӣ кунед.

9. Мо аз муносибати Исо бо шогирдонаш чӣ дарс мегирем?

9 Ҳазрати Исо. Ҳамон шабе ки Исо Шоми ёдбудро ҷорӣ кард, вай пай бурд, ки шогирдонаш ҳоло ҳам мағруранд. Исо пойҳои шогирдонашро шуста гуфт, ки фурӯтан будан хеле муҳим аст. Вале онҳо то ҳол баҳс мекарданд, ки аз байнашон кӣ бузургтар аст ва Петрус бошад, манманӣ карда гуфт, ки ҳеҷ вақт аз Исо рӯ намегардонад (Луқ. 22:24, 33, 34). Ба ҳар ҳол Исо шогирдони бовафояшро барои бо ӯ дар озмоишҳо монданашон, таъриф кард. Ӯ пешгӯӣ кард, ки онҳо назар ба ӯ корҳои бузургтар мекунанд ва онҳоро боварӣ бахшид, ки Яҳува дӯсташон медорад (Луқ. 22:28; Юҳ. 14:12; 16:27). Мо аз худ пурсида метавонем: «Оё ман мисли Исо ба камбудиҳои кӯдаконам ва бародару хоҳарон нигоҳ накарда онҳоро барои корҳои хубашон таъриф мекунам?»

10, 11. Чӣ тавр Павлус нишон дод, ки дигарон ба рӯҳбаландӣ мӯҳтоҷанд?

10 Павлуси ҳавворӣ. Дар номаҳои худ Павлус дар ҳаққи ҳамимононаш суханони нағз гуфт. Ӯ бо баъзеи онҳо чандин солҳо сафар кард ва бешубҳа медонист, ки онҳо камбудиҳо доранд, вале новобаста ба ин онҳоро ганда накард. Масалан, Павлус дар ҳаққи Тимотиюс, ки дар ҳақиқат ҳам ғами ҳамимононро мехӯрд, чунин гуфт: «Ӯ фарзанди маҳбуб ва мӯътабари ман дар Худованд аст» (1 Қӯр. 4:17; Флп. 2:19, 20). Ҳамчунин ҳавворӣ Титусро таъриф карда ба ҷамъомади Қӯринт гуфт, ки вай «рафиқ ва ҳамкори ман аст», ки бар манфиати шумо хизмат мекунад (2 Қӯр. 8:23). Ин суханони Павлусро Тимотиюс ва Титус шунида хеле хурсанд шуданд!

11 Павлус барои рӯҳбаланд кардани бародару хоҳарон ҷони худро дар хатар мемонд. Боре Павлусу Барнаббо ба таъқиботи сахт нигоҳ накарда барои рӯҳбаландкунӣ ва устуворгардонии имони шогирдони нав ба Лустра баргаштанд (Аъм. 14:19–22). Дар Эфсӯс Павлус бо як тӯда одамони бағазабомада рӯ ба рӯ шуд. Дар Тарҷумаи дунёи нав, дар Аъмол 20:1, 2 гуфта шудааст: «Вақте ки шӯру ғавғо хотима ёфт, Павлус кас фиристода шогирдонро даъват намуд ва онҳоро рӯҳбаланд кард. Пас аз ин бо онҳо хайру хуш намуда, ба Мақдуния равона шуд». Бешубҳа Павлус сахт мехост, ки дигаронро рӯҳбаланд кунад ва ин барояш муҳим буд.

ДИГАРОНРО РӮҲБАЛАНД КУНЕД

12. Вохӯриҳои ҷамъомад дар рӯҳбаландкунӣ чӣ нақш мебозанд?

12 Чаро Яҳува талаб мекунад, ки ба вохӯриҳо  ҳамавақт биёем? Ӯ мехоҳад, ки мо рӯҳбаланд шавем ва дигаронро низ рӯҳбаланд кунем. (Ибриён 10:24, 25-ро хонед.) Мисли пайравони пешинаи Исо мо барои таълим ва рӯҳбаландӣ гирифтан якҷоя ҷамъ мешавем (1 Қӯр. 14:31). Комила, ки дар борааш гуфта будем, мегӯяд: «Ман вохӯриҳоро нағз мебинам, чунки дар он ҷо маро дӯст медоранд ва рӯҳбаланд мекунанд. Вақте ман зиқ ба Толори Салтанат меоям, хоҳарон маро ба оғӯш гирифта мегӯянд, ки имрӯз хушрӯ шудӣ. Онҳо аз пешравии рӯҳониам хурсанд шуда мегӯянд, ки маро нағз мебинанд. Аз шунидани ин суханон ман худро беҳтар ҳис мекунам!» Бубинед, ки то чӣ андоза ҳамдигарро рӯҳбаланд кардан тароватбахш аст! (Рум. 1:11, 12).

13. Чаро онҳое ки солҳои зиёд дар ҳақиқат мебошанд, ба рӯҳбаландӣ мӯҳтоҷанд?

13 Ҳатто онҳое ки солҳои зиёд дар ҳақиқат мебошанд, ба рӯҳбаландӣ ниёз доранд. Саргузашти Еҳушаъро дида мебароем. Вай солҳои зиёд ба Яҳува содиқона хизмат кард. Ба ҳар ҳол Яҳува ба Мусо гуфт, ки ӯро рӯҳбаланд кунад: «Ба Еҳушаъ амр фармуда, ӯро қавӣ ва далер гардон, зеро ки ӯ пешопеши ин қавм убур намуда, заминеро, ки ту хоҳӣ дид, барои тасарруфи онҳо тақсим хоҳад кард» (Такр. Ш. 3:27, 28). Бо роҳбарии Еҳушаъ халқи Исроил бояд ба наздикӣ Замини ваъдашударо забт мекард ва ин масъулияти ҷиддӣ буд. Еҳушаъ ба рӯҳбаландӣ ниёз дошт, чунки баъдтар халқ дар бисёр муҳорибаҳо бояд иштирок мекард ва ҳатто дар яке аз ҷангҳо мағлуб шуд (Еҳ. 7:1–9). Барои ҳамин ҳам ба Еҳушаъ рӯҳбаландӣ ва дастгирӣ даркор буд. Биёед мо низ пирони ҷамъомад ва нозирони ноҳиявиро, ки ба рамаи Худо хеле ғамхорӣ мекунанд, шахсан рӯҳбаланд кунем. (1 Таслӯникиён 5:12, 13-ро хонед.) Як нозири ноҳиявӣ чунин гуфт: «Баъзан бародарон баъд аз ташрифамон ба мо номаи миннатдорӣ медиҳанд, ки дар он оиди хурсандӣ гирифтанашон навишта шудааст. Мо ин номаҳоро нигоҳ медорем ва ҳар вақте ки зиқ шавем онҳоро, ки сарчашмаи рӯҳбаландианд, мехонем».

Вақте мо кӯдаконро таъриф мекунем, онҳо гул-гул мешукуфанд (Ба сархати 14 нигаред.)

14. Чаро гуфтан мумкин аст, ки таърифу рӯҳбаландкунӣ ҳангоми маслиҳат додан муҳим аст?

14 Пирони ҷамъомад ва волидон пай бурданд, ки таърифу дилбардорӣ шахсро бармеангезад, ки аз рӯи маслиҳати Китоби Муқаддас амал кунад. Вақте Павлус масеҳиёни Қӯринтро барои ба кор бурдани маслиҳаташ таъриф кард, онҳо рӯҳбаланд шуда минбаъд ҳам дуруст рафтор мекарданд (2 Қӯр. 7:8–11). Андреас, ки падари ду фарзанд аст, мегӯяд: «Рӯҳбаландӣ ба кӯдакон ёрдам мекунад, ки ба Худо наздик шуда баркамол гарданд. Вақте ки таъриф карда маслиҳат медиҳӣ, нағзтар  қабул мекунанд. Ҳарчанд фарзандонамон медонанд, ки чӣ дуруст аст, вале бо ёрии таърифу рӯҳбаландкунии мунтазам рафтори дуруст тарзи ҳаёташон мегардад».

ТАРЗҲОИ РӮҲБАЛАНДКУНӢ

15. Яке аз тарзҳои рӯҳбаландкунӣ кадом аст?

15 Барои кӯшиш ва хислатҳои хуби ҳамимонон миннатдорӣ баён кунед (2 Вақ. 16:9; Айюб 1:8). Ҳатто агар қурбонӣ ва хизмати мо аз сабаби вазъиятамон маҳдуд бошад ҳам, Яҳува ва Исо моро барои дастгирӣ кардани кори Салтанат беҳад қадр мекунанд. (Луқо 21:1–4 ва 2 Қӯринтиён 8:12-ро хонед.) Масалан, баъзе бародарону хоҳарони пиронсоли мо саъю кӯшиш мекунанд, ки ҳамавақт дар вохӯриҳо ва мавъиза иштирок кунанд. Мо бояд онҳоро таърифу дилбардорӣ кунем.

16. Чаро мо набояд ҳеҷ гоҳ аз рӯҳбаландкунӣ худдорӣ кунем?

16 Ҳар як фурсатро истифода бурда дигаронро рӯҳбаланд кунед. Агар мо дидем, ки ягон кас сазовори таъриф аст, чаро ки ӯро таъриф накунем? Биёед мисоли Павлус ва Барнаббо ҳангоми дар Антиёхия буданашон, дида бароем. Сардори куништ ба онҳо чунин гуфт: «Эй бародарони азиз! Агар каломи насиҳатомезе [суханони рӯҳбаландкунандае, ТДН] барои қавм дошта бошед, бигӯед». Павлус бо нутқи хуб баромад кард (Аъм. 13:13–16, 42–44). Агар мо низ гапи ободкунанда дошта бошем, пас онро бояд гӯем. Вақте рӯҳбаландкунӣ ба мо одат мешавад, дигарон низ дар навбати худ моро рӯҳбаланд мекунанд (Луқ. 6:38).

17. Чӣ таърифи моро боз ҳам таъсирбахштар мегардонад?

17 Самимимона ва барои чизе аниқ таъриф кунед. Суханони рӯҳбаландкунанда ва миннатдории мо фоиданок аст, вале аз суханони Исо дар бораи ҷамъомади Тиётиро бармеояд, ки барои чизи аниқ таъриф кардан хубтар аст. (Ваҳй 2:18, 19-ро хонед.) Агар шумо волид бошед, фарзандатонро барои пешравии рӯҳониаш таъриф карда метавонед. Ба модари танҳо бошад, шумо гуфта метавонед, ки нигоҳ накарда ба вазъияти душвор маҳз чӣ дар тарбияи фарзандонаш шуморо қоил мекунад. Ин гуна таъриф ва рӯҳбаландкунӣ натиҷаи хуб меорад!

18, 19. Чӣ тавр мо онҳоеро ки ба рӯҳбаландӣ ниёз доранд, дилбардорӣ карда метавонем?

18 Имрӯз Яҳува шахсан ба мо намегӯяд, ки киро бояд рӯҳбаланд кунем, чи хеле ки ба Мусо гуфта буд, ки Еҳушаъро рӯҳбаланд ва қавӣ гардонад. Лекин вақте мо ҳамимонон ва дигаронро рӯҳбаланд мекунем, Яҳува хеле хурсанд мешавад (Мас. 19:17; Ибр. 12:12). Масалан, мо ба бародар гуфта метавонем, ки дар нутқаш маслиҳати ба мо даркориро гуфт ё дар фаҳмиши ояти муайян ба мо ёрдам кард. Як хоҳар ба бародаре ки бо нутқ баромад кард, навишт: «Ҳарчанд мо танҳо якчанд дақиқа гап зада бошем ҳам, шумо дарди дили маро фаҳмида маро тасаллӣ додед ва рӯҳбаланд кардед. Ман гуфтаниам, ки вақте шумо меҳрубонона ҳам аз саҳна ва ҳам бо ман гап задед, ҳис кардам, ки ин ғамхории Яҳува аст».

19 Агар мо аз рӯи маслиҳати зерини Павлус амал намоем барои дигаронро рӯҳбаланд кардан бисёр тарзҳои дигарро ёфта метавонем: «Бинобар ин ҳамдигарро тасаллӣ диҳед ва якдигарро обод кунед, чунон ки низ мекунед» (1 Тас. 5:11). Ҳар рӯз якдигарро рӯҳбаланд карда мо дили Яҳуваро шод мегардонем.

^ [1] Сархати 1. Баъзе номҳо иваз шудаанд.